Аммор-ибни-Ёсир(рз)-5

0
157

         Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)
Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Аммор ибни Ёсир(рз)
Қисмати панҷум

Аммор(рз), ки пайваста дар майдони ҷанг саргарми ҳамла буд, мӯътақид буд, ки яке аз шаҳидони ин ҷанг хоҳад буд ва пешгӯии Паёмбар(с), ки фармуд: «Аммор(рз)- ро гурӯҳи ёғӣ ва ситамгар хоҳанд кушт» бо ҳарфҳои калон дар баробари чашмонаш медурахшид. Барои ҳамин садои фарёдаш дар майдони ҷанг танинафкан буд ва ин ҷумларо бо садои расову баланд эълон мекард:

Имрӯз ба дидори дӯстам Муҳаммад(с) ва ёронаш ноил хоҳам шуд ва онгоҳ барқосо ба сӯи ҷабҳаи Муовия ва Умавиёне, ки бо ӯ буданд метохт ва бо садои баланд фарёд мезад:

لقد ضربناکم علی تنزیله           والیوم نضربکم علی تاویله

ضربا یزیل الهام عن مقیله         و یذهل الخیل عن خلیله

  او یرجع الحق الی سبیله

“Як рӯз барои нузули Қуръон бо шумо ҷангидем. Имрӯз низ барои тафсир ва таъвили он бо шумо меҷангем. Чунон зарбатҳое бар шумо фурӯд меоварем, ки сарро аз тан ва дӯстро аз дӯст ҷудо мекунад. Он қадар бо шумо меҷангем, то ҳама ба коми марг фурӯ равед ё ба пайравӣ аз ҳақ, гардан ниҳед.”

Манзураш ин буд, ки ёрони нахустини Паёмбар(с), ки Аммор(рз) низ аз онҳо буд, дар замони Паёмбар(с) ба ин иллат бо Умавиён, ки раиси онҳо Абусуфён парчамдор ва фармондеҳи мушрикон буд, меҷангиданд, ки мушрик буданд ва Қуръони Карим ошкоро ба ҷанги бо онҳо фармон медод. Аммо имрӯз ҳарчанд мусулмон ҳам бошанд ва Қуръони Карим ба равшани амри ба ҷанги бо эшон накарда бошад, аммо кӯшишҳои Аммор(рз) дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва ошноии ӯ бо аҳдоф ва мақосиди Қуръон, ӯро қонеъ месохт, ки бо эшон биҷангад, то ҳақ ба ҳақдор бирасад ва оташи фитна ва ошуб барои ҳамеша хомӯш шавад.

Мақсади Аммор(рз) ин буд, ки дирӯз ба иллати ин, ки Умавиён мункири дин ва Қуръон буданд, мусулмонон бо онҳо ҷангиданд, имрӯз низ ба ин иллат бо онҳо меҷанганд, ки аз дин рӯ гардонданд ва ба Қуръон пушт кардаанд ва бо таъвил ва тафсирҳои нораво кушиш мекунанд оёт ва аҳдофи Қуръонро бо мақсадҳо ва ҳавои нафси худ татбиқ диҳанд.

Аммори наваду се сола, дар бисёре аз ҷангҳо ширкат карда буд, вале он рӯз охирин ҷанге буд, ки Аммор(рз) дар зиндагии пурифтихори худ, дар он ширкат карда буд.

Аммор(рз) пеш аз онки саҳнаи ҳаётро тарк гӯяд, дар ҷанги Саффайн ба мусулмонон дарси пойдорӣ ва ҳақпарастӣ дод ва охирин қаҳрамониҳои боазамат ва пурарзиш ва омӯзндаи худро ба ёдгор гузошт.

Сипоҳёни Муовия(рз), аз тарси онки собит шавад, ки гурӯҳи ситамкор онҳо ҳастанд, кӯшиш мекарданд қадри имкон бо Аммор(рз) рӯбарӯ нашванд ва аз куштани ӯ худдорӣ варзанд, вале шуҷоати Аммор, ки як тана мисли як сипоҳ меҷангид, чашми худашонро кӯр кард ва иддае аз онҳо дар садади он баромаданд, ки дар фурсати муносибе, Аммор(рз)- ро захмӣ кунанд ва ба маҳзи онки чунин фурсате пеш омад, ҳамин корро карданд…

Лашкари Муовия(рз) аз мусулмононе ташкил мешуд, ки тоза Ислом оварда буданд…

Онон дар тайи футӯҳоти исломӣ аз таҳти сайтараи Рим ва форс озод шуда буданд, бештар онҳо ҳезуми ҷанги дохилиро равшан мекарданд ва ин кор  ношӣ аз адами тарбият ва пайравӣ ва байати Муовия(рз) бо халифаи мусалмонон Алӣ(рз) шуда буд.

Онҳо ҳезуми  ҷанг буданд ва боиси шӯълавартар шудани оташи ҷанг буданд. Агар дар он шароит корҳо дар дасти мусулмонони нахустин мебуд, ин рӯйдод ногувор метавонист ба некӣ поён пазирад, аммо қабл аз онки ба авҷи худ бирасад, дастҳое дар он дахолат кард, ки ояндаи Ислом барояшон аҳаммияте надошт, барои ҳамин оташи ихтилофро шӯълавартар месохтанд.

Бомдоди яке аз рӯзҳо хабари кушта шудани Аммор(рз) дар миёни ду лашкар пахш шуд, мардум пешгӯии Паёмбар(с)- ро, ки ҳангоми сохтани масҷиди Мадина фармуда буд: «Ҳайф аз писари Сумая, ӯро гурӯҳи ситамкор ва ёғӣ хоҳанд кушт» барои якдигар нақл мекарданд. Он рӯз бисёре аз мардум, ин гурӯҳи ситамкорро, ки гурӯҳи Муовия(рз) буд ба василаи шаҳодати Аммор(рз), шинохтанд.

Кушта шудани Аммор(рз) сабаби тақвияти имон ва рӯҳияи ёрони Алӣ(рз) ва боиси шак ва тардиди пайравони Муовия(рз) гардид, ба тавре ки иддае аз онҳо омодаи шӯриш ва пайвастан ба лашкари Алӣ(рз) шуданд.

Муовия(рз) ба маҳзи шунидани хабари кушта шудани Аммор(рз), дар миёни мардум шоеъ кард, ки ин пешгӯӣ дуруст аст ва ончи Паёмбар(с) фармуда, ҳақ аст, вале Аммор(рз)- ро чӣ касоне куштаанд? Онгоҳ дар миён лашкар худ фарёд кард:

«Қотили Аммор(рз) касоне ҳастанд, ки ӯро ба майдони ҷанг оварданд ва ӯро водор ба ҷанг карданд».

Касоне, ки ҳаво ва орзуҳои нафсонӣ бар онҳо ғалаба карда буд, фиреби ин таъвилро хӯрданд ва оташи ҷанг ҳамчунон шӯълавар боқӣ монд.

Алӣ(рз) аввал пайкари Аммор(рз)- ро дар оғӯш кашид ва аз майдони ҷанг берун бурд ва пеши саффи мусулмонон бар пайкари ӯ намоз хонд ва ӯро бо либосаш ба хок супурд.

Оре Аммор(рз) ба ҷойи кафан, бо либоси худ, ки бо хуни покаш рангин шуда буд, ба оғӯши хок рафт, зеро ҳеҷ як аз абрешамҳо ва матоъҳои дунё лаёқат надошт барои шаҳиди гиронқадр ва шахсияти барҷастае чун Аммор(рз) кафан гардад.

Мусулмонон дар ҳоле, ки аз ин ҳодиса шигифтзада шуда буданд, бар сари қабри ӯ саф кашиданд, чун Аммор(рз) чанд соат пеш, дар майдони ҷанг ашъори муҳайиҷе мехонд ва ҳамчун мусофири афсурда ва андӯҳгине, ки пас аз муддатҳо озими ватан шуда бошад, дилаш лабрез аз шодмонӣ буд ва пайваста фарёд мезад:

“Имрӯз ба маҳбубони хеш мепайвандм, ба Муҳаммад(с) ва ёронаш”.

Оё Аммор(рз) бо Муҳаммад() ва ёрони ӯ ваъдаи дидор дошт, ки ҳамвора интизори фаро расидани рӯзи мавъудро мекашид?

Нигоҳи мусулмонон ба сурати якдигар духта шуда буд. Яке аз онҳо аз дигаре пурсид:

Ёдат ҳаст, ки он рӯз ҳангоми аср дар Мадина дар маҳзари Паёмбар(с) нишаста будем, ногаҳон чеҳраи Паёмбар(с)- ро шӯру шавқе фаро гирифт ва фармуд:

«Биҳишт муштоқи дидори Аммор(рз) аст.»

Нафари дувум дар ҷавоб гуфт:

Оре ёдам ҳаст, Паёмбар(с) он рӯз чанд нафари дигарро низ ба ҳамин наҳв ном бурд, ки Алӣ Салмон, Билол(рз) ва … аз онҳо буданд.

Оре биҳишт муштоқи дидори Аммор(рз) буд ва ин шавқи дидор ба дарозо кашида буд, зеро Аммор(рз) мехост то кӯшишҳояшро ба амал оварад. Ва охирин вазоифи худро ба анҷом бирасонад.

Оё он рӯзе, ки Аммор(рз) вазоифи худро бо шодӣ ва рағбат анҷом дода буд, вақти он нарсида буд, ки ба нидои шӯр ва шавқе, ки аз фазои биҳишт ба гӯшаш мерасид, посухи мусбат бидиҳад?

Оре вақте иҷобати ин даъвати биҳиштӣ фаро расида буд, чӣ, подоши некӣ ҷуз некӣ нест. Бад-ин тартиб буд, ки найза аз дасти Аммор(рз) ба замин афтод ва мурғи рӯҳш ба сӯи Фирдавси барин пар кушод.

Ҳангоме, ки мусулмонон рӯи қабри ӯ хок мерехтанд, рӯҳи покаш дар манзилгоҳи абадии хеш дар биҳишти барин оромида буд.

Поёни қиссаи пур аз дарсу ибрати саҳобаи гиромӣ Аммор ибни Ёсир(рз)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед