Авомил ва муқаддамоти озодӣ ва ҳуррият(қисми дуюм)

0
45

Ба номи Худованди башхандаи  меҳрубон

Роҳу расми Паёмбари Акрам (с) дар расидан ба истиқлоли ҳақиқӣ

Дар қисмати якум аввалин муқаддимаи озодӣ яъне истиқлол, маънои он, аҳамияти он ва истиқлоли паёмбаронро зикр кардем, дар идомаи баҳс дар ин қисмат роҳу расми Паёмбари Акрам (с)-ро барои расидан ба истиқлоли ҳақиқӣ баён хоҳем кард.

Роҳу расми Паёмбари Акрам (с) дар расидан ба истиқлоли ҳақиқӣ

Расули Худо (с) беҳтарин намуна ва улгу барои мусалмонон аст, то ба Ӯ дил банданду аз Эшон пайравӣ кунанд ва ба истиқлоли ҳақиқӣ бирасанд.

Паёмбари Акрам (с) корҳои шахсии худро худашон анҷом дода ба дигарон намесупориданд. Кореро, ки худашон метавонистанд анҷом диҳанд, ба дигарон вогузор намекарданд ва ҳеҷ гоҳ музоҳими дигарон ва вобаста ба ғайр набуданд. Эшон тарбияти истиқлолиро бо амалу рафтори худ дар зиндагӣ ба дигарон меомӯзонданд.

Таърихнависони Ислом дар тавсифи Паёмбари Акрам (с) навистаанд:

کَانَ یَخِیطُ ثَوبَهُ وَیَخْصِفُ نَعْلَهُ وَکَانَ أَکثَرُ عَمَلِهِ فِي بَیتِهِ الْخِیاطَةَ

Паёмбари Акрам (с) либос ва пойафзоли худро медӯхтанд ва бештарин коре, ки дар хона анҷом медоданд дузандагӣ буд. (Сираи Ибни Касир, ҷ 2, саҳ 614, Таърих Заҳабӣ, ҷ 1, саҳ 459)

Аз ҳазрати Оиша (рз) савол шуд, ки Паёмбари Худо (с) дар хона чӣ кор мекарданд? Эшон посух доданд:

[کَانَ‏] یُفَلِّي ثَوْبَهُ وَیَحْلِبُ شَاتَهُ وَیَخْدُمُ نَفْسَهُ

Либоси худро покиза мекард ва гусфандашро медӯшид ва корҳояшро худ анҷом медод. (Муснади Аҳмади Ҳанбал, ҷ 6, саҳ 256)

Боз дар ҳамин маврид аз ҳазрати Оиша(рз) нақл шудааст, ки эшон гуфтанд:

کَانَ فِي بَیتِهِ فِی مِهْنَةِ أَهْلِهِ یُفَلِّي ثَوْبَهُ وَیَحْلِبُ شَاتَهُ وَیَرْقَعُ ثَوْبَهُ وَیَخْصِفُ نَعْلَهُ وَیَخْدُمُ نَفْسَهُ وَیَقُمُّ الْبَیتَ وَیَعْقِلُ الْبَعِیرَ وَیَعْلِفُ نَاضِحَهُ وَیَأْکُلُ مَعَ الْخَادِمِ وَیَعْجِنُ مَعَهُ وَیَحْمِلُ بِضَاعَتَهُ مِنَ السُّوقِ

Паёмбари Акрам (с) дар хона дар хидмати хонаводааш буд, либоси худро покиза мекард, гусфандашро медӯшид, ҷома ва пойафзоли худро медӯхт, хонаро ҷоруб мекард, шутурро мебаст ва шутури обкашро алаф медод, бо хизматкоронаш ғизо мехӯрд ва бо онҳо орд хамир мекард ва колоҳои худро аз бозор худ ба хона меовард. (Ашшифо битаърифи ҳуқуқи Мустафо, ҷ 1, саҳ 171)

Роҳу расми Паёмбари Акрам (с) ин буд, ки то ҷои мумкин корҳои худашонро худ анҷом медоданд, то ба дигарон вобаста набошанд.

Агар Паёмбари Акрам (с) ҳамаи корҳои худро худашон анҷом медоданд ва бар он ҳам таъкид доштанд, ба ин хотир аст, ки сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳо аз сустӣ ва танбалӣ ва вобаста будан ба дигарон аст.

Паёмбари Акрам (с) на фақат дар амал, балки бо гуфтор ҳам ба асҳоби худ тавсия мекарданд, ки танбал набошанд ва бо кору талоши худ рӯзиашонро ба даст оваранд.

مَا أکَل أحَدٌ طَعاماً  قَطُّ خَیراً مِن أن یَأکُلَ مِن عَمَلِ یَدِهِ وَ إنَّ نَبیَّ الله داوُد کَانَ یَأکُلُ مِن عَمَلِ یَدِهِ

Ҳаргиз касе беҳтар аз ҳосили дасти худ ғизо нахӯрдааст; ва паёмбари Худо ҳазрати Довуд (а) ҳамеша аз ҳосили дасти худ мехӯрд. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ 3, саҳ 9)

Паёмбари Акрам (с) бо ин гуфторашон ба мо мефаҳмонанд касе, ки аз назари иқтисодӣ вобаста ба дигарон бошад, аз назари фикрӣ ва фарҳангӣ ҳам вобаста ба дигарон хоҳад буд.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд ончи ба инсон суд мерасонад, дастранҷи худи инсон аст:

وَأَنْ لَيْسَ لِلْإِنْسَانِ إِلَّا مَا سَعَىٰ

“Барои инсон суде ҷуз саъю кӯшиши вай нест.” (Сураи Наҷм, ояти 39)

Ин навъ рафтори Паёмбар (с) ба ин хотир буд, ки мардум ва уммати худро мустақилу озода тарбият кунанд, уммате, ки ба худ такя дошта бошанд ва ниёзҳои худро то ҷои мумкин худ таъмин созанд. То замоне, ки мардум ба дарку фаҳм нарасанд, ба истиқлоли фардӣ ва миллӣ даст пайдо намекунанд.

Ин роҳу расмро натанҳо худи Паёмбари Акрам (с), асҳоби Эшон (с) ҳам аз ҳамин суннати Расули Худо (с) пайравӣ мекарданд.

Кору талошу сахткӯшӣ одати ҳамаи асҳоби Паёбар (с) буд, онҳо талош мекарданд ва бо дасти худ касб мекарданду ба худ такя доштанд ва ниёзманди дигарон набуданд. Муҳаммади ибни Мункадир, ки аз бузургон ва аҳли ҳадис аст ва бархе аз асҳоби Расули Худо (с)-ро дарк кардааст (Таърихи Заҳабӣ, ҷ 9, саҳ 419) мегӯяд, ки асҳоби Паёмбари Акрам (с) аҳли кору талош буданд ва ҳатто гармои шадид сабаб намешуд, ки онҳо даст аз саъю кӯшиш бардоранд.

Инсоне, ки майле ба кор кардан надорад наметавонад мустақил бошад, мустақил зиндагӣ кунад, балки вобаста ба дигарон аст. Тарбияти истиқлолии асҳоби Паёмбари Худо (с) ҳам чунин буд ва онҳо бо рафтору гуфтору кирдори худ истиқлолро ба мо меомӯзонанд.

Натиҷа

Тавре ки баён шуд, истиқлол яке аз авомил ва муқаддамоти расидан ба озодии ҳақиқӣ мебошад ва фарду ҷомеа ва давлату миллат барои расидан ба ин ҳадаф ибтидо бояд ба истиқлол дар умури хонаводагӣ ва дохилӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии худ бирсанд. Бинобар ин беҳтарин улгӯи озодӣ яъне Паёмбари Акрам (с)- ро,  улгӯи худ дар ин роҳ бояд қарор диҳем.

Авомил ва муқаддамоти озодӣ ва ҳуррият(қисми аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед