Чигунагии робитаи зоти Худованд бо сифоти зотӣ

1
637

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Чигунагии робитаи зоти Худованд бо сифоти зотӣ

Масъалаи сифоти Худованд ва кайфияту чигунагии робита ва нисбати зоти муқаддаси илоҳӣ бо сифатҳои камолӣ ва иртиботи он бо тавҳиди ҳақиқии Парвардигор аз асоситарин масоил дар илми каломи исломӣ аст, ки аз қадим мавриди таваҷҷуҳи фирқаҳои мухталифи исломӣ ва каломӣ қарор гирифтааст.
Манзур аз кайфият ва чигунагии робита ва нисбати зоти Худованд бо сифоти зотӣ ин аст, ки оё сифоти зотии Худованд ҷузъи зот ва айни зот ҳастанд? яъне худи зот ҳастанд ва чизе ғайр аз зоти Худованд нестанд? Ё ҷузъи зот нестанд ва ғайр аз зот ҳастанд? Инчунин оё сифоти зотӣ Худованд қадим ҳастанд ё ҳодис?
Дар ин ки Худованд дорои сифоте чун илм, қудрат, ҳаёт, самъ (шунавоӣ), басар (биноӣ) ва ғайра аст, тақрибан ихтилофе байни мутакалимони исломӣ дида намешавад. Чун илова бар ин ки ин сифот, сифоти камол ва бартарӣ ҳастанд ва набуди онҳо нақсу камбуд маҳсуб мешавад, дар оятҳои Қуръони Карим ва ривоятҳои бисёре низ омадаанд. Бинобар ин ихтилоф дар кайфият ва чигунагии таҳаққуқ ёфтани ин сифот барои Худованд аст. Дар ин росто назарияҳо ва дидгоҳҳои гуногуне аз суи мутакаллимон ва андешмандони исломӣ баён шудааст, ки аслитарини онҳоро дар чаҳор назарияи зер метавон баён кард:

1 Назарияи зоид ва ҳодис будани сифоти зотӣ
Яке аз дидгоҳҳо дар ин замина ин аст, ки сифоти зотии Худованд зоид бар зот (ғайр аз зот) ва  ҳодис ҳастанд. Ин дидгоҳ ба фирқаи ’’Карромия’’, пайравони Муҳаммад ибни Карроми Саҷистонӣ нисбат дода мешавад. Дар миёни фирқаҳои каломӣ ба ҷуз ’’Карромия’’ ҳамаи фирқаҳои дигар муътақиданд, ки сифоти Худо қадим ҳастанд ва аз аввал ва азал бо Худо буда ва ҳаргиз ҳодис нестанд.
(Фузунии сифоти камол бар зот, маҷаллаи Дарсҳое аз мактаби Ислом, шумораи 354, саҳ 22 ва 23)
Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ низ дар баёни ақидаҳои ’’Карромия’’ зикр мекунад, ки ҳамаи онҳо бар ин ақида буданд, ки зоти илоҳӣ маҳалли ҳодисаҳои бисёре чун умури гузашта ва оянда ва китобҳои нозилшуда бар пайғамбарон ва қиссаҳо ва ваъдаҳову ваъидҳо (тарсонданҳо) ва аҳком аст. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, саҳ 88 то 89) Аммо дар баёни ақидаи онҳо дар бораи сифоти Худованд мегӯяд: Ақидаи ҳамаи ’’Карромия’’дар бораи сифоти Худованд ин аст, ки сифоти Худованд қадим, азалӣ ва қоим ба зоти Худованд аст. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, саҳ 90)

2- Назарияи зоид ва қадим будани сифоти зотӣ
Яке дигар аз дидгоҳҳои матраҳ шуда дар ин замина назарияи зоид ва қадим будани сифоти зотии Худованд бар зот аст. Тарафдорони ин дидгоҳ бар ин назаранд, ки сифоти зотии Худованд қадим, азалӣ ва зоид бар зот ҳастанд, аммо на айни зот (худи зот) ҳастанд ва на ғайр аз зот, ҳарчанд дар воқеъияти худ қоим ба зот ҳастанд. Ашоъира (пайравони Абулҳасани Ашъарӣ, таъсис кунандаи яке аз бузургтарин мактабҳои каломии исломӣ) аз тарафдорони аслии ин назария бар шумор меоянд. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, саҳ  76 – 77)
Аммо ғайр аз Ашоъира, афрод ва фирқаҳои дигар низ аз ин назария пайравӣ кардаанд, аз ҷумла аксари мотуридиён аз ин назария пайравӣ карда ва барои исботи он далелҳо зикр кардаанд.  (Дар баҳси ’’чигунагии робитаи зоти Худованд бо сифоти зотӣ аз назари мактаби мотуридия’’ ин масъаларо ба тафсил баён хоҳем кард) 

3- Назарияи айнияти сифоти зотӣ бо зот
Аз ҷумла дидгоҳҳои баёншуда дар заминаи чигунагии робитаи зоти Худованд бо сифоти зотӣ, назарияи айнияти сифоти зотии Худованд бо зот аст. Маъно ва мафҳуми ин назария он аст, ки сифоти зотии Худованд ҳарчанд аз ҷиҳати лафз ва мафҳум бо зоти илоҳӣ ва ҳамчунин сифот бо ҳамдигар тафовут ва фарқ доранд, вале аз ҷиҳати мисдоқи хориҷӣ ва воқеъият ва ҳақиқат, айни зот (худи зот) ва сифот низ айни якдигар ҳастанд. (Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, Авоилул- мақолот, саҳ  12)
Тамоми пайравони шиъаи Имомия, аксари Муътазила ва баъзе аз фирқаҳои дигар монанди Мурҷиъа, Зайдия ва гуруҳе аз Аҳли ҳадис ва Хавориҷ қоил ба назарияи айнияти сифоти зотӣ бо зот ҳастанд. (Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, Авоилул- мақолот, саҳ  12) 

4 – Назарияи ҳол
Яке аз дидгоҳҳое, ки дар тафсир ва тавзеҳи робитаи зоти Худованд бо сифоти зотӣ баён шудааст, назарияи ’’Ҳол’’ аст. Таърихдонон ва фирқашиносон, муассис ва эҷодкунандаи ин назарияро Абуҳошими Ҷуббоӣ аз донишмандони фирқаи каломии Муътазила донистаанд. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, саҳ 65. Ва Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Наҳоятул-иқдом фи илмил-калом, саҳ  79)
Абуҳошими Ҷуббоӣ муътақид аст Худованд ҳолате дорад, ки он ҳолат ғайр аз зот ва ғайр аз мавҷуд будан аст ва он ҳолатро сифат номидааст, ки ба танҳоӣ қобили шиниохт нест, балки бо зоти Худованд шинохта мешавад. Вежагии он ҳолат ин аст, ки на мавҷуд аст ва на маъдум, на маълум аст ва на маҷҳул. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, саҳ  65. Ва Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Наҳоятул-иқдом фи илмил-калом, саҳ  79 то 88)
Бинобар мабоҳисе, ки дар боло зикр кардем чунин натиҷа гирифта мешавад, ки дар мавриди чигунагии робитаи зоти Худованд бо сифоти зотӣ чаҳор назария вуҷуд дорад. Яке аз дидгоҳҳо ин аст, ки сифоти зотии Худованд зоид бар зот (ғайр аз зот) ва  ҳодис ҳастанд. Назарияи дигар ин аст, ки сифоти зотии Худованд қадим, азалӣ ва зоид бар зот ҳастанд, аммо на айни зот (худи зот) ҳастанд ва на ғайр аз зот, ҳарчанд дар воқеъияти худ қоим ба зот ҳастанд. Назарияи севвум дар ин замина назарияи айнияти сифоти зотии Худованд бо зот аст, яъне сифоти зотии Худованд айни зоти Худованд (худи зот) аст. Назарияи охир дар тафсир робитаи зоти Худованд бо сифоти зотӣ, назарияи ’’Ҳол’’ аст.

1 ШАРҲ

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед