Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз)- бахши дуввум

0
35

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Эй нафс агар кушта нашави хоҳӣ мурд

 Дар қисмати қабл бо мушаххасот, ном, куния, номи падару модар, ҳамсар, замони Ислом овардан ва аз кадом қабила будани Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) ошно шудем. Дар ин қисмат ба идомаи саргузашти ин саҳобаи бузург ва шоири ширинзабон ошно хоҳем шуд.

 Сарияи Ибни Равоҳа

 Дар соли 6 ҳиҷри яҳудиён бо таҳрики Салом ибни Абилҳақиқ, аз бузургони яҳудии Бани Назир, ки ба Хайбар муҳоҷират карда буданд, тасмими ҳамла ба Мадинаро гирифтанд. Паёмбар(с) барои рафъи ин муъзал гурӯҳеро бо раҳбарии Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) назди онон фиристод ва дар садади ҷалби мувофиқати онон баромад. Эшон пас аз музокира тасмим гирифтанд ҳайатеро ҳамроҳи Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) назди Паёмбар(с) бифиристанд. Аз ин рӯ Усайр ибни Заром, бузурги қабила Ғатфон ва гурӯҳе аз эшон ҳамроҳи ибни Равоҳа озими Мадина шуданд. Аммо дар нимаи роҳ пушаймон шуда ва дар садади қатли мусулмонон баромаданд. Зимни даргирии ду тараф, Усайр ибни Заром ва ҳамроҳонаш кушта шуданд ва кӯшишҳои сулҳталабонаи Паёмбар(с) нофарҷом боқӣ монд. (Ибни Ҳишом, Абдулмалик, Сиратун-набавия, ҷ.2 саҳ.618-619)

 Нуқабои байъати Ақаба

 Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) яке аз дувоздаҳ нақиб(кафил ва ё вакил) дар байъати Ақаба буд ва дар тамоми саҳнаҳо ҳузур дошт. Пас аз анҷоми байъат Ақабаи дуввум бино ба дархости Паёмбар(с) байъаткунандагон аз байни худ дувоздаҳ нафарро ба унвони нақиб, ки мутакаффили умур интихоб намуда, ки нӯҳ тан аз қабилаи Хазраҷ ва се нафар аз қабилаи Авс буданд. Нуқабои Хазраҷ иборат буданд аз:

Асъад ибни Зурора, Саъд ибни Рабиъ, Абдуллоҳ ибни Равоҳа, Рофеъ ибни Молик, Бароъ ибни Маърур, Абдуллоҳ ибни Амр, Убода ибни Сомит, Саъд ибни Убода, Мунзар ибни Амр ва Нуқабои Авс низ Усайид ибни Ҳазир, Саъд ибни Ҳайсама, Руфоъа ибни Абдулмунзар буданд.

Онгоҳ Паёмбар(с) хитоб ба вакилони худ фармуданд:

Шумо ҳамонанди Ҳаворийюни Исо ибни Марям ӯҳдадори умури қавми худ ва ман низ нисбат ба қавми худ, яъне мусулмонон, кафил ҳастам.(Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансобул-Ашроф, ҷ.1, саҳ.252)

 Муаррихон мегӯянд:

Ҳангоме ки ояти 224 сураи муборакаи Шуаро яъне:

وَٱلشُّعَرَآءُ يَتَّبِعُهُمُ ٱلۡغَاوُۥنَ

“Гумроҳон аз шоирҳо пайравӣ мекунанд.”

 Нозил шуд Абдуллоҳ ибни Равоҳа сахт афсурда хотир шуд ва шеър хонданро канор гузошт, то инки ояти 227 сураи Шуаро нозил шуд ва фармуд:

إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَذَكَرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱنتَصَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْۗ ….

“Магар шоироне, ки мӯъмин ҳастанд ва корҳои шоиста ва боиста мекунанд ва бисёр Худоро ёд менамоянд ва ҳангоме ки мавриди ситам қарор мегиранд (бо ин завқи хеш худ) ва соири муъминонро ёрӣ мекунанд.”

 (Ибни Саъд, Табақотул-Кубро, ҷ.3, саҳ.528)

 Он ҳангоме ки Ислом ночор шуд барои дифоъ аз худ биҷангад, Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) дар ҷангҳо шамшери худро ба даст гирифта ва ин калимотро шиори худ қарор медод ва онҳоро такрор мекард:

یا نفس الا تقتلي تموتی

Эй нафси ман агар кушта ҳам нашвӣ хоҳӣ мурд.

 Шуҷоати камназири Абдуллоҳ(рз)

 Ӯ дар ҳар ҷанге, ки ширкат мекард бо садои расо ва бо шуҷоъати тамом ба сари кофирон фарёд мекашид ва мегуфт:

خلوا بنی الکفار عن سبیله … خلوا فکل الخیر فی رسوله

Кофиронро аз сари роҳи пешрафти Ислом бардоред ва роҳро боз кунед, чӣ тамоми хайру хубӣ дар Паёмбари Худо(с) гирд омадааст.

Манобеъи таърихӣ навиштаанд, ки Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) аввалин касе буд, барои ҷанг омода мешуд ва аз хона хориҷ мешуд ва охирон нафаре буд, ки аз майдони ҷанг ба хона бармегашт. (Ибни Асир, Усдулғоба, 1422қ, ҷ.2, саҳ 593)

 Мавриди таваҷҷӯҳи хосси Расули Худо

 Бинобар ривоёти таърихӣ, Паёмбар(с) дар мавориди зиёде Абдуллоҳро ба таври хос дуо кард. Бархе аз ин маворид иборатанд аз:

Рӯзе Абдуллоҳ ҳангоми азимат ба масҷид ва дар наздики он шунид, ки Паёмбари Акрам(с) мардумро амр ба нишастан мекунад, Абдуллоҳ(рз) дар ҳамон макон ва хориҷ аз масҷид, таваққуф кард ва бар замин нишаст, вақте хабари ин кор ба Паёмбар(с) расид, ин амали вайро сутуд ва дар бора ӯ ин гуна дуо кард:

Худо туро барои итоати Худо ва Паёмбараш беш аз ин тавфиқ диҳад. (Байҳақӣ Далоилун-Нубуват, 1405қ, ҷ.6, саҳ.257)

  Вақте ки Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз)мариз буд Паёмбар(с) ба аёдати ӯ рафт ва аҳволи вайро дигаргун дид ва гуфт: Худоё агар маргаш фаро расида маргро бар ӯ осон кун ва агар маргаш фаро нарасида ӯро шифо деҳ.

Ба сабаби ин дуо Абдуллоҳ беҳбуд ёфт. (Ибни Саъд, Табақотул-Кубро, 1405қ, ҷ.3, саҳ.529)

  Дар ҷанги Хайбар, Паёмбари акрам(с) аз Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) дархост кард, ки шеъре барои таҳйиҷ ва таҳрики сипоҳи Ислом  бихонад ва ӯ шеъре хонд ва Паёмбар(с) фармуд: Худовандо Абдуллоҳ ибни Равоҳаро раҳмат фармо. (Воқидӣ, Алмағозӣ, 1409қ, ҷ.2, саҳ 639)

Идома дорад…

Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз)- бахши аввал

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед