Достони паёмбарон(ҳадафи аввал)

0
68

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Пас аз баёни аҳаммияти достони паёмбарон, ҳадафҳое, ки Худованд Паёмбараш(с)-ро ба воситаи онҳо мехоҳад роҳнамоӣ кунад дар инҷо мехоҳем баён кунем.

Вале пеш аз баёни ҳадафҳо мехоҳем ниятҳоямонро холис кунем, яъне ҳаркоре, ки анҷом медиҳем барои Худо анҷом диҳем, то Худованд диламонро  устувор созад, ҳамонтавре ки дар манобеи ҳадисӣ омадааст:

“انما الاعمال بالنیات”

Асоси  қабулӣ ва сиҳати ҳамаи корҳо, ният аст[1].

Пас лозим медонем ҳафт ҳадаф, ки дар воқеъ ҳамон ҳафт ният ҳастанд, дар ин таҳқиқ онро баён кунем.

Дилатро бо он устувор месозем

Аввалин ҳадафе, ки аз достонҳои паёмбарон дар инҷо мехоҳем баён кунем  ин аст, ки Худо дар Қуръони Карим ба Паёмбар(с) чунин фармудааст: Дилатро бо он (достонҳои паёмбарон) устувор месозем:

وَكُلًّا نَقُصُّ عَلَيْكَ مِنْ أَنْبَاءِ الرُّسُلِ مَا نُثَبِّتُ بِهِ فُؤَادَكَ ۚ وَجَاءَكَ فِي هَٰذِهِ الْحَقُّ وَمَوْعِظَةٌ وَذِكْرَىٰ لِلْمُؤْمِنِينَ

Ва ҳар кадом аз ахбори паёмбаронро бар Ту ҳикоят мекунем, чизе, ки бо он дилатро устувор медорем; ва дар ин [ахбор], ҳақ ва панд ва ёдоварие барои мӯъминон, ба ту омадааст.” (Сураи Ҳуд, ояти 120)

Дар инҷо Худованд ба Паёмбар(с) мефармояд дилатро ба қиссаҳои қуръонӣ ё достонҳои паёмбарон ором месозем. Бинобар ин зарурат дорад  чандто нуктаро дар назар дошта бошем.

Аввал: инки аҳамияти достонҳои паёмбарон дар ин аст, ки дар ин қиссаҳо, қиссагӯ худи Худо аст ва дар дурустии ҳарфи Худо ҳеҷ шаку шубҳа нест, пас худи Худованд ин достонҳоро бо ҳадафи хос ҷиҳати тарбияти башарият баён  кардааст.

Дуввум: достонҳои паёмбарон, ки дар Қуръони Карим омадааст, ҳар кадомаш бо ҳадафи хоссе нақл шудаанд, на  барои саргармӣ ва василаи бозӣ.

Севвум: аз паёмҳое ин оят бармеояд, ки  паёмбарон ҳам ба тақвияти рӯҳияашон ниёз доранд. Худованд достонҳои паёмбарони пешинро барои Паёмбар(с) нақл мекунад, то инки дар таблиғи дин ва дар баробари мушкилот ва сахтиҳо устувор бошад. Ин панде аст барои мо, то ёд бигирем, ки дар баробари мушкилоти имрӯза муқовим буда ва дар баробари  ҳукуматҳои золим ва душманони дин истодагарӣ кунем.

Собитқадам ва устувор будан як ҳадафе аст, ки ҳамеша дар тӯли таърих ҳамаи инсонҳо дунболаш ҳастанд ва сабаби мувафақияти миллатҳо низ ҳамин аст. Ин паём, гумшудаи ҳамешагии мусалмонон мебошад, ҳамчуноне ки Паёмбар(с) дар дуоҳои худ ба мо нишон додааст, ки  аз Худованд бихоҳем, то Худованд моро собитқадам ва  устувор бисозад.

اللهم یا مقلب القلوب والابصار ثبت قلبی علی دینک   

Худоё! Эй дигаргункунандаи дилҳо ва чашмҳо! Дили манро бар дини худ устувор соз[2].

Ҳоло дар ин ҷо мехоҳем ба унвони намуна достоне, ки барои ҳазрати Айюб рӯх додаастро  баён кунем.

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд :

وَأَیُّوبَ إِذْ نَادَى‏ رَبَّهُ أَنِّى مَسَّنِى الضُّرُّ وَأَنتَ أَرْحَمُ الرَّ حِمِینَ

فَاسْتَجَبْنَا لَهُ فَکَشَفْنَا مَا بِهِ مِن ضُرٍّ وَءَاتَیْنَهُ أَهْلَهُ وَمِثْلَهُم مَّعَهُمْ رَحْمَةً مِّنْ عِندِنَا وَذِکْرَى‏ لِلْعَبِدِین.

“Айюбро (ёд кун) онгоҳ, ки (беморӣ Ӯро аз пой дар оварда буд ва дар ин вақт) Парвардигори худро нидо кард: Парвардигоро! Беморӣ ба ман рӯй овардааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ (пас ба ин бандаи заиф раҳм фармо).

Дуъои Ӯро пазируфтем ва бемории вайро бартараф сохтем ва( ба ҷойи онҳо) авлод (ва молҳое, ки аз даст дода буд) ду баробар ба Ӯ додемто раҳмате аз ҷониби Мо ва панде барои ибодаткунандагон бошад.” (Сураи Анбиё, ояти 83 ва 84).

Аз достони ҳазрати Айюб(а) чунин бардошт мешавад кард, ки Ӯ бемориҳои зиёдеро мутаҳамил шудааст, ба тавре ки ҳеҷ кас чунин  бемории дарозмуддат ва сахтро надоштааст, аммо мебинем, ки  ҳазрати Айюб(а) устуворӣ  ва сабрро пешаи кори худ карданд ва яқин доштанд, ки Худованд дуояшро мустаҷоб карда Ӯро шифо медиҳад. Бинобарин аз достони ҳазрати Айюб(а) ёд мегирем, ки дар баробари сахтиҳо сабур ва дар баробари бемориҳо таҳамулпазир бошем, чун яқин дорем, ки Худованд, сахтӣ ва бемориро аз мо дур хоҳад кард.

Мо мусалмонҳо чигуна устувор набошем, дар ҳоле ки медонем ҳамон Худое, ки ҷавоби дархости Айюб(а)-ро дод, ҷавоби моро ҳам медиҳад ва дуоямонро мустаҷоб мегардонад. Мо бояд дар баробари сахтиҳову мушкилот ва бемориҳо устувор ва сабур буда ва чигуна бо мушкилот бархурд карданро ёд бигирем.

Натиҷа

Бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки ҳангоми фитна ҳазрати Юсуф(а)-ро ва дар ҳангоми беморӣ ҳазрати Айюб(а)-ро ва дар вақти ибодату итоат аз Худо ҳазрати Иброҳим(а) ва Исмоил(а)-ро ба ёд биёварем, чун итоат аз Худо карданд. Ҳоло ҳар вақт барои мо мусибате ворид шуд ё мушкиле бароямон пеш омад, ё беморие моро фаро гирифт ва ё ҳуккоми золими ситамгар  мардумони бегуноҳро зиндонӣ ва ё падару модар  ва фарзандонамонро шиканҷа карданд, бояд ноумед нашавем ва ба Қуръони Карим ва достонҳои паёмбарон муроҷиат кунем, то аз онҳо барои ҳалли мушкилотамон кӯмак бигирем. Ҳамчунин устуворсозии муъминон ҳадафи аввали мо аз баёни достони паёмбарон аст.

[1]-Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 4904. Тирмизӣ, 1647.

[2]– Сунани Тирмизӣ, 3522

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед