Абудардоъ ибни Зайд(рз) қисми аввал

0
69

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Асҳоби Расули Акрам(с) нахустин тарбиятёфтагони мактаби Қуръони Карим ва суннати Расули Акрам(с) буданд ва аз онҷое, ки бузургтарин муаллими инсоният ва башарият мураббии онҳо буд, ба беҳтарин сурати мумкин дар мактаби набавӣ тарбият ёфтанд ва барои зинда нигоҳ доштани дини мубини Ислом аз падару модар, ҷону мол, зану фарзандони худ гузаштанд ва барои таблиғ ва тарвиҷи ин дини муборак, дар ҷангҳои фаровон ва тоқатфарсо, дар замони Паёмбари Акрам(с) ва баъд аз замони эшон ширкат карданд, то ин дини муборак ба мо мусалмонон расидааст.

Барои ҳамин лозим аст, то ҳар мусулмоне онҳоро бишиносад ва қадрдони онҳо бошад ва  онҳоро барои худ улгӯ қарор диҳад ва аз таҷрибаҳои эшон барои тарвиҷ ва таблиғи ин дини муборак истифода барад.

Мушаххасот

Ном:                                         Уваймир                                       

Куния:                                    Абудардоъ    

Номи падар:                        Зайд             

Ислом овардан:                    Рӯзи Бадр

Муҳоҷир/Ансор:                Ансорӣ

Қабила:                                          Хазраҷ

Ҳузур дар ҷангҳо:              Дар тамоми ҷангҳо ба ҷуз ҷанги Бадр

Даргузашт:                           Ҳаштуми ҳиҷрӣ дар ҷанги Мавта

Маҳалли дафн:                  Димишқ

 Муаррифии иҷмолӣ

Уваймир ибни Зайд хазраҷии ансорӣ маъруф ба Абудардои Ансорӣ, аз асҳоби Паёмбар(с) ва аз гирдоварандагони Қуръони Карим, ки дар фатҳи Шом ва ҷазираи Қибрис ва дар ҷанги Уҳуд ва Ярмук ҳузур дошт ва муддате дар Димишқ мутасаддии амри қазо буд.

Дар бораи номи падар ва силсилаи насаби ӯ ихтилофҳое вуҷуд дорад, бархе аз муаррихон номи падарашро Саълаба, Умар ва Молик низ навиштаанд. (Ибни Ҳишом, Сиратун-набавия, ҷ.2 саҳ.152)

Ҳамчунин бархе аз таърихнигорон (Уваймир)-ро лақаби Абудардоъ ва номи ӯро Умар донистаанд. (Ҳоким, Алмустадрак, ҷ.3 саҳ.336)

 Даврони ҷоҳилият

Абудардоъ дар замони ҷоҳилият, ба тиҷорат машғул буд ва ба гуфтаи худи ӯ, пас аз гаравидан ба дини мубораки Ислом, аз байни ибодат ва тиҷорат, ибодатро баргузид.

Зӯҳдварзии ӯ ва тарки ҳама лаззатҳои моддӣ, ки ба шикояти ҳамсараш ба Салмони Форсӣ ва водории вай ба риояти эътидол дар умури зиндагӣ анҷомид. (Таърихи Димишқ, ҷ.47 саҳ.115)

 Абудардоъ баъд аз Ислом овардан чунон дигаргун шуд, ки мегуфт:

“Дунё сарои торикӣ аст ва ҷуз парҳезгорон аз он раҳоӣ намеёбанд.” (Ал-истиоб, ҷ.3, саҳ.300)

 Ислом овардан

Абудардоъ вопасин фард аз хонаводаи хеш ё вопасин шахс аз Ансор аст, ки дар ҷанги Бадр ба Ислом пайваст. Бинобар нақле, рӯзе Абдуллоҳ ибни Равоҳа, ки бо ӯ дар ҷоҳилият ақди бародарӣ дошт ва рафиқи ҳам буданд ба ҳамроҳи Муҳаммад ибни Мусаллама дар ғиёби вай бо тешае, буташро шикаст ва Абудардоъро аз нотавонии он (бут) огоҳ кард.  Вай бо қасди пазириши дини мубини Ислом , назди Паёмбар(с) омад ва ба ин дини мубин гаравид. (Ибни Саъд Табақотул-Кубро, ҷ.7 саҳ.274)

Ҳазрат дар борааш фармуд: “Худованд маро ба Ислом овардани Абудардоъ ваъда дод ва бад-ин тариқ ӯ Ислом овард. (Таърихи Димишқ, ҷ.47 саҳ.115)

Ба нақл аз Суютӣ, вай дар рӯзи Бадр ба дини мубораки Ислом имон овард ва дар ҷанги Уҳуд ширкат дошт. (Суютӣ Ҳуснул-Муҳозира фи Торихи Миср вал-Қоҳира, ҷ.1 саҳ.244)

 Паймони бародарӣ

Пайғамбар(с) миёни ӯ ва Салмони Форсӣ пеш аз ҷанги Бадр паймони бародарӣ барқарор кард. (Ибни Ҳишом, Сиратун-набавия, ҷ.2 саҳ.152)

Гарчи бархе аз таърихнависон паймони бародарии Салмон бо фарди дигаре ва бародарии Абудардоъ бо Авф ибни Моликро низ нақл кардаанд. (Таҳзибут-Таҳзиб, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, ҷ.8 саҳ.151)

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед