Достони ҳазрати Иборҳим (а)3

0
237

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Достони Ҳазрати Иброҳим (а)
(Қисмати севвум)

Бутпарастии қавми Иброҳим (а)
Дар сарзамине, ки Ҳазрати Иброҳим (а) зиндагӣ мекард, парастиши бутҳо ривоҷ дошт ва сокинони он диёр бутҳоро худоёони худ қарор дода буданд. Дар чунин муҳите буд, ки ҳазрати Иброҳим(а) ба паёмбарӣ маъбус шуд ва қавми худро ба роҳи  рост ҳидоят кард.

Ҳазрати Иброҳим (а) даъват ба диндориро аз наздикони худ оғоз кард. Падари ӯ аз бузургони парастиши бутҳо буд ва барои Иброҳим(а) ногувор буд падари худро, ки наздиктарин шахс ба ӯст дар ҳоли парастиши бутҳо бубинад. Иброҳим (а) талош кард, то бо меҳрубонӣ  ба падари худ сухан бигӯяд. Ӯ бо сухани пур аз адаб ва назокат аз падараш пурсид:

إِذْ قَالَ لِأَبِيهِ يَا أَبَتِ لِمَ تَعْبُدُ مَا لَا يَسْمَعُ وَلَا يُبْصِرُ وَلَا يُغْنِي عَنْكَ شَيْئًا

 Эй падар! чаро чизеро мепарасти, ки на мешунавад ва на мебинад ва чизеро аз ту дафъ намекунад? (Сураи Марям ояти 42)

 Падар пандҳои фарзанди худро напазируфт ва ба ӯ чунин гуфт:

قَالَ أَرَاغِبٌ أَنْتَ عَنْ آلِهَتِي يَا إِبْرَاهِيمُ ۖ لَئِنْ لَمْ تَنْتَهِ لَأَرْجُمَنَّكَ ۖ وَاهْجُرْنِي مَلِيًّا

 “Гуфт: Эй Иброҳим! Оё ту аз маъбудҳои ман рӯйгардонӣ? Агар бознаистӣ, ҳатман туро сангсор мекунам ва муддати дарозе аз ман дур бош (Сураи Марям ояти 46)

 Вале Иброҳим(а) алорағми рафтори номулоиме, ки падар нисбат ба ӯ дошт гуфт:

«قَالَ سَلَامٌ عَلَيْكَ ۖ سَأَسْتَغْفِرُ لَكَ رَبِّي ۖ إِنَّهُ كَانَ بِي حَفِيًّا»

[Иброҳим] Гуфт: «Салом бар ту бод; ба зудӣ аз Парвардигорам барои  ту омурзиш металабам; ҳамоно Ӯ нисбат ба ман бисёр меҳрубон аст (Сураи Марям ояти 47)

 

Бутшикании ҳазрати Иброҳим(а)
 Иброҳим(а) пас аз онки дид падараш ба ӯ имон намеовард, аз ӯ дури ҷуст ва даъвати худро идома дод. Барои ҳамин тасмим гирифт, ки бутҳоеро, ки назди қавмаш азиз ва муҳтарам буданд нобуд кунад, то ба онҳо бифаҳмоанд, ки ин бутҳо зиён ё суде ба касе намерсонанд ва ҳатто қудрати онро надоранд, ки аз худ дифоъ кунанд.
Иброҳим (а) дар рӯзе, ки мардум барои ҷашн ба беруни шаҳр рафта буданд дар шаҳр монд ва ба маъбади бутҳо рафт. Дар онҷо аз рӯй тамасхур бо бутҳо чунин гуфт:

فَراغَ إِلي‏ آلِهَتِهِمْ فَقالَ أَ لا تَأْکُلُونَ*ما لَکُمْ لا تَنْطِقُونَ

«Ва рӯ ба сӯи маъбудонашон кард ва гуфт: «Оё намехӯред? Шуморо чӣ шудааст, ки сухан намегӯед?» (Сураи Соффот оёти 91, 92)

Дар он ҳангом Иброҳим бо табар ба онҳо ҳамла кард:

فَراغَ عَلَيْهِمْ ضَرْباً بِالْيَمينِ

Бо даст рост бар пайкар онҳо зарбае муҳкам фуруд овард.” (Сураи Соффот ояти 93)

Ӯ тамоми бутҳоро шикаст ва танҳо бути бузургро боқӣ гузошт ва табарро бар дасти бути бузург овезон кард ва аз маъбад хориҷ шуд. Қавми Иброҳим(а) пас аз поёни ҷашн ба шаҳр бозгаштанд фаҳмиданд ки, бутҳо касе шикастааст. Мардум бисёр тарсиданд ва гуфтанд: «ин кадом золим аст, ки ба муқаддасоти мо иҳонат карда?» Баъзеҳо гуфтанд, ки ҷавоне ба номи Иброҳим(а) аст, аз бутҳо ба бадӣ ёд мекунад ва аз онҳо айбҷӯӣ мекунад ва касе ҷуз ӯ ин корро анҷом надодааст. Ҳангоме, ки ин хабар ба ҳокимони Бобил расид фармон доданд, то Иброҳимро назди онон бибранд. Ҳангоме, ки Иброҳимро ҳозир карданд аз ӯ пурсиданд:

قالُوا أَ أَنْتَ فَعَلْتَ هذا بِآلِهَتِنا يا إِبْراهيمُ

 «Оё ту ин корро бо худоёони мо кардаи Иброҳим?» (Сураи Анбиё ояти 62)
аммо ӯ инкор кард ва гуфт:

قالَ بَلْ فَعَلَهُ کَبيرُهُمْ هذا فَسْئَلُوهُمْ إِنْ کانُوا يَنْطِقُونَ

 «Иброҳим(а) Гуфт: «Балки онро ин [бути] бузургашон кардааст; пас, аз онҳо бипурсед, агар сухан мегӯянд«. (Сури Анбиё ояти 63)

«فَرَجَعُوا إِلي‏ أَنْفُسِهِمْ فَقالُوا إِنَّکُمْ أَنْتُمُ الظَّالِمُونَ»

 “Он гоҳ ба худашон омаданд ва гуфтанд: «Ба дурустӣ ки шумо ситамгаред”. (Сураи Анбиё ояти 64)

«ثُمَّ نُکِسُوا عَلي‏ رُؤُسِهِمْ لَقَدْ عَلِمْتَ ما هؤُلاءِ يَنْطِقُونَ»

 “Сипас, онҳо сарафканда шуданд; [ва гуфтанд] ба таҳқиқ медонӣ ки онҳо сухан намегӯянд”. (сураи анбиё ояти 65)

 

Иброҳим(а) дар оташ
Ба оташ афкандани Иброҳим(а) пас аз шикастани бутҳо ва муҷодилаи ӯ  бо фармонравои аср буд, ки дар тай он Иброҳим(а) ӯро бо баёни тавоноии Парвардгор бар зинда кардан ва мирондани мавҷудот ва тулӯи хуршед аз машриқ ва ғуруби он дар мағриб, мағлуб ва мабҳут сохт:

أَلَمْ تَرَ إِلَى الَّذِي حَاجَّ إِبْرَاهِيمَ فِي رَبِّهِ أَنْ آتَاهُ اللَّهُ الْمُلْكَ إِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ رَبِّيَ الَّذِي يُحْيِي وَيُمِيتُ قَالَ أَنَا أُحْيِي وَأُمِيتُ ۖ قَالَ إِبْرَاهِيمُ فَإِنَّ اللَّهَ يَأْتِي بِالشَّمْسِ مِنَ الْمَشْرِقِ فَأْتِ بِهَا مِنَ الْمَغْرِبِ فَبُهِتَ الَّذِي كَفَرَ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الظَّالِمِينَ

“Оё нанигаристӣ ба сӯи касе, ки Худо ба ӯ подшоҳӣ дода буд, бо Иброҳим дар бораи Парвардигораш баҳс ва мунозара кард? Замоне, ки Иброҳим гуфт: «Парвардигори ман Зотест, ки зинда мекунад ва мемиронад». [Намруд] Гуфт: «Ман [низ] зинда мекунам ва мемиронам». Иброҳим гуфт: «Пас, дар воқеъ Худо хуршедро аз машриқ меоварад, пас, ту онро аз мағриб биёвар!» Дар натиҷа касе, ки куфр варзида буд, ҳайратзада [ва мағлуб] шуд ва Худо гурӯҳи ситамгаронро ҳидоят намекунад.”  (Сураи Бақара, ояти 257)

Мавзӯи ин муҷодила ба сурати шабеҳи ба Қуръон дар ривоёти яҳудӣ низ омадааст, бинобар ривоятҳое, Иброҳим(а)  7 ё 40 ё 50 рӯз дар оташ монд ва Ҳорон бародари Иброҳим(а), ки ба гуфтаи Аҳди Атиқ дар Увр даргузашта буд, аз ҷумла касоне буд, ки қавмро ба оташ задани Иброҳим(а) таҳрик мекард. (Табари, Таърих, ҷ 1, с 273; Фахр Розӣ, Тафсир ул Кабир, ҷ 22, с 188).

Табарӣ ривояте зикр кардааст, ки бинобар он чун Иброҳим(а) бегазанд аз оташ наҷот ёфт, Намруд ба азамати Парвардгори ӯ иқрор кард ва қурбонӣ дод ва Иброҳим(а)-ро озод сохт. (Табари, Таърих, ҷ 1, с 265)

Ҳамчунин вай дар ҷой дигар ишора карда аст, ки Иброҳим 7 сол дар зиндон Намруд монд, то саранҷом ӯро дар оташ афканданд. (Табари, Таърих, ҷ 1, с 265; Қуртубӣ,  Далолат ул Ҳоирин, ҷ.1, с 584).

Зинда кардан парандагон
Ҳазрат Иброҳим(а) аз Худованд хост, ки чигунагии зинда шудани мурдагон дар қиёматро ба вай нишон диҳад. Худо ба ӯ фармон дод, ки чаҳор парандаро гирифта, бикушад ва онҳоро бо ҳам даромезад ва ба чаҳор қисмат тақсим кунад. Сипас ҳар қисматро бар сари як кӯҳ қарор диҳад. Онгоҳ парандагонро садо бизанд ва бубинад чигуна зинда мешаванд:

وَإِذْ قَالَ إِبْرَاهِيمُ رَبِّ أَرِنِي كَيْفَ تُحْيِ الْمَوْتَي قَالَ أَوَلَمْ تُؤْمِنْ قَالَ بَلَي وَلَكِنْ لِيَطْمَئِنَّ قَلْبِي قَالَ فَخُذْ أَرْبَعَةً مِنَ الطَّيْرِ فَصُرْهُنَّ إِلَيْكَ ثُمَّ اجْعَلْ عَلَي كُلِّ جَبَلٍ مِنْهُنَّ جُزْءًا ثُمَّ ادْعُهُنَّ يَأْتِينَكَ سَعْيًا وَاعْلَمْ أَنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ؛

Ва  ҳангоме, ки Иброҳим  гуфт: «Парвардигоро!  Ба  ман нишон  деҳ  чи  гуна  мурдагонро  зинда  мекунӣ?»[Худо] Гуфт:  «Оё  бовар  надорӣ?»  Гуфт: «Оре  [бовар  дорам],  вале  [мехоҳам], то дилам ором гирад» [Худо] гуфт: «Пас, чаҳор [навъ] аз парандагонро бигир ва онҳоро дар назди худ реза-реза кун [ва бо ҳам биомез], сипас бар ҳар кӯҳе қисмате аз онҳоро қарор деҳ, он гоҳ онҳоро садо кун, шитобон ба сӯи ту меоянд. Ва бидон, ки Худованд пирӯзманди ҳаким аст.(Сураи Бақара Ояти 260)

Фарзанддор шудан дар пиронсолӣ
 Ҳазрати Иброҳим(а) пирамарди тақрибан садсола ва ҳамсараш «Сора» нозо буд. Онҳо умеде ба фарзанддор шудан надоштанд, аммо фариштагоне, ки маъмури ирсоли азоб бар қавми ҳазрати Лут(а) буданд, ибтидо назди Иброҳим(а) омаданд ва ба вай башорат доданд, ки фарзанддор хоҳад шуд:

وَلَقَدْ جَاءَتْ رُسُلُنَا إِبْرَاهِيمَ بِالْبُشْرَي قَالُوا سَلامًا قَالَ سَلامٌ فَمَا لَبِثَ أَنْ جَاءَ بِعِجْلٍ حَنِيذٍ * فَلَمَّا رَأَي أَيْدِيَهُمْ لا تَصِلُ إِلَيْهِ نَكِرَهُمْ وَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خِيفَةً قَالُوا لا تَخَفْ إِنَّا أُرْسِلْنَا إِلَي قَوْمِ لُوطٍ * وَامْرَأَتُهُ قَائِمَةٌ فَضَحِكَتْ فَبَشَّرْنَاهَا بِإِسْحَاقَ وَمِنْ وَرَاءِ إِسْحَاقَ يَعْقُوبَ * قَالَتْ يَا وَيْلَتَا أَأَلِدُ وَأَنَا عَجُوزٌ وَهَذَا بَعْلِي شَيْخًا إِنَّ هَذَا لَشَيْءٌ عَجِيبٌ * قَالُوا أَتَعْجَبِينَ مِنْ أَمْرِ اللَّهِ رَحْمَةُ اللَّهِ وَبَرَكَاتُهُ عَلَيْكُمْ أَهْلَ الْبَيْتِ إِنَّهُ حَمِيدٌ مَجِيدٌ؛

“Ва ба таҳқиқ фиристодагони Мо бо башорат назди Иброҳим омаданд, гуфтанд: «Салом!» [Иброҳим] Гуфт: «Салом!» Пас, муддате нагузашт, ки гӯсолае бирёншуда овард. Ва замоне, ки дид дастонашон ба сӯи он дароз намешавад, онҳоро нашинохт ва аз онҳо эҳсоси тарс кард. [Фариштагон] Гуфтанд: «Натарс! Ҳамоно мо ба сӯи қавми Лут фиристодашудаем!»  Ва ҳамсараш истода буд ва хандид. Он гоҳ ӯро ба Исҳоқ ва баъд аз Исҳоқ ба Яъқуб башорат додем. Гуфт:«Эй вой бар ман! Оё дар ҳоле ки ман пиразанам ва ин шавҳарам пир шудааст, мезоям? Қатъан ин чизи аҷибест». [Фариштагон]  Гуфтанд: «Оё  аз  қудрати Худо  тааҷҷуб мекунӣ? Раҳмати Худо ва баракоташ бар шумо хонадон[-и рисолат] бод! Ҳамоно Ӯ сутудаи бузургвор аст.(Сураи Ҳуд ояти, 69 то 73)

فَأَقْبَلَتِ امْرأَتُهُ فِي صَرَّةٍ فَصَكَّتْ وَجْهَهَا وَقَالَتْ عَجُوزٌ عَقِيمٌ * قَالُوا كَذَلِكَ قَالَ رَبُّكِ إِنَّهُ هُوَ الْحَكِيمُ الْعَلِيمُ

Ва занаш дар ҳоле ки фарёд мекашид, рӯй овард ва ба рӯи худ зад ва гуфт: «Пиразани нозо ҳастам» Гуфтанд: «Парвардигори ту чунин гуфтааст, ҳамоно Ӯ Худ ҳакими доност».  (Сураи Зориёт, ояти 29, 30)

Ҷойгоҳи Иброҳим(а) назди аъроби пеш аз Ислом
Иброҳим(а) назди аъроби қабл аз Ислом бисёр машҳур буда, ки тасвир ё тандиси ӯро дар хонаи Қаъба ҷой дода буданд. Чунонки вақте Паёмбар (с) пас аз фатҳи Макка вориди Каъба шуд, сурат ё ба ривояте бутҳои Иброҳим(а) ва Исмоил(а) дар онҷо буд ва гуфт то онҳоро бишикананд. (Иби Ҳишом, Абдулмалик, ал Сират ул Набавиятӣ, ҷ 4, с 55; Иби Ҳаҷари Асқалони, Аҳмад, Фатҳул Бори, ҷ 8, с 13).

Иброҳим(а) ва дини ӯ аз дер боз дар саросари Ҳилоли Ҳасиб маъруф будааст ва номи вай дар манотиқе, ки аз онҳо убур кард барҷой монд ва имрӯза мазорҳо ва мақомоти бисёре ном ӯро бар худ дорад, монанд мақоми Иброҳим(а) дар харобаҳои Кувси дар канори тали Иброҳим(а), ё мазори Иброҳим(а) дар ал Бурс ё Бурси Намруд. (Суса, Аҳмад, ал Араби вал Яҳуд фил Торих, ҷ1, с 251, 256). Аз инрӯ метавон гуфт, ки шахсияти ӯ дар таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ номи ӯ ҳангоми зуҳури ӯ то имрӯз асари амиқ барҷой гузорида ва нишонаҳои он то имрӯз боқӣ аст.

Ҷойгоҳ Иброҳим(а) назди ақвом ва милал
 Иброҳими Халил(а) дар миёни пайравони адёни тавҳидӣ, пешвои муваҳидон ва падари яктопараст ба шумор меравад. Аҳдайн ва Қуръон ӯро улгуи таслим дар баробари Худованд ва соҳиби волотарин фазилатҳои ахлоқӣ шумурдаанд. (Китоб Муқаддас, Пайдоиш, 12: 1-3; Қасас ул Анбёъ, Ҷазоирӣ, с110) Қуръон, вайро марди бурдбор ва рауф дониста, ки барои худ ва дигарон омурзиш металабид (Сураи Ҳуд, ояти 75; Сураи Тавба, ояти 114) ва ҳамвора фармонбари Худо буд ва фарзандонашро низ ба таслим дар баробари ҳукм ва машията Парвардгор супориш мекард. (Сураи Бақара, ояти 131, 132) Худованд ӯро «Ҳаниф” яъне рӯйгардон аз ботил ба сӯи Ҳаққ (Сураи Наҳл, ояти 120; Сураи Оли Имрон, оёти 17, 68; Сураи Нисо, ояти 125) ва нахустин мусулмон шумурдааст. (Сураи Анъом, ояти 163)

Араби пеш аз ислом низ Иброҳим(а)-ро комилан мешинохт. Тасвир ё тундиси ӯ ва Исмоил(а)-ро дар хона Каъба ниҳода буданд ва Паёмбар(с) ҳангоми фатҳи Макка, ин ду тандисро аз даруни Каъба берун кашид ва шикаст. (Саҳеҳ ул Бухорӣ, ҷ5, с93; Фатҳул Борӣ, ҷ8, с14) Осори пуршуморе аз Иброҳим(а), ки шомили мақомот, зиёратгоҳҳо, андешаҳо ва аъмол тавҳиди мансуб ба вай мешавад, дар саросари минтақа Соминишин аз Байнан Наҳрайн то Шибҳи Ҷазираи Сино ёфт мешавад, ки нишон аз таъсири густурда ва амиқи вай дар миёни ақвом, уматҳо ва миллатҳои ин минтақа аст. (ал Аъраб вал Яҳуд, с251, 256)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед