Нубуввати омма

0
294

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Нубуввати омма
Бахши аввал

Зарурати нубувват
Яке аз мабоҳиси матраҳшуда дар боби зарурати нубувват ин аст, ки оё беъсати анбиё фақат аз умури хуб ва некӯ аст ё амри лозиму воҷиб мебошад. Аз назари мотуридиён беъсати анбиё амри воҷиб ва зарурӣ аст. Мурод аз воҷиб ин нест, ки фиристодани анбиё  бар Худованд амри зарурӣ бошад, балки мақсад ин аст, ки нубувват ба муқтазои ҳикмати илоҳӣ ҳатман муҳаққақ мешавад. (Абу Муини Насафӣ, Табсират-ул-адилла, ҷ 1, саҳ 453)
Бар такя ба ду матлаб, яъне нақси дастгоҳои шинохти инсон аз як су ва ҳикмати Худованд аз сӯи дигар,  ба исботи зарурати нубувват мепардозем. Дар маҷмуъ чанд роҳ барои исботи зарурати нубувват қобили истифодааст.
1- Шинохти манофеъ ва зарари ҷаҳони ҳастӣ
Ҷаҳоне, ки  инсон дар он зиндагӣ мекунад, пур аз мавҷудоти зараррасон ва хатарнок аст, ки барои ҳаёт ва бақои ӯ  таҳдид ба шумор  меравад. Одам танҳо бо кӯмаки ақлу ҳис наметавонад  ҳамаи манофеъ ва зарарҳои ҷаҳонро бишносад, бинобар ин лозим аст Худованд бо фиристодани паёмбарон барои башар баён кунад, ки чи чизҳое муфид ва чи чизҳое зиёновар ҳастанд.  Дар ғайри ин сурат инсон нобуд хоҳад шуд, ки ин бо ҳикмати илоҳӣ носозгор аст. (Абу Муини Насафӣ, Табсират-ул-адилла, ҷ 1 саҳ 454-456.  Абумансури Мотуридӣ, Тавҳид, саҳ 177)
Абу Муини Насафӣ дар ин замина бар нақси ҳавос ва ақли одам  дар ташхиси манофеъ ва зарарҳои ҷаҳон таъкид намуда гуфтааст: “Аз тариқи таҷриба наметавон ба кашфи зарарҳо  ва манофеъи ҷаҳон даст ёфт, зеро таҷриба ба ҳалокати одамӣ хоҳад анҷомид, вай дар баёни  ин сухан мегӯяд; чунин нест, ки ҳар заҳре инсонро фавран ба қатл бирасонад, ё асари ҳар чизи зарарнок билофосила пас аз хурдани он ошкор  гардад, балки таъсири баъзе заҳрҳо пас аз як ҳафта ё як моҳ ва ё як сол ошкор мегардад ва ин чизе аст, ки назди мутахассисони илми ҷавоҳир маъруф аст. Бинобар ин  агар инсон пас аз як озмоиш ва мушоҳида накардани таъсири бади он, ба истифода аз шайъи зарарнок идома диҳад,  пас аз муддат замоне ба ҳалокат хоҳад расид ва агар дурӣ кунад ва барои ҳафтаҳо ва моҳҳо мунтазири зуҳури асари он барои дигарон бимонад  аз гуруснагӣ ва ташнагӣ хоҳад мурд”. (Абу Муини Насафӣ,Табсиратул адилла, ҷ 1 саҳ 454)
2- Аз байн бурдани ихтилофҳо
Раҳосозии инсонҳо ба ҳоли худашон бо вуҷуди гароишҳои гуногун дар вуҷудашон ба душманӣ, қитол ва саранҷом ба нобудӣ хоҳад анҷомид. Ва ин бо ҳикмати илоҳӣ носозгор аст, бинобар ин лозим аст Худованд касеро барои роҳнамоӣ ва қатъи ниёзҳои онҳо бифиристад. (Абумансури Мотуридӣ,  Тавҳид, саҳ 182-183)
3- Шукри мунъим
Шукри неъмат ақлан ва шаръан воҷиб аст ва  ақл ба танҳои наметавонад неъматҳоро ба тафсил шиносоӣ кунад, ҳамчунин наҳваи шукр ва сипос аз мунъимро дарёбад, бинобар ин бояд паёмбаре фиристода шавад, то неъматҳои Худованд ва сифоти Ӯ ва ҳамчунин наҳваи шукргузорӣ аз Ӯро ба мардум бишносонад. (Ғазнавӣ, Усулидин, саҳ 120. Абу Мансури Мотуридӣ,  Тавҳид, саҳ 178.)
4- Ҳидояти башар ба сӯи саодати абадӣ
Ҳатто агар бипазирем, ки одам хубу бад, манофеъ ва зарарҳои ин ҷаҳонро ташхис бидаҳад, наметавонад умуреро, ки ба саодат ва наҷот ё ба шақоват ва ҳалокати абадӣ ва ухравии ӯ меанҷомад ташхис диҳад. Ва низ намедонад, ки Худованд барои инсони солеҳ ва корҳои шоистаи ӯ чи подошҳое муқарар карда ва барои инсонҳои бадкор ва корҳои зишти онҳо чи ҷазоҳо ва азобҳое фароҳам кардааст. Аз ин рӯ лозим аст Худованд паёмбаре барои одамиён мабъус дорад, ки амрҳо ва наҳйҳо, ҳалол ва ҳаромҳои Ӯро барои мардум бозгӯ ва онҳоро ба саодати абадӣ раҳнамуд созад. Дар мавориде, ки ақл ба танҳоӣ қодир ба дарки онҳо аст, ӯро ҳимоят ва таъкид кунад  ва дар мавориде, ки ақл нотавон ё дар шакку тардид аст ҳақиқати амрро барои ӯ баён кунад. (Собунӣ, Бидоя минал Кифоя, саҳ 85, ибни Ҳаммом Масоираҳ, саҳ 120-121, Абумансури Мотуридӣ Тавҳид, саҳ 183, Баздавӣ Усулиддин, саҳ 91-92).
5- Тамом кардани ҳуҷҷат
Яке дигар аз зарурат ва воҷиб будани нубувват, ки мотуридиён ба он истидлол кардаанд итмоми ҳуҷҷат аст, яъне поёни марҳилаи таблиғ ва баён аст, зеро агар Худованд паёмбаре нафиристад ва аҳкоми илоҳӣ ва ваъдаву ваиди Худованд ба одамиён нарасад, кофирон барои худ баҳонае хоҳанд дошт. Аз ин руй, барои итмоми ҳуҷҷат низ нубувват зарурӣ мебошад. (Ғазнавӣ, Усулиддин, саҳ 120-121)
6- Нубувват лозимаи фазли илоҳӣ
Ҳарчанд нақси ақл ва дастгоҳи шинохти одамӣ ва ҳикмати илоҳӣ лозимаи нубувват аст, агар фарз кунем дастгоҳи шинохти одамӣ низ комил мебуд, боз ҳам ба муқтазои лутф ва фазл ва эҳсони Худованд ирсоли анбиё лозим буд, ки дар ин сурат Худованд барои таъйиди ақл ва машварат додан ба он ва ҳамчунин аз боби миннат, дар осон кардани корҳо, бояд паёмбаронро ба сӯи одамиён мефиристод. (Абумансури Мотуридӣ,  Тавҳид, саҳ 185-186, ҳамчунин, Баёзӣ Ишорот-ул- Маром, саҳ 311-312)
Тибқи фармоишоти Абумансури Мотуридӣ ва дигар пайравони мактаби мотуридия, нубувват амри зарурӣ ва лозим барои башар мебошад, зеро инсон  танҳо бо такя бар ақлу ҳис ва таҷриба наметавонад ҳамаи манофеъ ва зарарҳои худро бишносад. Пас башар барои расидан ба саодати абадӣ ниёзманди роҳнамо, ки ҳамон паёмбарон мебошанд, ниёзманд аст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед