Раҳовардҳои беъсати анбиё

0
224

Раҳовардҳои беъсати анбиё
Муслиҳони бузург ва раҳбарони дилсӯз

Муқаддима
Нақши таърихии паёмбарон ва осори мусбат ва созандаи фаровоне, ки аз худ бар ҷой гузоштанд ва хидматҳое, ки ба фарҳанг ва тамаддуни башар намуданд, бар касе пӯшида нест. Паёмбарон бузургтарин муслиҳон ва дилсузтарин раҳбарони ҷомеаи башарият будаанд, ки барои расондани корвони башарият ба қуллаи камол ва саодати одамӣ ором нанишастанд ва аз ҳеҷ талоше фурӯгузор накарданд. Сахтиҳоро таҳаммул карданд, номулоимотро ба ҷон хариданд ва озору азиятҳои мардумро чун шарбати гуворо нӯшиданд ва бузургтарин таҳаввулро дар ҷомеаи башарият падид оварданд. Кофӣ аст китоби таърихро аз назар гузаронда ва вазъияти
Арабистон ва ҷаҳонро дар замони зуҳури Паёмбари Ислом(с) мутолиа кунем. Муқоисаи иҷмолӣ миёни ваҳшигарии арабҳои пеш аз беъсат ва тамадуне, ки Ислом миёни онҳо бунён ниҳод, ҳақоиқи бисёреро пеши рӯи муҳаққиқон ва тамадуншиносон мениҳад. Ин баррасии таърихӣ аз ҳадди ин навиштор берун аст ва ба баҳсҳои таърихи Ислом ҳавола дода мешавад.
Дар ин навиштор бар онем то аз раҳгузари баррасии оёти Қуръон, муҳимтарин раҳовардҳои паёмбаронро, ки мубаллиғони дин будаанд, баршуморем.
Таълим
Кори нахусти паёмбарон омӯзиши мардумон будааст; яъне ҳақоиқеро, ки намедонанд ва ё наметавонанд, ки бидонанд ба онҳо биёмӯзанд. Дар баҳсҳои гузашта ба тафсил баён шуд, ки нахустин чизе, ки беъсати анбиё ва ҳузури ононро дар миёни башарият зарурӣ ва лозим месозад, ҷаҳл ва нодонии башар ба роҳи саодат ва камоли худ аст. Паёмбарон омадаанд то ин ҷаҳлро ба илм мубаддал созанд ва он маҷҳулро маълум гардонанд.

رَبَّنَا وَابْعَثْ فِيهِمْ رَسُولًا مِنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِكَ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُزَكِّيهِمْ إِنَّكَ أَنْتَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ

“Ҳангоме ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои хонаи Худоро боло мебурданд, гуфтанд:) Парвардигоро дар миёни онҳо (дудмони мо) паёмбаре аз худашон барангез, то оёти туро бар онон бихонанд ва ононро китоб ва ҳикмат биёмӯзад ва покиза кунад, зеро ту тавоно ва ҳакимӣ.”( Бақара, ояти 129)

كَمَا أَرْسَلْنَا فِيكُمْ رَسُولًا مِنْكُمْ يَتْلُو عَلَيْكُمْ آَيَاتِنَا وَيُزَكِّيكُمْ وَيُعَلِّمُكُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُعَلِّمُكُمْ مَا لَمْ تَكُونُوا تَعْلَمُونَ

“Ҳамчунон, ки дар миёни шумо паёмбаре аз худатон фиристодем, ки оёти моро бар шумо мехонанд ва шуморо пок месозад ва шуморо китоб ва ҳикмат меомузад ва ончи намедонистед ба шумо меомӯзад.” ( Бақара, ояти 151; ҳамчунин ниг: Оли Имрон, ояти 164 ва Ҷумъа, ояти 2.)

Бархе аз муфассирон гуфтаанд: Таъбири يُعَلِّمُكُمْ مَا لَمْ تَكُونُوا تَعْلَمُونَ маънояш он аст, ки “чизҳоеро ба шумо меомузад, ки шумо худ намедонистед ва наметавонистед бидонед”, бар хилофи таъбири       يُعَلِّمُكُمْ مَا لَمْ تَعْلَمُوا

Омузаҳои паёмбаронро метавон дар ду даста қарор дод:
А). Ҳақоиқе, ки илм ба онҳо ба таври куллӣ аз дастраси башар берун аст ва инсон ҳар қадар бикушад, наметавонад аз роҳи ҳис ва ақл ба онҳо огоҳӣ ёбад.
Б). Ҳақоиқе, ки ақли инсон тавоноии дарки онҳоро дорад, аммо дастёбӣ ба онҳо ниёзманди солҳо ва балки қарнҳо таҷрибаи амалӣ ва талоши илмӣ аст.
Паёмбарони Илоҳӣ дар ин маворид роҳро барои инсон кӯтоҳ ва осон карда, ин маориф ва улумро омода дар ихтиёри ӯ ниҳодаанд.
Тазкия
Паёмбарони Илоҳӣ пок ва вораста буданд, ки ҳамаи фазоилро дар худ ҷамъ оварда ва аз ҳама разоил пироста буданд. Онон, ки худ муҷассамаи адолат, хайрхоҳӣ, садоқат, покдоманӣ, бахшандагӣ ва ростӣ ва дурустӣ буданд, мардумро низ ба сӯи касби хулқу хӯи писандида ва покӣ аз ҳар чи бадӣ ва разилат аст, фаро мехонанд ва ба таъбири Қуръони Карим, мардумро тазкия ва татҳир мекарданд. Аҳамияти тазкия ва тарбияти инсонҳо то онҷост, ки дар Қуръони Карим ҳамвора тазкия бар таълим пеш афтодааст, ҷуз дар ояти 129 аз сураи Бақара, ки он ҳам аз забони ҳазарти Иброҳим(а) ва Исмоил(а) аст ва нозир ба мақоми таҳаққуқ мебошад. Яъне чун дар мақоми амал, омӯзиш аз парвариш муқаддам аст, ибтидо таълим ва сипас тазкия зикр шуда аст.
Тазаккур
Инсон аз фитрати Илоҳӣ бархурдор аст ва бисёре аз шинохтҳо ва гироишҳои лозим барои расидан ба саодат ва камол, монанди бовар ба Худованд, майл ба парастиши ӯ, гироиш ба хубиҳо ва фазилатҳо дар вуҷуди ӯ ниҳода шудааст. Аммо инсон дар асар ғафлат аз худ ва таваҷҷӯҳ  ба лазоизи моддӣ ва иштиғол ба ончи пиромуни ӯ мегузарад, ин фитратро пӯшонда, онро ғуборолуд мекунад. Аз ин рӯ паёмбарони Илоҳӣ ҳамвора кушидаанд, бо тазаккурҳо ва ёдовариҳои паёпай, ин донистаҳои фаромӯшшударо ба ёди башар оваранд ва он гироишҳои муқаддас, аммо хуфтаро бедор созанд. Аз ин рӯ Худованд Паёмбар(с)-ро музаккир (ёдоваранда) муаррифӣ мекунад:

فَذَكِّرْ إِنَّمَا أَنْتَ مُذَكِّرٌ

Пас ёдоварӣ кун, ки ту ёдоварандаию  бас!”( Ғошия, ояти 21.)
Ва Қуръонро низ тазкира меномад:

كَلَّا إِنَّهُ تَذْكِرَةٌ

“На чунин аст[ки мегӯянд]! Ҳамоно ин Қуръон ёдаварӣ аст.”( Муддассир, ояти 54.)

Озодӣ аз асоратҳо
Паёмбарони Илоҳӣ нақши муҳимме дар озодсозии инсонҳо  доштаанд. Онҳо аз сӯе, одамиёнро аз асорати қудратҳои султаҷӯ ва истисморгар раҳоӣ бахшидаанд ва аз сӯи дигар занҷирҳоеро, ки пайравӣ аз ҳавою  ҳавас ва шаҳватҳои моддӣ аз дарун бар рӯҳи онҳо бастааст, бардоштанд:

يَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالأَغْلاَلَ الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ

 [Он Паёмбар, ки] борҳои сангин ва занҷирҳоеро, ки бар онҳо буд, бармедорад.”( Аъроф, ояти 157.)
Ҳақиқат он аст, ки паёмбарони Илоҳӣ мардумро ба бандагии Худо мехонанд ва инсон то бандаи Худо нашавад озод намегардад. Агар касе тан ба бандагии Худо надиҳад, барои ҳамеша асири ҳавоҳо ва ҳавасҳо ва майлҳои пасти ҳайвонӣ хоҳад буд, ки ҳар лаҳза  ӯро ба ин сӯву он сӯ мекашанд ва агар сар бар даргоҳи Худо ниҳад, ба якбора тамоми занҷирҳои асорат аз ӯ бардошта мешавад ва ба ростӣ озод мегардад.
Чун ба озодӣ нубувват ҳодӣ аст,
Мӯъминонро зи анбиё озодӣ аст.
Эй гурӯҳи муъминон шодӣ кунед,
Ҳамчу сарву савсан озодӣ кунед.
( Маснавии маънавӣ, дафтари шашум, абёти 4541 ва 4542.)
Барқарории адолати иҷтимоӣ
Яке аз аҳдофи муҳимми паёмбарони Худо иқомаи қист ва адл дар ҷомеа будааст, Қуръони Карим бо сароҳат ба по доштани адолати иҷтимоиро аз ҳадафҳои муҳимми анбиё бар мешуморад:

قَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْط

“Мо паёмбарони худро бо далоили рӯшан фиристодем ва бо онҳо китоб ва мизон [шиносоии ҳақ аз ботил ва қонунҳои одилона] нозил кардем, то мардум ба адолат қиём кунанд.”( Ҳадид, ояти 25.)
Усва ва улгу будан
Имрӯза ҳамаи равоншиносон бар ин амр иттифоқи назар доранд, ки вуҷуди усва(сармашқ) ва улгу(намуна) нақши мунҳасир ба фарде дар тарбияти мардуми ҷомеа дорад ва аз муҳимтарин авомили тарбият ва такомули инсон ба шумор меравад. Яке аз самароти вуҷуди паёмбарони Илоҳӣ, ки дар миёни мардум ва дар канори онҳо зиндагӣ мекарданд, нақше буд, ки онҳо ба унвони улгу ва намуна дар ҷомеа дошата ва доранд.

لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِّمَن كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيرًا

“Мусалламан барои шумо дар [равиш ва хислатҳои] Расули Худо сармашқи некӯе аст, барои онҳо, ки умед ба раҳмати Худо ва рӯзи растохез доранд ва Худоро бисёр ёд мекунанд.”( Аҳзоб, ояти 21.)
Ҳадафи аслии беъсати паёмбарон
Аз баҳсҳои гузашта дониста шуд, ки паёмбарон барои ҳидояти мардум ба роҳи рост ва барои роҳнмоии онон ба сӯи саодат, барангехта шудаанд. Пурсише, ки дар инҷо матраҳо мешавад он аст, ки анбиёи Илоҳӣ саодати инсонро дар чӣ медонистанд. Оё онон танҳо ба охират меандешинданд ва ба саодати дунявии инсон таваҷҷӯҳе надошатанд? Ё он ки ҳадафи аслии онҳо иҷрои қист ва адолати иҷтимоӣ ва ба таври куллӣ, обод кардани дунёи инсон буд ва зиндагии ухравии инсон дар нигоҳи эшон ҷанбаи фаръӣ ва тақлидӣ дошт? Ва ё он, ки ин ду амр дар канори якдигар, ду ҳадафи аслии беъсати анбиё будааст?

Посухи саҳеҳи ин пурсиш, дар зимни усули зер дониста мешвад:

  1. Зиндагии дунявии инсон дар ҷанби ҳаёти ухравии ӯ, бисёр кӯтоҳ ва ночиз аст. Ҳамон гуна ки масалан адади ҳазор дар канори адади як милён рақами ночиз аст, ё он ки умри инсон дар дунё аз ҳазор сол бисёр андак аст ва умри ӯ дар охират таҳти ҳеҷ адад ва рақаме дар намеояд.
  2. Бо таваҷҷӯҳ ба матлаби боло, саодати дунявии инсон дар қиёс бо саодати ухравии ӯ, бисёр ночиз аст ва ҳаргиз наметавон он дуро дар канори ҳам ниҳод ва ё ин ки саодати дунявиро асл ва саодати ухравиро фаръи он қарор дод!
  3. Бинобар ин ҳадафи аслии паёмбарон он аст, ки роҳеро ба инсон бинамоёнанд, ки ба саодати ухравии ӯ мунтаҳӣ шавад.
  4. Бо таваҷҷӯҳ ба оёти Каримаи Қуръон, ягона чизе, ки инсонро ба саодат мерасонад, тақарруб ба Худованд ва таслими маҳз будан дар баробари хостаи ӯст; камоли инсон танҳо дар ҳаракат ба сӯи Худо ва наздик шудан ба ӯст.
  5. Аммо бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки ин камоли ниҳоӣ ва ухравии инсон, на танҳо музоҳими саодати дунявии ӯ нест, балки таъминкунандаи он низ ҳаст. Яъне агар инсон дар роҳи тақарруб ба Худо қадам бардорад, дунёи ӯ низ биҳишти барин хоҳад шуд ва решаи ҳар гуна зулму беадолатӣ ва ҳарҷу марҷ барчида мешавад.
  6. Агар дар оёти Қуръон каме бештар бияндешем, мебинем, ки анбиёи Илоҳӣ барои он ки инсонро ба камоли худаш бирасонанд, мубориза бо золимон ва ситамгарон ва иқомаи қист ва адлро дар ҷомеа сарлавҳаи барномаҳои худ медонистанд, зеро агар низомҳои одилона бар ҷомеа ҳукмфармо набошад, ҳаракати худоҷӯёнаи инсон бо монеаҳои бисёре рӯ ба рӯ хоҳад буд ва аз ин ҷо, метавон мақсади ояти 25 сураи Ҳадидро дарёфт.

Ҳосил он ки: Ҳадафи аслии паёмбарон, даъват ба сӯи Худои Субҳон, парастиши ӯ, тақарруб ба ӯ ва таслим будан дар баробари хости ӯст. Ва ин аслу реша ва гавҳари ҳамаи динҳои Илоҳӣ аст:

إِنَّ الدِّينَ عِندَ اللّهِ الإِسْلاَمُ

“Ҳамоно дин назди Худованд Ислом аст”.( Оли Имрон, ояти 19.)

Аммо бояд донист, ки ин амр, дар партави адолати иҷтимоӣ ва ҳафзи арзишҳои ахлоқӣ ва инсонӣ таҳаққуқ меёбад ва бо таҳаққуқи он, инсон на танҳо дар охират, балки дар дунё низ саодатманд мегарадад.

Натиҷа

  1. Муҳимтарин раҳовардҳои паёмбарон бадин шарҳ аст:
    • Таълими ҳақоиқе, ки мардум намедонанд ё наметавонанд, ки бидонанд, (Бақара\129 ва 151, Оли Иморон\164 ва Ҷумъа\2).
    • Тазкия ва поксозии инсонҳо аз бадиҳо ва сӯқ додани онҳо ба хубиҳо, (Бақара\129 ва 151).
    • Тазаккур ва ёдоварии бинишҳо ва гироишҳои фитратии мутаолӣ, аммо хуфта дар вуҷуди башар, (Ғошия\21).
    • Озодсозии инсон аз асорати қудратҳои султаҷӯ ва бардоштани занҷирҳое, ки пайравӣ аз ҳаво ва ҳавас бар рӯҳи ӯ бастааст. (Аъроф, ояти157).
    • Барқарории адолати иҷтимоӣ. (Ҳадид, ояти25).
    • Усва ва улгу будан барои толибони камол. (Аҳзоб, ояти21).

2.Ҳадафи аслии паёмбарон даъват ба сӯи Худо, парастиши ӯ, тақарруб ба ӯ ва таслим будан дар баробари хости ӯст; зеро ин ягона амре аст, ки саодати ухравӣ ва абадии инсонро фароҳам меоварад.

  1. Ончи дар банди пешин, ҳадафи аслии паёмбарон хонда шуда на танҳо музоҳими саодати дунявии инсон нест, балки таъминкунандаи он низ ҳаст.
  2. Агар низомҳои одилона бар ҷомеа ҳоким набошад, ҳаракати худоҷӯёнаи инсон бо монеаҳои бисёре рӯ ба рӯ хоҳад буд. Мубориза бо золимон ва иқомаи адл дар ҷомеа, ҳамвора мавриди талоши паёмбарони Илоҳӣ будааст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед