Абу убайда ибни Ҷарроҳ2

0
27

Ба номи Худованди бахашандаи меҳрубон
Абу Убайда ибни Ҷарроҳ(рз)
Қисмати дуюм

Ба ростӣ, ки Паёмбари Худо(с)  «амин ин уммат»-ро бисёр дӯст медошт ва эҳтироми зиёде барояш қоил буд.

Рӯзе ҳам, ки намояндагони мусулмонони Наҷрони Яман хидмати Паёмбар(с) расиданд ва аз эшон дархост карданд, то як нафарро бо онҳо ба Наҷрон бифиристад, ки Қуръон ва суннатро ба онҳо биёмӯзад, Паёмбар(с) ба онҳо фармуд:

“Марди аминеро ҳамроҳи шумо мефиристам, ки ба ҳақ амин аст.

Ба ҳақ амин аст.      Ба ҳақ амин аст”

Ёрони Паёмбар(с) бо шунидани ин таъриф ва ситойиш ҳар кадом орзӯ мекарданд, ки Паёмбар(с) ӯро баргузинад ва ин шаҳодат ва гувоҳии содиқона насиби эшон шавад.

Умар ибн Хаттоб(рз) мефармояд:

“Ҳаргиз ба андозаи он рӯз иморатро дӯст надоштаам бадон умед, ки ман ҳамон мард бошам, хеле зуд барои адои намози зӯҳр ба масҷид рафтам, вақте  расули Худо(с) намозро бо мо ба ҷамоат хонд ва саломи намозро гуфт, ба тарафи рост ва чап нигоҳ кард, худамро ба эшон нишон додам, то маро бубинад, тӯле накшид, ки нигоҳаш ба Абу Убайда ибни Ҷарроҳ(рз) афтод ва ӯро садо зад ва фармуд:

“Бо онон роҳӣ шавад ва дар ончи дар он бо ҳам ихтилоф пайдо карданд, доварӣ кун.”

Чунин буд, ки Абу Убайда(рз) бо онҳо рафт.”

Албатта ин воқеа ҳикоят аз он надорад, ки дар миёни ёрони Расули Худо(с)  танҳо Абу Убайда(рз) мавриди эҳтиром ва эътимод ва итминони расули Худо(с) буд, балки ин танҳо нишондиҳандаи он буд, ки ӯ яке аз касоне буд, ки он эътимоди боарзиш ва эҳтироми бузургро ба даст овардааст.

Ҳамчунин ӯ танҳо касе буд, ки дар он шароит равиши кор ва даъват ба ӯ иҷоза медод, ки аз Мадина дӯр бошад ва чунон шуд, ки вай барои анҷом додани он кори муҳим аз Мадина берун рафт.

Абу Убайда(рз) ҳамонгуна, ки дар даврони Паёмбар(с) «амин» буд, баъд аз вафоти он ҳазрат ҳам «амин» монд ва ҳамчунон бар он равиш идома медод. Ӯ масъулиятҳояшро бо чунон амонатдорӣ бар ӯҳда мегирифт, ки агар онро бар ҳамаи мардуми рӯи замин тақсим карданд, барои ҳамаи онҳо кифоят мекард.

Ӯ агарчи ба унвони як сарбоз ҳам зери парчами Ислом ба ҷое рафта бошад, бо тавоноииҳое, ки дошт ҳамонанди яке аз умаро буд ва агар ҳам ба унвони амир ва фармондеҳ рафта бошад, ба сабаби тавозӯъ ва ихлосе, ки дошт ҳамонанд яке аз сарбозон одӣ буд.

Он ҳангом ҳам, ки дар яке аз ҷангҳои бузург ва сарнавиштсоз, Холид ибни Валид фармондеҳии сипоҳи Исломро бар ӯҳда дошт. Ин ҷанг мусодиф буд бо авоили хилофати Умари Форуқ, халифа бо таъйини Абу Убайда(рз) ба унвони фармондеҳи лашкари Ислом ба ҷои Холид ибни Валид шурӯъ кард. Ба маҳзи ин, ки фиристодаи Умари Форуқ(рз) ба Абу Убайда(рз) расид ва ин хабарро ба ӯ расонд, Абу Убайда(рз) аз бохабар намудани Холид ибни Валид худдори варзид ва онро дар синаи зоҳид ва амини худ пинҳон намуд, то Холид ба пирӯзи комил даст ёфт. Дар чунин ҳангом Абу Убайда(рз) дар ниҳояти адаб ва эҳтиром номаи Умар(рз)- ро ба Холид дод.

Холид аз ӯ пурсид: Эй Абу Убайда(рз) Худоят раҳмат кунад, чӣ чизе боис шуд, вақте ин нома ба дастат расид, манро бохабар накардӣ?

Амини ин уммат дар посух гуфт:

“Дӯст надоштам дар ҷанг шикаст бихӯрӣ (ин хабар боиси тазъифи рӯҳияат шавад) мо дар паи ба даст овардани қудрати дунявӣ нестем ва барои дунё низ талош намекунем, мо ҳама дар ойин Худованд бародарем.”

Андаке баъд Абу Убайда(рз) амири Шом мешавад. Бештарин ва муҷаҳҳазтарин сипоҳи Ислом таҳти фармони вай қарор мегирад. Агар ӯро дар он ҳол медидӣ, фикр мекардӣ яке аз сарбозон аст ва яке аз афроди одии мусулмонон аст. Вақте ҳам суханони мардуми Шомро дар бораи худ шунид, дар тааҷҷуб монд, нишоне аз амир-ал-умарои худро дар вуҷудшон ҳис кард, мардумро ҷамъ кард ва ба ироаи хутба пардохт.

Бингаред ба касоне, ки мафтӯн ва шайдои қудрат ва азамат ва амонати ӯ шуда буданд, чӣ гуфт:

“Эй мардум!

Ман мусулмоне аз Қурайш ҳастам. Ҳар яке аз шумо. Сурх бошад ё сиёҳ, агар аз ман беҳтар ва ботақвотар бошад, дӯст дорам, ки таҳти фармони ӯ бошам”

Эй Абу Убайда(рз) Худованд туро ҳифз кунад. Худованд дин ва Паёмбареро, ки туро тарбият ва парвариш дод, ҳифз намояд.

Мусулмони Қурайшӣ, на камтар ва на бештар.

Динаш: Ислом аст.

Қабилааш: Қурайш.

Ин танҳо нишонаи ӯст.

Ӯ монанди амир-ал-умаро ва фармондеҳи бузургтарин сипоҳи Ислом аз назари теъдод ва қудратмандтарин ва соҳиби бештарин пирӯзиҳо, ва низ монанли ҳоким ва фармонравои Шом, дастуроташ иҷро ва хостаҳояш бароварда мешавад. Ҳамаи инҳо ва матолиби дигар ҳам боиси ҷалби таваҷҷӯҳи ӯ намешванд ва дар дидгоҳи ӯ арзише надоранд ва аслан ин суханон назди ӯ беарзиш буданд.

Амир-ал-муъминин Умар ибни Хаттоб(рз) барои саркашӣ ва дидор ба Шом меравад ва аз истиқболкунандагон мепурсд:

“Бародарам куҷост?

Ба ӯ мегӯянд:

Бо чи касе кор дорӣ?

Посух медиҳад:

Абу Убайда ибни Ҷарроҳ(рз).

Абу Убайда(рз) меояд ва бо амир-ал-муъминин Умар(рз) салом рӯбусӣ мекунад. Сипас бо ӯ ба тарафи хона ҳаракат мекунад, вақте ба хонаи Абу Убайда(рз) мерасанд амир-ал-муъминин Умари Форуқ(рз) дар хонаи Абу Убайда(рз) ҳеҷ асбоб ва васоиле намебинад, ҷуз се чиз, шамшер ва сипар ва зинаш.

Умари Форуқ дар ҳоле, ки лабхнде бар лабони хеш дорад, аз ӯ мепурсад:

Чаро ҳамонанди мардум чизе барои худат наандӯхтаӣ?

Абу Убайда(рз) дар посух гуфт:

Эй амир-ал-муъминин, ҳамин миқдор ҳам маро ба сари манзили мақсудам мерасонд.”

Рӯзе амир-ал-муъминин Умари форуқ(рз) дар шаҳри Мадина дар ҳоле, ки саргарми сару сомон додан ба умури мусулмонон буд, овои ғамгинеро шунид, ки мегуфт:

Абу Убайда(рз) фавт кардааст.

Форуқ(рз) пилкҳояшро барҳам ниҳод ва чашмонаш пур аз ашк шуд ва ашкҳояш сарозер шуданд ва ночор шуд пилкҳояшро аз ҳам боз кунад.

Бар дӯсташ раҳмат фиристод ва ба ёди рӯзҳое афтод, ки ҳамроҳ бо Абу Убайда(рз) буд ва ин ҷумларо дар бораи ӯ такрор кард:

“Агар аҳли орзу будам, ба дурустӣ орзӯ мекардам хонае пур аз мардони ҳамчун Абу Убайда(рз) медоштам”

Амини уммат бар рӯи замине даргузашт, ки онро аз бутпарастоне, ҳамчун рӯмиён пок сохта буд.

Имрӯз дар сарзамини Урдун устухонҳои ин марди шуҷоъ мадфун шудаанд, бадане, ки маҳалли истиқрори нафасе ба оромиш расида ва рӯҳи пок ва нек буд.

Барои ту ва барои ӯ  фарқе намекунад, ки қабраш шинохта шуда бошад ва ё ношинохта бошад.

Агар хости ба ӯ бирасӣ ҳеҷ лозим нест, касе туро ба ӯ бирасонад, зеро дарсҳо ва панду андарзҳои ба ҷой мондааш, ӯро ба ту нишон медиҳанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед