Достони ҳазрати Иборҳим (а)2

0
191

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Достони Ҳазрати Иброҳим (а)
(Қисмати дуввум)

Сафар ба Макка
Дар Қуръон, аз сафар Иброҳим(а) ба Макка ёд шуда, ки эҳтимолан дасти кам ду бор рӯй додааст. Дар сафари нахуст, Ҳоҷар ва Исмоил(а) низ ҳамроҳи вай буданд ва ӯ онҳоро дар Макка ҷои истиқомат дод. Дар он замон, Макка сарзамини хушк ва беобу алаф буд (Ҷомеъул Баён, ҷ 1, с 755).

رَبَّنَا إِنِّي أَسْكَنْتُ مِنْ ذُرِّيَّتِي بِوَادٍ غَيْرِ ذِي زَرْعٍ عِنْدَ بَيْتِكَ الْمُحَرَّمِ…

Парвардигори  мо!  Ҳамоно  ман  баъзе  аз  фарзандонамро дар  водии  безироат,  назди  хонаи  мӯҳтарами  Ту,  сокин сохтам.(Сураи Иброҳим, ояти 37)

Бар пояи ривоятҳои фаровон, ҳазрати Исмоил (а) дар ин сафар навзод будааст ва Иброҳим(а) ба фармони Худованд ва ҳамроҳи Ҷабраил(а), Исмоил(а)-ро дар ҷойгоҳи ҳозираи ҳиҷри Исмоил(а) ниҳод. (Саҳеҳил Бухори, ҷ 4 , с 116).

Дар Қуръон, ишора шуда, ки Иброҳим(а) беш аз як бор ба Макка сафар кард. Дар сафари нахуст, фарзанди навзодаш Исмоил(а) ва Ҳоҷарро дар онҷо сукунат дод (сура Иброҳим, ояти 37) ва дар сафари дувум, Каъбаро бо кӯмаки фарзанди ҷавонаш Исмоил(а) бино кард ва маросими ҳаҷро ба ҷо овард. (Сураи Бақара, ояти 127) Аммо ҳангоми сафар нахуст, дар Қуръон ба навзоди Исмоил(а) ишора нашудааст, ба эҳтимол яке будани ҳар ду сафари ёдшуда пазируфтнӣ аст; Чунон ки бо таваҷҷӯҳ ба тасреҳи Қуръон, ки дар куҳансолӣ, Исмоил(а) ба ӯ бахшида шуд:

الْحَمْدُ لِلَّهِ الَّذِي وَهَبَ لِي عَلَى الْكِبَرِ إِسْمَاعِيلَ وَإِسْحَاقَ…

Ситоиш Худоро, ки дар пирӣ ба ман Исмоил(а) ва Исҳоқ(а)ро ато кард (Сураи Иброҳим, ояти 39) ва низ сахтӣ ва дарозии сафар аз Фаластин ба Макка, анҷоми сафарҳои гуногӯн дур ба назар мерасад. (Донишномаи ҳаҷ ва Ҳарамайни Шарифайн, мадхал Иброҳим (а)).

Фарохонии мардум ба ҳаҷ
Пас аз сохтани Каъба, ба Иброҳим(а) фармон дода шуд, ки мардумро аз сӯи Худо ба ҳаҷ фаро хонад:

  وَأَذِّنْ فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ

“Ва дар миёни марудм Ҳаҷро эълон кун,” (Сураи ҳаҷ, ояти 27)

Ӯ бар кӯҳи Абуқайс истод ва даст бар гӯши худ ниҳод ва фарёд баровард: Эй мардум! Худои худро иҷобат кунед. Гурӯҳе аз қабилаи Ямани Ҷурҳум нахустин касоне буданд, ки даъватшро иҷобат карданд. (Умдатул Қори, ҷ 9, с 128).

Дар бораи чигунагии иҷрои ин даъват, гузоришҳои муфассал дар ахбор ва ривоятҳои таърихӣ омадааст, ки гоҳо ранги афсона ёфта ва нақд пазиранд ва мустанади дурусте надоранд; аз ҷумла ин ки аз Ибни Аббос омада, ки ҳангоми иблоғи даъвати ҳаҷ, кӯҳо сари худро фурӯд оварданд ва ободиҳои ҷаҳон сар барафроштанд, то садои Иброҳим(а) ба гӯши ҳамагон бирасад. (Муснади Аҳмад, ҷ 1, с 298; Алсунанул Кубро, ҷ 5, с 154).

Ҳаҷгузории Иброҳим(а)
Аз зоҳири оёти Қуръон бармеояд, ки Иброҳим(а) бо маносик ҳаҷ ошно набудааст. Аз ин рӯ, аз Худованд хост, то онро ба вай биёмӯзад:

وَ أَرِنَا مَنَاسِكَنَا

Ва тарзи ибодатамонро  ба  мо  нишон  деҳ” (Сураи Бақара, ояти 128)

Дар баёни ончи ба Иброҳим(а) омӯхта шуд, бархе муфассирон аз мавориди зер ёд кардаанд: Тавофи хонаи Худо, саъй миёни Сафо ва Марва, ифоза (кӯчидан) аз Арафот ва рами Ҷаморот (Маҷмаъул Баён, ҷ 1, с 393). Бархе дигар маносикро ба маънои худи ибодат донистаанд, на аъмоле, ки бо он, ибодат анҷом мепазирд. Дар ин сурат, Иброҳим(а) дархости ёдгирии аъмолро надорад, балки хоҳони мушоҳидаи ҳақиқати ибодат аст (Ҷомеъул Баён, ҷ 1, с 769).

Муфассирон дар бораи чигунагии ҳамроҳии Ҷабраил(а) бо Иброҳим(а) ва Исмоил(а) нақлҳое овардаанд. Нахуст Ҷабраил(а) ба афроштани пояҳои хонаи Худо (рафъал қавоид) фармон дод. Сипас даст Иброҳимро гирифт ва ӯро ба Сафо ва баъд ба Марва бурд ва гуфт: ин ду аз шаъоири Худованданд. Аз онҷо ба Мино рафтанд ва Иблисро дар назди дарахте истода диданд. Ҷабраил(а) такбир гуфт ва фармон дод, ки ба сӯяш санг партоб кунанд. Иброҳим(а)  ва Исмоил(а) чунин карданд. Сипас Иблис наздики ҷамараи дуввум истод ва хост корҳои инҳирофӣ дар ҳаҷ ҷаъл кунад. Боз ба фармони Ҷабраил(а), Иброҳим(а) ва Исмоил(а) такбиргӯён сангборонаш карданд ва ба ҳамин тартиб дар ҷамараи севвум низ ба Иблис санг афканданд. Сипас ба Машъарул Ҳаром ва аз онҷо ба Арафот рафтанд. Ҷабраил се бор аз Иброҳим(а) ҷуё шуд: оё маносикро ба дурусти омӯхти? Ва Иброҳим(а) посухи мусбат дод. (Тафсири Ибни Касир, ҷ 1, с 189; Алдурул Мансур, ҷ 1, с 137).

Дар бораи теъдоди ҳаҷгузориҳои Иброҳим(а), гузорише дар даст нест, аммо ба истиноди таъбири {Ва тарзи ибодатамонро  ба  мо  нишон  деҳ} метавон бардошт кард, ки нахустин ҳаҷҷи Иброҳим(а) пас аз сохтани хонаи Худо будааст. (Тафсири Ибни Касир, ҷ 1, с 189).

Бинои Каъба
Достони бинои Каъба ба даст Иброҳим(а) ва Исмоил(а) ва «мақоми Иброҳим(а)» дар Қуръон омадааст. (Сураи Бақара, ояти 125, 127; Сураи Оли Иъмрон, ояти 97)  Бинобар бештари ривоятҳо, хонаи Каъбаро ҳазрат Одам(а) сохт ва дар туфони Нуҳ(а) вайрон шуд ва Иброҳим(а) ба роҳнимоии Парвардгор, ки ба муқтазои ояти:

                                                وَ إِذْ بَوَّأْنا لِإِبْراهيمَ مَکانَ الْبَيْتِ

Ва ҳангоме, ки барои Иброҳим ҷойгоҳи хона (Каъба)-ро  омода  сохтем…” (Сура Ҳаҷ, ояти 26),

вайро ба онҷо бурд, ба ёрии Исмоил(а) бар ҳамон асоси нахустин, Каъбаро “дубора сохт. (Имом Фахри Рози, Алтафсирул Кабир; Табари, Ҷомеул Баён фи тафсирул Қуроън, ҷ 1, с 428;, Фатҳул Борӣ, ҷ 6 , с 290, 291).

وَ إِذْ يَرْفَعُ إِبْراهيمُ الْقَواعِدَ مِنَ الْبَيْتِ وَ إِسْماعيلُ رَبَّنا تَقَبَّلْ مِنَّا*وَعَهِدْنَا إِلَىٰ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْمَاعِيلَ أَنْ طَهِّرَا بَيْتِيَ*

“Пас аз он Иброҳим ва Исмоил аз Парвардгор хостанд, ки ин тоатро аз онҳо бипазирд (Сураи Бақара, ояти 127) ва Худо бо он ду аҳд кард, ки онҷоро аз ширк ва бутпарастӣ пок нигоҳ доранд. (Сураи Бақара, ояти 125, Сура Ҳаҷ, ояти 26).

Мақоми Иброҳим
Мақоми Иброҳим дар канори Каъба асари дигар аз Иброҳим(а) аст, Худованди Мутаъол дар ин замина мефармояд:

 وَ إِذْ جَعَلْنَا الْبَيْتَ مَثابَةً لِلنَّاسِ وَ أَمْناً وَ اتَّخِذُوا مِنْ مَقامِ إِبْراهيمَ مُصَلًّي

Ва   ҳангоме,   ки   хона[-и   Каъба]-ро   маҳалли   бозгашт барои мардум ва [ҳарами] амн қарор додем ва [гуфтем:] аз мақоми Иброҳим намозгоҳе баргузинед” (сура Бақара, ояти 125)

Гуфтаанд ин ҳамон санге аст, ки вай ба ҳангом бинои Каъба зери пои худ ниҳод. Бархе низ худи хонаи Каъбаро ҳамон мақоми Иброҳим донистаанд. (Имом Фахри Розӣ, Ал тфсирул Кабир, ҷ 3, с 53; Табарӣ, Ҷомеъул Баён фи тафсирил Куръон, ҷ 1, с 422).

Иброҳим(а) дар бинои Каъба танҳо набуда ва Исмоил(а) ёриаш мекард ва барояш хишт ё санг меовард ва Иброҳим(а) онро месохтааст. (Тафсири Саълабӣ, ҷ 1, с 274). Дар бархе ривоятҳо низ аз ёрии фариштагон ба онҳо ёд шудааст. (Умдатул Қорӣ фи шарҳи Саҳеҳул Бухорӣ, ҷ 9, с 213). Масолеҳи сохтмонӣ як навъ хишт ё санги қирмиз буда, ки аз панҷ кӯҳи мухталифи атрофи Каъба ва бинобар қавле, аз кӯҳи Тур оварда буданд. (Умдатул Қорӣ, ҷ 9, с 213).

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед