Барзах дар Қуръони Карим ва ривоёт 1

0
485

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Барзах дар Қуръони Карим ва ривоёт
Қисмати аввал

Аз оёти Қуръон ва ривоёти мутавотир чунин бар меояд, ки инсон пас аз марг ба якбора вориди олами қиёмати кубро намешавад, балки миёни дунё ва охират, давраеро мегузаронад, ки “барзах” номида мешавад.
Барзах дар луғат ба фосилаи миёни ду чиз гуфта мешавад ва аз ин рӯ, фосилаи баъди марг то қиёматро барзах меноманд. (Зареҳӣ, Маҷма-ул-баҳрайн, ҷ.2, саҳ.420.)
Барзах дар Қуръони Карим
Дар Қуръони Карим се бор ин вожа ба кор рафтааст, ки яке аз онҳо марбут ба фосилаи миёни марг ва қиёмат аст:

حَتَّى إِذَا جَاءَ أَحَدَهُمُ الْمَوْتُ قَالَ رَبِّ ارْجِعُون. لَعَلِّي أَعْمَلُ صَالِحًا فِيمَا تَرَكْتُ كَلَّا إِنَّهَا كَلِمَةٌ هُوَ قَائِلُهَا وَمِن وَرَائِهِم بَرْزَخٌ إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُون

То онгоҳ ки марги яке аз онҳо фаро расад, мегӯяд: “Парвардигоро маро боз гардонед, шояд ман дар ончи во ниҳодам, кори неке анҷом диҳам”. На, чунин нест! Ин сухане аст, ки ӯ гӯяндаи он аст ва пешопеши онон барзахе аст, то рӯзе ки барангехта хоҳанд шуд.” (Сураи Мӯъминун, ояти 99-100. Оёти дигаре, ки дар онҳо вожаи барзах ба кор рафта, иборатанд аз: Ар-раҳмон, ояти 20 ва Фурқон, ояти 53.)
Ин оят ҳикоятгар аз он аст, ки пас аз марг, инсонҳое изҳори пушаймонӣ мекунанд ва аз Худо мехоҳанд, ки онҳоро ба дунё боз гардонад. Аммо дархости онҳо рад мешавад.
Аз бисёре оёт фаҳмида мешавад, ки инсон дар фосилаи марг ва қиёмат, аз навъе зиндагоние бархурдор аст, ки дар он ҳол комилан эҳсос мекунад, гуфту шунид дорад, лаззату ранҷ ва шодию андӯҳ дорад ва аз навъе ҳаёти саодатомез ё шақоватмандона бархурдор аст. Ин оёт, ки шумори онҳо ба понздаҳ мерасад, бар чанд гунааст:

  1. Оёте, ки ҷараёни як силсила гуфту шунидҳо миёни инсонҳои солеҳ ва некӯкор, бо инсонҳои фосид ва бадкорро бо фаришатагони илоҳӣ ёд мекунад, ки билофосила пас аз марг сурат мегирад:

إِنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلآئِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ قَالُواْ فِيمَ كُنتُمْ قَالُواْ كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الأَرْضِ قَالْوَاْ أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُواْ فِيهَا فَأُوْلَـئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ وَسَاءتْ مَصِيرًا

“Касоне, ки бар хештан ситамкор будаанд, вақте фариштагон ҷонашонро мегиранд, мегӯянд: “Дар чӣ ҳол будед?”; посух медиҳанд: “Мо дар замин аз мустазъафон будем”. Мегӯянд: “Магар замини Худо густарда набуд, то дар он муҳоҷират кунед?!”. Пас онон ҷойгоҳашон дузах аст ва дузах бад саранҷоме аст.” (Сураи Нисо, ояти 97.)
Ин оят дар бораи мардуме аст, ки дар муҳити номатлубе ба сар мебурданд ва ҳамин фасод ва номусоид будани муҳитро узре барои худ мепиндоранд. Фаришатагони Худо пас аз он ки онҳоро қабзи рӯҳ карда ва таҳвил мегиранд, бо онон ба гуфтугӯ пардохта, узрашонро ғайри муваҷҷаҳ мешуморанд, зеро камтарин кореро,ки аз онон сохта буд, яъне муҳоҷират, анҷом надоданд.

  1. Оёте, ки далолат доранд бар он ки фариштагон пас аз он гуфту шунидҳо ба солеҳон мегӯянд: Аз ин пас аз неъматҳои илоҳӣ баҳра гиред. Бинобар ин оёт, мӯъминони некӯкор пеш аз барпо шудани қиёмати кубро, аз неъматҳои илоҳӣ бархурдоранд:

الَّذِينَ تَتَوَفَّاهُمُ الْمَلآئِكَةُ طَيِّبِينَ يَقُولُونَ سَلامٌ عَلَيْكُمُ ادْخُلُواْ الْجَنَّةَ بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ

“Ҳамон касоне, ки фариштагон ҷонашонро- дар ҳоле ки поканд- меситонанд ва ба онон мегӯянд: «Дуруд бар шумо бод, ба [подоши] ончи анҷом медодед, ба биҳишт дароед».” (Сураи Наҳл, ояти 32. Ҳамчунин: Сураи Ёсин, ояти 26-27.)

  1. Оёте, ки мустақиман аз ҳаёти инсонҳои саодатманд ва некӯкор ё инсонҳои шаққӣ ва бадкор дар фосилаи марг ва қиёмат ёд мекунад ва гӯёи он аст, ки дар ин давра дастаи аввал дар хушию неъмат ва дастаи дуввум дар азобу ранҷ ба сар мебаранд:

وَلاَ تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ اللّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْيَاءٌ عِندَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ. فَرِحِينَ بِمَا آتَاهُمُ اللّهُ مِن فَضْلِهِ وَيَسْتَبْشِرُونَ بِالَّذِينَ لَمْ يَلْحَقُواْ بِهِم مِّنْ خَلْفِهِمْ أَلاَّ خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَلاَ هُمْ يَحْزَنُونَ

“Ҳаргиз касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда мапиндоред, балки назди парвардигори хеш зиндаанд ва рӯзӣ дода мешаванд. Ба ончи Худо аз фазли худ ба онон додааст, шодмонанд ва барои касоне, ки аз паи эшонанд ва ҳануз ба онон напайвастаанд мужда диҳанд, ки аз мурдан ҳеч натарсанд ва аз фавти матои дунё ҳеҷ ғам махуранд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 169-170.) Ҳарчанд ин оёт дар бораи ҳафтод тан аз шуҳадои ҷанги Уҳуд нозил шудааст, мазмуни он ом аст ва ҳамаи шаҳидонро шомил мешавад.
Далолати ин оят бар зинда ва мутанаим будани касоне, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, сареҳ ва ғайр қобили таъвил аст. Ин оят ҳамчунин далолат бар огоҳии онон аз ҳоли касоне дорад, ки дар зиндагии дунявианд ва ҳануз маргашон фаро нарасидааст.

وَحَاقَ بِآلِ فِرْعَوْنَ سُوءُ الْعَذَابِ. النَّارُ يُعْرَضُونَ عَلَيْهَا غُدُوًّا وَعَشِيًّا وَيَوْمَ تَقُومُ السَّاعَةُ أَدْخِلُوا آلَ فِرْعَوْنَ أَشَدَّ الْعَذَابِ

«Ва азоби шадид бар Оли Фиръавн ворид шуд. Азоби онҳо оташ аст, ки ҳар субҳу шом бар он арза мешаванд ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад (мефармояд) Оли Фиръавнро дар сахтарин азобҳо ворид кунед!». (Сураи Ғофир, ояти 45,46.)
Аз оят бармеояд, ки фиръавниён ду навъ азоб мешаванд: Яке «шиддати азоб», ки марбут ба пеш аз қиёмати куброст ва он ба ин наҳв аст, ки рӯзе ду бор бар оташ арза мешаванд, бидуни он ки бар он ворид гарданд. Дигар «ашадд-ул-азоб» аст, ки марбут ба қиёмат ва вақте аст, ки фармон мерасад: «Оли Фиръавнро дар сахтарин азобҳо ворид кунед!».
Дар мавриди азоби аввал, аз субҳу шом ном бурда шудааст, бар акси азоби дуюм ва ин бадон хотир аст, ки азоби аввал марбут ба олами барзах аст ва дар олами барзах, ба табаи олами дунё, субҳу шом ва ҳафта ва моҳу сол аст, бар акси олами қиёмат.
Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед