Абузари-Ғиффорӣ 5

0
270

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)
Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Саҳобаи гиромӣ Абузари Ғифорӣ (рз)
Қисмати панҷум

Абузар(рз) то онҷо, ки метавонист дар зиндагӣ худ парчами пайравӣ аз Паёмбар(с) – ро бо камоли амонат ва посдорӣ ба дӯш кашид, ӯ дар тасаллут бар хатарҳои қудрат ва сарват, ҳаққо, ки устод буд.
Аз ӯ хостанд, ки дар Ироқ иморатро бар ӯҳда гирад, ӯ дар посух гуфт:

“На, савганд ба Худо, ки ҳаргиз наметавонед маро ба дунёи худ моил созед”. Рӯзе яке аз ёронаш ӯро дид, ки либоси жандае ба бар карда, аз ӯ пурсид:

Ғайр аз ин либос, либоси дигаре надори? Ман чанд рӯз пеш дидам, ки ду даст либоси тоза доштӣ. Абузар(рз) посух дод: Бародарзодаи азиз. Онҳоро ба касе додам, ки аз ман ба он ниёзмандтар буд. Ӯ гуфт:

«Ба Худо савганд, ки ту худ ба онҳо эҳтиёҷ дорӣ! Абузар(рз) ҷавоб дод:
«Худованд моро бибахшояд. Барости, ки ту дунёро бузург мешуморӣ, оё ин аборо бар дӯшам намебини? Абои дигаре низ дорам, ки дар намози ҷумъа мепӯшм ; Бузе ҳам дорам, ки аз шири он истифода мекунам ва улоғе дорам, ки бар он савор мешавам, пас мо аз неъматҳои Худо чӣ кам дорем?
Рӯзе дар маҷлисе нишаста буд ва сӯҳбат мекард ва мегуфт: Азиз ва халилам маро ба ҳафт кор васият кардааст:

* Мустамандонро дӯст дошта бошам ва ба онҳо наздик шавам.

* Дар зиндагӣ ҳамеша ба касоне бинграм, ки аз ман пойинтаранд, на ба касоне, ки аз ман болотаранд.

* Ҳаргиз аз касе чизе дархост накунам.

* Пайванди хешовандиро мӯҳтарам шуморам ва ба хешон наздики кунам.

* Сухан ҳаққро бигӯям, агарчи талх бошад.

* Дар роҳи Худо аз сарзаниши сарзанишкунандагон натарсам.

* Ҷумлаӣ: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳро зиёд такрор кунам.

Абузар(рз) барости ба ин васиятҳо амал кард ва зиндагии худро бо онҳо ҳамоҳанг намуд то ҷое, ки дар миёни қавм ва миллаташ табдил ба виҷдони зинда ва мазҳари омоли умуми шуд.
Хазрат Алӣ(рз) мефармоянд:
Имрӯз касе ҷуз Абузар(рз) боқи намондааст, ки дар роҳи ризои Худованд ба сарзаниши сарзанишкунандагон эътиное накунад.
Ӯ барои мухолифат бо сӯистифода аз қудрат ва эҳтикори сарват ва аз байн бурдани хато ва инҳироф ва бунён ниҳодани ростӣ зиндагӣ кард.
Ӯ дар зиндагии худ ҳама чизро дар роҳи адои масъулияти насиҳат ва огоҳ кардани мардум фидо намуд. Ӯро аз додани фатво манъ мекарданд, вале бо садои баландтаре ба онҳо мегуфт:
Ба Худо савганд агар бар гарданам шамшер бигузоранд, вале бидонам метавонам калимаеро, ки аз Паёмбар(с) шунидаам, қабл аз инки гарданмро бизананд, бигӯям, ҳатман онро мегӯям!
Кош мусулмонон он рӯз, ба насиҳатҳои ӯ гӯш фаро медоданд, дар он сурат оташи фитнаҳои бузург ва саркаше, ки баъд аз ӯ ба вуҷуд омад ва чунон боло гирифт, ки давлат ва иҷтимоъ ва Исломро бо хатарҳои хушунатомез ва лаболаб бо қасоват рӯбарӯ сохт, шӯълавар намешуд.
Абузар(рз) дар «Рабза»  ҷое, ки пас аз мухолифат бо Усмон ибни Афон(рз) бар он шуд, ки ба онҷо биравад ва  дар миёни табу дарду ранҷи марг дасту по мезанад, биёед назди ӯ биравем ва бо ин мусофири олиқадр маротиби Худоҳофизиро ба ҷой оварем ва охирин лаҳазоти зиндагии шигифтангезишро тамошо кунем.
Ин бонуи лоғарандом ва гандумгун, ки дар канори девор нишаста ва гиря мекунад, ҳамсари ӯст! Абузар(рз) аз ӯ мепурсад: чаро гиря мекунӣ? Марг, ки ҳаққ аст.
Зан ҷавоб медиҳад. Барои ин гиря мекунам, ки ту акнун мемирӣ ва ман либосе надорам, ки онро кафанат кунам.
Табассуми андӯҳгин ҳам чун табассуми уфуқи ғуруб бар лабони Абузар(рз) нақш мебандад ва ба ҳамсараш мегӯяд:
Ором бош ва гиря макун, ман рӯзе бо иддае аз ёрони Паёмбар(с) дар маҳзари он ҳазрат нишаста будам, фармуд:

«Яке аз шумо дар яке аз биёбонҳои рӯи замин танҳо ва дӯр аз ҷамъият, аз дунё меравд ва гурӯҳе аз муъминон назди ӯ ҳозир мешаванд ва ӯро дафн мекунанд».

Акнун мебинам ҳамаи ҳозирон он маҷлис дар миёни мардум ва дар ободӣ аз дунё рафтаанд ва ғайр аз ман касе аз эшон зинда намондааст ва инак ман дар ин биёбон дорам мемирам, пас муроқиби роҳ бош, тӯли намекашад, ки гурӯҳе аз муъминон ба сӯи мо меоянд, савганд ба Худо на дурӯғ гуфтаам ва на ба ман дурӯғ гуфтаанд.
Инро гуфт ва рӯҳаш ба сӯи Худо ба парвоз даромад. Абузар(рз) рост гуфт.
Корвоне, ки биёбонро дарменавардид мураккаб буд аз теъдоде мусулмон ба сарпарастии ёри бузурги Паёмбар(с), Абдуллоҳ ибни Масъуд(рз).
Абдуллоҳ ибни Масъуд(рз) аз дӯр манзараро дид, манзараи ҷасаде, ки дароз кашида буд ва гӯё фавт кардааст ва дар канори он, зан ва кудке дар ҳоли гиряанд.
Абдуллоҳ ибни Масъуд(рз)  лаҷоми маркабашро ба сӯи онҳо печид, қофила ҳам ба думболаш равона шуд, вақте ба ҷасад нигоҳ мекунад, чашмаш ба сурати дӯст ва бародараш Абузар(рз) меафтад, чашмонаш аз ашк пур шуда, болои сари пайкари покаш истод ва чунин гуфт:
«Паёмбар Худо (с) рост гуфт танҳо меравӣ, танҳо мемирӣ ва танҳо барангехта мешавӣ»
Ибни Масъуд менишинад ва иборати «танҳо мерави, танҳо мемирӣ ва танҳо барангехта мешавӣ» -ро барои ёронаш тафсир мекунад, ӯ мегӯяд:

«Ин пешгӯи дар соли нӯҳуми ҳиҷрат, дар ҷанги Табук иттифоқ афтод, он ҳангом, ки Паёмбар(с) дастур дод барои ҷанг бо сипоҳи Рум, ки ба қаламрави Ислом дастандози карда ва барои кӯбидани он, тавтеаҳо менамуданд, омода шавем. Рӯзҳое, ки аз мардум ҷиҳати ширкат дар ҷиҳод даъват ба амал омад, рӯзҳои сахт ва ҳангомаи шиддати гармо буд».
Роҳ сахту тӯлони буд ва душман ҳам ҳавлнок.
Бархе аз мусулмонон танбалӣ намуда ба баҳонаҳои гуногун аз рафтан ба ҷанг худдори карданд. Паёмбар(с) ва ёронаш ҳаракат карданд, ҳарчи бештар пеш мерафтанд, бар талош ва машаққаташон афзуда мешуд; Ҳаркасе, ки аз сипоҳ ақиб мемонд ва аз пой дармеомад, мегуфтанд:

Эй Паёмбар(с) фулонӣ ҷо монд, ҳазрат мефармуд:
«Ӯро раҳо кунед. Агар дар ӯ хайре бошад Худо базуди ӯро ба шумо мулҳақ мекунад. Ва агар дар ӯ хайре набошад, Худо шуморо аз ҳамроҳии ӯ осуда ва роҳат сохт.»
Якбор баргаштанд ва нигоҳ карданд, Абузар(рз)-ро наёфтанд, ба Паёмбар(с)  арз карданд: Абузар(рз) ҷомонда ва шутураш ба кунди гом бармедорад.
Паёмбар(с)  ҳамон сухани пешинро такрор фармуд.
Шутури Абузар(рз) бар асари гуруснагӣ ва ташнагӣ ва гармои зиёд аз пой даромада буд ва аз фарти хастагӣ, гомҳояш бар замин устувор намешуд.
Абузар(рз) тамоми талоши худро ба кор гирифт, то онро тундтар биронд вале суде надошт. Зеро бори хастагӣ бар шутур сангинӣ мекард.

Абузар(рз) дид дар сурати идомаи ин вазъият аз соири мусулмонон ақиб мемонад ва онҳо аз тирраси нигоҳаш нопадид мешаванд, ногузир аз шутур пойин омада ва бори сафарро баргирифт ва онро бар дӯш ниҳод ва пиёда ба роҳ афтод. Дар он саҳрои гарм ва сӯзон медавид, то балки битавонад худро ба Паёмбар(с) ва мусулмонон бирасонад.
Бомдоди рӯзи баъд дар ҳоле, ки мусулмонон борҳояшонро гушӯда буданд, то қадре истироҳат кунанд, яке аз онҳо абре аз гарду ғуборро мушоҳида кард, ки дар паси он, марде пинҳон буд, ки ба суръат пеш меомад.
Он мард бо мушоҳидаи ин саҳна гуфт: Эй Паёмбар(с) марде таку танҳо дар ҳоли омадан ба ин сӯ аст.
Паёмбар(с) нигоҳе кард ва фармуд:
Худо кунад Абузар(рз) бошад.» Мусулмонон боз саргарми сӯҳбати худ шуданд, то он шахс наздиктар шавад, онгоҳ ӯро хоҳанд шинохт.
Мусофири гироми кам-кам наздик мешуд, қадамҳои худро аз миёни регҳои доғи биёбон берун мекашид, кулабораш бар ӯ сангинӣ мекард ва ба сахти қадамҳояшро ба думболи худ мекашид, вале хушҳол ва хандон буд, чун худро ба он қофилаи фархунда расонда ва аз Паёмбар(с) ва ёрони муҷоҳидаш ҷудо нашуда буд.
Ҳангоме, ки ба ибтидои қофила расид, касе фарёд зад: Эй Паёмбар(с) савганд ба Худо, ки Абузар(рз) аст. Абузар(рз) ба сӯи Паёмбар(с) рафт. Ҳазрат, то ӯро дид табассуми пурмеҳр ва андӯҳгине дар рухсораш дурахшид ва фармуд:
«Худо Абузар(рз)-ро раҳмат кунад. Танҳо меравад. Танҳо мемирад. Ва танҳо барангехта мешавад.»
Пас аз гузашти бист сол ё бештар аз он таърих, Абузар(рз) ба танҳоӣ дар биёбони «Рабаза» вафот ёфт пас аз онки тамоми зиндагяшро ба танҳоӣ дар масире ҳаракат кард, ки ба ҷуз ӯ касе дар он масир гом наниҳод.
Азамати мақоми зӯҳд ва қаҳрамонии ӯ низ дар таърих ягона ва камназир аст. Дар пешгоҳи Худо низ ба танҳоӣ барангехта хоҳад шуд. Зеро издиҳоми фазоили фаровонаш ҷое дар канори ӯ барои касе боқӣ намегузорд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед