Аҳкоми талоқ(бахши чаҳорум)

0
165

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар ин бахш ба идома баҳсҳои талоқ ва баёни аҳкоми он мепардозем.

1) Агар марде ба ҳамсари худ бигӯяд ту талоқ ҳастӣ, вале нияти се талоқ накунад, дар ин сурат агар зан ҳайзбин бошад ва дар туҳре бошад, ки дар он туҳр ҷимоъ сурат нагирифта бошад, як талоқ воқеъ мешавад, аммо агар дар туҳр бошад, вале ҷимоъ сурат гирифта бошад ё ин ки дар туҳр набошад, талоқ замоне воқеъ мешавад, ки ба туҳри баъди бирасад, зеро ки талоқи суннатӣ машрут ба туҳре аст, ки ҷимоъ дар он нашуда бошад.

Аммо агар зан аз касоне бошад, ки ҳайзбин нестанд ва иддаашон бо моҳ ҳисоб мешавад ва ё ҳомила бошад, дар ин сурат дар ҳамон лаҳзае, ки лафзи талоқ гуфта шудааст, як талоқ воқеъ мешавад.

2) Агар марде се талоқро дар як туҳр ва ё ба сурати ҷудогона дар се туҳр ният кунад, ин ният саҳеҳ аст ва талоқ ҳосил мешавад. Аммо соҳиби ҳидоя (Бурҳонуддини Марғелонӣ) ва ҷамъе дигар аз уламои фиқҳ бар ин ақида ҳастанд, ки дар як туҳр нияти се талоқа кардан саҳеҳ намебошад.

3) Агар марде зани худро ба равиши суннатӣ талоқ диҳад ва нияти талоқи боин кунад, ин талоқ саҳеҳ буда, вале боин намешавад. Ва агар ният кунад, ки ду талоқ диҳад, ин ният саҳеҳ нест ва фақат як талоқ воқеъ мешавад.

4) Агар марде ба зани худ бигӯяд, ки ту талоқ ҳастӣ дар чанд моҳ, дар ин сурат агар зан ҳайзбин набошад ва иддааш ба сурати моҳона ҳисоб шавад, дар аввали ҳар моҳ як талоқ мешавад, то инки дар натиҷа се талоқ воқеъ шавад.

Ва агар марде ба зани худ бигӯяд, ки ту баъд аз ҳар ҳайз талоқ ҳастӣ, дар ин сурат агар зан ҳайзбин бошад, баъд аз ҳар ҳайз дидан ва пок шудан як талоқ мешавад, то инки ба се талоқ бирасад, аммо агар ҳайзбин набошад ин нияти мард саҳеҳ набуда ва ҳеҷ талоқе воқеъ намешавад.

Аммо агар ҳамроҳ бо инки мегӯяд ту баъд аз ҳар ҳайз талоқ ҳастӣ, қайд кунад, ки ба равиш суннатӣ, дар ин сурат агар зан дар ҳамон лаҳзае, ки ин лафз гуфта мешавад, дар туҳре бошад, ки ҷимоъ бо ӯ сурат нагирифта бошад, як талоқ дар ҳамон лаҳза воқеъ мешавад ва талоқҳои баъди дар туҳрҳои баъди воқеъ мешаванд.

5) Агар марде ба зани худ бигӯяд, ки туро ду талоқ додам, ба равиши суннатӣ, дар ин сурат дар ду туҳри ҷудогона, ки дар онҳо ҷимоъ сурат нагирифта бошад, як талоқ воқеъ мешавад, ки дар ниҳоят ду талоқ сурат мегирад.

6) Агар марде ба зани худ бигӯяд, ки туро ду талоқ додам, аммо талоқи аввал ба равиши суннатӣ, дар ин сурат агар дар ҳамон лаҳза зан дар ҳолати туҳр буда бошад ва ҷимоъ низ сурат нагирифта бошад, талоқи аввал дар ҳамон лаҳза воқеъ мешавад ва талоқи дувум ҳам дар туҳри баъди воқеъ мешавад. Аммо агар дар лаҳзае, ки лафзи талоқ гуфта мешавад зан дар ҳолати ҳайз бошад, дар ин сурат ҳарду талоқ ба таъхир меафтад, то инки зан ба туҳр бирасад ва он мавқеъ аввал талоқи суннатӣ воқеъ мешавад ва баъд аз он талоқи дигари.

7) Агар марде ба зани худ бигӯяд, ки туро ду талоқ додам, яке ба равиши суннатӣ ва дигари ба равиши бидъӣ, дар ин сурат агар дар он лаҳза зан дар туҳре бошад, ки ҷимоъ бо ӯ сурат нагирифта бошад, ҳарду талоқ воқеъ мешавад (яъне аввал суннатӣ воқеъ мешавад ва дувум бидъӣ), аммо агар шароити талоқи суннатӣ набошад, (яъне дар ҳолати туҳр набошад ва ё дар туҳре бошад, ки бо ӯ ҷимоъ сурат гирифта бошад) дар ин сурат талоқи бидъӣ воқеъ мешавад ва талоқи суннатӣ баъд аз он бо расидани шароиташ воқеъ мешавад.

8) Агар марде ба зани худ бигӯяд, ки туро ду талоқ додам ба равиши суннатӣ, вале яке аз онҳо талоқи боин, дар ин сурат мард метавонад ҳаркдом аз он ду талоқро, ки бихоҳад боин қарор диҳад. Вале агар мушаххас накунад, ки кадом як аз он ду талоқ боин аст ва зан низ ҳайз бубинад ва пок шавад, дар ин сурат зан ду талоқи боин мешавад.

9) Агар марде ба зани худ, ки бо ӯ ҷимоъ накарда бошад бигӯяд, ки ту талоқи, ту талоқи, ту талоқи, ин зан дар ҳамон калимаи аввал талоқи боин мешавад ва ду лафзи дигар таъсире надоранд ва агар бихоҳанд дубора ба зиндагии заношуии худ идома диҳанд, ин талоқ фақат эҳтиёҷ ба ақди никоҳи дубора дорад.

Як масъалаи муҳимм:

Ҳамонтавр, ки дар матолиби гузашта гуфта шуд, агар марде зани худро, ки бо ӯ ҷимоъ накарда бошад, талоқ диҳад, он зан талоқи боин мешавад (ҳарчанд мард нияти талоқи боин накарда бошад) ва бар он зан лозим нест, ки идда нигаҳ бидорад ва барои издивоҷи муҷаддад бо шавҳари қаблӣ ё касе дигар ниёз ба ақди никоҳ дорад.

Ва аммо агар марде ҳамсари худро, ки бо ӯ ҷимоъ кардааст, талоқи боин диҳад, дар ин сурат он зан бояд идда нигаҳ бидорад.

Нуктае ки вуҷуд дорад ин аст, ки дар сурати аввал яъне он зане, ки бо ӯ ҷимоъ нашуда ва талоқ дода шудааст, билофосила пас аз талоқ метавонад бо шавҳари қаблии худ ва ё ҳар марди дигаре никоҳ кунад, аммо дар сурат дувум яъне зане, ки бо ӯ ҷимоъ шудааст ва баъд талоқи боин дода шудааст, дар замоне ки он зан дар иддаи талоқ аст, бо ҳеҷ марди дигаре наметавонд издивоҷ кунад, аммо шавҳари қаблиаш, ки ӯро талоқ додааст, метавонад қабл аз тамом шудани иддааш бо ӯ дубора ақди никоҳ бихонд ва издивоҷ кунад.

Идома дорад…

Манобеъ:

1) Алҳидоя шарҳи Бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва Дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

2) Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, Шайх Низом, Дорулфикр, Бейрут.

3) Мухтасарулвиқоя маъа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

Аҳкоми талоқ(бахши сеюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед