Абузари Ғифорӣ 1

0
243

Ба номи Худованди бахашандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)
Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Саҳобаи гиромӣ Абузари Ғифорӣ(рз)
Қисмати аввал

Пешвои муътаризон ва душмани сарватандӯзӣ, cармаст ва шодмон ба сӯи Макка раҳсипор шуд.
Дуруст аст, ки сахтӣ ва гармои биёбон ӯро дучори дард ва ранҷур сохта буд, аммо шавқи расидан ба ҳадафе, ки барояш дар талош буд, дард ва ранҷро аз ёди ӯ бурда ва дар рӯҳаш сабурӣ ва насими шодӣ дамида буд.
Ношинос вориди Макка шуд, вонамуд мекард, ки ӯ низ яке аз ашхосе аст, ки ба Макка сафар мекунанд, то худоёони бузурги Каъбаро тавоф  кунанд ё роҳгузаре аст, ки роҳашро гум карда, ки ё тулонӣ шудани сафар ва роҳи тулонӣ ӯро хаста карда барои рафъи хастагӣ ва таҳияи тӯшаи роҳ вориди он шаҳр шудааст.
Агар мардуми Макка медонистанд, ки ӯ дар ҷустҷӯи Муҳаммад(с) ба ин шаҳр омада, то ба суханонаш гӯш фаро диҳад, ӯро ба азоби сахт дучор мекраданд.
Абузар (рз) аз азият ва озори онҳо парво надошт ба шарте ин ки иҷоза диҳанд, то ӯ як бор бо марде, ки саҳроҳои бе обу алафро ба хотири дидани Ӯ паймудааст, дидор намояд ва агар ба ростгӯии Ӯ дилгарм шуд ва ба даъваташ итминон пайдо кард, ба Ӯ имон меорад, онгоҳ ҳарчи мехоҳанд анҷом диҳанд.
Муддате аз дур ба ахбор ва суханоне, ки дар бораи Муҳаммад(с) баён мешуд гӯш дод, ҳамин, ки гурӯҳе аз мардумро медид, ки гирди ҳам ҷамъ шуда аз Муҳаммад(с) гуфтгӯ мекунанд, бо эҳтиёт ба онҳо наздик шуда ба суханонашон гӯш фаро медод, то ин ки аз гуфтгӯҳои пароканда ва маълумоте дар бораи Муҳаммад(с) ва маҳалли иқоматаш ҷамъоварӣ кард.
Бомдоди яке аз рӯзҳо ба маҳалле, ки Муҳаммад(с) дар он буд, рафт дид, ки танҳо нишастааст, наздик рафт ва гуфт:
“Субҳ ба хайр бародари араб!”
Паёмбар(с) дар ҷавоб фармуд:
“Салом бар ту эй бародар!”
Абузар(рз) гуфт:”шеъреро, ки мегӯи бароям бихон.”
Паёмбар(с) фармуд: “ончи, ки ман мегӯям шеър нест, то бароят бихонам, балки Қуръони Карим аст.”
Абузар фарёд баровард

“اشهد ان لا اله الا الله و اشهد ان محمدا عبده و رسوله”

Паёмбар(с) аз ӯ пурсид: аз кадом тоифа ҳастӣ бародар?
Абузар(рз) гуфт: аз тоифаи Ғифор.
Табассуми тӯлони бар лабони Паёмбар(с) нақш баст ва осори ҳайрату тааҷҷуб дар сураташон зоҳир гашт.
Абузар(рз) низ хандид, чун ӯ хуб медонист, чаро вақте Паёмбар(с) шунид ин шахс, ки дар баробари Ӯ бо овози баланд Ислом овард, яке аз афроди тоифаи Ғифор аст, ҳолаи аз тааҷҷуб сураташонро пушонд.
Зеро Ғифор қабилае аст, ки дар дуздӣ ва роҳзанӣ ва сирқат аз корвониён ҳамтое надорад.
Мардуми ин қабила дар шарорат ва роҳзанӣ кардан, зарбулмасал шуда буданд онҳо ҳамроҳони шаб ва торикӣ буданд. Касе, ки торикии шаб ӯро дар чанголи яке аз афроди ин қабила гирифтор мекард, аз маърака ҷони солим берун намебурд.
Оё он рӯз бо ин ки Ислом дини навхоста ва заиф ва махфие буд, касе тасаввур мекард, ки яке аз афроди чунин қабилае биёяд ва Исломро бипазирад?
Абузар(рз) саргузашташро ингуна нақл мекунад:
Паёмбар(с) бо тааҷҷуб гоҳ сар баланд карда маро менигарист ва гоҳ сар ба поён меандохт, зеро ман аз қабилаи Ғифор будам сипас фармуд:

“ان الله یهدی من یشاء”

Худованд ҳар касеро бихоҳад ҳидоят мекунад.
Оре Худованд ҳар касеро бихоҳад ҳидоят мекунад.
Абузар(рз) ҳам яке аз касоне буд, ки Худованд барои онҳо ҳидоят хост ва некиро ирода кард.
Абузар(рз) дар ташхиси ҳақ аз ботил басират дошт. Ӯ аз касоне буд, ки дар ҷоҳилият аз парастиши бутҳо рӯй гардонда ба дунболи имон ба Худованд ва офаринандаи ҷаҳон буд.
Ингуна буд, ки ба маҳзи огоҳ шудан аз зуҳури паёмбаре, ки омадааст, то бутҳо ва бутпарастиро барандозад ва мардумро ба парастиши Худованди ягонаву якто даъват намояд, бори сафар баст ва ба сӯяш шитофт.
Ӯ панҷумин ва ё шашумин нафаре буд, ки мусалмон шуд.
Бинобар ин ӯ дар ҳамон рӯзҳои аввал ва балки соъатҳои аввали зуҳури Ислом, мусалмон шуд ва Ислом оварданаш зудҳангом буд.
Ҳангоме, ки ӯ Ислом овард Паёмбар(с) пинҳонӣ ва махфиёна  даъват мекард ва дар пинҳонӣ бо худ ва панҷ нафаре, ки имон оварда буданд сӯҳбат мекард. Абузар(рз)  ҳам бояд имон оварданшро пинҳон намуда ва ором ва бесадо аз Макка берун рафта ва ба сӯи қабилаи худ бозгардад.
Аммо Абузар(рз) сиришт ва табиати беқароре дошт.
Ӯ барои ин офарида шуда буд, ки дар ҳар ҷо, ки бошад бар зидди ботил ба по хезад ва инак бо ду чашми худ ботилро мебинад.
Сангҳои тарошидашуда, ки синни парастиш кунандагонаш аз онҳо бештар буд дар баробари онҳо сарҳо ва ақлашонро бо таъзим хам менамуданд.
Мардум онро садо мезаданд: лаббайк, лаббайк.
Дуруст аст, ки дар он рӯз Паёмбар(с) даъвати пинҳонӣ ва махфиёнаро бар даъвати ошкор тарҷиҳ медод, вале мебоист нидои расо ва баланди ин инқилоби бузург қабл аз хуруҷ аз Макка дар он шаҳр танинафкан шавад, барои ҳамин ба маҳзи инки Ислом овард аз Паёмбар(с) пурсид:
Эй Паёмбар маро ба чи коре фармон медиҳӣ?
Паёмбар(с) фармуд:
“Ба миёни қавмат баргард, то фармони ман ба ту бирасад.”
Абузар(рз) гуфт: “Савганд ба Худое, ки ҷони ман дар дасти Ӯст ба миёни қавми худ барнамегардам магар инки ошкоро дар Масҷид-ул-Ҳаром нидои Исломро ба гӯши ҳамаи мардум бирасонам”
Магар ба шумо нагуфтам, ки ин рӯҳ сиришти пуртаҳаррук ва беқарор дорад? Оё Абузар(рз) дар чунин лаҳзае, ки як дунё ҳақиқатро кашф карда дар пешгоҳи паёмбаре, ки ба Ӯ имон оварда ва дар баробари даъвате, ки башоратҳои онро аз забони Паёмбар(с) шунида ором ва қарор мегирад? Оё дар чунин лаҳза ҳозир мешавад, ки сокит ва ором ба миёни қавми худ баргардад?
Ин кор хориҷ аз тоқат ва тавони ӯст.
Инҷо буд, ки дохили Масҷид-ул-ҳаром шуд ва бо садое баланд ва расо овоз баровард:

“اشهد ان لا اله الا الله و اشهد ان محمدا رسول الله ”

То онҷо, ки медонем ин нидо нахустин нидое аст, ки азамат ва ҷабарути Қурайшро ба мубориза талабид ва гӯшашонро ба ларзиш доровард. Ин нидо аз гулуи марди ғарибе даромад, ки дар Макка на ҳомӣ ва пуштибоне дошт ва на қавму қабилае.
Иттифоқан ончи Абузар(рз) худ гумон мекард, ки мумкин аст ба сараш биёяд, омад.
Мушрикон ӯро иҳота карда онқадар ӯро заданд, ки беҳуш  бар замин афтод.
Хабар ба гӯши Аббос амуи Паёмбар(с) расид бо аҷала омад ва бо ҳилаи латифе пайкари ӯро аз чанголи мушрикон берун кашид, барои ин кор ба онҳо гуфт:
“Эй Қурайшиён! Шумо ҳамагӣ бозаргон ҳастед ва роҳи тиҷорати шумо аз канори тоифаи Ғифор мегузарад, ин шахс ҳам яке аз афроди он тоифа аст, агар қавмашро алайҳи шумо бишуронад роҳро бар қофилаи шумо мебанданд ва ба он ҳуҷум мебаранд.”
Мушрикон ҳарфи ӯро пазируфтанд ва Абузарро раҳо карданд.
Аммо Абузар(рз) лаззати азияту озор дар роҳи Худовандро чашид ва намехост қабл аз инки саҳми бештаре аз ин файз дастгираш шавад Маккаро тарк гӯяд.
Рӯзи дуюм шояд дар ҳамон рӯз ду занро, ки дар ҳоли тавоф ба даври ду бут “Исоф” ва “Ноила” ва хондани дуо дар баробари онҳо буданд, дид ва дар баробари эшон истод ва бутҳояшонро носазо гуфтан гирифт. Занҳо фарёд бароварданд, мардҳо мисли муру малах давон-давон худро ба эшон расонданд ва Абузарро онқадар заданд, ки беҳуш шуд. Вақте ба ҳуш омад бори дигар фарёд баровард, ки:

“اشهد ان لا اله الا الله و اشهد ان محمدا رسول الله ”

Паёмбар(с) истеъдоди ҳайратовари шогирди ҷадид ва тозаворид ва қудрати хиракунандаи ӯро дар мубориза бо ботил ба хубӣ дарк мекунад, аммо вақте муносиб фаро нарасидааст. Барои ҳамин дубора ӯро ба бозгашт ба миёни қавми худ амр фармуд ва дастур дод, ки ба миёни қавми худ бозгашта ва он ҳангом, ки Ислом интишор ёфт ва ошкор шуд баргардад ва дар ҳаводис ва мушкилот бо мусалмонон шарик бошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед