Достони Паёмбарон(ҳадафи панҷум)

0
30

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Биомӯзем чӣ гуна ба сӯи Худованд даъват кунем

Бисёре аз мо мехоҳем, ки роҳи анбиёро дар пеш бигирем ва бо ҳикмат ва мавъизаи нек ба сӯи Худованд даъват кунем инҷо аст, ки зарурати  ҳадафи панҷуми мо аз баррасии достонҳои паёмбарон эҳсос мешавад.

Яке аз вазоифи паёмбарон даъвати мардум ба сӯи Худост, даъвати мардум ба сӯи Худо абзор ва васила металабад. Абзоре, ки Худои Субҳон барои даъват муаррифӣ кардааст се то аст: ҳикмат, мавъизаи ҳасана ва ҷидоли аҳсан.

ادْعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ ۖ وَجَادِلْهُمْ بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ ۚ

“Бо  ҳикмат ва андарзи неку мардумро ба сӯи парвардигорат даъват намо ва бо онҳо ба тариқе, ки некӯтар аст истидлол ва мунозира кун”. (Сураи Наҳл, ояти 125).

Бо истифода аз ин оят нахустин гом барои даъвати мардум ба сӯи Худо истифода аз ҳикмат ва мантиқи саҳеҳ ва истидлолҳо ҳисоб шудааст ва чун рисолати Паёмбари Ислом (с) бедории афкор ва андешаҳо ва шукуфоии ганҷинаҳои ақлонӣ аст, беҳтарин равиш барои таҳаққуқи ин ҳадаф истифода аз мантиқу истидлол ва бурҳон аст.

Дувумин гом барои даъват истифода кардан аз мавъизаи ҳасана ва андарзи некӯ аст, ки ба манзури таъсиргузорӣ бар авотиф аз он баҳрабардорӣ мешавад, мавъиза замоне асари амиқи худро мебахшад, ки ҳасана буда ва ба сурати зебое иҷро гардад. Зеро агар даъват бо таҳқири тарафи муқобил ва ҳисси бартариҷӯӣ ва ҳамроҳ бо хушунат ва монанди он бошад, на танҳо асари мусбат надорад, балки баръакс осор ва паёмадҳои манфӣ хоҳад дошт.

Севумин гом барои даъват ба сӯи Худо мунозира ва ҷидоли аҳсан аст, яъне мунозирае, ки бо ҳақ, адолат, амонат ва сидқу ростӣ бошад ва ботил дар он роҳ пайдо накунад.

Чун меҳвари рисолати паёмбарон иблоғи ҳуҷҷат ва тамомияти далел аст, аз ин рӯ Худованд ба эҳтиҷоҷҳои мутааддид онҳоро маънус намуда, ки гоҳе бо ҳикмат ва гоҳе бо мавъизаву хитоба ва гоҳе бо ҷидоли аҳсан даъват кунанд. Ҳамонтавре, ки Худованд дар мавриди ҳазрати Юсуф мефармояд:

يا صاحِبَيِ السِّجْنِ أَ أَرْبابٌ مُتَفَرِّقُونَ خَيْرٌ أَمِ اللَّهُ الْواحِدُ الْقَهَّار

“Эй дӯстони зиндонии ман! Оё худоёни пароканда (ва гуногуне, ки инсон бояд пайрави ҳар яке аз онҳо шавад) беҳтар аст ё Худои ягонаи муқтадир. (Сураи Юсуф, ояти 39).

Инсоне, ки даъваташро дар ҳар ҷое, ҳато дар ҷое, ки ба ҳеҷ ақле намегузарад таблиғ мекунад мисли ҳазрати Юсуф аст, ки даъвати худро ба зиндониён низ мерасонад. Мисли ин, ки дили ӯ бо ин даъват метапад.

Дар ин оят мебинем, ки ҳазрати Юсуф бо нармӣ ва диққат даъват мекунад. Мо бояд таваҷҷӯҳ кунем, ки даъвате, ки мекунем бо муҳаббат ва отифа бошад ва аз макон ва замонҳои хоссе барои таблиғи дини Ислом истифода кунем. Бо рафтори хуб ва оқилона метавонем дасти мардумро бигирем ва ба сӯи Худо даъват кунем. Мисли табиб барои мардум бошем ва дасти мардумро гирифта дармонро оғоз кунем.

Натиҷа:

Ҳамонтавре, ки паёмбарон тавонистанд бо сабру меҳрубонӣ мардумро ба роҳи Худованд даъват кунанд. Мо ҳам метавонем роҳи онҳоро идома дода ва мардумро ба сӯи Худо ва ба роҳи рост даъват кунем. Замоне аз баёни достонҳои паёмбарон муваффақ мешавем, ки даъвати мо ба сӯи Худо бо истифода аз ҳикмат ва мавъизаи некӯ ва ҷидоли аҳсан, ҳамроҳ бо басират ва огоҳии комил аз дастуроти илоҳӣ бошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед