Авомил ва муқаддамоти озодӣ ва ҳуррият(қисми аввал)

0
62

Ба номи Худованди башхандаи  меҳрубон

Истиқлол

Озодӣ ва ҳуррият, ки аз ахлоқи некӯи фардӣ ба ҳисоб меравад, замоне ба иҷро мерасад, ки ҳамаи муқаддамоти он ҳамроҳ бо омилҳояш фароҳам шаванд. Дар ин қисмат аз баҳс  яке аз омилҳои озодӣ, истиқлолро баён мекунем.

Омил ва муқаддамаи якуми озодӣ: истиқлол

Маънои истиқлол:

Калимашиносон истиқлолро ба қонунгузори амри худ будан, такя накардан ба дигарон ва бениёзӣ аз кумаки дигарон маъно кардаанд.

Озодӣ ва истиқлол ҳамроҳ ва ҷудонашаванда за ҳамдигар мебошанд, яъне ҳарҷо истиқлол набошад озодӣ нест, ҳарҷо озодӣ набошад истиқлол нест. Ба ҳамин хотир истиқлол, бениёзӣ ва вобаста набудан ба дигаре, яке аз аркон ва усули муҳимми озодӣ ба ҳисоб меравад.

Пас агар истиқлол набошад сабабҳои бандаи ғайри Худо будан фароҳам хоҳад шуд, зеро истиқлол набошад асли озодӣ ва ҳуррияти инсон ҳам нахоҳад буд; чун бандагии ғайри Худо замоне ба вуҷуд меояд, ки инсон ба нидои озодихоҳонаи фитрати худ посух надиҳад ва бо қабул кардани сарпарастии ғайри Худо худро ба чоҳи нобудкунандаи бандагии ғайри Худо ворид кунад.

Асос ва ҷойгоҳи истиқлол

Паёмбари Акрам (с) намунаи комили инсони мустақил буданд, устувор ва бениёз аз дигарон ва танҳо ба Худо такя мекарданд бидуни онки заррае ба ғайри Худо вобаста бошанд. Он ҳазрат (с) намунаи комили бениёзӣ буданд; истиқлоле, ки сарчашмааш вобастагӣ ба Худованд буд.

Истиқлоли ҳақиқӣ дар такя ба ҳақ ва ҷудо шудан аз ғайри Аллоҳ аст ва то инсон ба суи Худо рӯ нагардонад ва аз ғайри Худо умедашро наканад ба ҳақиқати истиқлол намерасад.

Худованди Мутаол пайравони ҳақиқии Паёмбари Акрам (с)-ро одамони мустақил муаррифӣ мекунад, ки истиқлоли онҳо натиҷааш сабаби бандагии ҳақ ва ризояту хушнудии Худо хоҳад шуд. Тавре, ки Қуръони Карим мефармояд, пайравони Паёмбар (с) дар муқобили кофирон сарсахту созишнопазир ва дар миёни худашон меҳрабону хушахлоқ ҳастанд:

مُّحَمَّدٌ رَّسُولُ الله وَالَّذِینَ مَعَهُ أَشِدَّاءُ عَلَى الْکُفَّارِ رُحَماءُ بَینَهُمْ تَراهُمْ رُکَّعاً سُجَّداً یَبْتَغُونَ فَضْلاً مِّنَ الله وَرِضْواناً

Муҳаммад расули Худост; ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд бар кофирон сахтгир, дар миёни худ меҳрубонанд; онҳоро дар ҳоли рукӯъ ва саҷда мебинӣ, ки аз Худо фазл ва хушнудиро металабанд. (Сураи Фатҳ, ояти 29)

Чунин инсонҳое ба ҳақиқати истиқлол даст меёбанд зеро то замоне, ки инсон таслими ғайри Худо бошаду умед ба ғайри Ӯ дошта бошад вобаста буда истиқлол надорад.

Паёмбари Акрам (с) дар рафтору гуфтори худ ҳамеша инсонҳоро нисбат ба ин асли арзанда дар зиндагӣ мутаваҷҷеҳ мекарданд ва бо амал шахсияти истиқлолталабиро дар вуҷуди инсонҳо зинда мекарданд.

Шеваи тарбиятии Эшон (с) дар ҳамин замина буд, ки яъне инсонро мустақилу бениёз тарбият мекарданд то вобаста ба худ ва ғайри Худо набошад, зеро сарчашмаи ҳамаи вобастагиҳо, вобастагӣ ба худ аст ва истиқлоли фардиву истиқлоли миллӣ (озодии комили як кишвар, давлат ва миллати он дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ бидуни дахолати хориҷиён) танҳо бо ин гуна тарбият ҳосил мешавад. Шахсе, ки наметавонад ба худ амр кунад (худро контрол кунад) ҳатман фармони дигареро пайравӣ мекунад.

То замоне, ки ин вижагӣ дар вуҷуди инсон пайдо нашавад, истиқлоли ҳақиқӣ ҳам ба даст нахоҳад омад.

Инсоне ҳам, ки тарсу ва вобастаи дунё ва гурӯҳҳо бошад наметавонад ба истиқлол бирасад.

Инсон аз ҳамаи сифатҳои Худованд истифода бурдааст ва метавонад намоёнгари ҳамаи сифатҳои ҷамолу ҷалол бишавад ва агар касе оинаи ҳақ шавад, дигар дар муқобили золим таслим намешавад ва золим ҳам наметавонад ӯро тағйири ақида диҳад, паёмбарон ва авлиёи Худо чунин мартабае аз истиқлолро доштанд.

  1. Истиқлоли паёмбарон

Паёбарон танҳо ба Худо такя карда ва умед ба ғайри Худо набастанд ва аз ин тариқ бо истиқлол вазифаи худро пеш бурданд. Луқмони Ҳаким дар васиятҳое, ки ба фарзанди худ мекунад омили рушди паёмбарон ва дурусткоронро дар истиқлоли онҳо медонад.

Паёмбарон на майли мондан дар дунёро доштанд ва на тарси рафтан аз дунёро танҳо миннати ҳақро пазиро ва миннати дигаронро аз гардани худ бардоштанд, танҳо Худоро бандагӣ карданд аз истиқлоли Худо ба истиқлоли худ расиданд, зеро ҳамаи дунё вобаста ба вуҷуди Худо ва танҳо мустақили олам Худованд аст.

Қуръони Карим суннати истиқлолии паёмбарони бузургро чунин баён мекунад: Ҳазрати Нуҳ (а) ба қавми худ мегӯяд:

إِنِّی لَکُمْ رَسُولٌ أَمِینٌ فَاتَّقُوا الله وَأَطِیعُون ِوَمَا أَسْئَلُکُمْ عَلَیهِ مِنْ أَجْرٍ إِنْ أَجْرِیَ إِلَّا عَلى رَبِّ الْعالَمِینَ

Дар ҳақиқат, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам; Пас, аз Худо битарсед ва [маро] итоат кунед; Ва бар он [рисолат] музде аз шумо наметалабам; подоши ман ҷуз бар Парвардигори ҷаҳониён нест. (Сураи Шуаро, ояти 107-109)

Паёрбарони дигаре ҳам ба монанди ҳазрати Ҳуд (а), Солеҳ (а), Лут (а) ва Шуайб (а) ҳам, ки барои ҳидояти қавми худ ба мақоми паёмбарӣ расиданд то қавми худро ҳидоят кунанд, ба мардуми худ ҳамин сухани ҳазрати Нуҳ (а)-ро гуфтанд.

Паёмбарон ба мардум нишон доданд, ки танҳо бандаи холиси Худои Мутаол ҳастанд ва дар умури худ танҳо ба Ӯ такя мекунанд ва Худо ҳам ба хотири ин таваккулашон онҳоро кифоят кард. Ваъдаи Худованд ин аст, ки ҳар кас ба василаи истиқлоли Ӯ мустақил шавад, Аллоҳ умури дунё ва охираташро кифоят мекунад.

Паёмбарон ба мо меомӯзанд, ки инсон бо такя ба Худо тавоно мешавад бар рӯи ду пои худ меистанду ба истиқлоли ҳақиқӣ мерасад; Онҳо ба мо меомӯзанд, ки бо таваккул ба Худо ва озод будан аз ҳар навъ вобастагиҳо метавон намоёнгари бандаи лоиқ ва шоистагии ҷонишии Аллоҳро ба даст овард.

Ҳамаи пёмбарон ва авсиёи онҳо ва бандагони солеҳи Худо аз касе ғайри Худо умед надоштанд ва барои нигоҳ доштани истиқлоли худ кору талош мекарданд ва бо дастоварди худ зиндагӣ мекарданд.

Агар паёмбарон истиқлол доштанд ба ин хотир буд, ки бо тақво ва Худо тарс буданд, онҳо сода зиндагӣ карда ва ҳосили талоши худро мехӯрданд то иҷрокунандаи қонуни Худо дар рӯи замин бошанд ва ба бандагони Худо ёд медоданд, ки танҳо ба Худо такя кунанд.

Идома дорад….

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед