Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз)- бахши аввал

0
170

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Эй нафс агар кушта нашавӣ хоҳи мурд

Асҳоби Расули Акрам(с) нахустин тарбиятёфтагони мактаби Қуъони Карим ва суннати Расули Акрам(с) буданд ва аз онҷое, ки бузургтарин муаллими инсоният ва башарият мураббии онҳо буд, ба беҳтарин сурати мумкин дар мактаби набавӣ тарбият ёфтанд ва барои зинда нигоҳ доштани дини мубини Ислом аз падару модар, ҷону мол, зану фарзандони худ гузаштанд ва барои таблиғ ва тарвиҷи ин дини муборак, дар ҷангҳои фаровон ва тоқатфарсо, дар замони Паёмбари Акрам(с) ва баъд аз замони эшон ширкат карданд, то ин дини муборак ба мо мусалмонон расидааст.

Барои ҳамин лозим аст, то ҳар мусулмоне онҳоро бишиносад ва қадрдони онҳо бошад ва  онҳоро барои худ улгӯ қарор бидиҳад ва аз таҷрибаҳои эшон барои тарвиҷ ва таблиғи ин дини муборак истифода барад.

Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) яке аз ҳамон касоне аст, ки барои дини мубини Ислом заҳматҳои зиёде кашидааст.

 Мушахассот:

Ном:                                         Абдуллоҳ                                        

Куния:                                    Абумуҳаммад, Абуравоҳа ва Абуамр    

Номи падар:                        Равоҳа             

Номи модар:                      Кабаша бинти Воқид      

Ҳамсар:                                 Асмо бинти Умайс         

Ислом овардан:                    Пеш аз ҳиҷрати Паёмбар(с) ба Мадина

Муҳоҷир/Ансор:                Ансорӣ

Қабила:                                      Хазраҷ

Ҳузур дар ҷангҳо:              Тамоми ҷангҳо ба ҷуз фатҳи Макка

Даргузашт:                           Ҳаштуми ҳиҷрӣ дар ҷанги Мавта

Маҳалли дафн:                  Дар кишвари Урдун

Абумуҳаммад, Абдуллоҳ ибни Равоҳа аз тираи бани Молик ибни Саълаба, аз қабилаи Хазраҷ ва сокини Мадина, яке аз саҳобаи Паёмбар(с) ва аз шоирони раҷазсаро буд.

(Ибни Ҳаҷар, Аҳмад ибни Алӣ, Ал-Исоба, ҷ.4, саҳ.72

 Замони Ислом овардан

Ҳангоме, ки Паёмбар(с) дар маросими ҳаҷҷи соли сездаҳуми беъсат дӯр аз чашми кофирони Қурайш дар атрофи Макка бо намояндагони мардуми Мадина дидор кард ва бо чанд нафар аз бузургони онҳо байат намуд, ки яке аз онҳо Абдуллоҳ ибни равоҳа(рз) буд. Ин байат дар таърих, ба байати Ақабаи дуввум шӯҳрат ёфт.

Онҳо касоне буданд, ки нидои Исломро ба шаҳри Мадина расониданд ва байати онон буд, ки муқаддамоти ҳиҷрати Паёмбар(с)-ро ба Мадина ки нақши бузурге дар пешрафти Ислом дошт, фароҳам сохт.

Пас аз ҳиҷрати Паёмбар(с) ва истиқрори мусулмонон, дар Мадина, Абдуллоҳ ибни Равоҳа беш аз дигар Ансор, дар роҳи ёрӣ ва тақвияти ислом кӯшиш менамуд ва дар баробари тавтеаҳои «Абдуллоҳ ибни Убай» сардастаи мунофиқон, бисёр ҳушёр ва бедор буд.

Пеш аз ҳиҷрати Паёмбар(с) мардуми Мадина (Абдуллоҳ ибни Убайро ба подшоҳии худ интихоб карда буданд ва саргарми муқаддамоти тоҷгузории ӯ буданд, вале бо ҳиҷрати Паёмбар(с) ба Мадина, подшоҳии ӯ бекор шуд.

Абдуллоҳ ибни Убай, ки аз ин фурсати аз дастрафта сахт нороҳат буд, пайваста дар талош барои эҷоди тавтеа ва густардани домҳои хатарнок бар зидди дини мубини Ислом буд, вале бедории Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) ва иддаи дигар аз мусулмонон, ҳамвора нақшаҳо ва тавтеаҳои ӯро хунсо месохт ва аксари амалиётҳои хоинонаи ӯ бенатиҷа мемонд.

Абдуллоҳ ибни Равоҳа дар муҳите, ки ҷуз теъдоди ангушт шуморе бо хондан ва навиштан ошноӣ надоштанд, бо китобат ва навиштан ошно буд. У шоири фасеҳ ва ширинзабон буд, ки аз замоне ки Ислом овард, ин ҳунари худро дар роҳи пешрафти Ислом сарф намуд.

(Ибни Саъд, Табақотул Кубро, 1405 қ, ҷ.3 саҳ.526)

Паёмбар(с) ашъори ӯро дӯст медошт ва ӯро ба сурудан шеър ташвиқ мекард.

Рӯзе Паёмбар(с) бо иддае аз мусулмонон нишаста буд, ки Абдуллоҳ(рз) ворид шуд, Паёмбар(с) фармуд:

Абдуллоҳ чӣ гӯна шеър месароӣ?

Абдуллоҳ гуфт:

Ибтидо дар мавзӯъи он менигарам (фикр мекунам) ва пас аз он месароям  ва пас аз он, ин ашъорро суруд:

يا هاشم الخير إن الله فضلكم     على البرية فضلا ما له غير

إني تفرست فيك الخير أعرفه     فراسة خالفتهم في الذي نظروا

ولو سألت إن استنصرت بعضهم     في حل أمرك ما آووا ولا نصروا

فثبت الله ما آتاك من حسن     تثبيت موسى ونصرا كالذي نصروا

Эй беҳтарин фарди дудмони Ҳошим! Худованд шуморо бар ҳамаи мардум бартарӣ додааст.

 Бархилофи назари душманон ту мазҳари хайр ва некӯкори ҳастӣ ва душманони ту дур аз фазилату камоланд.

Агар инсон дар амри муҳимме аз онҳо истимдод ва тамассук биҷӯяд, ба кумаки инсон намештобанд.

 Худованд некиҳоеро, ки ба ту додааст, пойдор бидорад ва ҳамвора туро ёри намояд он чунонки Мӯсоро ёри кард.

Паёмбар(с) хушҳол шуданд ва фармуданд:

“Худованд туро низ поянда ва пойдор бидорад”

Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) бо шеъраш аз Паёмбар(с) дифоъ мекард ва ба ҷанговарон ва муҷоҳидон, бо шеърҳои нерубахшу ҳаяҷон ангезаш қувват мебахшид. Дар соли ҳафтуми ҳиҷрат тибқи аҳдномаи сулҳи “Ҳудйбия” Паёмбар(с) муҷоз буд барои ҳаҷҷи умра ба Макка биравад ва се рӯз дар Макка барои анҷом маносики ҳаҷ бимонад, он ҳазрат ҳамроҳи ду ҳазор нафар мусулмон, ба Макка рафтанд ва ба анҷоми маносики ҳаҷҷи умра пардохтанд.

Дар зимни анҷоми умра, ҳангоме ки ғурриши: «Лаббайка, Аллоҳумма Лаббайк)-и мусулмонон қатъ мешуд, Абдуллоҳ ибни Равоҳа(рз) дар пешопеши мусулмонон, бо ҳанҷараи нирӯманд ва фарёди баланд, раҷаз мехонд ва мегуфт:

خلوا بنی الکفار عن سبیله … خلوا فکل الخیر فی قبوله

یا رب انی مؤمن بقیله … اعرف حق الله فی قبوله

Эй фарзандони куфру ширк , роҳро барои Расули Худо боз кунед , бидонед ӯ сарчашмаи хайр ва манбаи некӣ аст.

Бор илоҳо ман ба гуфтори Ӯ имон дорам, ва аз фармони ту дар пазириши рисолати Ӯ огоҳам.

Ҳангоме ки Паёмбар(с) дар атрофи Каъба тавоф мекард, Абдуллоҳ ибни Равоҳа» дар ҳузури Паёмбар(с) ин шеърро такрор ва замзама мекард:

یا رب لولا انت ما اهتدينا     ولا تصدقنا ولا صلينا

فأنزلن سكينة علينا        وثبت الاقدام ان لاقينا

أن الذين قد بغوا علينا      اذا ارادوا ف تنة البنا

Парвардигоро! агар лутфи ту набуд, мо на ҳидоят меёфтем ва на ба пардохти закот ва хондани намоз ноил мешудем.

Худоё бар дилҳои мо нирӯ ва оромиш бибахш ва ҳангоми муқобила бо душман, ба мо субот ва пойдорӣ иноят фармо.

Касоне, ки ба мо зулм ва ситам раво доштаанд, агар бори дигар дар садади озори мо бароянд, бо камоли қудрат муқовамат хоҳем кард.

Мусулмонон низ ҳамроҳи ӯ ин шеъри пуршӯр ва муҳайиҷро такрор мекарданд.

Идома дорад….

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед