Аҳкоми мусофир(қисми дуюм)

0
31

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар қисмати якуми аз аҳкоми мусофир, миқдори масофати мусофир, ҳукми кӯтоҳ кардани намоз дар мусофират, ҳукми иқтидои мусофир ба муқим ва баръакс ва ҳамчунин ақсоми ватан  ва ҳафт масъала дар ин заминаро баён кардем. Дар ин қисмат ба баёни идомаи масъалаҳои аҳкоми мусофир мепардозем.

Масъалаи ҳаштум

Дар қисмати қабл гуфтем, ки камтарин масофате, ки сабаби шикаста хондани намоз мешавад, сафаре аст, ки дар он ба таври миёна масофати се шабу се рӯз бо пиёдагардӣ ва ё роҳравии шутур тай мешавад, ҳоло ин сафар на аз замони хуруҷ аз манзил балки замоне оғоз мешавад, ки аз охирин нуқта ва иморатҳои шаҳр ба қадре гузар кунад, ки азони он минтақаро нашунавад.

Тиқби ин дастур мумкин аст, ки масофати шаҳрҳо бо ҳам мухталиф бошад, яъне мумкин аст, ки як нафар барои расидан ба оғози сафар масофати 10 километро бипаймояд, то аз охирин нуқта ва иморатҳои шаҳр ба қадри лозим дур шавад ва мумкин аст шахси дигар дар шаҳри дигаре 15 километрро бипаймояд, то азони охирин минтақаи шаҳрашро нашунавад.

Мумкин аст дар баъзе шаҳрҳо хонаҳое ҷудо аз хонаҳои муттасили шаҳр ҳам вуҷуд дошта бошад, яъне дар байни роҳ бо фосила хонаҳои дигар ҳам бошад, ки дар ин сурат охирин хонаи муттасил ба хонаҳои шаҳр охирин минтақаи шаҳр ба ҳисоб рафта ва хонаҳои ҷудо аз хонаҳои муттасил эътибор надоранд.

Агар хонаҳои шаҳр қадимӣ ва баъзе ободу баъзе хароба бошад дар ин сурат охирин хонаи хароба эътибор карда мешавад.

Дар мавриди баргашт ҳам ҳамин тавр аст, яъне замоне  ки ба аввалин хонаҳои қадимии шаҳр бирасад, муқим ба ҳисоб меравад ва бояд намозҳояшро комил бихонад.

Ҳамчунин агар роҳе вуҷуд дошта бошяд, ки аз тариқи он дар муддати се шабу се рӯз ба мақсад бирасад ва роҳи дигаре ҳам вуҷуд дошта бошад, ки аз тириқи он дар муддати ду рӯз ба мақсад бирасад, агар аз тариқи роҳе, ки дар рӯз ба мақсад мерасад биравад, мусофир ба ҳисоб намеравад.

Масъалаи нуҳум

Чуноне, ки гуфта шуд, барои мусофир воҷиб аст, ки дар ҳангоми сафар намозҳояшро шикаста бихонад ва рӯзаашро ифтор бикунад, аммо агар намозгузор намозашро чорракъатӣ бихонад ва дар қаъдаи аввал (пас аз ракъати дуюм) яъне ҳам бинишинад ва ҳам аттаҳиётро бихонад, намозаш саҳеҳ аст, аммо муртакиби гуноҳ шудааст.

Чаро? Зеро пайваста анҷом додани аркони намоз ваҷиб аст ва тарк муҷиби саҷдаи савҳ хоҳад шуд ва намозгузор бо фосила андохтани аркони намоз аз зиёфати Худо рӯ гардондааст, Худованди Мутаол бо илми қадими худ медонад, ки сафар машаққат дорад, ба ҳамин хотир намози чорракъатиро ба ду ракъат тахфиф додааст.

Баъзе гуфтаанд, ки сафари маъсият ва барои анҷоми гуноҳ бо сафар ғайри гуноҳ баробар аст, яъне ҳар ду бояд намози чорракъатиро бояд ду ракъат бихонанд, аммо ин дидгоҳ бо адолати Худо созгор нест, ки шахсе, ки барои анҷоми гуноҳ сафар кардааст, мусовӣ бошад бо шахсе, ки барои ғайри гуноҳ сафар мекунад. Лозим аст, ки шахсе, ки барои анҷоми гуноҳ сафар мекунад аз зиёфати Худо бебаҳра бошад.

Аммо намозҳои суннат дар сафар қаср хонда намешаванд ва баъзе ҷоиз донистаанд, тарки намозҳои суннат дар сафарро, аммо беҳтар он аст, ки дар сурате, ки сафари бо аҷала дорад ё сафараш машаққат дорад суннатро нахонад, вале дар сурате, ки ҳамаи имконоти сафар мавҷуд бошаду сафар аз машаққат бадур бошад, беҳтар аст, ки намозҳои суннатро ҳам бихонад.

Масъалаи даҳум

Барои мусофир лозим аст, ки қасди сафари се шабонарӯзро карда бошад, яъне ният кунад, ки масофати се шабонарӯзро мепаймояд.

Масъалаи ёздаҳум

Чуноне, ки дар қисмати қабл гуфтем, барои мусофир лозим аст барои комил хондани намозҳояш нияти иқомати 15 рӯза бикунад, аммо агар дар васати намоз ният кунад, ки 15 рӯз иқомат мекунад дар он шаҳре, ки мусофир аст, бояд намозашро комил бихонад. Баръакси сафаре, ки барои мусофир ба ҳисоб рафтан танҳо ният кофӣ нест ва бояд аз охирин хонаҳои шаҳр ба қадре, ки гуфта шуд дур шавад, то мусофир ба ҳисоб равад.

Ба ҳамин хотир агар касе дар пайи шахс ё чизе бошад,  ҳар андоза ҳам ки сафар кунад (як ҳафта, як моҳ ва…) чун нияти сафар накардааст, мусофир ба ҳисоб намеравад ва ҳукми мусофирро надорад. Аммо дар сурати баргашт ба хотири масофати ҳадди ақал сешабонарӯзе, ки то хонааш вуҷуд дорад, мусофир маҳсуб мешавад.

Масъалаи дувоздаҳум

Фарди мусофир бояд лаёқат ё аҳлияти сафарро дошта бошад, яъне агар як кӯдак ва як ғайри мусалмон сафарро оғоз кунанд, чун кӯдак ба балалоғат нарасидааст ва он ғайри мусалмон лаёқати сафарро надорад, ҳукми мусофир бар онҳо ҷорӣ намешавад, аммо агар дар байни роҳ он кӯдак дар худ аломатҳои балоғатро мушоҳида кард ва ё он ғайри мусалмон мусалмон шуд, дар ин сурат лаёқати сафар пайдо карда ва ҳукми мусофир ба онҳо ҷорӣ мешавад ва аз ҷумлаи он аҳком бояд намозҳои худро шикаста бихонанд.

Кӯдаке, ки дар сафар ба балоғат расидааст барои онки ҳукми мусофир бар ӯ ҷорӣ шавад лозим аст, ки ба масофати се шабонарӯз мусофират кунад, аммо ғайри мусамоне, ки мусалмон мешавад, ҳамзамон бо Ислом оварданаш мусофир ҳисоб мешавад.

Масъалаи сездаҳум

Муқим шудан панҷ шарт дорад:

  1. Қатъи сафар: яъне муқим шавад ва нияти сафар то ҳадди ақал 15 рӯзи дигарро накунад.
  2.  Салоҳияти мавзеъ: яъне маҳалле, ки нияти иқомат мекунад, салоҳияти зисту зиндагиро дошта бошад, (обу ҳаво, амният ва ….) пас дар миёни барфу дар миёни об ё ҷое, ки амният надорад, на ақлан ва на шаръан нияти иқомат кардан дуруст нест.
  3. Баробар будани мавзеъ ва муддати иқомат: яъне нияти иқомат дар як шаҳр бошад, на чанд шаҳр.
  4. Мустақил бошад дар тасмими муқим шуданаш, яъне таҳти таъсири касе ё иҷборе набошад.
  5. Сарбози вазифа набошад, яъне монанди сарбозон, ки ба дастури раиси худ амал мекунанд. Ва монанди хайманишиноне, ки доим дар сафар ҳастанд.

Масъалаи чордаҳум

Агар шахсе барои ният бигӯяд, ки агар корам дуруст шуд муқим намешавам ва агар дуруст нашуд муқим мешавам, чун нияташ саддарсадӣ нест, муқим ба ҳисоб намеравад.

Аҳкоми мусофир (бахши аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед