Абузари Ғифорӣ 2

0
234

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)
Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Саҳобаи гиромӣ Абузари Ғифорӣ (рз)
Қисмати дуввум

Ҳазарати Абузар(рз) назди қабилаи худ бармегардад ва дар бораи Паёмбари акрам(с) бо онон суҳбат мекунад ва мардумро ба сӯи парастиши Худои ягона ва ахлоқи нек даъват мекунад ва бадинсон афроди қабилааш мусалмон мешаванд. Абузар (рз) танҳо ба мусалмон шудани қабилаи Ғифор  қаноат намекунад, балки ба сӯи қабилаи “Аслам” равона шуда ва машъалҳои ҳидояти Раббониро дар миёнашон равшан мекунад.
Рӯзҳо пуштиҳам мегузаранд ва Паёмбари акрам(с) ба Мадина ҳиҷрат мекунад ва мусалмонон ҳамроҳи эшон дар онҷо сукунат мекунанд.
Дар яке аз рӯзҳо гурӯҳи бузурге аз афроди савора ва пиёда ба сӯи Мадина омаданд, ки садое пойи асбҳояшон гӯшҳоро ба ларза дармеовард ва агар такбирҳои баланд ва такондиҳандаи онҳо намебуд, ҳар кас фикр мекард, ки сипоҳе аз сипоҳиёни мушрикон аст.
Ин қофилаи пурҳаёҳуй наздик шуда вориди Мадина шуданд ва ба сӯи масҷид ва маҳалли иқомати Паёмбари акрам(с)(с) равона шуданд.
Ин қабила мураккаб аз ду қабилаи “Ғифор ” ва “Аслам” буд, ки Абузар (рз) ҳамаи онҳоро мусалмон намуда ва марду зан ва пиру ҷавону кӯдакро бо худ оварда буд.
Паёмбари акрам(с)(с) ҳақ дошт, ки беш аз пеш ба таъаҷҷуб ва ҳайраташ афзуда гардад, зеро дирӯз яъне замони имон овардани Абузар (рз), вақте дар баробараш фақат марде аз қабилае Ғифорро дид, ки имон ва исломи худро ошкор мекунад, хело таъаҷҷуб кард ва аз ҳайрат, худ чунин таъбир мекунад.

“ان الله یهدی من یشاء”
“Ҳатман Худованд ҳидоят мекунад ҳаркасеро бихоҳад”
Вале имрӯз қабилаи “Ғифор ” ҳамагӣ дар ҳоле, ки мусалмон шудаанд ба ҳузураш омадаанд ва ин мардум аз он замоне, ки Худо онҳоро ба василаи Абузар (рз) ҳидоят фармуд, чандин сол дар дини Ислом гузарондаанд, ба изофаи онҳо қабилае “Аслам” низ омадаанд.
Қаҳрамонони шарорат ва задухӯрд ва ҳампаймонони шайтон имрӯз табдил ба қаҳрамонони хайру некӣ ва ҳампаймонони Ҳақ гаштаанд.
Оё дуруст нест, ки Худо ҳаркасро, ки хост ҳидоят мекунад?
Паёмбари акрам(с) лаҳзае нигоҳи пур аз шодмонӣ ва утуфату меҳри худро бар чеҳраҳои поки онҳо дӯхт.
Ба қабиле Ғифор  назаре андохт ва фармуд:
“Худованд қабилаи Ғифорро мавриди ғуфрон қарор диҳад”
Сипас нигоҳе ба сӯи қабилаи “Аслам” андохт ва фармуд:
“Худованд Асламро солим нигоҳ дорад”
Оё Паёмбари акрам(с), Абузар (рз) ин мубаллиғи аҷиб ва нерӯманду  ҷавонмард, соҳиби ин пирузии боарзишро шахсан бо саломи мавриди тафаққуд ва тақдир қарор надиҳад?
Оре подоши ӯ фаровон ва хайру мақдамаш низ арзандааст.
Синааш ва таърихи дурахшони зиндагиаш волотарин ва арзандатарин ва гаронбаҳотарин нишонҳои ифтихорро дарёфт медорад.
Қарнҳо ва наслҳои мутаволӣ мегузарад, вале мардум ҳануз ҳам назарияи Паёмбари акрам(с)ро дар бораи ӯ такрор мекунанд:
“Замин касеро ҳамл накарда ва осмон ҳам сари касеро соя наяфканда, ки ростгӯтар аз Абузар (рз) бошад”
Ростгӯтар аз Абузар (рз), Паёмбари акрам(с) бо ин ҷумла, дафтари ояндаи ёри вафодори худро хонд ва тамоми зиндагии ӯро дар ин ҷумла хулоса кард. Зеро ростгӯии ҷасурона ҷавҳари тамоми зиндагии Абузар (рз) буд.
Ҳам сидқи ботин ва ҳам сидқи зоҳир.
Ҳам сидқ дар ақида ва ҳам сидқ дар забон.
Ба ростӣ, ки ӯ тамоми зиндагиашро бар асоси сидқ ва ростӣ сипари кард. На худро дучори хато ва иштибоҳ мекунад ва на дигаронро ва ба касе ҳам иҷоза намедиҳад, ки ӯро ба хато ва иштибоҳ водорад.
Ростгӯии ӯ фазилати гунг нахоҳад буд, зеро ростгӯи гунг ва безабон назди Абузар (рз) усулан ростгӯи нест.
Сидқи воқеӣ иборат аст аз сидқи ошкор ва аланӣ, ҳақро ошкор баён кардан ва ботилро ба мубориза талабидан ва савобро ёрӣ кардан ва хаторо кубидан.
Росгӯи яъне ишқи  бошаҳомат ба соҳати поки Ҳақ, забони гӯёи бо шаҳомат ва сариҳ ва дар дифоъ аз ҳарими Ҳақ ва роҳпаймоии бо шавқ ҳамроҳи қофилаи Ҳақ.
Паёмбари акрам(с)(с) бо нури басираташ тамоми мусибатҳоеро, ки баъдҳо дар асари сидқ ва сарсахтӣ бар сари Абузар (рз) дармеояд, ҳамаро медид, барои ҳамин ба ӯ тавсия мекард, ки сабр ва ҳавсала дар пеш гирад.
Рӯзе Паёмбари акрам(с)(с) Абузар (рз)-ро бо ин пурсиш мавриди хитоб қарор дод:
“Эй Абузар замоне, ки таҳти ҳукумати зимомдороне, ки байтулмолро ҳайфу майл кунанд, зиндагӣ кунӣ, чӣ мекунӣ?”
Абузар (рз) ҷавоб дод:
“Савганд ба Худое, ки туро ба ҳақ мабъус намудааст, бо ин шамшер гарданашонро мезанам!”
Паёмбари акрам(с)(с) фармуд:
“Оё мехоҳи туро ба кори беҳтар аз ин роҳнамоӣ кунам?”
“Сабр пеша кун, то маро мулоқот кунӣ”
Рости чаро Расули Худо(с) ин саволи ба хусусро аз Абузар (рз) пурсид?
Амирон, сарват ва дороӣ дар ҳақиқат ин масъалае аст, ки Абузар (рз) тамоми зиндагии худро сарфи он мекунад ва ин мушкили асоси ва асли миёни ӯ ва иҷтимоъ аст дар оянда.
Паёмбари акрам(с)(с) ба хубӣ ӯро мешинохт, барои ҳамин ин саволро аз ӯ пурсид, то ин насиҳати арзандаро овезаи гӯши ӯ созад, ки “сабр пеша кун, то маро мулоқот кунӣ”
Абузар (рз) тавсияи Паёмбарашро ҳифз мекунад. Бар ҳамин асос шамшереро, ки ваъда медод бо он гардани зимомдоронеро бизанад, ки аз байтулмол барои худ сарват андузанд бар надошт, вале дар айни ҳол лаҳзае дар баробари амали онҳо сукут накард.
Оре агар Паёмбари акрам(с)(с) ӯро аз кашидани шамшер алайҳи онҳо наҳй мекард, аммо ӯро аз ин наҳй намекард, ки забони ростгӯяшро ба ёрии ҳақ ба ҳаракат дарнаёварад ва ба зуди чунон хоҳад кард.
Даврони Паёмбари акрам(с)(с) ва баъд аз он замони хилофати Абубакри Сиддиқ(рз) ва Умар ибни Хаттоб(рз) бо содагӣ ва бе эътинои ба мазоҳири фиребандаи зингӣ ва муҳаррикҳои фитна сипарӣ шуд.
Дар ин давра ҳатто афроде, ки майл ва рағбат ба ин мазоҳири фиребанда ва муҳаррикҳои фитна доштанд, ҳеҷ гуна роҳ ва равзана барои тамойулоти худ пайдо намекарданд.
Он рӯзҳо инҳирофе вуҷуд надошт, то Абузар (рз) садои эътирози худ алайҳи он сар дода ва бо калимоти оташини худ онро аз байн барад.
Давраи хилофати Умар ибни Хаттоб(рз) тӯлонӣ шуд, эшон ба гунае риояи зӯҳду содагӣ ва иҷрои адолатро бар умаро ва волиёну сарватмандони мусалмон муқарар намуда буд, ки фаротар аз тавони башарӣ менамуд.
Ба маҳзи ин ки ба Умар ибни Хаттоб(рз) хабар мерасид, ки яке аз устондорони ҳукумати исломӣ дар Ироқ ва ё Шом ва ё дар ҳар яке аз шаҳрҳои дурдаст аз навъи хурок истифода мекунад, ки мардуми омма қудрати хариди онро надоранд, дастури қотеъ содир мекард ва он устондорро ба Мадина эҳзор мекард, то ҷазояшро бидаҳад.
Дар ин сурат Абузар (рз) бояд ба эшон табрик бигӯяд ва хушҳол бошад, аз ин ки Умар ибни Хаттоб халифаи мӯъминон аст.
Дар ҳоле, ки ҳеҷ чиз ҳамонанди суиистифода аз қудрат ва иҳтикори сарват зиндагиро ба Абузар (рз) танг намекард, Умар ибни Хаттоб(рз) ба назорати дақиқ ба қудрат ва адолат дар тақсими байтулмол барояш итминон ва оромиш фароҳам менамуд.
Барои ҳамин Абузар (рз) худро вақфи ибодати Парвардигор ва ҷиҳод дар роҳи Худо намуда буд. Ҳар гоҳ дар гӯшаву  канор мухолифате мушоҳида мекард, сокит наменишаст ва камтар иттифоқ меафтод, ки чунин мухолифате мушоҳида намояд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед