Абу убайда ибни Ҷарроҳ-1

0
174

Ба номи Худованди бахашандаи меҳрубон
Абу Убайдаи ибни Ҷарроҳ(рз)
Амини ин уммат

 Абу Убайда ибни Ҷарроҳ(рз) касе буд, ки Паёмбар(с), то дасташро гирифт ва фармуд:

«Ҳар уммате амине дорад, амини ин уммат Абу Убайда ибни Ҷарроҳ(рз) аст” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳ. 3744)

Ӯ касе буд, ки Паёмбар(с) дар ҷанги Зотусалосил ӯро ба ёри Амр ибни Ос(рз) фиристод ва ӯро амири лашкаре гардонид, ки Абубакр ва Умар(рз) анҳумо дар он лашкар буданд.

Ӯ саҳобае буд, ки барои аввалин бор мулаққаб ба Амир-ал-умаро шуд.

Ӯ марде буд, қади баланд дошт ва лоғарандом буд ва сурати устухонӣ ва риши тунук дошт. Дандонҳои пешаш низ афтода буданд.

Ӯ марди нирӯманд ва амин буд. Умар ибни Хаттоб(рз) дар бистари марг дар борааш фармуд:

Агар Абу Убайда ибни Ҷарроҳ(рз) зинда мебуд, ӯро ба хилофат барме гузидам ва агар парвардигорам дар ин бора аз ман савол мекард, мегуфтам:

«Амини худо ва амини Расули Худо(с)-ро ба ҷонишини худ баргузидаам». (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳ. 3744)

Абу Убайда ибни Ҷарроҳ(рз). (Омир ибни Абдуллоҳ ибни Ҷарроҳ(рз)) Дар оғозини рӯзҳои Ислом ва пеш аз онки Паёмбар(с) қадам дар хонаи Арқам бигузорад, ба дасти Абубакр(рз) мусулмон шуд ва дар дуввумин ҳиҷрати мусулмонон ба сӯи Ҳабаша, ба он ҷо ҳиҷрат кард ва пас аз он буд, ки аз Ҳабаша баргашт, то бо Паёмбар(с) дар Бадр ва Уҳуд ва тамоми ҷангҳо мушорикат дошта бошад ва равиш ва маниши пойдорӣ ва вафодоронаи хешро идома диҳад.

Пас аз реҳлати Паёмбар(с) дар хидмати халифаи аввал ва дуввум Абубакр ва Умар(рз) бошад ба гунае, ки рӯи аз дунё бартофт ва дар ниҳояти зӯҳду тақво ва амонату покӣ дар хидмати оинаш буд.

Ҳангоме, ки Абу Убайда(рз) бо Паёмбар(с) байъат кард, то зиндагии худро дар роҳи Худованд фидо намояд, ба хубӣ ва бо тамоми вуҷуд роҳи Худоро дарёфта буд ва комилан омода буд, то фидокорӣ ва ҷонбозии лозимро дар ин роҳ аз худ нишон диҳад.

Аз ҳамон лаҳзае, ки даст дар дасти Паёмбар(с) ниҳод ва ба Ӯ байъат кард, вуҷудаш ва зиндагашро амонате медонист, ки Худованди Мутаол онро дар ихтёри ӯ қарор додааст, то онро дар роҳи ризояти Худованд фидо намояд ва ба думболи ҳеҷ як аз орзуҳои нафсонии худ набошад ва ҳеҷгуна тарс ва ё тамае ӯро аз масири Худо мунҳариф насозад.

Ҳангоме, ки Абу Убайда(рз) ҳамчун дигар асҳоб ба ваъдаи худ вафо кард ва Паёмбари Худо(с) дид, ки чигуна дар ин роҳ аз худ якрангӣ ва сафо нишон медиҳад, ӯро лоиқи ин лақаби карим донист, ки дар борааш фармуд:

«Абу Убайда ибни Ҷарроҳ(рз) амини ин уммат аст»

Амин будани Абу Убайда(рз) дар баробари масъулиятҳояш, ошкортарин ва барҷастатарин вежагии ӯ буд. Дар ҷанги Уҳуд эҳсос кард, ки ҳадафи мушрикон аз ҷанг на пирӯзӣ дар он, балки куштани шахси Паёмбар(с) буд, ба ҳамин хотир тасмим гирифт дар ҳангоми ҷанг, дар ҷой худаш, ки наздики Паёмбар(с) буд боқӣ бимонд.

Ӯ мудом бо шамшераш  ба лашкари бутпарастон, ки ёғӣ ва таҷовузгар буданд ва омада буданд, то нури Худоро хомӯш кунанд, ҳамла мебурд ва ҳаргоҳ вазъияти ҷанг ва мавқеият талаб мекард, ки аз Паёмбари Худо(с) дӯр шавад, нигоҳаш на ба думболи ҳаракати шамшераш, балки ҳамеша маконеро нигоҳ мекард, ки Паёмбар(с) дар онҷо истода ва машғули ҷангидан буд ва бо изтироб ва нигаронӣ Ӯро нигоҳ мекард.

Абу Убайда ба маҳзи ин, ки медид хатаре мутаваҷҷеҳи Паёмбар(с) мешавад зуд ва ба суръат ба сӯи Паёмбар(с) мешитофт, то душманони Худоро шикаст дода ва қабл аз ин, ки ба Паёмбараш осебе бирасонанд онҳоро ақиб биронад.

Дар яке аз ин рафту омадҳояш, дар ҳоле, ки ҷанг комилан гарм шуда буд, гурӯҳе аз душманон Абу Убайда(рз)-ро муҳосира карданд, чашмонаш тибқи одати маъруф мутаваҷҷеҳи маконе буд, ки Паёмбар(с) дар он истода буд, Абу Убайда(рз) вақте дид яке аз канор, тире ба сӯи Паёмбар(с) партоб кард ва ба эшон исобат кард, наздик буд, ки аз ҳуш биравад, барои ҳамин бо шамшераш, ки гӯё сад шамшер буд ба тарафи муҳоҷимин ҳамла кард ва ҳалқаи муҳосираро шикаст ва бо суръат ба сӯи Паёмбар(с) шитофт, хун аз сурати нуронии Паёмбар(с) сарозер шуда буд ва дар ҳоле, ки бо дастони муборакшон хунҳоро аз рӯи суратшон пок мекарданд, фармуданд:

”Чигуна мумкин аст рӯи растагориро бубинанд мардумоне, ки сурати Паёмбаршонро маҷрӯҳ кардаанд, дар ҳоле, ки Ӯ онҳоро ба сӯи Худо фаро мехонад.”

Абу Убайда(рз) дид, ки ду ҳалқа аз ҳалқаҳои кулоҳхуди Паёмбар(с) дар суратшон фурӯ рафтааст, тоқат наовард. Фавран ба Паёмбар(с) наздик шуд ва бо дандонҳояш яке аз ҳалқаҳоро гирифт ва онро аз сурати нуронии Паёмбар(с) берун кашид, дандони пеши худашҳам афтод, пас аз он ҳалқаи дувумро ҳам берун кашид ва дандон дигараш ҳам берун омад.

Беҳтар ин аст, ки риштаи суханро ба Абубакр(рз) бисупорем, то моҷароро баён кунад:

“Дар ҷанги Уҳуд тир ба сӯи Паёмбар(с) партоб шуд ва ду ҳалқа аз ҳалқаҳои кӯлоҳхудаш дар сурати муборакшон фурӯ рафт, ба сӯи Паёмбар(с) рафтам, дидам, ки шахсе аз ҷониби машриқ бо суръати тамом ҳамчун паранда ба сӯи Паёмбар(с) метозад, бо худ гуфтам: Худоё ӯро мутеи Паёмбар(с) гардон.

Вақте ба Паёмбар(с)  расидам дидам, ки он шахс Абу Убайда ибни Ҷарроҳ(рз) аст, ки қабл аз ман ба Паёмбар(с) расидааст. Ман рафтам, то он ҳалқаҳои кӯлоҳхудро аз сурати эшон берун бикашам, Абу Убайда(рз) гуфт:

“Эй Абубакр туро ба Худо савганд медиҳам, ки бигузор ман ин корро бикунам.”

Ман низ ӯро ба кори худ вогузоштам. Абу Убайда(рз) бо ду дандони пеши худ яке аз ҳалқаҳоро гирифт ва онро аз сурати Паёмбар(с) берун кашид ва яке аз дандонҳои пеши худаш ҳам афтод. Сипас бо дандони дигараш ҳалқаи дигарро гирифт ва онро ҳам берун кашид ва дандони дигараш ҳам афтод, Абу Убайда(рз) аз он рӯз ба баъд ба «дандоншикаста» машҳур шуд.”

Рӯзгоре ҳам, ки масъулиятҳои асҳоб бештар ва муҳимтар шуд, Абу Убайда(рз) ҳамчунон «амин» боқӣ монд ва анҷоми вазифа намуд.

Он рӯзе ҳам, ки Паёмбар(с) дар сарияи Хабат (барги дарахт ) ӯро ба фармондеҳии сесаду анде муҷоҳид баргузид, ки тӯшае ҷуз хурмо надоштанд ва корашон сахт ва роҳ ҳам тӯлонӣ буд, Абу Убайда(рз) бо аз худгузштагӣ ва қалби боз ин масъулиятро пазируфт ва бо сарбозонаш ба роҳ афтод. Ғизои ҳар кадоме аз эшон дар тӯли рӯз мушти хурмо буд, вақте ҳам хурмо дар ҳоли итмом буд, саҳми ҳар нафар аз эшон як адад хурмо буд. Вақте хурмоҳо ҳам тамом шуд, шурӯъ ба хӯрдани барги дарахт ва алаф намуданд. Онҳо бо силоҳҳояшон барги дарахтон ва алафҳои биёбонро мекубиданд ва пас аз инки майда мешуд, бар он об мепошиданд ва онро ба унвони ғизо мехӯрданд, барои ҳамин номи ин ҷангро ҷанги Хабат номиданд.

Онҳо бидуни таваҷҷӯҳ ба гуруснигӣ ва сахтиҳои роҳ ба роҳашон идома доданд ва танҳо дар пайи он буданд, ки ҳамроҳи амир ва фармондеҳи нерӯманд ва амин ба масъулияти худ амал намоянд. Масъулияте, ки Паёмбар(с) анҷоми онро ба ӯҳдаи онҳо ниҳода буд.

Идома дорад….

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед