Аммор-ибни-Ёсир(рз)-4

0
170

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Аммор ибни Ёсир(рз)
Қисмати чорум

Тавтеаҳои зидди исломӣ, ҷомеаи исломиро таҳдид ба нобудӣ мекард ва дастҳое дар кор буд, ки ончи ба василаи ҷанг ба даст наёварда буданд, бо дасиса ва эҷоди фитна амалӣ созанд. Ин тавтеаҳо аз минтақаҳое илҳом мегирифт, ки Ислом тоҷу тахти онҳоро вожгун сохта буд.

Кушта шудани Амирулмуъминин Умар ибни Хаттоб(рз) ва аввалин пирӯзии фитна ва дасисаҳое буд, ки ҳамонанди гирдбоди сахт ва нируманд аз кишварҳое, ки Ислом тоҷ ва тахти онҳоро нобуд карда буд бар Мадина вазидан гирифт.

Шаҳид шудани Умар ибни Хаттоб(рз) онҳоро иғво намуд, то бар талошҳояшон ҷиҳати эҷоди фитна ва ошуб дар сарзаминҳои Исломӣ биафзоянд ва ин фитна ва ошубҳо соири сарзаминҳои Исломиро дар бар гирифт.
Усмон ибни Афвон(рз) ба шаҳодат расид ва дарвозаи ошуб ба рӯи мусулмонон боз шуд.

Ба думболи ин моҷаро, «Муовия» бо халифаи ҷадид яъне Али ибни Абитолиб(рз) аввал ба мухолифат бархост ва ҳар даста аз мусулмонон роҳе дар пеш гирифтанд, иддае даст аз ихтилоф ва кашмакаш кашида дар хонаи худ нишастанд ва сухани Абдуллоҳ ибни Умарро шиори худ қарор доданд, ки гуфта буд:

“Ҳар кас бигӯяд намоз бихон, итоат мекунам ва ҳар кас бигӯяд ба сӯи растгори башитоб, итоат мекунам, вале агар касе бигӯяд бародари худро бикуш ва амволи ӯро биситон, мегӯям: на.”

Иддае ба Муовия(рз) пайваста буданд. Ва гурӯҳе ҳам дар канори Али ибни Абитолиб(рз), ки халифаи мусулмонон буд, қарор гирифтанд.

Акнун бубинем, ки он рӯз Аммор(рз) дар миёни кадом  даста қарор дошт.
Бубинем шахсе, ки Паёмбар(с) дар бораи ӯ гуфта буд:
«Аз Аммор(рз) пайрави кунед.»
Шахсе, ки Паёмбар(с) дар ҳаққи ӯ гуфта буд:
«Ҳаркас бо Аммор(рз) душманӣ кунад, Худо бо ӯ душманӣ хоҳад кард.»
Касе, ки ҳарвақт Паёмбар(с) садои ӯро наздики манзили худ мешунид мефармуд:
«Офарин бар марди пок ва покдоман, бигузоред дохил шавад»
Дар кадом гурӯҳ ҷо гирифтааст?
Аммор(рз) на ба унвони тарафдори кӯркӯрона ва на аз рӯи таассуб, балки бар асоси пайравӣ аз ҳақ, ва ба манзури вафодорӣ ба аҳду паймони худ дар канори Али(рз) қарор гирифта буд. Зеро Али(рз) халифии расмӣ ва мунтахаби мусулмонон буд, ӯ касе буд, ки шоистагӣ ва лаёқати ин мақомро дошт. Али(рз) чӣ пеш аз расидан ба хилофат ва чӣ баъд аз он  дорои мартабаҳое буд, ки мавқеияти ӯро нисбат ба Паёмбар(с) мисли мавқеияти Ҳорун нисбат ба Мӯсо қарор дода буд. Аммор(рз), ки ҳаргиз аз меҳвари ҳаққу ҳақиқат мунҳариф намешуд, дар партави нури басират ва ихлоси худ ба сӯи танҳо шахсе, ки дар ин кашмакаш, ҳақ ба ҷониби ӯ буд, кашонда шуд ва дар канори ӯ қарор гирифт. Али(рз) низ аз ин, ки Аммор(рз) дар канораш қарор гирифтааст, бисёр хушҳол буд, зеро пайвастани марди боазамат ва ҳақпарасте мисли Аммор(рз) ба ӯ санади зиндае барои исботи ҳаққонияти худ дар ихтиёраш мегузошт.

Рӯзи ваҳшатноки (Саффайн) фаро расид. Али(рз) барои муқобила бо амали хатарноке, ки ба ақида ӯ сарпечии маҳз буд ва ӯ масъули мубориза бо он буд, берун рафт.

Аммор(рз) низ бо ӯ берун рафт, ӯ дар он рӯз ба синни наваду се солагӣ расида буд, пирамарди наваду се сола ва ширкат дар ҷанг!

Оре Аммор(рз) ақида дошт, ки ҷанг вазифа ва масъулияти ҳатмии ӯст, ва монанди ҷавони 30 сола ва ҳатто чобуктар аз он ҷангид.

Аммор(рз) ҳамон марди сокит ва кам ҳарф, ҳар вақт лаб ба сухан боз мекард, ин ҷумларо бар забон меовард:

«Худоё аз фитна ба ту паноҳ мебарам, Худоё аз фитна ба ту паноҳ мебарам.»

Баъд аз вафоти Паёмбар(с) ин суханон розу ниёзи доимии ӯ шуда буд.

Бо гузашти рӯзҳо ӯ беш аз пеш ин ҷумлаҳоро замзама мекард, гӯё ҳарчи рӯзҳои хатар наздиктар мешуд, қалби поки ӯ онро бештар эҳсос мекард.

Ҳангоме, ки хатар пеш омад ва фитна барпо шуд, Аммор(рз) аз мавқеияти худ комилан огоҳ буд, барои ҳамин дар ҷанги Саффайн бо вуҷуди онки беш аз 90 сол умр дошт, шамшери худро ба даст гирифт, то аз ҳарими ҳақ, ки ёрии онро воҷиб мешумурд, дифоъ кунад.

Ӯ назари худро дар бораи ҷанги Саффайн баён кард ва гуфт:

«Эй мардум: бо мо ба ҷанги ин қавм, ки гумон мекунанд ба хунхоҳии Усмон(рз) омадаанд, бишитобед. Савганд ба Худо ҳадаф инҳо хунхоҳии Усмон(рз) нест, балки инҳо моли дунёро хӯрда ва аз таъми он лаззат бурдаанд. Инҳо мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки ҳукумати Али(рз) миёни онҳо ва моли дунё ва хостаҳои дунявии онҳо, ки дар он ғӯттаваранд, фосила хоҳад андохт инҳо собиқаи чандоне дар Ислом надоранд, то ба воситаи он шоистаи ҳукумат бар мусулмонон бошанд ва мусулмонон аз онон пайравӣ кунанд ва дилҳояшон низ он чунон бо Худо ошно нест, то онҳоро ба пайравии ҳақ водор кунад. Инҳо мардумро ба унвони гирифтани интиқоми хуни Усмон ибни Афвон(рз) фиреб медиҳанд, дар сурате, ки ҳадафи воқеии инҳо расидан ба ҳукумат ва қудрат аст»

Онгоҳ парчамро дар даст гирифт ва дар ҳаво ба эҳтизоз дар овард ва фарёд зад:

«Савганд ба Худо, ки ҷонам дар дасти ӯст, зери ин парчам дар рикоби Паёмбар(с) ҷангидаам, имрӯз низ таҳти он меҷангам; Савганд ба Худо, ки ҷонам дар даст Ӯст, агар моро шикаст дода то нахлистони (Ҳаҷар) таъқиб кунанд, бозҳам ҳақ бо мо аст ва онҳо бар ботил ҳастанд».

Мардум ба пайравӣ аз Аммор(рз) бархостанд ва суханонашро тасдиқ карданд.

Абуабдурраҳмони Саламӣ мегӯяд:

«Ман дар ҷанги (Саффайн) дар сипоҳи Али(рз) будам, Аммор ибн Ёсир(рз) ба ҳар нуқта аз майдони ҷанг мерафт, ёрони Паёмбар(с) ба думболаш мерафтанд, гӯё ӯ нишон ва парчами Эшон аст.»

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед