Билол ибни Рабоҳ(рз) 3

0
233

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Билол ибни Рабоҳ(рз)
Қисмати севвум:

Вақте, ки ҷанг ба поён наздик мешуд, Умая ибни Халаф бо дидани Абдурраҳмон ибни Авф (рз), аз ӯ дархости ҳимоят кард ва барои ҳифзи ҷонаш аз ӯ тақозо намуд, то асираш кунад.
Абдурраҳмон (рз) тақозои ӯро пазируфт ва ӯро асир ва ҳамроҳ бо худ ба маҳалли нигаҳдории асирон мунтақил кард.
Дар миёнаи роҳ Билол(рз) ӯро дид ва фарёд баровард:

Сарҳалқаи куфр… Умая ибни Халаф… Бояд ё ман зинда бимонам ё ӯ, онгоҳ шамшерашро баланд кард, то бо он сареро, ки ғурур ва такаббур онро сангин карда буд, аз тан ҷудо кунад. Абдурраҳмон (рз) мутаваҷҷеҳи ӯ шуд ва фарёд баровард:
«Билол! Ӯ асири ман аст». Вале Билол(рз) касе набуд, ки ба ин ҳарф қонеъ шавад.
Ӯ бо худ мегуфт: Гирам ӯ асир аст, вале ҷанг ҳамеша ба нафъи касе тамом намешавад, дуруст аст, ки ӯ асири яке аз мусулмонҳо ҳаст, вале ҳанӯз хуни зарбатҳое, ки то чанд лаҳза пеш бар пайкари мусулмонон ворид месохт, аз нӯги шамшераш мечакад.
На, ин сухан дар назари Билол(рз), тамасхур ва пӯзханд ба ақли мусулмонҳо буд.
Умая ба қадри кофӣ хандида ва тамасхур карда буд, он қадар тамасхур карда буд, ки чизе фурӯгузорӣ нанамуда буд, то захираи чунин рӯзе ва чунин ҷанги нобудкунанда ва чунин сарнавиште бошад.
Билол(рз) чун дид ба танҳои қодир нест вориди ҳарими ҳимояти бародари динии худ Абдурраҳмон(рз) шавад, лизо дар миёни мусулмонон фарёд баровард:
Эй ёрони Худо! Ӯ Умая ибни Халаф, саркарда ва сарқофилаи куфр аст ё бояд ман зинда бимонам ва ё ӯ.
Гурӯҳе аз мусулмонон пеш тохта Умая ва писарашро, ки ҳамроҳи Қурайш меҷангид, муҳосира карданд. Абдураҳмон(рз) натавонист коре аз пеш бибарад, ҳатто натавонист зиреҳи худро ҳифз кунад.
Билол(рз) нигоҳи тӯлони ба ҷасади Умая, ки бо заработи шамшерҳои тез ва буранда кушта шуда буд андохт, сипас ба суръат аз онҷо дӯр шуд ва бо садои дилнишин худ фарёд баровард:

“Аҳад- Аҳад”
Гумон намекунам ҳақ дошта бошем дар чунин мавқеияте аз фазилати набуди сахтгири Билол(рз) нисбат ба Умая баҳс кунем, зеро агар бархӯрд миёни Билол(рз) ва Умая дар шароити дигаре иттифоқ меафтод, саҳеҳ буд дар бораи мусомиҳа дар куштани Умая, ки музоиқа аз он аз шахси бо тақво ва бо имони мисли Билол(рз), ҷоиз нест, Билол(рз)-ро муохиза кунем.
Вале бархурде, ки миёни ин ду нафар иттифоқ афтод, дар саҳнаи ҷанг буд ва ҳар ду гурӯҳ барои нобуд сохтани якдигар омада буданд.
Оре бархӯрд миёни он ду, лаҳзае, ки шамшерҳо гарм шуда ва кушта шудагон нақш бар замин мешаванд, иттифоқ афтод.
Билол(рз) Умаяро, ки дар бадани ӯ ба андозаи нӯги сари ангуштон ҷой солим нагузошта буд ва сар то пои баданаш осори шиканҷаи ӯ ба чашм мехӯрд, нахустин бор куҷо ва чигуна дид?
Билол(рз) ӯро ҳангоме дид, ки дар ҳангоми набард бо шамшери худ сарҳои мусулмононро мезад ва агар  Билол(рз)-ро ба даст меовард ҳамон лаҳза онро ба қатл мерасонд. Дар чунин шароите, ки ин ду нафар ба якдигар расиданд, мантиқ иҷоза намедиҳад аз Билол(рз) бипурсем: чаро ба некӣ гузашт накардӣ?
Рӯзҳо аз паи ҳам гузашт, Макка фатҳ шуд.
Паёмбар(с) бо даҳ ҳазор нафар мусулмон, такбиргӯён ва шукргузор вориди Макка шуд ва мустақим озими «Каъба» ҳамон макони муқаддасе шуд, ки Қурайш ба теъдоди рӯзҳои сол дар он бут гузошта буданд.

وَقُلْ جَآءَ ٱلْحَقُّ وَزَهَقَ ٱلْبَٰطِلُ ۚ إِنَّ ٱلْبَٰطِلَ كَانَ زَهُوقًا
Бигӯ: ҳаққ фаро расидааст ва ботил аз миён рафта ва нобуд гаштааст(Сураи Исроъ, ояти 81)

Аз имрӯз ба баъд дигар на Уззо ҳаст ва на Лот ва на Ҳубал, аз имрӯз ба баъд дигар ҳеҷ инсоне дар баробари санг ва бут сар фурӯд нахоҳад овард ва мардум аз ҷону дил ҷуз Худой якто ва ягона ва бузург ҳеҷ маъбудеро ибодат нахоҳанд кард. Паёмбар(с) дохили Каъба шуд ва Билол(рз)-ро низ бо худ бурд.
Чун қадам ба дарун Каъба гузошт бо муҷассамаи тарошидае рӯбарӯ гардид, ки ҳазрати Иброҳимро дар ҳоли “истиқсом ба азлом” (тирчубҳое, ки ба василаи он дар ҷоҳилият саҳми гушти ҳайвони кушташударо мушахас мекарданд) нишон медод, Паёмбар Акрам(с) хашмгин шуд ва фармуд: Худованд нобуд кунад онҳоеро, ки Паёмбари бузурги Худоро чунон нишон додаанд, ки гӯё истиқсом ба азлом мекунад.

مَا كَانَ إِبْرَٰهِيمُ يَهُودِيًّا وَلَا نَصْرَانِيًّا وَلَٰكِن كَانَ حَنِيفًا مُّسْلِمًا وَمَا كَانَ مِنَ ٱلْمُشْرِكِينَ
Иброҳим на яҳудӣ буд ва на насронӣ, валекин ҳақгарои фармонбардор буд; ва аз мушрикон набуд” (Сури Оли Имрон, ояти67)

Пас аз он Расули Худо (с) аз Билол(рз) хост, ки ба болои боми Масҷидулҳаром рафта ва азон бигӯяд. Билол(рз) азон мегӯяд. Ва чӣ замон ва макони муносиб ва ҷолибе!
Дар Макка зиндагӣ аз ҳаракат боз истод, ҳазорон нафар мусулмон, беҳаракат истода ва дар камоли хушуъ ва хузуъ ҷумлаҳои азонро яке баъд аз дигари ба думболи Билол(рз) такрор мекарданд.
Дар ин миён се нафар аз ашроф ва бузургони Қурайш дар баробари остонаи Каъба нишаста буданд, манзараи Билол(рз), ки бутҳоро лагадмол мекард ва аз болои тали анбӯҳи бутҳо, садо ба азон баланд мекард ва амвоҷи дилнишини савташ ҳамчун бӯи мушкини гулҳои баҳорӣ дар офоқи Макка пахш мешуд, онҳоро оташ мезад.
Ин се нафар иборат буданд аз: Абусуфён ибни Ҳарб, ки чанд лаҳза қабл мусулмон шуда буд, Итоб ибни Асад ва Ҳорис ибни Ҳишом, ки ҳанӯз мусулмон нашуда буданд. Билол(рз) азон мегуфт ва Итоб дар ҳоле, ки ӯро нигоҳ мекард, гуфт: хушо ба ҳоли Асад, ки ин садоро нашунид, вагарна хашмгин ва нороҳат мешуд.
Ҳорис низ гуфт: савганд ба Худо агар медонистам, ки Муҳаммад(с) ҳақ аст ва рост мегӯяд, ба ӯ имон меовардам ва аз ӯ пайравӣ мекардам.
Абусуфёни доно ва боҳуш думболи суханони он дуро гирифт ва гуфт:
вале ман чизе намегӯям, чун агар сухане бигӯям, ин регҳо онро ба Муҳаммад(с) хабар медиҳанд.
Паёмбар(с) то вақте Каъбаро тарк мекард, онҳоро дид ва дар як лаҳза розашонро хонд ва дар ҳоле, ки дар чашмҳояш нури Худо ва нишоти пирӯзи барқ мезад, фармуд :

“Ончиро гуфтед, фаҳмидам ва сипас ончиро гуфта буданд бозгуфт. Ҳорис ва Итоб фарёд бароварданд, кӣ: “Шаҳодат медиҳем, ки ту Паёмбари Худо ҳастӣ, савганд ба Худо касе ҳарфҳои моро нашунид, то бигӯем ӯ ба ту хабар додааст.
Онгоҳ ҳар се бо дилҳои тозае ба истиқболи Билол(рз) шитофтанд, дар ҳоле ки калимотеро, ки дар ҳангоми вуруд ба Макка аз хутбаи Паёмбар(с) шунида буданд, ҳанӯз дар дилҳояшон танинафкан буд, кӣ: «Эй гурӯҳи Қурайш! Худо такаббури даврони ҷоҳилият ва ифтихор ба падаронро аз дилҳои шумо пок кард. Мардум ҳама аз одам офарида шудаанд ва одам низ аз хок.»
Ҳаминтавр Билол(рз) бо Паёмбар(с) зиндагӣ карда ва ҳамроҳ бо Расули Худо(с) дар ҳамаи рӯйдодҳо ҳозир шуд ва барои намоз азон гуфт ва намодҳои ин дини бузургро, ки ӯро аз торикӣ ба рӯшаноӣ ва аз бардагӣ ба ҳуррият ва озодӣ дароварда буд, зинда ва ҳимоят мекард.
Кам-кам вазъи Ислом ва дар баробари он вазъияти мусулмонон низ беҳтар шуд. Билол(рз) низ рӯз ба рӯз ба қалби Паёмбар(с), ки ӯро бо ҷумлаи «марде аз аҳли биҳишт» тавсиф мекард, наздиктар мешуд.
Аммо бо ин вуҷуд мисли Билол гузашта шахсияти гиромӣ ва шикастанафс буд ва худро беш аз як нафар ҳабашие, ки дирӯз барда буд намедонист.

Ӯ рӯзе ба хостгори ду духтар барои худ ва бародараш рафт ва ба падарашон гуфт:
“Ман Билол ҳастам ва ин бародари ман аст, ду бандаи ҳабашии гумроҳ будем, Худо моро ҳидоят кард, барда будем Худо озодамон кард, агар духтарони худро ба ҳамсарии мо додед, ки шукри Худо ва агар розӣ нашудед, Худо бузургтар аст”
Паёмбар(с) дар ҳоле, ки Худо аз ӯ розӣ ва ӯ аз Худо хушнуд буд, ба биҳишти барин шитофт ва баъд аз ӯ Абубакр (рз) ба хилофат расид.
Билол(рз) назди халифаи Паёмбар(с) рафт ва ба ӯ гуфт: Эй халифа, ман аз Паёмбар(с) шунидам, ки мефармуд:

«Бартарин кори муъмин, ҷиҳод дар роҳи Худост». Абубакр(рз) фармуд: Билол(рз) чӣ мехоҳӣ?
Билол(рз) гуфт: Мехоҳам дар роҳи Худо ҷиҳод кунам, то маргам фаро расад. Абубакр(рз) фармуд:
Пас чӣ касе барои мо азон бигӯяд?
Билол(рз) дар ҳоле, ки чашмонаш пур аз ашк шуда буд гуфт:
Баъд аз Паёмбари Худо(с)  барои касе азон намегӯям.
Абубакр(рз) фармуд:
Пеши мо бимон ва бароямон азон бигӯ.
Билол(рз) гуфт:
Агар маро барои ин озод кардаед, ки дар ихтиёрат бошам, ҳарчи бихоҳӣ қабул мекунам. Ва агар барои Худо озод кардаед, маро бо онки дар роҳи ӯ озодам кардаи раҳо кун.
Абубакр(рз) фармуд:
“Ман туро дар роҳи Худо озод кардаам”
Аз ин ҷо ба баъд ровиён дар ривоятҳои худ дучори ихтилоф шудаанд, бархе мегӯянд Билол(рз) ба Шом рафт ва то охири умр дар роҳи Худо ба нигаҳбонӣ аз марзҳои кишвари исломӣ ва фидокорӣ машғул буд, бархе дигар гӯянд: Ӯ хоҳиши Абубакрро мабни бар мондан дар Мадина қабул кард ва пас аз фавти Абубакр(рз) ва  ба хилофат расидани Умар ибни Хаттоб (рз) аз эшон иҷозат гирифт ва ба Шом рафт.
Дар ҳар ҳол Билол(рз) боқимондаи умрашро ба муҷоҳидат ва нигаҳбонӣ аз марзҳои Ислом сарф кард, зеро тасмим дошт Худо ва Паёмбар(с) ӯро дар анҷоми беҳтарин амале, ки мавриди ризояти онҳост, мулоқот намояд.
Баъд аз он дигар ҳаргиз садои сӯзнок ва дилнавозаш ба гуфтани азон баланд нашуд, зеро ба маҳзи инки дар азон ба ҷумлаи «Ашҳаду анна Муҳаммадар расул Аллоҳ» мерасид, хотироти гузашта дар хотираш ҷон мегирифт ва ӯро ғамгин месохт ва садояш аз шиддати ғусса дар гулӯ гир мекард ва ашки дидгонаш ба сухан даромада думболаи азонро мегирифт.
Охирин азони ӯ замоне буд, ки халифаи муслимин Умар ибни Хаттоб(рз) дар айёми хилофати худ ба Шом сафар кард, мусулмонҳо ба вай илтимос карданд, то аз Билол(рз) бихоҳад, ки фақат як бор барои онҳо азон бигӯяд.
Вақти намоз расид, Умар ибни Хаттоб(рз)  Билол(рз)-ро фарохонд ва аз ӯ тақозо кард, то барои намоз азон бигӯяд.
Билол(рз) дар макони баланде қарор гирифт ва азон гуфт. Ёрони Паёмбар(с), ки азон гуфтани Билол(рз) барои Паёмбар(с)-ро дида буданд, чунон гиристанд, ки ҳаргиз ба он шиддат гиря накарда буданд ва Умар ибни Хаттоб(рз)  бештар аз ҳама гиристанд.
Билол(рз) ҳамон гуна, ки мехост, дар ҳоли нигаҳбонӣ ва посдорӣ аз марзҳои кишвари исломӣ, дар роҳи Худо аз дунё рафт.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед