Чаро аз марг метарсем

0
432

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Чаро аз марг метарсем?

Касоне, ки дар дунё зиндагӣ мекунанд ва дил ба зоҳири дунё медиҳанд ва абадан бо ботин коре надошта ва аз виҷдони худ, ки дар ҳақиқат марбут бо Худо аст неру намегиранд, масъалаи марг ва мурдан бисёр сахт аст. Ҳамон касоне, ки тамоми ҳушу ҳавоси худро ба кор намегиранд, балки бидуни ҳисобу масъулият ва бидуни паймону тааҳҳуд зиндагӣ мекунанд ва пайваста дар дили онон муҳаббати дунё ва осори он бештар мешавад то ба ҷое, ки гӯё ҳеҷ маҳбубу мақсуде ғайр аз дунё вуҷуд надорад.
Мурдан барои ингуна афрод бисёр сахт аст, чароки як умр зиндагӣ карда ва рӯзҳои зиндагиашро барои ба даст овардани корҳои дунявӣ ва молу эътибор сарф кардааст ва барои дохил кардани мавқеияту ҳастии худ дар дили мардум фаъолиятҳои бисёр намуда ва заҳматҳои фаровон кашидааст. Хулоса инки тамоми давраҳои зиндагониашро, ки муштамил бар замон, солҳо, моҳҳо, рӯзҳо, соатҳо, дақиқаҳо ва лаҳзаҳо аст, барои ба даст овардани дунё сарф кардааст.
Ҳоло аҷал ва мӯҳлати зиндагии ин фард дар дунё ба охир расидааст, ҳамон фарде, ки дили худро муттасил ба ҳазорҳо занҷире мебинад, ки аз ҳар тараф ӯро ба корҳои дунявӣ дӯхтааст.
Молу сарват, дӯстону ақрабо, зану фарзанд, орзуҳои дуру дароз ҳар кадомашон ба шакле ӯро ба сӯи худ мекашанд, аммо молу сарват ва кору фаъолият дарки рафтани ин шахсро наметавонад дошта бошад. Ин шахс бори сафари охиратро бастааст ва лаҳзаи видоъ бо дуёни зудгузар фаро расидааст кунад, бозгаште ҳам дар кор нест ва барои як лаҳза ҳам рангу рӯи ин оламро дигар намебинад ва тамоми ин андӯхтаҳо ва маҳбубҳо ва мақсудҳо ба хоки фаромушӣ супурда мешаванд.
Тарс метавонад решаҳои гуногуне дошта бошад, ки бо баёни як мисол мавориди онро баён мекунем:
Дар дидгоҳи Ислом дунё маҳалли убур аст ва инсон дар раъси он аст ва ҳамаи амволи дунё васила мебошад, ва тарс аз марг ҳамонанди тарси як ронанда дар шароити мухталиф аст:

1 – Гоҳе ронанда метарсад, чароки мебинад мошинаш ҳоло наздик аст, ки суқут кунад ва бо чашмони худ мебинад, мошин дар ҳоли нобудӣ аст.
Афроде, ки имон ба маод надоранд ва мурданро нест шудан медонанд бояд ҳам аз марг битарсанд, чароки марг дар чашми онҳо як навъ суқут ва нобудӣ аст.

2 – Гоҳе ронандае, ки мошини худро бо хуни дил таҳия карда ва алоқаи зиёде ба он дорад метарсад, ки мабодо касе василаи ӯро бигирад ва аз тасаввури ҷудоии он ранҷ мебарад ва хаёл мекунад беҳтар аз ин мошин чизи дигаре нест.
Касоне, ки алоқаи зиёд ба дунё доранд, ҷудоии онҳо аз дунё бузургтарин шиканҷа аст, вале агар инсон дар дунё зоҳид бошад ва нисбат ба он дилбастагӣ ва вобастагӣ надошта бошад, мурдану ҷудо шудан аз он барои ӯ осон ва роҳат ва бидуни тарс аст.
Шахсе аз Расули Худо(с) пурсид: чаро аз марг метарсем? Ҳазрат фармуд: оё молу сарват дорӣ? Гуфт: бале, фармуд: оё чизе аз онро дар роҳи Худо инфоқ кардаӣ? Гуфт: на. Ҳазрат фармуд: ба ҳамин далел аст, ки аз марг метарсӣ.

3 – Гоҳе тарси ронанда ба хотири он аст, ки ҷоддаро намешиносад ва ин ноогоҳӣ ӯро заҷр медиҳад.
Бале, ноогоҳӣ ва бехабарӣ ва шинохти ноқис нисбат ба маргу маод, яке аз авомили тарс аз марг аст.

4 – Гоҳе тарси ронанда ба хотири аз даст додани мошин ва ё ноогоҳ будан аз ҷодда нест, балки чун ҷодда бисёр тӯлонӣ аст ва ӯ сӯхти каме ҳамроҳ дорад ё онки василаи ӯ қудрату истеҳкоми хубе надорад, тарсу ҳарос ба ӯ ғалаба мекунад.
Дар мавриди охират ҳам баъзе аз мардум ба хотири тӯлонӣ будани роҳ ва камии зоду тӯша метарсанд.

5 – Гоҳе васила дорад ва аз камбуди сӯхт ва солим будани чархи мошин ҳам нигаронӣ надорад, вале боз ронанда тарс дорад, зеро ӯ дар гузашта амали хилофе анҷом дода ва фирор кардааст ва акнун метарсад, ки дар ҷилави роҳаш маъмури амниятӣ бошад, он ҳам маъмуре, ки парвандаи тамоми аъмолу рафторашро дар даст дорад ва ин ронанда худро бозанда ва шикастхӯрда мебинад, чароки бояд посухгӯи тамоми фирорҳо ва корҳои хилофаш бошад.
Дар мавриди марг ҳам баъзе чунин ҳастанд, ҳамонтавр, ки дар сураи Ҷумъа мехонем:

ولايَتمنّونَه أبَداً بما قَدّمتْ أيديهِم

“Ва ҳаргиз онро орзу намекунанд, ба сабаби ончи пеш аз худ фиристодаанд.” (сураи Ҷумъа, ояти 7).

Ин ояти Қуръони Карим як ҳушдори ҷиддӣ аст ва маънояш ин аст, ки ҳатто он касоне ҳам, ки хаёл мекунанд аз авлиёи Худованд ҳастанд, ба хотири тахаллуфоти худ ҳаргиз орзуи марг намекунанд.

6 – Гоҳе тарси ронанда ба хотири ҳеҷ кадом аз гуфтаҳои гузашта нест, балки тарси ӯ аз ин аст, ки баъд аз онки ба мақсад бирасад чӣ сарнавиште дар интизори ӯст ва бар сари ӯ чӣ хоҳад омад. Бар фарзи инки гирифтори ҷаримаи тахаллуф нашавад, оё тибқи хостаҳои ӯ мавриди меҳрубонӣ қарор хоҳад гирифт? Ва оё пас аз гузарондани ин роҳи пурпечу хам, арзиши меҳмонӣ дар мақсадро хоҳад дошт ё на?
Ва ҳар гоҳ бидонад поёни роҳи сиёҳу торик субҳи сафеду нуронӣ ва баҳраманд аз анвои неъматҳои бипоён аст, ҳаргиз тарсе нахоҳад дошт.
Умедворем Худованд имони моро нисбат ба маод маҳкамтар, шинохти моро аз дин бештар ва қадами моро дар бандагиаш устувортар бигардонад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед