Билол ибни Рабоҳ(рз) 2

0
269

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)
Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Саҳобаи гиромӣ Билол ибни Рабоҳ(рз)
Қисмати дуюм
Вале ӯ ҳатто ин калимаро, ки метавонист бидуни эътиқоди қалбӣ онро бар забон ҷори созад. Ва бидуни инки аз эътиқод ва имонаш даст бардорад, зиндагӣ ва ҷони худро наҷот диҳад, аз гуфтан ин калимаи кӯтоҳ худдори карда ва ба ҷои он, сухани ҷовид ва ҳамешагии худро такрор мекард.

أحد،  أحد،  أحد
Ягона Ягона Ягона

Бар сараш фарёд мезаданд ва ҳатто гоҳе илтимоскунон мегуфтанд:
“Лот ва Уззоро”(номҳои бутҳои онҳо) бихон, Билол(рз) дар ҷавоб мегуфт:

أحد،  أحد،  أحد
Ягона Ягона Ягона

Ба ӯ мегуфтанд: Ту ҳамон чизеро, ки мо мегӯем бигӯ!
Билол(рз) бо истеҳзоъ ва тамасхуромез ҷавоб медод:
Забонам гуфтани онҳоро балад нест.
Билол(рз)-ро ҳар рӯз дар баробари офтоб ва рӯи синааш санги доғ мемонданд, то инки ҳангоми ғуруб ӯро баланд карда ва таноберо ба гарданаш мебастанд ва ба баччаҳояшон дастур медоданд, ки ӯро атрофи кӯҳҳои Макка ва дар миёни кӯчаҳои шаҳр бигардонанд!  Билол(рз) ҳам танҳо суруди муқаддасе, ки бар забонш ҷори мешуд ин буд:

أحد،  أحد،  أحد
Ягона Ягона Ягона

Дуруст мисли инки бо эшон бошам медонам, ки чун шаб фаро мерасид, бо ӯ созиш мекарданд ва ба ӯ мегуфтанд:
“Субҳ, ки шуд сухани некӯ дар бораи худоёнамон бигӯ. Бигӯ парвардгори ман Лот ва Уззо аст, то туро ба ҳоли худат вогузорем, он қадар аз азият ва озору шиканҷаи ту хастаем, ки гӯё худ азоб мекашем.
Билол(рз) дар ҳоле, ки саршро ба нишонаи нафй ва инкор такон медод, мегуфт: Аҳад, Аҳад
Умая ибни Халаф бо дидани ин манзара хашму ғазабаш метаркид ва дар ҳоле, ки бо шаппотӣ бар рӯяш мезад мегуфт:
Эй бардаи сиёҳ, ту чӣ шуми ва балое будӣ, ки моро гирифтор кардӣ? Савганд ба Лот ва Уззо балое бар сарат меоварам, ки барои бардагон ва арбобон панд ва ибрат шавӣ.
То туро ба ҳоли худат раҳо кунем, он қадар аз озор ва аззият ва шиканҷаи ту хастаем, ки гӯё худ азоб мекашем.

Билол(рз) ҳам бо камоли имон ва итминон ва яқин посух медоданд.

أحد،  أحد،  أحد
Ягона Ягона Ягона

  Касе, ки дар ин намоиши шиканҷа, нақши дилсӯзӣ нисбат ба Билол(рз) ба ӯ супурда шудааст, думболаи суханро гирифта ва мегуфт:
Эй Умая даст аз сараш бардор, савганд ба “Лот”, аз ин ба баъд ӯро озор ва азият нахоҳем кард, Билол аз мост.
Модараш ҳам канизи мо аст ва ӯ ҳаргиз розӣ намешавад, ки мо ба хотири Ислом овардани ӯ мавриди истеҳзоъ ва масхараи Қурайш қарор гирем.
Билол(рз) чашмҳояшро кушода ва ба чеҳраи дурӯғгӯёни маккоре, ки атрофи ӯро фаро гирифта буданд, нигоҳ кард ва дар ҳоле, ки лабханди чун нури сафедаи субҳ дар миён лабонаш нақш мебаст, бо оромиш ва хунсардии тааҷҷубоваре, ки монанди зилзилае онҳоро ба шиддат такон дод, гуфт:

أحد،  أحد،  أحد
Ягона Ягона Ягона

Субҳ шуд ва ҳангоми зӯҳр фаро расид. Бори дигар Билол(рз) ба сӯи регзори гарм ва тафтида бурда шуд, аммо ӯ ҳамчунон бо сабр ва собитқадаму пойдор буд.
Ҳангоме, ки ӯро шиканҷа медоданд Абубакр (рз) наздашон рафт ва Умая ибни Халафро садо зад ва гуфт бештар аз қимати ӯ ҳарчи мехоҳӣ аз ман бигир ва ӯро ба ман вогузор, то озодаш кунам.
Умая монанди касе буд, ки дар ҳоли ғарқ шудан буд ва ногаҳон киштии наҷот ба ӯ расид.
Вақте шунид Абубакр(рз) ҳозир аст пули озодии Билол(рз)-ро пардохт кунад, эҳсоси оромише даруни ӯро фаро гирифт ва хурсанд шуд. Чун аз мутеъ кардани Билол(рз) комилан ноумед шуда буд. Ба илова онҳо мардуми тоҷир буданд ва хуб медонистанд, ки фурӯхтани ӯ ба сарфатар аз маргаш аст, барои ҳамин ӯро ба Абубакри (рз) фурӯхтанд ва Абубакр(рз) зуд ӯро озод кард ва аз он рӯз Билол(рз) дар миёни мардони озод қарор гирифт.
Вақте, ки Абубакр(рз) дастҳои бастаи Билол(рз)-ро боз мекард, то ӯро ба сӯи озодӣ бибарад, Умая ба ӯ гуфт:
Ӯро бибар, вале савганд ба «Лот ва Уззо» агар ӯро ба 1 авқия (12 дирҳам) мехаридӣ боз ҳам ӯро ба ту мефурӯхтам.
Абубакр(рз) аз талхӣ ва  ноумедӣ ва пучии орзуеро, ки дар ин сухан нуҳуфта буд, дарёфт.
Гарчи лоиқи ҷавоб додан набуд вале чун бо ин сухан ба обрӯи бародари динии ӯ ҳамла шуда буд, дар посух ба Умая гуфт:
Савганд ба Худо агар барои ӯ 100 авқия дархост мекардӣ ман боз ҳам ӯро мехаридам.
Онгоҳ Абубакр(рз) бо Билол(рз), дӯст ва бародари диниаш ба сӯи Паёмбар(с) рафт ва муждаи озодии ӯро ба Паёмбар(с) дод. Он рӯз барои мусулмонон иди бузурге буд.
Баъд аз ҳиҷрат Паёмбар(с) ва мусулмонон ба шаҳри Мадина ва истиқрорашон дар онҷо, Паёмбар(с) барои намоз азонро муқаррар фармуд, аммо ин кист, ки бояд ҳар рӯз панҷ мартаба барои намоз азон бигӯяд?
Ва садои Аллоҳу Акбар ва ло Илоҳа илло Аллоҳ -ҳояш дар осмон бипечад?
Ӯ касе набуд ҷуз Билол(рз), ҳамон, ки сездаҳ сол, бо вуҷуди инки шиканҷа ва азоб ӯро аз пой дар меовард ва месӯзонд ва ӯ низ фарёд бар меовард

أحد، الله
Худои  Ягона

Паёмбар(с) ӯро ба унвони нахустин муаззини Ислом интихоб намуд. Билол(рз) бо овози дилнишин ва расо ва андӯҳгинаш дилҳоро аз имон ва гӯшҳоро аз навои тааҷҷубангезаш лабрез месохт ва нидо дар медод:

Аллоҳу Акбар Аллоҳу Акбар
Аллоҳу Акбар Аллоҳу Акбар
Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ
Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ
Ашҳаду анна Муҳаммада расулуллоҳ
Ашҳад анна Муҳаммада ррасулуллоҳ
Ҳайя алассалот ҳайя Алассалот
Ҳайя алалфалоҳ ҳайя Алалфалоҳ
Аллоҳу Акбар Аллоҳу Акбар
Ло илоҳа илло Аллоҳ

Оташи ҷанг миёни мусулмонон ва сипоҳи Қурайш, ки қасди тасарруфи Мадинаро доштанд, барпо шуд.
Ҷанги бисёр хунин ва хашин ва бераҳмона шурӯъ шуд. Билол(рз) дар майдон (нахустин ҷанге, ки Ислом ба он кашонда шуда буд, яъне ҷанги Бадр ҳамон ҷанге, ки Паёмбар(с) дастур дод, то шиори он «Аҳад Аҳад» бошад) ҳамла ва ҷасту хез мекард.
Дар ин ҷанг буд, ки ашроф ва бузургони Қурайш ҳамагӣ ба сӯи марги худ шитофтанд.
Умая ибни Халаф ҳамон касе, ки соҳиб ва молики Билол(рз) буд ва ӯро ба тарзи ваҳшиёна шиканҷа медод, ибтидо хост аз рафтани ба майдони ҷанг худдори кунад ва агар исрор ва пойфишории дӯсташ Ақаба ибни Аби Маит намебуд бар тасмимаш боқи мемонд, вале дӯсташ Ақаба ҳангоме, ки хабари ақибнишинӣ ва буздилии ӯро шунид миҷмарае (удсӯз) бардошт ва ба сӯроғи ӯ рафт, Ақаба замоне бо Умая рӯбарӯ шуд, ки ӯ дар миёни қавмаш нишаста буд, лизо удсӯзро назди ӯ партоб кард ва гуфт:
Эй Абоали худро хушбӯ соз, чун ту аз тоифаи пиразанон ҳастӣ?
Умая фарёд баровард Худо рӯи ту ва ончиро, ки овардаи сиёҳ гардонд! Ӯ саранҷом чорае ҷуз рафтан ба майдони ҷанг наёфт ва ногузир по ба майдони ҷанг гузошт.
Қаблан Ақаба ибни Абимаит бузургтарин муҳаррик ва мушаввиқи Умая ҷиҳати шиканҷа ва озори Билол(рз) ва дигар афроди нотавон ва бекасе, ки мусалмон шуда буданд, буд.
Ва имрӯз ҳам ӯ буд, ки Умаяро водор ба ҷанге кард, ки гӯраш дар он канда шуд. Ҳам чунонки худи Ақаба низ дар ҳамин ҷанг кушта шуд.
Дар ҳақиқат Умая аз ҷумлаи касоне буд, ки дар ҷанг сустӣ мекард ва агар таҳрики Ақиба намебуд, ҳаргиз ба майдони ҷанг намерафт.
Аммо дар ҳар ҳол Худованди Мутаол иродаи худро амалӣ мекунад. Мебоист Умая ба ҷанг биравад; Зеро миёни ӯ ва яке аз бандагони Худо ҳисоби қадимӣ вуҷуд дорад, ки ҳангомаи тасфияи он фаро расидааст. Худованди подошдиҳанда ва кайфардиҳанда, ҳеҷгоҳ намегузорад магар ба инсон ҳамон гуна бархӯрд ва рафтор мешавад, ки ӯ бо дигарон рафтор намудааст.
Тақдир шудааст, то ситамгаронро масхара кунад. Ақиба, ки Умаяро ташвиқ ба ҳузур дар ҷанг мекард ва орзуҳои худро дар шиканҷа ва озору азияти мусулмонон ҷомаи амалӣ мепӯшонад, Ӯ аст, ки Умаяро ба сӯи марг роҳнамоӣ мекунад.
Он ҳам ба дасти чӣ касе? Ба дасти Билол(рз), танҳо ба дасти Билол(рз)
ҳамон дасте, ки Умая онро бо занҷир мебаст ва соҳиби ин дастҳоро шиканҷа ва азият мекард.
Ҳамон дастҳо имрӯз дар ҷанги (Бадр) бо ҷаллоде, ки мӯъминонро аз рӯи гумроҳӣ ва душманӣ хор ва забун месохт, мавъид ва қароре дошт, ки қазо ва қадар беҳтарин замони мумкинро барои он муайян намудааст.
Оре тамоми инҳо воқеъ шуд.
Ҳамин, ки ҷанг миёни ду тараф оғоз шуд ва як тарафи майдон аз ҷониби мусулмонон бо шиори “Аҳад- Аҳад” ба ларза даромад, дили Умая фурӯ рехт ва тарс ӯро фаро гирифт, зеро ҳамон калимае, ки дирӯз ғуломаш зери заработи шиканҷа ва ваҳшат такрор мекард, имрӯз шиори як дини ҷадид гардидааст. “Аҳад -Аҳад”
Оё ҳаргиз касе тасаввур мекард, ки Ислом чунин чашмгир ва зуд пешрафт кунад ва ба ин суръат пайравонаш зиёд шавад?
Шамшерҳо ба кор афтоданд ва танури ҷанг гарм шуд.
Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед