20 моҳи шарифи Рамазон фатҳи Макка

0
120

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Фатҳи Макка

Муқаддима

Фатҳи Макка дар воқеъ баъд аз гузашти 22 моҳ аз сулҳи Ҳудайбия ва нақзи аҳду паймон аз тарафи мушрикони Қурайш сурат гирифт. Расули Худо (с) баъд аз аҳдшикании онҳо тасмим гирифт, ки кори Маккаро яксара кунад ва ба ҳокимияти ширк бар ин сарзамине, ки қарор аст пойгоҳи тавҳид бошад поён диҳад. (Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал Мағозӣ, ҷ2, саҳ 801).

Дар бораи ин ки фатҳи Макка дар ҷаҳони Ислом ва густариши он чӣ ҷойгоҳе доштааст  ва нақши Паёмбар (с)  дар ин фатҳ чӣ буд баҳсу гуфтугӯи зиёде аст, вале дар як калима метавон гуфт  фатҳи Макка дар воқеъ баргардонидани пойгоҳи тавҳид  баъд аз ширку куфр ба асли хеш аст ва нақши Паёмбар (с) ҳам дар воқеъ фатҳи дилҳо буд, то фатҳи сарзамини Макка.

Расули Худо (с) ин фатҳро ба тавре барномарезӣ карда буд, ки бо фатҳи дилҳо ҳамроҳ буд, ба ҷои ҷангу хунрезӣ ва бо таваҷҷӯҳ ба паймоншикании мушрикони Макка, Расули Худо (с) онҳоро мебахшад  ва танҳо коре, ки мекунад ҳокимияти сиёсии ширку куфрро аз байн мебарад. Ҳокимияте, ки бар асоси зулму ситам ва ширку куфр бино шуда буд.

Мавқеияти Макка

Сарзамини Макка  сарзаминест, ки мебоист пойгоҳи тавҳид ва маҳалле барои муваҳҳидон ва тарвиҷу густариши яктопарастӣ ба дигар нуқоти ҷаҳон бошад. Аз замони Ҳазрати Одам (а), Нуҳ (а) ва Ҳазарти Иброҳим (а) ба унвони сарзамини тавҳид муаррифӣ шуда буд ва борҳо Каъба бо дастони Паёмбарони илоҳӣ бозсозӣ шуд ва хонаи амн номида шуд. (Сураи Бақара, оятҳои 125 то127)

Ин сарзамин баъд аз ҳузури Паёмбарони илоҳӣ ва дар даврони ҷоҳилият ба василаи мардуми маҳаллӣ ва атрофи он ба пойгоҳи ширку бутпарастӣ табдил шуда, дар воқеъ пойтахти бутпарастӣ шуда буд. Дини Ислом дар ин сарзамин зуҳур кард ва ин сарзамин барои мусалмонон муқаддас буд. Ба ин хотир фатҳи Макка аз бузургтарин дастовардҳо барои мусалмонон мебошад ва аз лиҳози сиёсӣ бузургтарин имтиёз ба шумор мерафт. Аҳаммияти фатҳи Макка ба қадре бузург буд, ки ҳатто подоши баъзе аз аҳком барои пеш аз фатҳ ва баъд аз он фарқ кард. Ҷанг ва инфоқ пеш аз фатҳи Макка ва баъди он подоши яксон нест, чаро ки ҷанг ва инфоқ пеш аз фатҳи Макка ба маротиб сахттару душвортар буд.

Худованд мефармояд:

«…لايَسْتَوِي مِنْكُمْ مَنْ أَنْفَقَ مِنْ قَبْلِ الْفَتْحِ وَ قاتَلَ أُولئِكَ أَعْظَمُ دَرَجَةً مِنَ الَّذِينَ أَنْفَقُوا مِنْ بَعْدُ وَ قاتَلُوا…»

Касоне аз шумо, ки пеш аз фатҳ инфоқ карданд ва ҷангиданд, [бо дигарон] баробар нестанд; онҳо дар мартаба бартаранд аз касоне, ки баъд [аз фатҳ] инфоқ карданд ва ҷангиданд.(Сураи  Ҳадид, ояти 10)

Бештари муфассирон овардаанд, ки иллат ва сабаби каму зиёд шудани подоши инфоқ ва ҷангу мубориза пеш аз фатҳи Макка ва баъди он, ба хотири душворӣ ва сахтии инфоқ ва ҷанг дар замони пеш аз фатҳи Макка буд. (Физилоли Қуръон, ҷ 6, зери ояти10 сураи Ҳадид) Мусалмонон худ ниёзи шадиди моли доштанд, ҷанг ҳам ба хотири он буд, ки эҳтимоли пирӯзӣ  пеш аз фатҳи Макка ва ба дастовардани ғанимат бисёр кам буд. Аз ин хотир камтар касоне пайдо мешуданд, ки аз рӯи риё инфоқ кунанд ва ё ба хотири ҳадафи ғайр аз Ислом ба ҷанг бираванд. Танҳо ихлос буд, ки инфоқ мекарданд ва барои пирӯзӣ ба зидди душмани Худо меҷангиданд.

Пирӯзии дурахшони ҳақ бар ботил

Худованд дар Қуръони Карим  мефармояд, мо ба ту пирӯзӣ ва нусрати  дурахшон бахшидем. «إِنَّا فَتَحْنا لَكَ فَتْحاً مُبِيناً» Ҳамоно Мо бо фатҳи ошкоре Туро пирӯз кардем; (Сураи Фатҳ ояти 1). «إِذا جاءَ نَصْرُ اللَّهِ وَ الْفَتْحُ» Ҳангоме, ки ёрии Худо ва пирӯзӣ фаро расад. То дини Ислом ва калимаи ҳақро бар ҳамаи дунё мусаллат кунем. «…لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّه…» То онро бар ҳамаи дин[-ҳо] пирӯз гардонад; (Сураи Фатҳ, ояти  28)

Калимаи тавҳид бар ҳамаи сарзамини Макка ҳокимият пайдо кардааст. Чаро ки сухани Худо бар ҳамаи суханҳо бартарӣ дорад, «وَ كَلِمَةُ اللَّهِ هِيَ الْعُلْيا»  ва фақат гуфтори Худо бартарин аст; Дар муқобил сухани кофирон ва мушрикон пасту ҳақир аст.

«وَ جَعَلَ كَلِمَةَ الَّذِينَ كَفَرُوا السُّفْلى»  

 (ва гуфтори касонеро, ки куфр варзиданд пасттарин қарор дод; (СураиТавба ояти 40).

Ин пирӯзии дурахшон ва бартарии калимаи тавҳид ва тасаллути Ислом бар сарзамини Арабистон, баъд аз фатҳи Макка буд, як пирӯзии сода набуд, ки чандон ба чашм наояд. Ба ин хотир фатҳи мубин ва ошкор ном гирифта аст. Ин пирӯзии тавҳид бар зидди ширку куфр ба қадре муҳим аст, ки боис шудааст, мардум даста-даста аз ширку куфр даст бардоранд ва дар дини ҳақ ва калимаи тавҳидӣ дохил шаванд.

Худованд ба Паёмбараш мефармояд, ту ин саҳнаро, ки мардум даста-даста вориди дин мешаванд, мебинӣ:

  «وَ رَأَيْتَ النَّاسَ يَدْخُلُونَ فِي دِينِ اللَّهِ أَفْواجاً»

“Ва мардумро мебинӣ, ки гурӯҳ-гурӯҳ дар дини Худо дароянд”(Сураи Наср, ояти 2) [Ҳол эй Паёмбари мо! ки ин пирузӣ ва нусрати ҳақ бар ту насиб шудааст, ду амр ва вазифаи муҳимро ба анҷом диҳи].”  «فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَ اسْتَغْفِرْهُ»Пас, бо ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ.

Дар инҷо Худованд  ба Паёмбар (с) мегӯяд, ба хотири такрим ва ҷойгоҳи Паёмбар (с) аммо ҳамаи мӯъминон хитоби оят ҳастанд. Дар ҳеҷ замоне набояд робитаи инсон бо Худованд қатъ шавад. Ба ин хотир Худованд ба Паёмбар (с) ва баъд аз он ба ҳамаи мӯъминон дастур медиҳад, ки Худоро тасбеҳ гӯянд ва ба шукронаи ин пирӯзӣ истиғфор кунанд.

Рӯзи раҳмату гузашт

Мардуми Макка нидои Исломро шунида ва худ мушоҳида карда буданд, хелеҳо ҳам мехостанд, имон биёваранд, аммо рафтори ситамкоронаи мушриконро нисбат ба мусалмонон дида буданд, ваҳшат доштанд, ки чунин балоҳоро бар сари онҳо низ биёваранд. Инро Расули Худо (с) медонистанд, бар ин асос тавре ҳаракат карданд, ки онҳо нисбат ба Ислом ва мусалмонон ҳарчи бештар дилгарм шаванд. Бахшандагӣ ва гузашт дар Ислом дар фатҳи Макка ба намоиш гузошта шуд  ва раҳмату бахшандагии он бар ҳамагон намоён шуд  ва ин худ нишонае бар поёни ширку куфр буд.

Бо вуҷуди ин мушрикон мепиндоштанд, ки қасос ва кушта мешаванд, баъзе аз саҳобагон ҳам чунин фикр мекарданд, чаро ки мушрикони Макка озору азияти  фаровоне нисбат бар мусалмонон карда буданд. Ҳатто баъзеҳо нидо сардоданд, имрӯз рӯзи интиқом ва қасос аст.

Саъд ибни Убода, ки парчамдори сипоҳи Ислом буд, шиор медод: Имрӯз рӯзи набард аст, имрӯз ҷону моли шумо ҳалол аст, имрӯз рӯзи зиллату хории Қурайш аст. Паёмбар (с) аз шунидани ин суханон нороҳат шуд, ва аз ин ки тарсу ноумедӣ дар дилҳои мардуми Макка ҷой нагирад, фармуданд:

«الیوم یوم المرحمه، الیوم اغرالله قریشاً، الیوم یعظم الله فیه الکعبه»

Имрӯз рӯзи раҳмат аст, имрӯз рӯзи иззати Қурайш аст, имрӯз рӯзе аст, ки Худованд Каъбаро бузургӣ бахшид. (Сираи ибни Ҳишом, ҷ4, саҳ49)

 Расули Худо (с) баъд аз ин Саъд ибни Убода(рз)-ро аз парчамдорӣ гирифтанд ва ба ҷояш Ҳазрати Алӣ (р)-ро сардори сипоҳи Ислом карданд ва бо шиори раҳмат вориди Макка шуданд. Шиори Паёмбар (с) дар баробари мардуми Макка ин буд, ки фармуданд: الاسلامُ یَجُبُّ ما قَبْلَه» » Ислом аз гузаштаи афрод чашмпӯшӣ мекунад. (Сираи Ибни Ҳишом, ҷ4, саҳ 49).

Тамоми талошу кушиши Паёмбар (с) дар фатҳи Макка ин буд, ки шохисаҳои исломӣ ва инсониро ба мардуми Макка арза кунад, то онҳо худ динро бо ирода ва ихтиёр бипазиранд  ва касеро ҳам ба пазириши Ислом иҷбор накардааст.

Фатҳи сарзамин ё фатҳи дилҳо?

Фатҳи Макка бо вуҷуди мавқеияти стратегӣ ва аҳаммияте, ки дошт ва бо вуҷуди ин ки мардум гурӯҳ-гурӯҳ ба дини ҳақ даромаданд, дар ҳақиқат сабаби асосии гироиши мардуми он замон ба Ислом  фатҳи дилҳои мардум тавасути шахси Паёмбар (с) буд. Паёмбар (с) танҳо сарзаминро фатҳ накард, танҳо бутҳоро аз ин сарзамин дур накард, балки дар қалбҳо нуфуз кард ва онҳоро аз ширку бутпарастӣ пок кард. Фатҳи дилҳо буд, пеш аз он ки фатҳи сарзамин бошад. Гузашт ва бахшандагии Қурайшиён аз тарафе ва эъломи ин рӯз ба унвони рӯзи раҳмату муҳаббат боис шуд, ки дилҳои мардуми Макка барои ҳамеша аз бутҳо пок шавад ва  Паёмбар (с) ҳангоми вуруд ба шаҳри Макка ин оятро мехонданд:

«جاءَ الْحَقُّ وَ زَهَقَ الْباطِل»

“Ҳақ омад ва ботил нобуд шуд”,(Сураи Исро, ояти81) Ин оятро мехонд ва бутҳоеро ки бар атрофи Каъба насб буданд ба замин меандохт.(Воқиди, ал Мағозӣ, ҷ2, саҳ 834.

Натиҷа

Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар замони Расули Худо (с) фатҳи Макка буд. Ин фатҳ дар рамазони соли ҳаштуми ҳиҷрӣ иттифоқ афтодааст. Сарзамини Макка яке аз муҳимтарин сарзаминҳо ва пойгоҳи тавҳид ва маҳалли густариши яктопарастӣ буд. Ин сарзамин баъд аз солҳо гирифтор шудан дар куфру ширк тавассути Паёмбар (с) фатҳ шуд, бидуни ин ки ҷанге иттифоқ афтад. Аҳаммияти ин пирӯзӣ ба қадре муҳим буд, ки Худованд дар Сураи Наср бар он такид кардааст. Рафтор ва мудирияти Паёмбар (с) боис шуд, ки дилҳои мардум ба Ислом гироиш пайдо кунад ва бидуни ин ки иҷборе бошад, мардум имон биёваранд ва оини тавҳиду яктопарастиро бипазиранд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед