Аммор-ибни-Ёсир(рз)-3

0
195

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Аммор ибни Ёсир(рз)
Қисмати севвум

 Аммор(рз) дар мақоми худ бар асоси таълимҳои Ислом рафтор мекард, вале ин равиши ӯ барои иддае аз дунёпарастон сахт омад, ба тавре, ки наздик буд алайҳи ӯ қиём ва шӯриш кунанд.

Мансаби амирӣ на танҳо боиси такаббури ӯ намешуд, балки бар тавозӯъ, фурӯтанӣ, тақво ва зӯҳди ӯ меафзуд.

Ибни Абиҳузайл аз муосирони Аммор(рз) дар Куфа мегӯяд:

“Аммор(рз) дар замони амирии Куфа, бодиринг мехарид ва онҳоро бо таноб мебаст ва ба дӯш мекашид ва ба хона мебурд”

Дар айёме, ки амири Куфа буд, рӯзе яке аз мардуми кӯча, ӯро «гӯшбурида» хонд ва бо ин гуфта, ӯро ба воситаи гӯшаш, ки дар ҷанги “Ямома” бо зарбати душман, бурида шуда буд, масхара кард, вале ӯ, ки ҳокими шаҳр буд, танҳо ба гуфтан ин ҷумла иктифо кард, кӣ:

“Ба беҳтарин гӯши ман носазо гуфтӣ, зеро ин гӯшам дар роҳи Худо бурида шудааст”

Бале ӯ гӯши худро дар  ҷанги Ямома, ки онро яке аз хуҷастатарин айёми умри худ маҳсуб мекард, аз даст дод. Ин қазия ҳангоме иттифоқ афтод, ки ин қаҳрамони қадбаланд ва далер, бо суръат ҳамла карда афроди сипоҳи «Мусайламаи Каззоб»-ро бар замин мезад ва аз нури  шамшераш марг ва ҳалокат мечакид!

Ӯ ба мушоҳидаи ин, ки мусулмонон ба сусти гаравидаанд, дар миёни сафҳои сарбозон фарёд мезад ва онҳоро ба ҷанг ташвиқ мекард, сарбозони Ислом ҳам таҳти таъсири нафаси гарм ва ҳаяҷоновари ӯ аз ҷо меҷастанд ва ба душман ҳамлавар мешуданд.

Абдуллоҳ ибни Умар (рз) мегӯяд:

“Дар рӯзи ҷанги Ямома Аммор(рз)-ро, ки болои санги баланде истода буд, дидам, фарёд мезад: Эй мусулмонон оё аз биҳишт фирор мекунед? Ман Аммор ибни Ёсир ҳастам, назди ман баргардед.

Дар ин ҳангом дидам, ки гӯши Аммор(рз) бурида шуда ва ба ин тараф ва он тараф такон мехӯрд, дар ҳоле, ки ба шиддат меҷангид”

Ҳар касе, ки дар азамати Муҳаммад(с)  Паёмбари бузург ва муаллим ва раҳбари ҷомеаи башарият шакке дошта бошад, дар баробари ин гуна пайравон ва ёрони намунаи ӯ биистад ва аз худ бипурсад:

Ҷуз Паёмбари гиромӣ(с)  ва раҳбари бузурги башарият, чӣ касе метавонад ин гуна афроди барҷастаеро тарбият кунад?

Афроде, ки вақте дар роҳи Худо вориди майдони ҷанг мешуданд, чунон пеш метохтанд, ки гӯё дар ҷустуҷӯи марг ҳастанд на пирӯзи, вақте ҳам ба ҳукумат мерасиданд, халифа, худ гӯсфандони бевазанонро медӯшид ва нони ятимонро мепухт, ҳамонгуна, ки Абубакри Сиддиқ ва Умар ибни Хаттоб (рази-Аллоҳу-анҳумо) анҷом медоданд. Ва вақте, ки амир ва волӣ мешуд, мисли Аммор(рз) васоил ва ғизои худро ба дӯш мекашиданд ва ё мисли «Салмон(рз)» бархилофи мартаба ва мавқеияти иҷтимоии худ, менишаст ва аз барги хурмо сабад дуруст мекард.

Ба рости, ки бояд дар баробари Паёмбар(с) ва оине, ки инҳоро чунин тарбият намудааст, сари таъзим фуруд оварем. Бояд дар пешгоҳи Худое, ки ононро бо ин фазоили ахлоқи пешвоёни беҳтарини уммат, яъне уммати Исломӣ қарор додааст, пешонии ситоиш бар замин гузошт.

Ҳангоме, ки «Ҳузайфа ибни Ямон», ки бо забони дилҳо  огоҳ буд, дар бистари марг, охирин дақоиқи умри худро сипарӣ мекард, яке аз ёронаш, ки дар канораш нишаста буд, аз ӯ пурсид:

“Агар мардум дучори ихтилоф шуданд аз чӣ касе пайравӣ кунем?” Ҳузайфа дар ҳоле, ки охирини суханонашро бар забон меронд, гуфт:

“Аз писари “Сумая” пайравӣ кунед, зеро ӯ то зиндааст ҳаргиз аз ҳаққ ҷудо намешавад.”

Оре Аммор(рз) ҳаргиз аз меҳвари ҳақ мунҳариф намешуд ва инак, ки дафтари зиндагии пурифтихори ӯро варақ мезанем ва осори барҷастаи ҳаёти боазамати ӯро думбол мекунем, биёед ба охирин саҳна наздик шавем, вале қабл аз ин, ки бо ин саҳнаи ҷолиб, ки нишонаи азамат, шуҷоат, камол, фидокорӣ, пойдорӣ ва мақому фазилати Аммор(рз) аст, рӯбарӯ шавем, беҳтар аст саҳнаи дигареро, ки муқаддима ва собиқаи он маҳсуб мешавад, аз назар бигузаронем

Ин қазия баъди истиқрори мусулмонон дар шаҳр Мадина рӯх дод, ки Паёмбар(с) ва ёрон ва пайравони гиронқадри ӯ даст ба кори сохтани масҷид ва хонаи Худо дар Мадина заданд. Мусулмонон зимни сохтани масҷид маъмулан ба гарду хок олуда мешуданд, вале дилҳояшон пур аз нур ва шодӣ ва лабҳояшон ба шукр ва сипоси Худо машғул буд. Ҳама бо ниҳояти шодӣ ва умед машғули кор буданд, санг меоварданд, хок таҳия мекарданд, пояҳои деворро ба суръат боло мебурданд ва ба ҳар ҳол ин ҷо ва он ҷо даста-даста саргарми кор буданд ва суруде, ки бо садои баланд ва аз самими қалб мехонданд, дар фазо танин меафканд:

“Агар мо бинишинем ва Паёмбар(с) кор кунад, ин кор барои мо гумроҳӣ аст.”

Ин шеърро пайваста такрор ва замзама мекарданд, онгоҳ садо ба суруди дигаре баланд мекарданд;

“Парвардигоро зиндагии ҳақиқӣ, зиндагии ҷаҳони охират аст, Худоё ансор ва муҳоҷиронро мавриди раҳмат қарор бидеҳ.”

Сипас суруд севумро замзама мекарданд:

“Касе, ки масҷидеро обод мекунад ва дар ҳоли нишаста ва истода дар он кӯшиш мекунад, ҳаргиз бо касе, ки худро аз гард ва ғубор канор мекашад, баробар ва яксон нахоҳад буд.”

Онҳо ҳама бандагони гиронқадри Худо ва сарбозони ҷонбози роҳи Худо буданд, ки парчами Худоро барафрошта, хонаи ӯро барпо мекарданд. Паёмбари Ислом(с) низ дӯшодӯши мусулмонон кор мекард ва сангинтарин сангҳоро худ ҳамл намуда, сахттарин корҳоро анҷом медод.

Садои муҳайиҷи суруди мусулмонон, ки аз шодии амиқи онҳо ҳикоят мекард, чунон саҳнаи ҳаяҷоноварандае ба вуҷуд оварда буд, ки гӯё замин шоҳид пурфуруғтарин ҳолат буд ва осмон ба ҳоли замин, ки чунин саҳнае рӯй он ба вуҷуд омада буд, рашк мебурд.

Аммор ибни Ёсир(рз) дар миёни ҷамъият, санги бузургеро аз маҳалли худ ба маҳалле, ки мебоист кор гузошта шавад, ҳамл мекард, Паёмбар(с) Аммор(рз)-ро дид ва ба ҳоли ӯ дилсузӣ кард ва бо дасти навозишгари худ ғубор аз сар ва рӯи ӯ пок кард ва онгоҳ нигоҳи пурнури худро муддате ба рӯи ором ва бо имони ӯ дӯхт ва сипас ба ёронаш фармуд:

“Ҳайф аз писари Сумая: гурӯҳи ситамкор ӯро хоҳанд кушт.”

Ин пешгӯӣ бори дигар низ такрор шуд ва он ҳангоме буд, ки деворе, ки Аммор(рз) канори он кор мекард, фурӯ рехт. Баъзе гумон карданд Аммор(рз) зери девор монда ва кушта шудааст. Мусулмонон аз ин қазия афсурда шуданд, шахсе ба ҳузур Паёмбар(с) шитофт, то хабари марги Аммор(рз)-ро ба он ҳазрат бидиҳад, Паёмбар(с) бо хунсардӣ ва оромиш фармуд:

“Аммор(рз) намурдааст, ӯ ба дасти гурӯҳи ситамкор кушта хоҳад шуд.”
Оё ин гурӯҳи ситамкор чӣ касоне буданд ва кай ва куҷо ӯро мекушанд?
Фақат ҳодисаҳои оянда метавонист онро равшан намояд.

Аммор(рз), ки комилан аз сидқи гуфтор ва басирати нофизи Паёмбар(с) огоҳ буд, ин пешгӯиро шунид, вале ҳаргиз тарс ва ҳарос ба худ роҳ надод, зеро аз вақте, ки ӯ Ислом оварда буд, ҳар лаҳза дар орзӯи марги бо шаҳодат буд.

Рӯзҳо ва солҳо гузашт, Паёмбар(с) реҳлат фармуд, пас аз он Абубакри Сиддиқ(рз) вафот ёфт ва пас аз ӯ ҳам Умар ибни Хаттоб(рз) буд, ки вафот кард ва хилофати Усмон ибни Аффон(рз) расид.

Идома дорад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед