Достони  ҳазрати Одам (а)1

0
535

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Достони  ҳазрати Одам (а)
Қисмати аввал

Муқаддима
Ҳазрати Одам (а) аввалин инсони халқшуда, падари ҳамаи инсонҳо ва аввалин паёмбари илоҳӣ буд. Касе, ки ба таъйиди Қуръони Карим барои нахустин бор Худованд аз рӯҳи худ дар колбуди ӯ дамид, онгоҳ худро барои хилқати одам сутуд ва фариштагон маъмур шуданд бар ӯ саҷда кунанд. Ҳамсари ӯ Ҳаво буд ва ҳар ду ба сабаби хӯрдани меваи мамнуъа ба васвасаи шайтон аз биҳишт ронда шуданд. Ҳазрати Одам аввалин халифаи худо бар замин буд.
Номи мубораки ҳазрати Одам(а), ки нахустин паёмбар аст, шонздаҳ бор ба номи Одам(а) ва ҳашт бор ба унвони банӣ Одам(а) ва як бор ба унвони зурияи Одам(а), ки ҷамъан ҳам бисту панҷ бор мешавад, дар нуҳ сура ва дар бисту панҷ оят, дар «Қуръони Маҷид» омадааст. (Қомуси Қуръон, ҷ 1, саҳ 38, Сура ва оёте, ки номи Одам (а) дар онҳо зикр шудааст иборатанд аз, сураи Бақара, оёти 21, 33, 34, 35, 37; Сураи Оли Имрон, ояти 33, 59; Сураи Моида, ояти 27; Сураи Аъроф, оёти 11, 19, 26, 27, 31, 35, 172; Сураи Асроъ, оёти 61,70; Сураи Каҳф, ояти,50; Сураи Марям, ояти 58; Сураи Тоҳо, оёти 115, 116, 117, 120, 121; Сураи Ёсин, ояти 60).

Дамидани рӯҳи Худо дар колбуди Одам(а)
Худованд дар оёти гуногӯн мефармояд: “Аз рӯҳи худам дар инсон дамимдам”, “Ва нафаха мин Руҳиҳи” (Сураи Саҷда, ояти 9).  “ва нафахту фиҳи мин Руҳиҳи” (Сураи Ҳиҷр, ояти 29, Сураи Сод ояти 72). Бархе бар ин пиндоранд ки, рӯҳ  ҷузъе аз аҷзои Худованд аст ва мақсад аз дамидани “рӯҳи илоҳӣ” ин аст, ки Худованд бахше аз вуҷуди худро ҷудо сохта ва онро вориди бадани инсон намудааст, ки ин пиндор, хирадмандона ва дуруст нест, зеро ҳар чизе, ки дорои ҷузъ бошад мураккаб асту ҳар мурккабе аз онҷо, ки ба аҷзои худ ниёозманд аст, мумкинулвуҷуд яъне махлуқи ниёзманд ба шумор меояд. (Алтафсирул кабир, Фахри Розӣ, ҷ 9, саҳ 410). Дар ҳоле ки Худованд , бениёзи мутлақ ва камоли маҳз аст ва ҳамаи чиз дар ҳастӣ ва камолоти худ ба ӯ ниёзманданд .

“Нафх” ба маънои дамидан дар дарун ҷисм аст, вале гоҳе киноя аз эҷоди асар ё амри ғайри маҳсӯс дар як чиз мебошад .
Ҷонишинӣ
Калимаи ҷонишин (халифа) дар ин оят, ки Худованд мегӯяд:

إِنِّي جاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً
“Ман дар замин ҷонишине мегузорам” (Сураи Бақара, Ояти, 30).

Одам(а) ҷонишини пешинёни худ аз Ҷин будааст. «Халифа» яъне онки фарзандонаш насл ба насл ҷонишини ҳам шаванд. Ман дар замин халифае мегузорм, ки дар ҳукм байни офаридагон ҷонишини ман бошад ва ин Одам ва ҳар касе аст, ки ҷой ӯро бигирад ва аз Худо итоат кунад ва миёни офаридагони вай довари кунад ва фармон ронад (тарҷумаи тафсири Табарӣ, ҷ1, саҳ 156, 157). “Одамро халифа ном кард ба хотири онки бар ҷои эшон нишаст, ки пеш аз вай буданд дар замин. Ва фарзандонаш ҳар қарн, ки оянд, халаф ва ба ҷои эшон бошанд, ки аз пеш буданд (Абулфазл Мибдӣ, Кашфуласрор, ҷ1, саҳ 133). Дониш ва хирад ва андешаӣ одамӣ ва доманаи коркарди он бепоён аст. Ӯ ҳама гуна дигаргуниҳо дар худ ва дигар офаридагон падид  меоварад ва рӯз ба рӯз пешрафти бештаре пайдо мекунад. Ба ҳамин хотир метавон ӯро ҷонишини барҳаққи Худо хонд (Муҳаммад Рашид Ризо, Алманор, ҷ 1, саҳ 258, 260).
Исмҳои Худо

وَعَلَّمَ ءَادَمَ الْأَسْمَآءَ کُلَّهَا
“Худо ҳамаи номҳоро ба Одам омӯхт” (Сура Бақара, ояти 31).

Ин номҳо чӣ буд ва чӣ гӯна ба Одам омӯхта шуд? Табарӣ аз ибни Абос ривоят мекунад, ки мақсад номҳое аз қабили инсон, ҷонвар, замин, дашт, кӯҳ ва дарё аст, ки мардум бо онҳо якдигар ва чизҳои ҷаҳонро мешиносанд. Муҷоҳид мегӯяд Худо номҳои ҳамаи чизро ба Одам ёд дод. (Тарҷумаи тафсири Табарӣ, Ҳабиб Яғмоӣ, ҷ1, саҳ 170, 171).Ашъарӣ ва Ҷаббоӣ ва Каъбӣ гуфтаанд, ки ба далели ҳамин оят, забонҳои ҷаҳон тавқифӣ ҳастанд. Баъзе мардум гуфтаанд мақсуд аз номҳо, вежагиҳои ашёъ ва хавоси чизҳо буда, ки ба Одам омӯзиш дода шудааст, зеро фазилат беш аз онки дар шинохти номҳои чизҳо бошад, дар шинохти ҳақиқати ҳар яке аз онҳост (Фахр Розӣ, Алтфсир ул кабир, ҷ 2, саҳ 175, 176).Худо дониши ҳама чизро бе қайду шарт дар дили инсон ба амонат гузоштааст. Мақсуд аз номҳо маъонии онҳост ва ин ба сабаби шиддат ёфтани иртибот байни калима ва маъно ва суръати интиқол аз як кас ба дигарӣ аст. (Муҳаммад Рашид Ризо, Алманор, ҷ 1, саҳ 262, 263).Аҳли ишорат гуфтанд, ки ҳар чӣ исмҳо буд, одамро омӯхт, ҳам исмҳои холиқ ҳам исмҳои махлуқот. Пас Одам ба донистани исмҳои махлуқот аз фариштагон ҷудо шуд. Ва бартарии вай бар эшон пайдо шуд ва илми вай ба номҳои офаридагор, худ сирре буд миёни вай ва ҳақ, ки фариштагонро бар он иттилоъ набуд. Пас самараи илми номи махлуқ дар ҳаққи Одам он буд, ки масҷуди фариштагон гашт ва самараи илми холиқ онки ба мушоҳидаи ҳақ расид ва каломи ҳақ шунид (Абулфзл Мибдӣ, Кашфул асрор, ҷ1, саҳ 137).Дар ин оят, “Ва аллама Одам ал асмоа куллаҳо” илова бар онки калимаи «исмҳо» ҳамроҳи алиф ва лом омада, ки ифодаи умумият мекунад, калимаи «кул» ба кор рафтааст. Мақсад ин аст, ки Худованд ҳамаи номҳоро бе ҳеҷ қайду марзе ба Одам(а) омӯхт ва онгоҳ дорандагони номҳоро, ки дар таҳти ҳиҷоби ғайб буданд, бар фариштагон арза дошт ва гуфт:

فَقَالَ أَنبِئُونِى بِأَسْمَآءِ هَؤُلَا
“Агар рост мегӯед, маро аз номҳои инон хабар диҳед (Сура Бақара, ояти 31), (Таботабоӣ, Алмизон, ҷ1, саҳ 117, 118).

 Биҳишт
Дар оёти достони офариниш ва зиндагии Одам, борҳо ин сухан такрор шудааст, ки Худ ва ҳамсарат дар биҳишт бимонед ва ҳар чӣ мехоҳед аз неъматҳои он бархурдор гардед. Ин биҳишт чӣ будааст ва дар куҷо буда?

Муфассирон дар мавриди биҳишти Одам (а), ки дар замин ё дар осмон буд, ихтилоф назар доранд, вале аксари онҳо бар ин назаранд, ки биҳишт дар рӯи замин будааст; (Анбиё дар Қуръон: саҳ 62; Тафсири Ал-Манор, ҷ 2, саҳ 277).

  1. Худои Субҳон Одам(а)-ро дар рӯи замин офарид, чунон ки Худои Қодири Мутлақ гуфтааст:

إِنِّي جاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً
“Ман дар замин халифа қарор медиҳам”  (Сураи Бақара, ояти 30). Баъд аз он Худо нагуфт, ки ӯро ба осмон бурдааст.

  1. Худо биҳишти ваъдадодашударо (биҳишти абадӣ) дар осмон тасвиф кардааст. Пас, агар Одам дар ин биҳишт бошад, шайтон ҷуръат намекард, ки ба вай бигӯяд:

هَلْ أَدُلُّكَ عَلى‌ شَجَرَةِ الْخُلْدِ وَ مُلْكٍ لا يَبْلى‌
«Оё шуморо ба дарахти ҷовидон ва салтанати кӯҳнанашудани роҳнамоӣ кунам” (Сураи Тоҳо, ояти 120).

  1. Биҳишти абадӣ макони неъматҳои Худо аст, на макони таклиф, дар ҳоле ки Худо ба Одаму Ҳаво дастур дод, ки аз меваи он дарахт нахӯранд.
  2. Худо дар васфи касоне, ки ба биҳишти абадии осмон дохил мешаванд, фармудааст: “Ва онҳо аз биҳишт берун намераванд”, дар ҳоле ки Одаму Ҳаво аз биҳиште, ки онҳо ворид шуда буданд, ронда шуданд. Пас маълум мешавад, ки он биҳишт ғайр аз биҳиште аст, ки дар Қуръони Карим ба мӯъминон ваъда дода шудааст.
  3. Дар ниҳоят, вақте ки шайтон аз саҷдаи Одам (а) сарпечи кард, мавриди лаънат қарор гирифт ва аз биҳишт ронда шуд. Пас, агар ин биҳишт биҳишти абадӣ мебуд, шайтон қодир набуд бо вуҷуди ғазаби Худо ба он роҳ ёбад ва Одаму Ҳавворо фиреб диҳад.

Иллати биҳишти заминӣ
Абумансури Мотуриди гуфтааст маскани Одам ва ҳамсараш бӯстоне аз бӯстонҳо буда, ки ин ду дар он аз неъмати бисёр бархӯрдор будаанд. Ин эътиқоди пешиниён аст ва мо дар он ҳад нестем, ки онро тасдиқ кунем ё аз маҳали он ҷустуҷӯ кунем. Аз аҳли ҳадис ва ғайри онҳо барои таъйини маҳали он далеле нақл нашудааст. Ба ин тартиб чанд масъала равшан мегардад ва чанд ишкол бартараф мешавад: А) Худо Одамро дар замин офарид, ки ӯ худ ва табораш ҷонишинони вай дар он бошанд ва мақсуди аслӣ аз ин кор хилофат будааст, пас дуруст нест, ки бигӯем хилофати Одам дар замин уқубате аст, ки ориз шудааст; Б) Дар Қуръони Маҷид ишора нашудааст, ки Одам ба осмон бурда шуд. В) Биҳишти ҷовидона наметавонад ҷойгоҳи шайтони рондашуда бошад; Г) Биҳишти ҷовидон ҷой таклиф нест; Д) Дар биҳишт касе аз бархурдории ончи бихоҳад манъ намешавад; Е) Дар биҳишти ҷовидона гуноҳ рӯх намедиҳад ва инки ба гузориши Қуръони Карим, Одам дар биҳишт муртакиби хато шуда, далел бар он аст, ки маскани вай биҳишти ҷовдонӣ набудааст (Муҳаммад Рашидризо, Алманор, ҷ 1, саҳ 277).

Акнун ин савол пеш меояд, ки биҳишти Одам дар кадом нуқтаи замин будааст? Аз назари Таврот, рӯде дар биҳишти Одам ҷараён дошта, ки ба чаҳор наҳр тақсим мешудааст: наҳри Фишун, Ҷайҳун, Ҳадақил ва Фурот (Таврот, Сифр пайдоиш, ҷ 2, саҳ 14). Аз назари баъзе аз муфассирон, биҳишти Одам эҳтимолан сарзамини Байтул Муқаддас будааст (Байзовӣ, Тафсири Анвор ул танзил, ҷ 1, саҳ 49). Ва ин эҳтимол, муносиб бо таъвили ояти фавқ ба фармони сукунати банӣ Исроил дар сарзамини Қудс дар ҳамин сура (Бақара) аст:

وَإِذْ قُلْنَا ادْخُلُوا هَٰذِهِ الْقَرْيَةَ فَكُلُوا مِنْهَا حَيْثُ شِئْتُمْ رَغَدًا…
“Ва (ба ёд оред) вақте, ки гуфтем: ворид ин қария (Байтулмуқаддас) шавед ва аз неъматҳои он фаровон тановул кунед… (Сураи Бақара, Ояти 58).

Биҳишти адан, ки ба сабаби ин достон, маскани Одам буд, бино ба ақидаи баъзе аз муҳаққиқон дар шимоли Байнаннаҳрайн, дар дашти Фурот миёни шаҳрҳои Анаҳ ва Ҳаят қарор дошт ва баъзе аз пажӯҳишгарон онро дар нуқтаи иттисоли феълии Даҷла ва Фурот миёни шаҳрҳои Увр ва Увириду наздик ба Халиҷи Форс медонанд (Ҷемз Ҳокс, Қомуси китоби Муқаддас, саҳ 602).
Дар бисёре аз ривоятҳо кӯҳи Сароадиб (Силон ё Сри-ланка)- ро дар ҷануби Ҳиндустон ба унвони маҳали фрӯд ва иқоматгоҳи аввалияи Одам (а) зикр кардаанд (Табарӣ,  Тафсири Табарӣ, ҷ 1, саҳ 121). Дар ин ҷазира, кӯҳе аст, ки Партугалиҳо онро кӯҳи Одам номидаанд. Дар он ҷойи пои Одам аст (Фарҳанги Муин, ҷ 11, саҳ 744). Баланди ин кӯҳ 7420 пост ва мегӯяанд гиёҳе, ки дар ин ҷазира мерӯяд аз баргҳое аст, ки Одам бо худ аз биҳишт овардааст. (Таърихи Табарӣ, ҷ 1, саҳ 121, 125, 126). Мусалмонон ва масеҳиён ва будоиён ба зиёрати ҷойи пои Одам, ки бар рӯи санге бар болои кӯҳи Одам навишта шуда, мераванд (Риҳла ибни Батута, ҷ 4, саҳ 181, 182). Сарчашмаи ин фикр, ки маҳалли фурӯди Одам дар ҷануби Ҳиндустон буда пиндори баъзе аз муфасирон аст, ки бар асоси ончи дар сифри пайдоиши Таврот омада, ки дар биҳишти Одам чаҳор наҳр ҷараён дошта, ки нахустин он Фишун буда, фикр кардаанд рӯди Фишун, наҳри Ҳинд аст ва биҳишти Адан дар Ҳиндустон буда ва Одаму Ҳаво пас аз хурӯҷ аз Ҳиндустон ба ҷануб, яъне ҷазираи Сарондиб (Сейлон) фурӯд кардааст. Аммо вақте бостоншиносон харобаҳои Байнаннаҳрайнро мавриди ковиш қарор доданд, дарёфтанд, ки биҳишти Одам дар Байнаннаҳрайн будааст (Маҷалла Алиҳлол, сол 1352шамсӣ шумора 7, саҳ 964).

 

 

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед