Ақсоми исмҳои Худованд аз назари Мотуридӣ

0
138

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Исмҳои Худо
Бахши дуввум
Ақсоми исмҳои Худованд аз назари Мотуридӣ

Чунон, ки баён шуд дар бисёре аз манобеъи каломӣ марз ва фарқи миёни исму сифат чандон мушаххас нашудааст ва  баҳси исму сифат дар ҳам идғом шуда ва таҳти як унвон мавриди баҳс қарор гирифтааст. Аммо бо ин вуҷуд бархе аз мутакллимони исломӣ ин диққат ва зарофатро ба харҷ дода, миёни исму сифат фарқ гузоштаанд. Аз ҷумла мутакаллимоне, ки миёни исму сифат фарқ гузошта ва он дуро аз ҳам ҷудо кардааст, имом Мотуридӣ мебошад. Абумансури Мотуридӣ ва дигар мутакаллимони пайрави мактаби Мотуридия дар китобҳои худ баҳси исмҳои Худовандро ба сурати мустақил ва ҷудо аз баҳси сифот мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Дар як тақсими куллӣ исмро метавон ба ду бахш тақсим кард:

1- Исмҳое, ки фақат бар зот далолат доранд, бидуни дар назар гирифтани маъно ва сифате. Яъне дар ин қисм аз исмҳо ба сифат ва вежагие, ки дар зот вуҷуд дорад таваҷҷӯҳе намешавад. Ин бахш аз исм “исми хос” номида мешавад монанди лафзи “Аллоҳ” дар забони арабӣ ва “Худо” дар форсӣ (тоҷикӣ).

2- Исмҳое, ки аз сифот гирифта мешаванд ва бар зоти дорои  маъно ва сифат далолат доранд. Дар ин даста аз исмҳо, агарчи соҳиби исм зот аст, вале сифот дар номгузории онҳо дахолат доранд, монанди олим, ки аз сифати илм ва қодир, ки аз сифати қудрат гирифта мешавад. (Фахруддини Турайҳӣ, Маҷмаъул Баҳрайн, ҷ 1, саҳ 223, вожаи само)

Исмҳое, ки дар Қуръони Карим барои Худованд ба кор рафтааст маъмулан аз навъи дуввум аст.

Абумансури Мотуридӣ бо эътиқод ба тафовут ва фарқ миёни исму сифат, исмоҳои Худовандро ба се қисм қобили тақсим медонад:

“Қисми аввал исмоҳое аст, ки бандагон ва инсонҳо ба Худованд нисбат медиҳанд ва баёнгари ҳақиқати исмҳои Худованд нест. Ин исмҳо фақат ба номгузории инсонҳо боз мегардад.

Қисми дуввум исмҳое аст, ки ба зоти Худованд боз мегарданд ва махлуқот аз фаҳми ҳақиқати зоти Худованд оҷизу нотавонанд, бар ин асос танҳо худи Худованд метавонад маънои онро барои инсонҳо ошкор созад. Мотуридӣ барои ин даста аз исмҳои Худованд, ба номҳои мубораки “Ал-Воҳид”, “Аллоҳ”, “Ар-Раҳмон”, “Ал-Мавҷуд”, “Ал-Қадим”, “Ал-маъбуд” ва ғайра мисол мезанад. Албатта вай ин нуктаро таъкид мекунад, ки зоти Худованди Мутаол мақомаш бисёр болотар аз ҳарфҳо ва калимаҳое аст, ки дар мавриди Ӯ ба кор меравад ва Худованд фаротар аз он аст, ки бо ҳарфҳо ва калимот дарак шавад.

Қисми севвум низ исмҳое ҳастанд, ки аз сифот гирифта мешаванд монанди “Олим”, “Қодир”, ки агар дар ҳақиқат он сифот вуҷуд надошта бошанд, ин исмҳо ва номҳо ғайриҳақиқӣ ва бефоида хоҳанд буд”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 128 то 130)

Аз ончи баён кардем чунин натаҷа гирифта мешавад, ки Абумансури Мотуридӣ миёни исму сифат фарқ гузошта ва он дуро аз ҳам ҷудо кардааст ва исмро ба сурати ҷудо аз сифат мавриди баррасӣ қарор додааст. Вай исмҳои Худовандро ба се қисм қобили тақсим медонад, аммо метавон ин тақсимбандии имом Мотуридиро дар ҳақиқат ба ҳамон ду қисми куллӣ аз исм, ки дар аввали баҳс баён кардем татбиқ намуд. Яъне исмҳои Худованд, ки фақат бар зот дилолат доранд, бидуни дар назар гирифтани маъно ва сифате ва исмҳое, ки аз сифот гирифта мешаванд ва бар зоти дорои  маъно ва сифат далолат доранд. Аммо қисми аввали исмҳои Худованд, ки имом Мотуридӣ зикр мекунад дар ҳақиқат исми Худованд ба шумор намеояд ва фақат тасаввури инсонҳо дар бораи нисбат додани исмҳо ба Худо аст. Ба сухани дигар метавон гуфт, ки Мотуридӣ  исмҳои қисми аввалро ғайри ҳақиқӣ медонад ва ҷузъи исмҳои ҳақиқии Худованд ба шумор намеоварад. Пас метавон гуфт, ки тақсимбандии куллие, ки дар аввали баҳс дар бораи исм зикр кардем ба ҳақиқат наздиктар бошад.

Вожаҳои калидӣ: Мотуридӣ, исм, сифат, исмҳои Худованд, ақсоми исмҳо, Аллоҳ, Ар-Раҳмон, олим, қодир.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед