Абузари-Ғиффорӣ4

0
282

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)
Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Саҳобаи гиромӣ Абузари Ғифорӣ (рз)
Қисмати чаҳорум

Абузар(рз) тибқи таърифи Паёмбар(с) ва устодаш ростгӯтарин фарди ҷаҳониён буд. Бидуни камтарин тарс ва воҳимае дар баробари Муовия меистод ва дар бораи сарватҳое, ки пеш аз ҳукумати Шом дошт ва сарватҳое, ки он рӯз дар Шом ҷамъ карда буд, дар бораи хонае, ки дар Макка дар он сукунат мекард ва кохҳое, ки имрӯз дар Шом сохта буд, савол менамуд.

Сипас саволеро мутаваҷҷеҳи касоне аз саҳобагон намуд, ки ҳамроҳ бо Муовия ба Шом омада ва дар ин нишаст ҳузур доштанд ва бархе аз эшон соҳиби амлок ва кохҳое буданд, Абузар(рз) онҳоро мухотаб қарор дод ва фарёд зад:
Оё шумо ҳамон касоне ҳастед, ки бо Паёмбар(с) зиндагӣ кардед, дар ҳоле, ки ба Ӯ Қуръон нозил мешуд?
Он гоҳ худ аз ҷониби онҳо ҷавоб дод:
Оре шумо ҳамон касоне ҳастед, ки Қурон дар миёни шумо нозил шуд ва бо Паёмбар(с) дар тамом ҷангҳо ширкат кардед. Баъд савол мекард ва мепурсид: Оё дар китоби Худо ин оятро намехонед?

وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلَا يُنْفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللَّهِ فَبَشِّرْهُمْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ يَوْمَ يُحْمَى عَلَيْهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكْوَى بِهَا جِبَاهُهُمْ وَجُنُوبُهُمْ وَظُهُورُهُمْ هَذَا مَا كَنَزْتُمْ لِأَنْفُسِكُمْ فَذُوقُوا مَا كُنْتُمْ تَكْنِزُونَ

“Ва касоне, ки тилло ва нуқраро захира мекунанд ва онро дар роҳи Худо инфоқ намекунанд, пас, онҳоро ба азоби дардноке башорат деҳ. Рӯзе, ки (он амвол) дар оташи ҷаҳаннам сурх карда шаванд ва бо онҳо пешониҳо ва паҳлӯҳо ва пуштҳояшон доғ гузошта шавад (гуфта шавад:) ин чизест, ки барои худатон захира кардед, пас бичашед он чиро захира мекардед.” (Сураи Тавба, ояти 34-35)

Муовия масири суханро тағйир дода ва мегӯяд:
«Ин оят хитоб ба аҳли китоб нозил шудааст.»
Абузар(рз) фарёд баровард, ки: на, дар бораи мо ва онҳо ҳарду нозил шудааст.
Абузар(рз) думболи суханони худро гирифта, Муовия ва касонеро, ки бо ӯ ҳастанд насиҳат мекунад, ки амлок ва кохҳо ва амволеро, ки дар ихтиёр доранд, раҳо созанд ва ҳар кадом беш аз миқдори эҳтиёҷи як рӯзи худ захира накунанд.
Хабари ин гуфтугӯ ва мунозира дар миёни маҳофил ва анҷуманҳо даҳон ба даҳон мегардад ва суруди Абузар(рз) ҳам дар миёни хонаҳо ва дар масири роҳҳо авҷ мегирад, ки ба сарватандӯзон мужда диҳед, ки дар рӯзи қиёмат бо сихҳои оташин доғ хоҳанд шуд.
Муовия эҳсос хатар кард ва суханони оташини ин муборизи бузург, ӯро безор намуд, аммо медонад, ки ӯ дорои мақоми волое аст ва ба ҳамин далел ба ӯ озоре намерсонад, лекин фавран ба Усмон ибни Аффон(рз), халифаи вақт номае навишт ва зимни он хотирнишон сохт, ки Абузар(рз) мардуми Шомро фосид ва табоҳ кардааст.
Ҳазрати Усмон(рз) номае ба Абузар(рз) навишт ва ӯро ба Мадина даъват кард.
Дар рӯзе, ки шаҳри Димишқ монанди онро дар шодӣ ва ҷунбу ҷӯши худоҳофизӣ ба худ надида буд, Абузар(рз) бори дигар остинҳоро боло зад ва ба сӯи Мадина бозгашт.
“Ман ба дунёи шумо ниёзе надорам”!
Абузар(рз) пас аз расидан ба Мадина ва гуфтугӯҳои тӯлони бо халифаи сеюм ҳазрати Усмон ибни Аффон(рз) ин ҷумларо ба эшон гуфт.
Ҳазрати Усмон(рз) пас аз поёни гуфтугӯ бо дӯсташ ва бо шунидани ахборе мабни бар густариш додан ба андешаҳои Абузар(рз) тавассути мардум, қудрати воқеӣ ва хатари даъвати Абузарро комилан эҳсос кард. Барои ҳамин тасмим гирифт, ки ӯро назди худ дар Мадина нигоҳ дорад ва маҳалли сукунате барояш таъйин кунад.
Ҳазрати Усмон(рз) бо камоли оромиш ва дар ниҳоияти мудоро тасмимашро ба Абузар(рз) эълон кард ва ба ӯ гуфт:
Ҳамин ҷо дар канори ман бимон, то абрҳои тира ва тор ноши аз бадбинӣ нисбат ба ту аз байн бираванд.
Абузар(рз) дар посух гуфт:
«Ман ба дунёи шумо ниёзе надорам»
Оре ӯ ниёзе ба дунёи мардум надорад. Ӯ аз зумараи касоне аст, ки ниёзе ба дунё надошта ва ба думболи ғинои рӯҳи саргардонанд, ингуна афрод зиндаи ин ҳастанд, ки ҳамеша бубахшанд, на ин ки бигиранд.
«Ӯ аз халифа хост, то иҷоза диҳад, ки ба Рабаза биравад».
Халифа ҳам дархости ӯро пазируфт.
Абузар(рз) ҳатто ба ҳангоми мухолифат кардан ҳам пайваста маротиби амонати худро нисбат ба Худо ва Паёмбар(с) ҳифз мекард ва хиёнат наменмуд ва аз самими ҷону дил васияти Паёмбарро мабни бар ин ки набояд даст ба шамшер бурд, ҳифз мекард, гӯё Паёмбар(с) аз оянда огоҳ буд, ояндаи Абузар(рз) ва саргузашти ӯро, барои ҳамин ин насиҳат арзандаро хитоб ба ӯ фармуд.
Бар ин асос буд, ки вақте Абузар(рз) медид бархе аз афроди ошубгар, ки дар пай барафрӯхтани оташи фитнаанд, аз суханони ӯ барои худ мадрак месозанд, то аз тариқи он хостаҳои худро амалӣ ва кинаи дили худро холи кунанд. Ҳаргиз нафрати худро аз шеваи онҳо махфӣ намедошт.
Дар ҳангом иқомат дар «Рабаза» гурӯҳе аз аҳолии Куфа ба дидораш омаданд ва аз ӯ хостанд, ки парчами мухолифат ва шӯриш алайҳи халифаро алам намояд, Абузар(рз) ба тунди онҳоро сарзаниш кард ва гуфт:
«Ба худо савганд агар Усмон(рз) маро бар рӯи тахтае дароз ё бар рӯи кӯҳе овезон кунад, ба салиб бикашад, ё ин, ки аз ин сӯи замин ба он сӯи замин бифиристад, ё ин, ки маро ба хонаам бозгардонад, аз ӯ итоат ва пайравӣ хоҳам кард ва ин итоат ва пайравӣ ва сабр варзиданро барои худ басе беҳтар ва некӯтар медонам.
Абузар(рз) ҳеҷ навъ ғарази моддӣ надошт, Худованди Мутаол ҳам басирати хоссе ба ӯ ато фармуда буд, барои ҳамин мутаваҷҷеҳи оқибати вахим ва зиёнбори қиёми мусаллаҳона шуда буд ва аз он дӯрӣ мекард, ҳамонгуна, ки мутаваҷҷеҳи авоқиби зиёнбор ва хатаре, ки сукут дарбар дорад, шуда буд ва аз он парҳез дошт ва садои худро ба сухани ҳақ ва гуфтори ростин баланд кард, на шамшерро.
На тамаъ ва ангезаҳои модӣ ӯро таҳрик мекард ва на тасаввури авоқиби номатлуб ӯро аз таъқиби ҳадафи худ боз медошт. Дар ҳақиқат Абузар(рз) худро барои муборизаи пок ва бидуни чашмдошти дунявӣ омода карда буд ва тамом умрашро сарфи назорат бар қудрат ва сарват намуд. Зеро сарват ва қудрат омили гумроҳӣ ва ошуб ва фитнаанд ва Абузар(рз) аз он метарсад, ки бародарони мусулмонеро, ки ҳамроҳ бо Паёмбар(с) парчами Исломро барафрошта буданд ва баъд ҳам бояд парчамдори Ислом бошанд, дучори фитна ва гумроҳӣ кунад. Ҳамчунин қудрат ва сарват раги ҳаёти ҷомеа ва миллатҳо ҳастанд, агар ин ду дучори инҳироф шуданд, ояндаи миллат ҳам ба хатар хоҳад афтод.
Абузар(рз) орзу дошт, ки ҳеҷ як аз ёрони Паёмбар(с) дар пайи ба даст гирифтани иморат ва ё ҷамъовари сарват набошанд ва ҳамонанди гузашта пештозони ҳидоят ва бандагони Худо бошанд.
Ӯ ба хубӣ аз хатарнок будан ва даррандахӯйи дунё ва сарват огоҳ буд ва бисёре вақтҳо аз Паёмбар(с) мешунид, ки ёрони худро аз гумроҳӣ ба воситаи фармонравоӣ ва иморат барҳазар ва огоҳ менамуд ва мефармуд:
«Фармонравоӣ ва иморат амонат аст ва дар қиёмат ҳам надомат ва пушаймонӣ дорад, магар касе, ки онро ба наҳви шоистае ба поён бирасонад ва вазоиферо, ки ба воситаи ӯҳдадории он бар ӯ воҷиб шудааст, комил анҷом диҳад.»
Кор ба ҷое расид, ки Абузар(рз) аз бародарони мусулмони худ дӯри кунад, чун онҳо хостори амри иморат шуданд ва бар асоси сиришт ва табиати корашон, амвол ва сарват ба онҳо рӯй овард.
Рӯзе Абумусо Ашъари ба ӯ расид, ва бо диданаш бозӯвони худро гушӯд ва аз хушҳоли зиёд фарёд зад:
“Салом бар Абузар(рз) салом бар бародарм.
Аммо Абузар(рз) ӯро ақиб зад ва гуфт: Ман бародари ту нестам! Вақте бародарат будам, ки ҳанӯз волӣ ва амир нашуда будӣ ҳамчунин рӯзе ба Абуҳурайра расид.
Абуҳрира ӯро дар оғӯш гирифт, аммо Абузар(рз) ӯро бо дасташ канор зад ва гуфт аз ман дӯр шав, магар ту ҳамон касе нести, ки мутасаддии фармонравоӣ шудӣ, иморати баланд сохтӣ ва барои худат дом ва зироат фароҳам овардӣ?
Абуҳурайра барои дифоъ аз худ ва хунсо намудани ин шоеъот ва нисбатҳои нораво талош мекунад.
Он рӯз чунин ба назар мерасад, ки Абузар(рз) дар аксуламали худ дар баробари қудрат ва сарват ба ҳадди муболиға расидааст, аммо Абузар(рз) дорои мантиқе буд, ки ҳокӣ аз садоқати ӯ байни худ ва имонаш буд.
Абузар(рз) бо афкору аъмол ва равиш ва диди худ масири соф ва ҳамворе пеш гирифта буд, ки ёдгори Паёмбар(с) ва ёрони бовафояш буд.
Агар баъзе аз мусулмонон ин равишро ба унвони намуна ва улгӯ фарз мекунанд ва гумон мекунанд, ки амалӣ нест ва касе ба ин поя ва мартаба намерасад, аммо Абузар(рз) онро сармашқе медонад, ки роҳи ҳаёт ва барномаи амалиро тарсим мекунад ва комилан амалӣ аст. Ба вижа барои мардоне, ки ҳамроҳ ва ҳамасри Паёмбар(с) буданд ва пушти сараш намоз хондаанд ва бо ӯ ба ҷиҳод рафта ва бо ӯ байъат намудаанд, ки суханонашро бишунаванд ва итоат кунанд.
Ҳамчунон, ки қаблан зикр кардем, ӯ бо ҳуши нофизи худ дармеёфт, ки қудрат ва сарват чӣ таъсири қотеъе дар сарнавишти мардум дорад ва аз ин рӯ комилан ташхис медод, ки ҳар халале, ки аркони дурустии идораи ҳукумат ва ё адолат дар тақсим сарватро таҳдид кунад, хатари ба вуҷуд меоварад, ки бояд ба шиддат бо он мубориза кард.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед