Аммор-ибни-Ёсир(рз)-1

0
138

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Аммор-ибни-Ёсир(рз)-1
Қисмати аввал

Марде аз биҳишт

Агар афроде дар биҳишт таваллуд мешуданд ва дар ҳамонҷо бузург мешуданд, онгоҳ онҳоро ба ин ҷаҳон меоварданд, то зинатбахши замин бошанд, бешак «Аммор(рз)» ва модараш «Сумая» (рз) ва падараш «Ёсир»(рз) ҷузъи онҳо буданд!

Паёмбар(с) фармуданд:

«Эй хонадони Ёсир сабур бошед, ба дурустӣ, ки ҷойгоҳи шумо биҳишт аст»(Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ,Алисоба фи тамйизи саҳоба,ҷ 7,саҳ 712)

Ин гуфтори Паёмбар(с) фақат барои таскини хотири онҳо набуд, балки баёни як ҳақиқат ва таъкиди воқеияте буд, ки Паёмбар(с) онро медид.

«Ёсир ибни Омир» падари Аммор(рз), ки аҳли «Яман» буд дар ҷустуҷӯи бародари гумшудаи худ ҳама ҷоро зери по гузошт, вале чун аз шаҳри Макка хушаш омада буд, ҳамон ҷо сокин шуд ва бо Абуҳузайфа ибни Муғайра ҳампаймон шуд. Абуҳузайфа яке аз канизони худ ба номи «Сумая бинти Ҳаётро» ба издивоҷи ӯ даровард, самараи ин издивоҷ навзоде буд ба номи «Аммор(рз)».

Ин хонавода ҳамонанди ҳамаи аброр ва некӯкорон, ки аз ҳидояти илоҳӣ бархурдор буданд, дар ҳамон авоили беъсати Паёмбар(с) Ислом оварданд ва ҳамонанди ҳамаи аброр ва некӯкороне, ки дар он ҳангом Ислом оварда буданд, саҳми худро аз шиканҷа ва озори Қурайш чашиданд.

Қурайш дар садади он буд, ки корро бар мусулмонон сахт кунанд. Бархурди Қурайш бо ҳамаи мусулмонон мисли ҳам набуд, балки бар тибқи вазъ ва мавқеияти онҳо бархурд мекарданд.

Агар мусулмоне дар миёни қабила ва тоифаи худ аз мавқеият ва эътибор ва шахсияти хуб бархурдор буд, аз роҳи тарсондан ва ваъдаву ваид ворид мешуданд. Абуҷаҳл вақте ин гуна афродро медид чунин мегуфт:

Дини падарони худро, ки аз ту беҳтар мефаҳмиданд, раҳо кардӣ, дар ҳоле, ки онҳо аз ту беҳтар буданд, агар даст аз оини Муҳаммад(с) барнадорӣ, туро бехирад ва аҳмақ хоҳем хонд, ҳайсият ва шарофататро лаккадор хоҳем намуд, тиҷорат ва бозаргонии туро дучори касод хоҳем кард ва амволатро аз байн хоҳем бурд ва ба думболи ин таҳдидҳо, ҷанги равонӣ ва ҳамалоти таблиғотӣ алайҳи ӯ ба роҳ меандохтанд.

 Аммо агар ин гуна мусулмонон аз фуқаро ва мустамандон ё бардагони Макка буданд, онҳоро дар оташи шиканҷа ва азоб месӯзонданд. Хонадони Ёсир ҷузъи дастаи дуввум буданд.

Кори шиканҷа ва озори хонадони Ёсир ба Банӣ Махзум супурда шуда буд. Банӣ Махзум ҳар рӯз аъзои хонадони Ёсир яъне Ёсир, Сумая ва Аммор(рз)ро аз шаҳр берун мебурданд ва рӯи регҳои гарм ва доғи Макка мехобониданд ва анвои шиканҷа ва озорро дар бораи онҳо ба амал меоварданд.

 Шиканҷа ва озоре, ки дар бораи Сумая анҷом медоданд ба рости тоқат фарсо ва ваҳшатнок буд. Албатта дар ин ҷо намехоҳем ҳамаи саргузашти талх ва фидокориҳои ин бонуи қаҳрамонро биоварем, балки ба хости Худо фидокориҳои бузург ва пойдори ҳайратангези ин бонуи қаҳрамон ва дигар шерзанони мусулмонро дар он рӯзҳои сахт ва таърихӣ, дар фурсати дигаре мавриди баҳс қарор хоҳем дод.

Дар ин ҷо кофӣ аст бигӯем, ки вазъи Сумаяи шаҳид дар он рӯз бемуболиға чунон азамат ва шарофати ҷовиде ба ҷаҳони инсоният бахшидааст, ки ҳаргиз ҷилваи он хомӯш намешавад, вазъе, ки ӯро «Модари» боазамати мусулмонон ва ҳамаи инсонҳои арзишманд дар тамоми давраҳои зиндагӣ қарор додааст.Сумая аввалин шаҳиди роҳи Ислом.

 Паёмбар(с) ба шиканҷагоҳи хонадони Ёсир мерафт ва он саҳнаҳои дилхарошро ба чашми худ медид, вале имкони ҳеҷгуна муқовимат ва дафъи озори Қурайшро надошт, ин низ хости Худованд буд. Зеро оини Ислом, дини ҳанифи Иброҳим – оине, ки Муҳаммад(с) парчамдори он буд, як ҷунбиши ислоҳии зудгузар ва сатҳӣ набуд, балки олитарин барномаи зиндагӣ барои ҷаҳони башарият ба шумор мерафт, бадеҳӣ аст Ислом мебоист ҳамроҳи ин оин «таърихи» худро бо ҳамаи қаҳрамониҳо ва фидокориҳо ва хатарот, барои наслҳои оянда ба ирс бигузорад.

Ҳамин фидокориҳо ва аз худгузаштагиҳо аст, ки ҳамчун «зерпоя ва бунёни» маҳкаме, ба ин оин субот ва абадият мебахшад.

Ин фидокориҳо ва аз худгузаштагиҳо ҳамчун бӯи хуши диловезе аст, ки дилҳои мусулмононро ба сӯи худ ҷазб намуда ва аз шодӣ ва сурур лабрез месозад. Инҳо машъали ҳидояте аст, ки наслҳои ояндаро ба сӯи ҳақиқат ва сидқ ва азамати оини Ислом роҳнамоӣ мекунад.

Бинобар ин, он рӯз, Ислом ногузир буд барои пешрафти рӯзафзуни худ талафот ва қурбониҳое бидиҳад. Қуръони Карим ин маъниро дар оятҳои зиёд барои мусулмонон равшан намудааст.

Чунонки мефармояд:

أَحَسِبَ ٱلنَّاسُ أَن يُترَكُوٓاْ أَن يَقُولُوٓاْ ءَامَنَّا وَهُم لَا يُفتَنُونَ

“ Оё мардум гумон кардаанд, ҳамин ки бигӯянд: «Имон овардем», раҳо мешаванд ва онҳо имтиҳон намешаванд? “ (Сураи Анкабут, ояти 2)

أَم حَسِبتُم أَن تَدخُلُواْ ٱلجَنَّةَ وَلَمَّا يَعلَمِ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ جَٰهَدُواْ مِنكُم وَيَعلَمَ ٱلصَّٰبِرِينَ

“ Оё пиндоштаед, ки дохили биҳишт мешавед, дар ҳоле ки Худо ҳанӯз касоне аз шуморо, ки ҷиҳод кардаанд ва собиронро маълум накардааст?” (Сураи Оли Имрон, ояти142)

وَ لَقَدْ فَتَنَّا الَّذِينَ مِنْ قَبْلِهِمْ فَلَيَعْلَمَنَّ اللهُ الَّذِينَ صَدَقُوا وَ لَيَعْلَمَنَّ الْكاذِبِينَ

“Оё пиндоштед, ки [ба ҳоли худ] раҳо мешавед, дар ҳоле ки Худо ҳанӯз касоне аз шуморо, ки ҷиҳод кардаанд ва ба ҷои Худо ва Паёмбараш ва мӯъминон ҳамрозе нагирифтаанд, маълум насохтааст? Ва Худо ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст.” (Сураи Анкабут, ояти 3)

أَمْ حَسِبْتُمْ أَنْ تُتْرَکُوا وَ لَمّا یَعْلَمِ اللّهُ الَّذینَ جاهَدُوا مِنْکُمْ وَ لَمْ یَتَّخِذُوا مِنْ دُونِ اللّهِ وَ لا رَسُولِهِ وَ لاَ الْمُؤْمِنینَ وَلیجَةً وَ اللّهُ خَبیرٌ بِما تَعْمَلُونَ

“Оё гумон мебред, ки ба ҳоли худ раҳо мешавед (ва маврид озмоиш қарор намегиред) ва Худованд касоне аз шуморо, ки ба ҷиҳод бархостаанд ба мардум намешиносонанд?” (Сури Тавба, ояти 16)

ما کانَ اللّهُ لِیَذَرَ الْمُؤْمِنینَ عَلى ما أَنْتُمْ عَلَیْهِ حَتّى یَمیزَ الْخَبیثَ مِنَ الطَّیِّبِ وَ ما کانَ اللّهُ لِیُطْلِعَکُمْ عَلَى الْغَیْبِ وَ لکِنَّ اللّهَ یَجْتَبی مِنْ رُسُلِهِ مَنْ یَشاءُ فَآمِنُوا بِاللّهِ وَ رُسُلِهِ وَ إِنْ تُؤْمِنُوا وَ تَتَّقُوا فَلَكُمْ أَجْرٌ عَظيمٌ

“Ҳаргиз чунин нест, ки Худо мӯъминонро бар ин ҳоле ки шумо ҳастед, раҳо созад, то он ки палидро аз пок ҷудо кунад; ва ҳаргиз чунин нест, ки Худо шуморо аз ғайб огоҳ созад, вале Худо аз паёмбарони худ, ҳар киро хоҳад бармегузинад. Пас, ба Худо ва паёмбаронаш имон оваред! Ва агар имон биёваред ва тақво пеша намоед, пас подоши бузурге барои шумост.” (Сураи Оли Имрон, ояти179)

وَمَآ أَصَبَکُمْ یَوْمَ الْتَقَى الْجَمْعَانِ فَبِإِذْنِ اللَّهِ وَ لِیَعْلَمَ الْمُؤْمِنِینَ‏

“Ва он чи рӯзи бархӯрди ду гурӯҳ [дар ҷанги Ӯҳуд] ба шумо расид, пас ба хости Худо ва ба хотири он буд, ки мӯъминонро маълум созад.)” (Сураи Оли Имрон, ояти166)

Қуръони Карим ба пайравони худ, ин ҳақиқатро ёд медиҳад, ки фидокорӣ дар роҳи дин, ҷавҳари имон аст ва муқовимат ва пойдорӣ дар баробари таҳдид ва таҷовузҳо ва ситамгариҳо ҷолибтарин ва пурфурӯғтарин нирӯи имон ба шумор меравад.

Бар ин асос, оини Ислом, ки он рӯз тоза бунёнгузори мешуд ва дар ҷомеаи бутпараст, реша медавонд ва намунаҳое аз тарбиятшудагони худро таҳвили ҷомеа медод, ногузир буд мавҷудияти худро ба василаи як силсила аз фидокориҳо ва аз ҷон гузаштагиҳо таҳким бахшида ва бо додани қурбонӣ ба пешравии худ идома бидиҳад.

Барои расидан ба ин ҳадафи бузург, иддае аз пайравони гиронқадри Ислом баргузида шуда буданд, то дар сафи муқаддами муборизакунандагон қарор гирифта, намунаи барҷаста ва сармашқи хубе барои мусулмонони оянда бошанд.

Ёсиру Сумая ва худи ӯ аз ин гурӯҳи барҷаста ва арзанда буданд, ки машияти Худованд онҳоро баргузида буд, то фидокориҳо ва субот ва пойдории онҳоро санади азамат ва ҷовидонагии Ислом қарор диҳад.

 Гуфтем, ки Паёмбари Ислом(с), ҳар рӯз аз хона хориҷ мешуд ва ба дидори хонаводаи Ёсир дар шиканҷагоҳ мерафт ва ба қаҳрамонӣ ва рӯҳияи оҳанини онҳо офарин мегуфт ва аз дидани он манзараҳои дилхарош ва шиканҷаҳои ғайри инсонӣ ва тоқатфарсо, дили меҳрубон ва пурмуҳаббати он ҳазрат оташ мегирифт. Як рӯз, ки тибқи маъмул Паёмбар(с) ба дидани онҳо рафта буд Аммор(рз) гуфт:

«Эй Расули Худо(с) дигар шиканҷа аз ҳад гузаштааст ва тоқати мо тоқ шудааст». Паёмбар(с) фармуд:

«Эй Аммор(рз) сабур бош. Эй хонаводаи Ёсир сабр кунед, биҳишт дар интизори шумо аст»

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед