Абудардоъ ибни Зайд(рз) -қисми дуввум

0
9

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар қисмати қабл бо мушаххасот, даврони ҷоҳиллият, замони Ислом овардан ва паймони бародарии Абудардоъ(рз) бо Саломони Форсӣ(рз) ишора кардем. Дар ин қисмат ба идомаи мақола пардохта ва ба дигар хусусиёт ва вижагиҳои ин саҳобаи  Расули Худо(с) мепардозем.

 Ширкат дар ҷангҳо

Дар ҷараёни футуҳоти Шом Абудардоъ(рз)бо сипоҳи Ислом ба он диёр рафт ва сарпарасти яке аз ду қароргоҳи мусулмонон дар он ноҳия буд. (Алмаърифту ва Торих, ҷ.3 саҳ.298)

Вай ҳамчунин дар ҷанги Ярмук (13қ) қазовати сипоҳи Исломро ӯҳдадор буд. (Таърихи Табарӣ, ҷ.3 саҳ.297)

Ҳамчунин муаррихон навиштаанд, ки Абудардоъ(рз)дар соли 27қ дар фатҳи ҷазира Қибрис низ ширкат доштааст. (Балозурӣ, Футуҳул Булдон, саҳ.154)

Ибни касир низ номи ӯ ва Абуумома Боҳилиро дар шумори касоне овардааст, ки мардумро ба хунхоҳии Усмон ташвиқ мекарданд.(Ибни Касир, Албидоя, ҷ.7 саҳ.228)

Вале ин ривоятҳо танҳо бо қавли ғайри машҳур дар мавриди таърихи вафоти Абудардоъ(рз)( соли 38 ё 39қамарӣ, пас аз воқеаи Сиффайн) созгорӣ дорад.(Ибни Абдулбар, Ал-Истиоб, ҷ.3 саҳ.1229)

Дар даврони хилофати ҳазрати Алӣ(рз), Наср ибни Музоҳим овардааст, ки вай дар ҷанги Сиффайн пас аз эътироз ба Муовия ва гуфтугӯ бо ҳазрати Алӣ(рз), ҳамроҳ бо Абуумома Боҳилӣ аз ҷанги байни Муовия писари Абусуфён ва ҳазрати Алӣ(рз) канорагирӣ кард. (Наср ибни Музоҳим, Воқеаи Сиффайн, саҳ.190)

Мансаби Қазоват:

Дар бораи уҳдадории мансаби қазои Шом гуфта шудааст, ки халифаи дуввум Умар ибни Хаттоб(рз) шахсан қазои Димишқро ба ӯ муҳаввал кард ва қозӣ дар ғиёби амир ва волӣ, ҷонишини ӯ ба шумор мерафт. (Ибни Абдулбир, Ал-Истийоб, ҷ.3 саҳ.1230)

Ё инки ба фармони халифа, Муовия ӯро қозии Димишқ кард. (Ибни Ҳаҷар, Таҳзибу Тазҳиб, ҷ.8 саҳ.176)

Бинобар қавли дигаре ӯ дар замони хилофати Усмон(рз) қозии Димишқ шуд, вале чунин ба назар мерасад, ки дар замони хилофати Усмон(рз) мансаби қазоватро идома дода бошад. (Ибни Абдулбар, Алиистиоб, ҷ.3 саҳ.1646-1647)

Ҷамъоварӣ ва таълими Қуръони Карим:

Бухорӣ дар китоби Таърихиулкабири худ навиштааст, ки Абудардоъ(рз) яке аз касоне буд, ки дар гирдоварии Қуръон ширкат дошт. (Бухорӣ Таърихулкабир ҷ.4, саҳ.76)

Абудардоъ(рз) бо фармони халифаи дуввум, барои таълими Қуръони Карим ба Шом рафт ва дар Димишқ иқомат кард, дар бораи ҳалқаҳои дарсии ӯ чунин нақл кардаанд, ки дар ҳалқаи дарсии ӯ беш аз ҳазор тан ширкат мекарданд. (Заҳабӣ, Сияру аъломи нубалоъ, ҷ.2 саҳ.346)

Ӯ дар сафаре аз Шом ба Мадина, мусҳафи Шомиёнро бо мусаҳафи Мадина муқобила ва муқоиса кард. (Ибни Абидовуд, Абдуллоҳ ибни Сулаймон, ҷ.1, саҳ.155)

Ривояти аҳодиси Паёмбар(с):

Абудардоъ(рз) яке аз асҳоби бузургворе аст, ки аҳодиси фаровоне аз Расули Худо ҳазрати Муҳаммад(с) ривоят кардааст.

Маҷмӯаи қобили таваҷҷӯҳе аз ин аҳодисро метавон дар муснади Аҳмад дид. (Аҳмад ибни Ҳанбал, Муснад, ҷ.6, саҳ.452)

Хусусиёт ва вижагиҳо:

Абудардоъ(рз) дар китобҳо ва манобеи қадимӣ ба унвони ҳокими обид шинохта мешуд. Абунаими Исфаҳонӣ, зимни васфи ӯ ба орифи мутафаккир ва ҳокими обид, порае аз мавъиза ва суханони ҳикматомези ӯро нақл кардааст. Насиҳат ва мавъизаҳои Абудардоъ(рз) дар бисёре аз осори ахлоқӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст. (Абунаими Исфаҳонӣ, Аҳмад ибни Абдуллоҳ, Ҳилятулавлиёъ, ҷ.1, саҳ.208-227)

Мегӯянд Язид ибни Муовия барои хостгорӣ назди Абудардоъ(рз) омад ва аз духтараш хостгорӣ кард, вале Абудардоъ(рз) напазируфт ва хостогории Язидро рад кард, пас аз он ҷавони фақир ва некӯкоре ба хостогории духтараш омад, Абудардоъ(рз) қабул кард ва духтарашро ба ақди он ҷавони фақир даровард. Мардум аз ин кори Абудрадоъ шигифтзада шуданд. Абудардоъ(рз) онҳоро ингуна посух дод:

Дар бораи Абудардоъ чӣ гумон кардаед, агар хидматкорони подшоҳ дар боробараш бархостанд ва шукӯҳу  ҷалоли кохҳо ӯро мутааҷҷиб ва шигифтзада кард… Дар он вақт дини Абудардоъ куҷо хоҳад буд. (Мардони гирдогирди Паёмбар(с) саҳ.299)

Мавъизае аз Абудардоъ(рз):

Абудардоъ(рз) барои қазоват роҳии шаҳри Шом шуд. Дар он замон Шом мунтазир ва дар камини афроде буд, ки ба зеварҳо ва хӯшгузарониҳои дунё фирефта шуда буданд. Аммо ин шаҳр натавонист Абудардоъ(рз)-ро ба коми худ барад. Абудардоъ(рз) мудом аз равиши зиндагии Паёмбар(с) ва наҳваи зиндагии насли аввал, шуаҳадо ва сиддиқин сухан мегуфт. Дар он давра шаҳри Шом ғарқ дар нозу неъмат буд. Мардуми хӯшгузарони он шаҳр аз ин марде, ки бо мавъизаҳояш дунё ва хӯшиҳои онро барояшон талх намуда буд, ба танг омада буданд. Абудардоъ(рз) онҳоро ҷамъ овард ва ба онҳо чунин гуфт:

“Эй аҳли Шом дар дин бародари ҳам ҳастед ва дар хона ҳамсояи ҳамдигар ва дар баробари душманон пуштибони ҳамдигаред. Вале чаро шумо шарм ва ҳаё намекунед?

Ончиро, ки намехӯред ҷамъ мекунед ва хонаҳое месозед, ки дар он зиндагӣ намекунед. Умеди чизеро доред, ки ба он намерасед.

Мардумони қабл аз шумо ҷамъ мекарданд ва аз он ҳифозат ва нигаҳдорӣ мекарданд, умедвор буданд ва ба он идома медоданд ва месохтанд ва мутмаин буданд. Вале ончиро ҷамъ карда буданд, нобуд шуд ва умедашон табдил ба гумроҳӣ шуд. Хонаҳояшон табдил ба гӯрҳояшон гашт. Онон қавми Ъод буданд, ки сарзамини Адан, то Уммонро аз амвол ва фарзандон анбошта буданд.

Ҳоло чӣ касе ҳозир аст мероси қавми Ъодро аз ман ба баҳои 2-дирҳам бихарад.”

Вафот ва маҳалли дафн:

Абудардоъ(рз) дар Димишқ даргузашт ва мақбараи ӯ дар қабристони  Бобуссағир, ки яке аз қабристонҳои муҳим ва қадимии Димишқ аст, то муддатҳо зоир дошт. (Ибни Ҳуббон, Муҳаммад, Уламоуламсор, ҷ.1, саҳ.50)

Бояд ёдовар шуд, ки дар атрофи шаҳри  Истамбул ду мазор мансуб ба Абудардоъ(рз) вуҷуд дорад.

Абудардоъ ибни Зайд(рз) қисми аввал

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед