Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз)- бахши севвум

0
170

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Эй нафс агар кушта нашавӣ хоҳи мурд.

 Дар қисматҳои қабл бо мушаххасот, ном, куния, номи падару модар, ҳамсар, замони Ислом овардан ва аз кадом қабила будани Абдуллоҳ ибни Равоҳа ошно шудем. Дар ин қисмат ба идомаи саргузашти ин саҳобаи бузург ва шоири ширинзабон ошно хоҳем шуд.

 Ҳузур дар ҷангҳо

Абдуллоҳ ибни Равоҳа дар замони ҳаёти худ тақрибан дар тамоми ҷангҳо аз ҷумла: ҷанги Бадр, Уҳуд, Хандақ, Ҳудайбия, Хайбар, Умратул-қазо ва Мавта ширкат кард ва дар замони ҷанги Бадрул-мавъид, ҷонишини Паёмбар(с) дар Мадина буд.

 Дар ҷанги Бадр аз сӯи Паёмбар(с) маъмури иблоғи хабари пирӯзии мусулмонон ба Мадина шуд.

 Дар Умратул-қазо ҳангоми вуруди Паёмбар(с) ба Макка, Абдуллоҳ(рз) афсори маркаби Эшонро гирифта буд ва Ӯро ҳамроҳӣ мекард ва ашъоре низ дар васфаш мехонд. (Ибни Ҳишом, Абдулмалик, Сиратун-набавия, ҷ.2 саҳ.371)

 Пас аз фатҳи Хайбар, аз сӯи Расули Худо маъмури ҷамъоварии хароҷи Хайбар шуд ва то ҳангоми шаҳодаташ ин симатро доро буд. Баъд аз набарди Хайбар, бо 30 савора, ки Абдуллоҳ ибни Анис низ дар миёни онон буд, ба сӯи Башир ибни Зароми Яҳудӣ, ки дар андешаи ҳамлаи ғофилгирона ба Мадина буд, эъзом шуд ва Ибни Заромро ба қатл расонд. (Ибни Саъд, Табақотул-Кубро, ҷ.3, саҳ.523)

Ҷанги Мавта

Дар бораи иллати ҷанги Мавта муваррихон чунин навиштаанд:

Расули Худо(с) номаеро ба василаи Ҳорис ибни Умайр барои подшоҳи Бусро фиристод. Ӯ дар миёнаи роҳ вақте ба Мавта расид, Шарҳибил ибни Амри Ғассонӣ, ки ҳокими онҷо буд, ҷилави Ҳорисро гирифта пурсид:

Аз фиристодагони Муҳаммад ҳастӣ?

Ҳорис гуфт: Бале, ман фиристодаи Расули Худо(с) ҳастам.

Шарҳибил дастур дод, ки ӯро бикушанд. Ва ин амр дар ҳоле буд, ки ҳеҷ пайке ғайри аз ӯ (Ҳорис) ба қатл нарасида буд.

Ин хабар ба Расули Худо(с) расид ва бисёр нороҳат шуд ва ба мардум дастур дод, ки ҷамъ шаванд. Онҳо дар лашкаргоҳ ҷамъ шуданд ва дар Ҷуруф урду заданд, бидуни инки фармондеҳе барои онҳо муайян карда бошад.

Баъд аз ҷамъ шудани мардум дар лашкаргоҳи Ҷуруф, пас аз онки Паёмбари Акрам(с) намози пешинро ба ҷой овард, дар ҷойи худ нишаст ва асҳобаш дар атрофи Ӯ нишастанд. (Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, Алмағозӣ, ҷ.2 саҳ.755-756)

 Абдуллоҳ севвумин фармондеҳ

Паёмбар(с) фармондеҳии ин лашкарро бар ӯҳдаи Зайд ибни Ҳорис(рз) гузошт ва фармуд:

“Агар ба Зайд осебе расид фармондеҳии лашкар дар ихтиёри Ҷаъфар ибни Абутолиб бошад ва агар ӯ ҳам кушта шуд, Абдуллоҳ ибни Равоҳа фармондеҳии мусулмононро бар ӯҳда гирад ва агар ӯ ҳам аз байн рафт мусулмонон як нафарро аз миёни худ барои парчамдорӣ ихтиёр намоянд”. (Ибни Ҳишом, Абдулмалик, Сиратун-набавия, ҷ.2 саҳ.373)

Орзуи Абдуллоҳ ибни Равоҳа

Ҳангоме ки сипоҳи Ислом омодаи ҳаракат аз Мадина шуд, Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) ашъоре суруд ва гуфт:

لكنّنى أسأل الرّحمن مغفرة     وضربة ذات فرغ تقذف الزّبدا

أو طعنة بيدي حرّان مجهزة      بحربة تنفذ الأحشاء و الكبدا

حتى يقال إذا مرّوا على جدثى   یا ارشد اللَّه من غاز و قد رشدا

Аз Парвардигорам мехоҳам маро бибахшад ва ба ман тавоноӣ бидиҳад, зарбаи нерӯманд ва маҳкаме, ки каф аз доҳони душманам берун бирезад, бар сари онон фурӯд оварам.

Ё онки зарбаи кушандае бар ман исобат кунад ва ҷоми шаҳодат дар кафам ниҳад.

То ҳар касе бар мазорам бигузарад, бар ман раҳмат фиристад ва бигӯяд чӣ ҷанговари нерӯманде.

Оре ин орзуи Абдуллоҳ(рз) буд, ӯ ҷуз ин орзу надошт, ки ба василаи зарбаи шамшер ё найзаи душман ба ҷамъи шаҳидони қаҳрамон бипайвандад.

Лашкари Ислом ба сӯи Мавта ҳаракат кард, ҳангоме, ки мусулмонон бо сипоҳи душман рӯбарӯ шуданд, сафҳои бешумор ва сарбозони анбӯҳеро диданд, ки 200 ҳазор нафар тахмин зада мешуд.

Мусулмонон ба теъдоди бешумори душман ва теъдоди андаки худ нигаристанд ва ба фикр фурӯ рафтанд, баъзеҳо гуфтанд: Беҳтар аст касеро назди Паёмбар(с) бифиристем ва теъдоди душманро гузориш бидиҳем, то қувваҳои кӯмакӣ бифиристад ё дастури ҷанг содир кунад, то бо ҳамин теъдод, ҷангро оғоз кунем.

Дар ин ҳангом Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) дар миёни суфуфи сарбозони Ислом ба по хост ва чунин гуфт:

“Эй мардум! Ба Худо савганд мо на бо теъдоди сарбозон ва нерӯи бозу, бо душман меҷангем ва на бо касрати афрод, балки бо нерӯи имоне, ки Худованд дар дурахшиши он, моро сарафроз намудааст, бо онҳо меҷангем.

Инак пеш битозед, ки дар ҳар сурат, ҷанг ба суди мо тамом хоҳад шуд, зеро яке аз ин ду некӣ аст ё пирӯз мешавем, ё ба шаҳодат мерасем.”

Мусулмонон, ки теъдодшон кам вале имонишон маҳкам буд ҳама як садо фарёд заданд: “Ибни Равоҳа рост мегӯяд” Ва ба думболи он лашкари Ислом пеш тохт, то бо он иддаи кам, бо сипоҳи беш аз сад ҳазор нафараи имперотури Рум набард кунад.

Ду сипоҳ дар сарзамин Балқо дар водии Шом ба ҳам расиданд.

Фармондеҳи аввали сипоҳи Ислом яъне Зайд ибни Ҳорис ба шаҳодат расид, ба думболи ӯ фармондеҳии сипоҳро Ҷаъфар ибни Абутолиб(рз) бар уҳда гирифт, ӯ низ бо камоли шуҷоат ва фидокорӣ ба шаҳодат расид.

Пас аз шаҳодати Ҷаъфар(рз) севумин фармондеҳи сипоҳ, яъне Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) парчамро ба даст гирифт ва дар ин ҳангом ҷанг ба авҷи шиддат расида буд, ба тавре, ки сипоҳи андаки мусулмонон сахт дар ҳалқаи фишори ҳамаҷонибаи сипоҳи анбӯҳ ва хурӯшон Ҳирақл қарор гирифта буд.

Абдуллоҳ ибни Равоҳа дар мавоқеи оддӣ ва ҳангоме, ки яке аз афроди одии сипоҳ буд, ҳаргиз аз ҳамла ва пешрави боке надошт, вале он рӯз, ки фармондеҳии сипоҳ ва масъулияти ҳаётии мусулмононро бар ӯҳда дошт, дар баробари фишор ва сахтгирии рӯмиён, вазъияти хоссе дошт, гӯё дар он шароити буҳронӣ , лаҳзае ноумедӣ ва дудилагӣ ва тардид бар фикраш соя афканд, вале зуд тамоми нерӯи худро ҷамъ карда фарёд заду гуфт:

أقسمت يا نفس لتنزلنه     مالي أراك تكرهين الجنه

يا نفس إلا تقتلي تموتي      هذا حمام الموت قد صليت

وما تمنيت فقد أعطيت      إن تفعلي فعلهما هديت

Эй ҷон! Бо худ савганд ёд кардаам равонаи биҳишт гардам, чаро аз биҳишт рӯ гардонӣ?

Эй ҷони азиз, агар кушта нашавӣ, худ хоҳи мурд. Инак марг наздик шудааст.

Ҳар чӣ орзу кардаи ба он ноил шудаи, инак агар мисли он ду тан ҷонбозӣ куни комёб хоҳи шуд.

Мақсади ӯ аз он ду тан, Зайд ва Ҷаъфар(рз) буд, ки пеш аз ӯ ба шаҳодат расида буданд, ӯ бо худ мегуфт:

Агар мисли онҳо ҷонбозӣ ва фидокори кунӣ, комёб хоҳи шуд!

Ӯ ин ашъорро хонд ва ба шиддат ба лашкари Рум ҳамлавар шуд. Агар хости илоҳӣ набуд, ки ӯ он рӯз равонаи биҳишт шавад, сипоҳи душманро бо шамшер нобуд мекард, вале занги охири умраш ба садо даромад ва оғози сафари абадии ӯро эълом намуд ва рӯҳаш ба сӯи ҷаҳони дигар парвоз кард.

Рӯҳи бузург ва сабукпарвозаш, пайкари покашро дар рӯи замин тарк кард ва ором ба сӯи биҳишти барин раҳсипор шуд.

Ӯ бо фаро расидани лаҳзаи шаҳодат, ба бузургтарин орзуи худ расид. (Холид, Муҳаммадхолид, Мардони гирдогирди Паёмбар(с))

Ҳангоме, ки ҷанг дар сарзамини Мавта ба шиддат идома дошт, Паёмбар(с)  дар маҷлисе саргарми гуфтугӯ бо мусулмонон буд. Дар ҳангоми гуфтугӯ, ногаҳон Паёмбар(с) сукут кард, андаке чашмҳои муборакашро баст, баъд аз чанд муддате чашмҳоро боз кард, нури дидагони он ҳазрат дар ҳоле, ки бо ашку андӯҳ омехта буд, дурахшидан гирифт ва нигоҳҳои андӯҳбори худро ба сурати ёрони хеш афканд ва фармуд:

“Парчамро Зайд ибни Ҳорис ба дӯш гирифт ва ҷангид, то шаҳид шуд.

Сипас парчамро Ҷаъфар(рз) ба даст гирифт ва он қадр ҷангид, то шаҳид шуд.”

Инро гуфт ва қадре сукут намуд, онгоҳ фармуд:

“Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) парчамро таҳвил гирифт ва он қадр ҷангид то шаҳид шуд”

Расули Худо(с) андаке сукут кард ва фармуд:

“Ҳарсеи онҳо дар биҳишт бо ман хоҳанд буд”

Чӣ сафари хуб ва волое.

Чӣ рӯйдод ва ба ҳам расидани муқаддасе.

Бо ҳам ба ҷанг рафтанд ва бо ҳам равонаи биҳишт шуданд.

Ба рости, ки беҳтарин подоше, ки метавон ба ҷонбозиҳо ва фидокориҳои ҷовидонаи онҳо ҳадя кард, ҳамнишинӣ бо Расули Худо(с) буд”. (Ибни Ҳишом, Абдулмалик, Сиратун-набавия, ҷ.2 саҳ.380)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед