Достони ҳазрати Иборҳим (а)1

0
310

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Достони Ҳазрати Иброҳим (а)
(Қисмати аввал)

Муқаддима

وَاذْكُرْ فِي الْكِتَابِ إِبْرَاهِيمَ ۚ إِنَّهُ كَانَ صِدِّيقًا نَّبِيًّا

“Ва дар ин Китоб Иброҳимро ёд кун; ба дурустӣ ки ӯ бисёр ростгӯ [ва] паёмбар буд;” (Сураи Марям, ояти 41).

Ҳазрати Иброҳим (а) падари анбиё ва падарбузург Расули Худо (с) мебошад. Зеро Паёомбар (с) аз авлоди Исмоъил(а) ва Ӯ писари Иборҳим(а) аст. Худованди Мутаъол Иброҳим(а)-ро сифот ва мазоёи бисёре бахшида буд. Ҳазрати Иброҳим (а), пешвои атқиё, баргузидаи расулон ва халилулраҳмон буд. Аксари анбё аз сулолаи поки Ӯ буданд ва тамоми пайғамбарони бани Исроил аз насли Ӯ буданд, чун нисбати ҳамаи онҳо ба Яъқуб писари Исҳоқ писари Иброҳим мерасад. Ҳазрати Муҳаммад Хотамул Анбё низ аз тариқи Исмоил ба Ӯ мерасад.

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

وَوَهَبْنَا لَهُ إِسْحَاقَ وَيَعْقُوبَ وَجَعَلْنَا فِي ذُرِّيَّتِهِ النُّبُوَّةَ وَالْكِتَابَ وَآتَيْنَاهُ أَجْرَهُ فِي الدُّنْيَا ۖ وَإِنَّهُ فِي الْآخِرَةِ لَمِنَ الصَّالِحِينَ

Ва Исҳоқ ва Яъқубро ба Ӯ ато кардем ва дар фарзандонаш нубувват ва китобро қарор додем ва дар дунё подошашро ба ӯ додем; ва қатъан ӯ дар охират аз шоистагон аст. (Сураи Анкабут, ояти 27).

Худованд Иброҳм(а)-­ро бо роҳҳои мухталиф имтиҳон кард: Сабр варзидан ва устувори дар имон. Ҳаргиз заъфу сустӣ дар дили ӯ роҳ наёфт. Сахтарин имтиҳон фармони сар буридани фарзандаш Исмоъил(а) буд, аммо аз онҷо ки, намунаи комили бандагӣ ва анҷоми амри Худо буд, дар он низ мувафақ шуд ва ба ҳамин хотир Худованд ӯро ба танҳоӣ умати комил муаррифӣ кард:

إِنَّ إِبْراهِيمَ كانَ أُمَّةً قانِتاً لِلَّهِ حَنِيفاً وَ لَمْ يَكُ مِنَ الْمُشْرِكِينَ

 Ҳамоно Иброҳим [ба танҳоӣ як] уммат буд, ниёишгари Худо [ва] ҳақгаро буд; ва аз мушрикон набуд; (Сураи Наҳл, ояти 120).

Ҳеҷ ҷой тааҷуб нест, ки Худованд ӯро бисёр мадҳу ва ситойиш кардааст, зеро ӯ падари Анбё ва рамзи имон буд ва мавриди имтиҳон қарор гирифт, аммо сабр пеша кард ва ёри дода шуд, онгоҳ шукри Худованд кард, пас ӯ бандаи вафодор буд ва ба ҳамин хотир Худованд ӯро ба унвони Халили худ баргузид:

… وَ اتَّخَذَ اللَّهُ إِبْراهِيمَ خَلِيلًا

 Ва Худо Иброҳимро ба дӯстӣ интихоб кард. (Сураи Нисо, ояти 125).

Насаби Иброҳим (а)
Дар бораи номи падари Иброҳим(а) ихтилоф ҳаст. Иборҳим(а) писари Тораҳ, писари Ноҳувр, писари Соруғ… нисбаташ ба Сом писари Нуҳ(а) мерасад. Фосила байни Нуҳ(а) бештар аз ҳазор сол аст, Дар аҳди атиқ номи падари Иброҳим(а) тараҳ забт шудааст (пайдоиш, 11: 24, матни ибрӣ; қс: тарҷума форси, ки тораҳ омада), ки дар манобеъи таърихии мусулмонон, торух (Табари, таърих ул Умам вал Мулук, 1967м, ҷ1, с233) ё тораҳ (ибни касир, Ал Бидоя вал Ниҳоя, 1986м, ҷ1, с142; Ибни Ҳишом, Ал Сиратул Набавияҳ, ҷ1, с2) зикр шудааст. Ин насабро муварихон ба нақл аз Таврот зикр кардаанд, аммо дар Қурони Карим омадааст, ки исми падараш Озар буда ки ин яке қавли дуруст ва муътамид мебошад, зеро ба ақидаи мусалмонон таҳриф ба Таврот ва Инҷил роҳ ёфта ва наметавон бар тамоми манқулоти онҳо эътимод кард .

وَ إِذْ قالَ إِبْراهِيمُ لِأَبِيهِ آزَرَ  

“Ва  ҳангоме,  ки  Иброҳим  ба  падараш  Озар  гуфт”. (Сура Анъом, ояти 74) Ин оят ба сароҳат номи падари Иброҳимро Озар дониста, ҷумҳури насабшиносон аз ҷумла ибни Аббос бар ин ҳастанд, ки ном падараш Тораҳ ва ба гуфтаи Таврот торах буда ва гуфтаанд: лақаби буте, ки Озар парастиш мекард тораҳ будааст. Ибни Ҷурйри Табари гӯяд: қавли асаҳ ин ки исми падараш Озар буда ва эҳтимол дорад ду исм ба номи Озар ва Тораҳ ё як ном ва як лақаб доштааст валлоҳу аълам (Ибни Касир, Албидояҳ ванниҳояҳ ҷилди 1 с 142).

 Куняи Иброҳим:
Куняи Иброҳим(а) Абулзайфон яъне падари меҳмонон буд. Гуфтаанд: ин кунияро аз онҷо ба у додаанд, ки меҳмонони бисёр ба хонаи ӯ меомаданд ва ҳар кас ба хонаи ӯ меомад, мавриди эҳтиром ва такрими фаровон воқеъ мешуд, бисёр сахӣ буд, барои меҳмонон гӯсфанду гов ва шутур сар мебурид.
Куръон достони меҳмонони малоикро, ки барои ҳалоки қавми Лут омада буданд бозгӯ мекунад. Дар роҳи худ ба сӯи қавми Лут бар Иброҳим(а) гузар карданд, то муждаи атои як писар аз сӯи Худованд ба ӯ бидиҳанд, чун эшонро бидид гумон кард инсон ҳастанд, гусолае барои онон сар бурид, чун ғизо пеши онҳо овард аз он нахӯрданд. Аз онҳо дар тарс ва шак уфтод ва бо тарс ва хавф ба онҳо менигарист. Баду хабар доданд, ки натарсад малоика ҳастанд.

هَلْ أَتاکَ حَديثُ ضَيْفِ إِبْراهيمَ الْمُکْرَمينَ24إِذْ دَخَلُوا عَلَيْهِ فَقالُوا سَلاماً قالَ سَلامٌ قَوْمٌ مُنْکَرُونَ25فَراغَ إِلي‏ أَهْلِهِ فَجاءَ بِعِجْلٍ سَمينٍ26فَقَرَّبَهُ إِلَيْهِمْ قالَ أَ لا تَأْکُلُونَ27فَأَوْجَسَ مِنْهُمْ خيفَةً قالُوا لا تَخَفْ وَ بَشَّرُوهُ بِغُلامٍ عَليمٍ28

« 24. Оё хабари меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст? 25.  Ҳангоме,  ки  ба  ӯ  ворид  шуданд,  пас,  гуфтанд:  «Салом!» Гуфт: «Салом! [шумо] Гурӯҳе ношинохта[-ед]». 26.  Пас,  ба  сӯи  хонаводааш  рӯй  овард  ва  гӯсолаи  фарбеҳ[-и бирёншуда] овард. 27. Пас, [онро] ба онҳо наздик кард, гуфт: «Оё намехӯред?» 28. Пас, аз онҳо эҳсоси тарс кард. Гуфтанд: «Натарс»; ва ӯро ба писари доно башорат доданд». (Зорёт, Ояти 24, 25, 26, 27, 28).

Ин оёти Карим саховати Иброҳим(а)-ро нишон медиҳад, зеро иқдом ба сар буридани гов барои меҳмононе, ки аслан онҳоро намешинохт, аз ахлоқи бузургон ва сифоти бахшандагон аст, аъроб ин сифатро аз Исмоил(а) фарзанди Иброҳим(а) ба ирс бурданд. «من شبّهه اباه فما ظلمه» яъне: «касе, ки ба падараш шабеҳ аст, зулмеро муртакиб нашудааст».

Таваллуди Иброҳим (а):
Дар бораи замони таваллуди Иброҳим (а), ҳеҷ санаде, ки таърих дақиқ ё нисбатан дақиқе нишон диҳад ба даст наомадааст. Вали бо таваҷҷӯҳ ба кашфиёт бостоншиноси ва аз тариқи баррасии татбиқи таърихҳо, метавон ба ҳадс ва гумон, санаи тақрибии онро таъйин кард. Ба ҳар ҳол имрӯза бештар муҳаққиқон, садаи 20 қабл аз мелодро ба унвони таърихи вилодати Иброҳим(а) пазируфтаанд ва бархеи аз онҳо рақами дақиқтар соли 1996 қабл аз мелодро зикр кардаанд. (Ал Мавсуат ул Фаластиния; Мибди, Абулфазл Рашидуддин, Кашф ул асрор ва ъидат ул аброр).

Ҳамчунин гуфтаанд, Иброҳим дар ҳаволии соли 1900қ.м. вориди Канъон шуда бошад, бо таваҷҷӯҳ ба онки вай дар синни 75 солагӣ Ҳаронро тарк гуфт, бояд дар ҳаволии соли 1975қ.м. мутаваллид шуда бошад. Аз сӯи дигар бар асоси таҳқиқоти Алброит ва Ҷилуик, шаҳрҳои Садум ва Умра дар ҳаволии соли 1898қ.м. вайрон шуд (Еаҷҷор, Абдул Ваҳоб, Қасас ул Анбиё).

Ва чун Иброҳим(а) дар он вақт ҳудуди 100 сол дошт, пас вилодати ӯ бояд миёни солҳои 2000 то 1990 қ.м. буда бошад.

Дар соле, ки Иброҳим(а) ба дунё омад, ба дастури Намруд ҳар навзодеро, ки ба дунё меомад, ба қатл мерасонданд; Чаро, ки ситорашиносон пешбини карда буданд, дар ин сол кудаке ба дунё хоҳад омад, ки бинои мухолифат бо дини Ниамруд ва пайравоншро мегузорд ва бутҳоро мешиканд. Барои ҳамин модари ҳазрати Иброҳим(а), аз тарси намрудиён ӯро дохили ғоре дар наздикии хонааш гузошт ва баъд аз понздаҳ моҳ, шабона ӯро аз ғор берун овард. (Табари, Таърих ул Умам вал Мулук, 1967м, ҷ1, с234).

Бархе шаҳрҳои Бобил ё Кусо аз навоҳии саводи Ироқро, ки дар замони Иброҳим(а) Намруд дар онҳо ҳукумат мекард, зодгоҳи ӯ донистаанд ва бархеи дигар маҳали вилодати ӯро ал Вурко (Урук) ё Ҳуррон баён карда ва гуфтаанд баъдан падараш ӯро ба Бобил ё Кусо мунтақил кард. (Табари, Таърих ул Умам вал Мулук, 1967м, ҷ1, с233). Ибн Батута ҷаҳонгарди қарни шашум қамарӣ, аз маҳалле ба ном Бурс миёни Ҳила ва Бағдод дар Ироқ ёд карда, ки гуфтаанд зодгоҳи Иброҳим(а) буда аст.( Ибни Батута, с 101).

Иброҳим(а) 179 ё 200 сол умр кард ва дар Ҳабрун, ки имрӯза Ал Халил номида мешавад ва дар Фаластин қарор дорад, аз дунё рафт. (Табарӣ, Таърих ул Умам вал Мулук 1967м, ҷ1, с312; Ибни Касир, Ал Бидоя ва ал Ниҳоя, ҷ1, с174).

Ҳиҷрат аз Бобил
Мавзӯи ҳиҷрати Иброҳим(а) аз сарзамини аслии худ чанд бор дар Қуръон гузориш шуда ва бо таъбирҳои гуногун аз он ёд шудааст:

وَأَعْتَزِلُكُمْ وَمَا تَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ 

«Ва аз шумо ва он чи аз ғайри Худо мехонед, канора мегирам» (Сураи Марям, ояти 48),

إِنِّي ذَاهِبٌ إِلَىٰ رَبِّي

«Ва [Иброҳим] гуфт: «Дар ҳақиқат, ман ба сӯи Парвардигорам раҳсипорам;» (Сураи Соффот, оят 99),

 إِنِّي مُهَاجِرٌ إِلَىٰ رَبِّي ۖ 

]Иброҳим] гуфт: Ҳамоно ман ба сӯи Парвардигорам ҳиҷрат мекунам» (Сураи Анкабут, ояти 26),

وَنَجَّيْنَاهُ وَلُوطًا...

«Ва  ӯ  ва  Лутро  ба  сӯи  сарзамине  наҷот  додем» (Сураи Анбиё, ояти 71).

Бино бар ривоятҳои тафсирӣ, мақсади ин ҳиҷрат сарзамини муқаддас (Ҷомеъ ул баён, ҷ 20, с 174) ва дар гузориши ғайр машҳур, Миср буда (ал Комил, ҷ 1, с 100), ки бо зоҳир ояти:

 وَنَجَّيْنَاهُ وَلُوطًا إِلَى الْأَرْضِ الَّتِي بَارَكْنَا فِيهَا لِلْعَالَمِينَ

«Ва  ӯ  ва  Лутро  ба  сӯи  сарзамине  наҷот  додем,  ки  барои ҷаҳониён дар он баракат ниҳодаем». (Сураи Анбиё, ояти 71) ба замимаи ояти:

إِلَى الْمَسْجِدِ الْأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ

“ ба  Масҷид-ул-ақсо  ки  атрофашро  пурбаракат  кардаем” (Сураи Асро, ояти 1) носозгор аст; ҳар чанд дар ривояте аз ибни Аббос, мақсади ҳиҷрати Иброҳим ба далели васфи Макка ба баракат дар ояти:

 إِنَّ أَوَّلَ بَيْتٍ وُضِعَ لِلنَّاسِ لَلَّذِي بِبَكَّةَ مُبَارَكًا

“Дар ҳақиқат, нахустин хонае ки барои [ибодати] марудм (бино)   ниҳода   шуд,   ҳамон   аст,   ки   дар   Макка   аст,   ки пурбаракат аст”.(Сура Оли Имрон, ояти 96) Макка дониста шудааст. (Ҷомеъул Баён, ҷ 17, с 62).

Ин ҳиҷрат пас аз раҳоии Иброҳим(а) аз оташ (ва дар пай табъиди вай ба дасти Намруд будааст) (Ҷомеъул Баён, ҷ 17, с 60). Дар бораи ҳамроҳони вай дар ин сафар танҳо аз Лут(а) дар Қуръон ном бурда шудааст:

 وَنَجَّيْنَاهُ وَلُوطًا إِلَى الْأَرْضِ الَّتِي بَارَكْنَا فِيهَا لِلْعَالَمِينَ

“Ва  ӯ  ва  Лутро  ба  сӯи  сарзамине  наҷот  додем,  ки  барои ҷаҳониён дар он баракат ниҳодаем.(сураи Анбиёъ, ояти 71)

 Дар ривоятҳо низ аз Сора ҳамсари Иброҳим, дар шумори ҳамроҳони ӯ ёд шудааст. (Маҷмаъул баён, ҷ 8, с 21; Тафсир Қуртубӣ, ҷ 9, с 370; Қасасул Анбиёъ, Ибни Касир, с 168).

Тибқи ривояти Таврот, Иброҳим(а) ҳамроҳи падараш Тораҳ ва ҳамсараш Сора ва бародарзодааш Лут аз Аур Калдон берун омад ва ба Ҳарон ҳиҷрат кард ва ҳамонҷо падараш Тораҳ даргузашт. (Китоби Муқаддас, Пайдоиш, 11: 31). Сипас ба фармон Худо Ҳаронро ба мақсади сарзамини Канъон тарк кард. (Китоб Муқаддас, Пайдоиш, 12: 4, 5). Сарзамини Муқаддас ба унвони мақсади ниҳоии ҳиҷрати ӯ ёд шудааст. (Китоби Муқаддас, Пайдоиш, 12: 1). Бархе ривоятҳо, нақли Тавротро таъйид мекунанд, ки бар асоси он, Иброҳим(а) ибтидо ба Ҳарон рафт ва муддате дар онҷо иқомат гузид ва сипас дубора аз Ҳарон, раҳсипори Фаластин шуд. (Ҷомеъул баён, ҷ 17, с 61; Тафсир Қуртубӣ, ҷ 15, с 98; ҷ 23, с 65).

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед