Достони Одам (а)2

0
387

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Достони  ҳазрати Одам (а)
Қисмати дуввум

 Дарахти мамнуъ ва бараҳнагии Одам(а)
Дар пайи наҳй шудани Одам аз дарахти мамнӯъ, чунин омадааст, ки:

فَوَسْوَسَ لَهُمَا الشَّيْطَانُ لِيُبْدِيَ لَهُمَا مَا وُورِيَ عَنْهُمَا مِنْ سَوْآتِهِمَا
“Шайтон онҳоро васваса кард, то шармгоҳҳои пӯшидаи онҳоро бар онон ошкор кунад” (Сураи Аъроф, ояти 20).

Аз ибни Мунабба ривоят аст, ки гуфт бар Одам ва Ҳаво нуре буд ва ба ҳамин сабаб шармгоҳҳояшон дида намешуд (Муҳаммад ибни Ҷурайр Табарӣ, Тафсир, ҷ1, саҳ 104). Бархе гуфтаанд: Ошкор шудан шармгоҳҳо пас аз хӯрдани меваи дарахт, ба ҷиҳати кайфар (гуноҳ) набудааст, зеро Паёмбар гуноҳ намекунад.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки “Он гоҳ шайтон, Одаму Ҳаво ҳар дуро бо васваса фиреб дод, то зиштиҳояшонро, ки аз онон пӯшида буд бар эшон падидор кунад”  (Сураи Аъроф, ояти 20)
Ду қавл аст: яке онки лом дар «лиюбдия» барои оқибат аст чунон ки дар ояти дигари Қуръон Маҷид омадаас:

فَالْتَقَطَهُ آلُ فِرْعَوْنَ لِيَكُونَ لَهُمْ عَدُوًّا وَحَزَنًا

“Аҳли байти Фиръавн Мусоро (аз дарё) бар гирифт, то дар натиҷа душман ва мояи андӯҳи оли Фиръавн шавад (Сураи Қасас, ояти 8).

Пас маънои оят чунин мешавад: Шайтон он дуро васваса кард ва паёмади васвасаи ӯ ин шуд, ки он ду аз он дарахт хӯрданд ва дар натиҷаи он шармгоҳҳояшон падидор гашт.
Мақсуд ин аст, ки қасди шайтон аз васваса, ошкор кардани шармгоҳҳои эшон набуд ва ӯ намедонист, ки агар аз дарахт бихӯранд, чунон хоҳанд шуд.
Ӯ аз рӯй кинае, ки ба Одам дошт, фақат мехост вай ва ҳамсаршро ба шикастани фармони Худованд ва гуноҳ кардан водорад.
Қавли дувум ин аст, ки лом дар «лиюбдия» ломи ғараз аст ва дар ин сурат, ду далел метавон тасаввур кард: яке онки ошкор шудани шармгоҳ, киноя аз суқути ҳурмат ва заволи ҷоҳ гирифта шавад ва маънӣ чунин бошад, ки қасди шайтон аз васвасаи Одаму Ҳаво, заволи ҳурмат ва аз миён рафтани пойгоҳи волои эшон буд, дигар он ки шайтон дар лавҳи маҳфуз дида ё аз бархе фариштагон шунида буд, ки агар Одам аз он дарахт бихӯрд, шармгоҳаш падидор мегардад ва ин ҳокӣ аз ниҳояти зиён ва суқут аст ва қасди шайтон аз васваса низ расидан ба ҳамин ҳадаф будааст (Фахр Розӣ, Алтфсир ул кбир, ҷ 14, саҳ 46).
Дигарон гуфтаанд агар битавон достони Одамро ба равиши тамсилӣ тафсир кард, шояд битавон гуфт ин ишора ба гузари инсон аз мароҳили гуногуни таҳаввул аст, ки аз кӯдакӣ оғоз мешавад ва дар он давра инсон баду некро намешиносад ва чун бузургтар мешавад, таҳрикот зиёд ва ангезаҳои гуногӯн қарор мегирад ва зиштии корҳояш барояш ошкор мешавад (Муҳаммад Рашид Ризо, Алманор, ҷ 8, саҳ 347).
Фурӯд омадани Одаму Ҳавво(а) ба замин
Одам ва Ҳаво(а) вақте, ки аз биҳишт ихроҷ шуданд, дар сарзамини «Макка» фурӯд омаданд, ҳазрати Одам(а) бар кӯҳи «Сафо» дар канори «Каъба», фурӯд омад ва дар онҷо сокин шуд. Аз ин рӯ он кӯҳро Сафо гӯянд, ки Одам(а) Сафи Аллоҳ (баргузидаи Худо) дар онҷо ворид шуд ва ҳазрати Ҳавво(а) бар рӯй кӯҳи «Марва» (ки наздики кӯҳи Сафо аст) фурӯд омад ва дар онҷо сокин шуд. Он Кӯҳро аз ин рӯ Марва гӯянд, ки Маръа, яъне зан, ки манзур Ҳаво(а) бошад, дар он сукунат намуд. Одам(а) чиҳил шабонарӯз ба саҷда пардохт ва аз фироқи биҳишт гиря кард. Ҷабраил(а) назди Одам(а) омада ва гуфт: «Эй Одам! оё Худованд туро бо дасти қудрат ва марҳаматаш наёфарид ва рӯҳи мансуб ба худашро дар колбуди вуҷуди ту надамид ва фариштгонаш бар ту саҷда накарданд?!» Одам(а) гуфт: “Оре. Худованд ин гуна ба ман иноятҳо намуд». Ҷабараил гуфт: «Худованд ба ту фармон дод, ки аз он дарахти махсуси биҳишт нахӯрӣ. Чаро аз он хӯрди?» Одам(а) гуфт: «Эй Ҷабраил! Иблис савганд ёд кард, ки хайрхоҳи ман аст ва гуфт аз ин дарахт бихӯрм. Ман тасаввур намекардам ва гумон намебурдам мавҷуде, ки Худо ӯро офарида, савганди дурӯғ ба Худо ёд кунад”.
Вақте, ки аз биҳишт ихроҷ ва ба замин фурӯд омаданд ва ба гуноҳи (тарки аввло) худ иқрор намуданд ва пушаймон шуданд, Худованди меҳрубон ба онҳо лутф кард ва калимотеро ба онҳо омӯхт, то Одаму Ҳавво(а) дар дуои худ он калимотро аз таҳи ҷон бигӯянд ва тавбаи худро ошкор ва такмил намоянд:

فَتَلَقَّى آدَمُ مِنْ رَبِّهِ كَلِماتٍ فَتابَ عَلَيْهِ إِنَّهُ هُوَ التَّوَّابُ الرَّحِيمُ‌

Он гоҳ, Одам аз Парвардигораш калимотеро дарёфт кард [ва тавба намуд]; пас, Худо тавбаи ӯро пазируфт; ҳамоно Ӯ бисёр тавбапазири меҳрубон аст.  (Сураи Бақара, ояти 37).

 Исмати ҳазрати Одам (а)
Достони офариниши Одам(а) бо масъалаи исмати паёмбарон гиреҳ хӯрдааст. Бар асоси эътиқоди мусулмонон, чун паёмбарон расонандагони паёми Худо ба мардуманд ва ба ҳама корҳои динӣ ва дунявии мардум сару кор доранд, бояд аз ҳаргуна гуноҳ пок бошанд.
Аммо дар достони офариниши Одам(а) ва зиндагии ӯ оёте ҳаст, ки бояд аз дидгоҳи исмати анбиё баррасӣ шавад. Оёте аз қабили ин,кӣ:

فَأَزَلَّهُمَا الشَّيْطَانُ عَنْهَا فَأَخْرَجَهُمَا مِمَّا كَانَا فِيهِ

Пас, Шайтон он дуро аз он ҷо билағжонид ва ононро аз он чи дар он буданд, берун кард. (Сураи Бақара, ояти 36).

فَدَلَّىٰهُمَا بِغُرُورٍ… قَالَا رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنفُسَنَا

“Пас онҳоро фиреб дод… Гуфтанд Парвардгоро бар худ ситам кардем  (Сураи Аъроф, ояти 22, 23).

فَوَسْوَسَ إِلَيْهِ الشَّيْطَانُ… وَعَصَىٰ آدَمُ رَبَّهُ فَغَوَىٰ

“Шайтон ӯро васваса кард… Одам Парвардгори худро нофармонӣ кард ва гумроҳ шуд” (Сураи Тоҳо, ояти 120, 121).

Посухи соддае, ки муфасирон ба мушкили татбиқи ин оёт бо исмати анбиё додаанд, ин аст, ки Одам ҳангоми анҷом додани ин лағзиш, дар даврони сукунат дар биҳишт буд ва таклифе надоштанд, ё ӯ дар ин замон мақоми нубувват надоштааст. (Ибни Ҳаҷар, Фатҳулборӣ, ҷ11, саҳ 519).

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед