Билол ибни Рабоҳ(рз)1

0
282

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)
Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Саҳобаи гиромӣ Билол ибни Рабоҳ(рз)
Қисмати аввал

Марде, ки  дар роҳи Худо тарс ва ваҳшат барояш маъно надошт.
Ҳаргоҳ назди Умар ибни Хаттоб(рз) аз Абубакри Сиддиқ(рз) ном бурда мешуд, мефармуд:
“Абубакр(рз) «сарвари» мост ва «сарвари» моро озод кард”
Манзураш Билол(рз) буд.
Равшан аст марде, ки Умар(рз) ӯро «сарвари мо» биномад, марди бузург ва хушбахте аст.
Аммо ин марди сиёҳпӯст, лоғарандом, баландқомат бо мӯйҳои анбӯҳ  ва рӯйи борик чунонки ровиён ӯро васф кардаанд, ба маҳзи шунидани мадҳу  сано ва таърифи худ, аз хиҷолат сарашро пойин андохта ва чашмҳояшро мебаст ва дар ҳоле, ки ашк бар рухсораҳояш ҷорӣ шуда мегуфт:
Ман як нафар ҳабашии беш нестам ва то дирӯз барда будам.
Ин ҳабашӣ кист, ки то дирӯз барда будааст?
Ӯ Билол ибни Рабоҳ (рз) муаззини Ислом ва нобудкунандаи бутҳост. Вай яке аз мӯъҷизаҳои имон ва садоқат аст.
Яке аз мӯъҷизаҳои Ислом аз оғози зуҳур, то ба имрӯз ва то рӯзи растохез аз ҳар даҳ нафар мусалмон ҳаддиақал ҳафт нафар аз онҳо Билол (рз)-ро мешиносад.
Яъне тайи гузашти қарнҳо ва наслҳо, садҳо миллион нафар инсон, Билолро шинохта ва номашро ҳифз намуда ва бо нақши ӯ ошно шудаанд, дуруст ҳамонгуна, ки бо зиндагии халифаҳои Ислом ошно шудаанд.
Шумо дар ҳар ҷое аз ҷаҳон, ки мусалмонон дар онҷо зиндагӣ доранд, агар аз кӯдаки мусалмоне, ки дар синни ибтидоӣ аст бипурсед:
Билол кист? Хоҳад гуфт: Ӯ муаззини Паёмбар(с) буд, ӯ ҳамон бардае буд, ки соҳибаш ӯро бо сангҳои бузург ва сӯзон шиканҷа мекард, то аз динаш бозгардад. Аммо ӯ мегуфт:

أحد،  أحد،  أحد
Ягона Ягона Ягона

Вақте ин ҷовидонагиеро, ки Ислом ба Билол(рз) бахшидааст мебинед, бояд таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки Билол(рз) қабл аз Ислом бардае беш набуд, ки шутурҳои соҳибашро дар ивази чанд мушт хурмо мечаронид ва агар Ислом набуд, ҳатмӣ буд, ки онқадар зери бори мушкилот заҳмат ва машаққат ба сар мебурд, то марг тӯмори умрашро дарҳам мепечид ва дар аъмоқи фаромӯши мадфун месохт.
Аммо дар партави имони содиқ ва азамати дине, ки ба он имон оварда буд, аз лиҳози зиндагии пурифтихор ва таърихи дурахшони ҳаёт, дар саффи бузургон ва солеҳони Ислом қарор гирифт ва ба мақоми бисёр баланде расид.
Бисёре аз бузургон ва соҳибони ҷоҳу  мақом ва сарват ба як даҳум ҷовидонагӣ ва ҷойгоҳе, ки «Билол»(рз) бардаи ҳабашӣ ба он ноил шуд, нарсидаанд.
Ҳатто бисёре аз қаҳрамонони таърих натавонистанд ба шӯҳрате бирсанд, ки Билол(рз) ба он даст ёфтааст.
Дар ҳақиқат замоне, ки  Ӯ Ислом овард, сиёҳии пӯст ва пастии ҳасабу насаб ва хории ӯ дар назари мардум, дар ҳадди як барда ӯро аз ин ки дар партави сидқу  яқин ва покӣ ва аз худгузштагӣ, дар мақоми баланд ва бисёр баланде қарор бигирад, маҳрум насохт ва ҳеҷ як аз инҳо дар арзёбӣ ва ташхиси ӯ ҳеҷ гуна аҳаммияте надошт, ончи муҳим буд, тарс аз ин буд, ки тоҷи азамат дар ғайри маҳалли худ қарор гирад.
Мардум гумон мекарданд, ки бардае мисли Билол(рз) бо Ислом овардан, даст ба кори аҷибе мезанад, зеро ӯ на касеро дошт ва на пуштибоне, ӯ натанҳо дар зиндагии худ молики чизе набуд, балки худ низ моли соҳибаш буд, ки ӯро дар баробари пул харидорӣ карда буд ва аз бомдод то шом мисли ҳар бардаи дигаре дар миёни оғил ва шутурҳои соҳибаш ба сар мебурд.
Гумон мекарданд, ки чунин ашхосе тавони анҷоми коре надоранд ва наметавонанд ба ҷое бирасанд.
Аммо ӯ ҳамаи ин гумонҳоро канор зада ва дар партави имони ба Худо кореро анҷом дод уи дарси ибрат барои дигарон шуд. Ў ба қадре аз худ шоистагӣ нишон дод, ки нахустин муаззини Паёмбари Ислом(с) гашт, ҳамон мансаби пурифтихоре, ки ҳар як аз руасо ва бузургони Қурайш, ки мусалмон ва пайрави Паёмбар(с) шуда буданд, орзуи онро доштанд.
Бале ин ифтихор насиби «Билол ибни Рабоҳ»(рз) шуд!
Ӯ аҳли Ҳабаша буд ва аз канизи сиёҳе мутаваллид шуда буд. Тақдир ва ҳаводис ӯро ғуломи марде аз қабилаи “банӣ Ҷумаҳ” кард, ки сокини Макка буданд. Зеро модараш яке аз канизони онҳо буд ва тибқи одат ва русуми он рӯз, ӯ низ бардаи онҳо ба шумор мерафт.
Зиндагиаш зиндагии бардаи буд ва рӯзгораш ба тарзи якнавохт сипарӣ мешуд, на дар имрӯзаш ҳаққе дошт ва на дар фардояш умеде.
Хабарҳои роҷеъ ба Муҳаммад(с) кам-кам ҳангоме, ки мардуми Макка онро барои якдигар нақл мекарданд ва низ аз гуфтугӯи арбобаш Умая ибни Халаф бо меҳмононаш буд, ки шунид. Умая ибни Халаф яке аз бузургони қабила «Банӣ Ҷумаҳ» буд. Қабилае, ки Билол(рз) яке аз ғуломонашон буд.
Умая ибни Халаф гоҳе бо дӯстон ва ё бо афроди қабилааш дар бораи Паёмбари Ислом(с) гуфтугӯ мекард ва Билол суханони лабрез аз кина ва хашм ва фитнаи ӯро мешунид.
Дар он замон Билол аз миёни суханони хашмолуди ӯ усулеро, ки ин дини ҷадид ба армағон овардааст мешунид. Ӯ эҳсос мекард, ки ин усул, барои муҳити зиндагии ӯ тозагӣ дорад. Ҳамчунин аз гуфтугӯҳои таҳдидомези онҳо,ва низ эътирофашон нисбат ба шарофат ва сидқу ростгӯӣ ва амонатдории Муҳаммад(с) ба гӯшаш мерасид.
Бале ӯ мешунид, ки ҳамагӣ аз ончи Муҳаммад(с) бо худ овардааст мутааҷҷиб ва ҳайраттзада шудаанд ва бархе ба бархе мегӯянд: Ҳақиқат ин аст, ки Муҳаммад(с) ҳеҷ гоҳ на дурӯғгӯ буд ва на соҳир ва на маҷнун, аммо имрӯз мо ноилоҷем бо ин нисбатҳо ӯро бадном кунем, то ба ин васила аз афроде, ки бо суръат ба сӯи оини ӯ мешитобанд, пешгирӣ кунем.
Билол(рз) мешунид, ки аз амонатдории Муҳаммад(с), аз вафои ба аҳд ва аз мардонагиву ахлоқи неки Ӯ ва билохира аз покдоманӣ ва хирадмандияш гуфтугӯ мекунанд.
Ӯ мешунид, ки Қурайшиён ба оҳистагӣ аз ангезаҳое, ки эшонро водор ба мухолифат ва душманӣ бо Муҳаммад(с) мекунад, сухан мегӯянд, ангезҳҳое, ки иборат буданд аз: Ӯ алоқаи эшон ба дини падарон ва ниёгонашон ва сониян тарс аз нобудии азамат ва шарофати Қурайш – ҳамон шарофат ва азамате, ки маркази дини онҳо, ки дар тамоми Ҷазирату-ал-Араб ба манзалаи пойтахт ибодат ва парастиш буд; Ба онҳо мебахшид ва дар дараҷаи севвум кина ва ҳасад нисбат ба “Банӣ Ҳошим, ки чаро Паёмбар, аз миёни онҳо бархостааст ва на аз қабилаҳои дигар

Билол ибни Рабоҳ(рз) рӯзе нури Худоро  дар аъмоқи рӯҳи покаш нағмаи эҳсос кард онро ба гӯши ҷон шунид ва пас аз он назди Паёмбар(с) рафт ва мусалмон шуд.
Дере нагузашт, ки хабари Ислом овардани ӯ дар ҳама ҷо пахш шуд, шунидани ин хабар арбобони ӯ аз Банӣ Ҷумаҳро дучори ҳайрат кард, ҳамон бузургоне, ки ҳамаи вуҷудашонро кибру ғурур дарбар гирифта буд. Умая ибни Халаф, ки синааш ҷойгоҳи шаётини рӯи замин буд, Ислом овардани бардае аз бардагонашонро шикасти шармовар медонист, ки либоси хорӣ ва нанг бар тани эшон мепӯшонид.
Оё ҳаргиз қобили таҳаммул буд, ки ғуломи ҳабашии онҳо мусалмон шуда пайрави Муҳаммад(с) гардад? Умая бо худ мегуфт, айбе надорад, офтоби умри Исломи ин бардаи фирори ба зудӣ ғуруб мекунад.
Аммо офтоби Исломи Билол(рз) ҳаргиз ғуруб накард, балки тӯле накшид, ки офтоби умри бутҳои Қурайш ва ҳаводорони бутпарастӣ ғуруб кард!
Аз сӯи дигар «Билол»(рз) чунон мавзеъгирӣ дошт, ки натанҳо барои Ислом мояи шарофат ва ифтихор аст. Гарчи ин шарофат ва бузургӣ дар дараҷаи аввал сазовори Ислом аст – балки санади шарофат ва ифтихори тамоми инсоният аст.
Ӯ дар баробари сахтарин ва хашинтарин анвои шиканҷаҳо ҳамонанди мардони бузург ва некӯкор истодагӣ ва муқовимат кард.
Гӯё Худо мехост ӯро барои мардум намуна қарор диҳад, то бидонанд, ки агар инсон нури имонро пайдо кард ва ба офаридагори худ паноҳ ҷуст ва пайрави ҳақиқат шуд, сиёҳии пӯст ва бардагӣ ҳаргиз монеи азамати рӯҳи ӯ намешавад.
Дар ҳақиқат Билол(рз) бо мавзеъгирии худ дарси омӯзандае ба муосирини худ ва ояндагон омӯхт, ба касоне, ки бо ӯ пайрави як дин буданд ё бар дини дигаре буданд ва ба ҳама омӯхт, ки озодагии рӯҳ ба қимати тамоми ганҷинаҳои рӯйи замин ва ё таҳти фишори тамоми шиканҷаҳои дунё ҳаргиз қобил фурӯш нест.
Билол(рз) лухт ва урён рӯйи сангҳои гудохта андохта шуда буд, то аз дини худ баргардад ё қатрае аз ботилро дар зулоли эътиқодаш махлут созад, аммо ӯ ин корро накард ва имтиноъ варзид.
Ба рости, ки Паёмбар(с) ва Ислом ин бардаи ҳабашии мустазъафро чунон тарбият карданд, ки дар ҳунари эҳтиром ба ақида ва дифоъ аз ҳарими озодӣ ва сиёдати рӯҳи, устоди тамоми башарият шуд.
Онҳо Билолро дар гармои зӯҳр, он ҳангом, ки биёбон табдил ба ҷаҳаннами кушандае мешуд, берун бурда, урён менамуданд ва ӯро рӯй регҳои гарму сӯзон мехобониданд, онгоҳ санги бузурги доғеро, ки чанд нафар ба сахтӣ онро ҳамл мекарданд, оварда ва рӯй синааш мегузоштанд.
Ин шиканҷаҳои ваҳшиёна ва ғайри инсонӣ ҳар рӯз такрор мешуд, то инки аз шиддати азоб ва шиканҷаи ӯ, дили бархе аз ҷаллодонаш нисбат ба ҳоли ӯ сӯхт ва розӣ шуданд, ки ӯро раҳо кунанд, вале ба шарти инки ӯ – фақат – худои онҳоро танҳо ба як калима ба некӣ ёд кунад, то бузургии онҳо маҳфуз бимонд ва Қурайш нагӯянд, ки дар баробари истодагӣ ва пофишории бардаи худ, бо хорӣ ақибнишини карданд!

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед