10 Рамазон реҳлати ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз)

0
126

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима 

Хадиҷа(рз) духтари Хувайлид нахустин ҳамсари Паёмбар(с), модари ҳазрати Фотима(рз) ва аввалин зани имоноваранда ба дини Ислом буд. Номи комили вай: Хадиҷа(рз) бинти Хувайлид ибни Асад ибни Қусай ибни Килоб. Модараш: Фотима бинти Зойида ибни Омир. Хадиҷа(рз) дар соли 68-и қабл аз ҳиҷрат дар Макка таваллуд шуд. Аз лақабҳои  ӯ дар замони ҷоҳилият “Тоҳира” ва “Сайидаи Қурайш” буд. Бар асоси гуфтаи муваррихони исломӣ, Хадиҷа азизтарин зани Паёмбар(с) буд. Оиша(рз) инчунин аз Паёмбар(с) нақл кардааст, ки Ӯ Хадиҷаро аз беҳтарини занони худ медонист. (Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал. ҷ6, саҳ 1178)

Фазилатҳои ҳазрати Хадиҷа (рз)

Дар таърих ба ҷойгоҳи болои иҷтимоӣ ва ҳусни шуҳрати ӯ дар шарафу насаб ишора шудааст. Дар ин бора омадааст: «Ӯ зани шариф ва бодироят буд, ки Худованд хайру каромат барои ӯ дар назар гирифта буд.» (Уюунуласар, ҷ 1,  саҳ63)

Воқидӣ гуфтааст: «Хадиҷа (рз) зани бо аслу насаб ва тоҷири сарватманд буд.» (Алансоб-ул-ашроф,  ҷ1, саҳ98)

Ҳазрати Хадиҷа бонуи шариф, сарватманд ва дорои эътибор дар рӯзгори худ буд. Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ дар ривояте аз Паёмбар(с), сарвари занони ҷаҳонро Хадиҷа (рз), Фотима(рз), Марям(рз) ва Осия(рз) муаррифӣ намудааст. (Табарӣ, ҷ2 , саҳ281)

Ҳазрати Хадиҷа(рз)  аввалин зане буд, ки Расули Акрам (с) ба ҳамсарии хеш дароварданд ва то ҳангоми вафот, ӯ ҳамсари дигаре ихтиёр накарданд. (Сираи Ибни Ҳишом, ҷ1, саҳ 189-191)

Нақши ҳазрати Хадиҷа (рз) дар тарвиҷи Ислом

Кӯмакҳои молии ҳазрати Хадиҷа (рз) сабаби сарватмандии Паёмбар (с) шуд. Худованд дар мақоми баёни неъматҳои худ ба Паёмбари Акрам (с) мефармояд: «Худованд туро фақир ёфт ва бе ниёзи намуд.»(Сураи Зуҳо, ояти 8) Расули Худо (с) низ ҳамвора мефармуд ҳеҷ моле ба ман сӯд набахшид, онгуна, ки сарвати Хадиҷа (рз) ба ман сӯд бахшид. Паёмбар (с) аз амволи Хадиҷа (с) дар роҳи кӯмак ба озодии қарздорон, ятимон ва бенавоён истифода мекард.

Дар ҷараёни муҳосираи шаъби Абутолиб, Ибни Ҳазом бародарзодаи Хадиҷа (рз), шутурҳоро меоварад ва бо он шутурҳо, гандум ва хурморо ҳамл мекард ва бо заҳмату хатари зиёд, онҳоро ба Бани Ҳошим мерасонид .(Ибни Ҳишом, Сираи набавӣ, ҷ1, саҳ 353)

Алоқаманд шудани ҳазрати Хадиҷа(рз) бо Паёмбари Акрам(с)

Дар он замоне, ки мардуми Макка аз роҳи тиҷорат касби маош мекарданд, Хадиҷа(рз) яке аз сарватмандони Макка буд ва корҳои тиҷоратӣ мекард ва чандин шутур дар дасташ  буд, ки дар атрофи кишварҳое мисли Шом, Миср ва Ҳабаша, рафту омад ва тиҷорат дошт. Вақте овозаи дурустӣ, амонтдорӣ ва хушахлоқии Расули Худо(с)-ро шунид ва лақаби “Муҳаммади амин”-ро аз ӯ дид, дар пайи гуфтугӯе бо Абутолиб, амаки Паёмбар(с) шуд ва Муҳаммади аминро дар корвони тиҷоратии худ, дар умури марбут ба доду ситадҳояш интихоб кард, аз он пас Паёмбар(с) дар даврони ҷавонӣ дар сафарҳои тиҷоратӣ барои ҳазрати Хадиҷа(рз) фоидаи фаровоне ба даст овард.

Дар сафаре, ки Пайғамбар(с) барои тиҷорат ба Шом рафт, ҳазрати Хадиҷа(рз) ғуломи худ “Майсара”-ро ҳамроҳи ӯ фиристод ва дастур дод, то  ӯро ҳамроҳӣ ва муроқибат намояд. Дар шаҳри Басра дар наздикии Шом ба роҳибе ба номи “Настуро” бархӯрд карданд, ки ӯ ба ғулом, аз ояндаи Пайғамбар(с) ва нубуввати ӯ хабар дод ва аз тарафи дигар фоидаи бисёре насиби онҳо шуд, ки то он  вақт, дар ҳеҷ сафаре ба ин андоза фоида надида буданд.

Баъд аз баргашт аз Шом, Майсара (ғуломи Хадиҷа) аҳволоти сафар ва гуфтори роҳиб ва мушоҳидоташро, ки аз азамат ва маънавияти Муҳаммад(с) буд, барои Хадиҷа(рз) таъриф кард ва аз ҳамин ҷо буд, ки ӯро муштоқи ҳамсарӣ бо “Муҳаммади Амин” намуд ва бо вуҷуде, ки мардони сарватманде аз Қурайш чун, Абуҷаҳл ибни Ҳишом ва Уқба ибни Муит ва Абусуфён аз бузургони Қурайш аз ӯ хостгорӣ карда буданд, вале Хадиҷа(рз), ки шефтаи дурусткорӣ, амонатдорӣ ва макорими ахлоқии ӯ шуда буд, худ пешниҳоди издивоҷ бо Расули Худо(с)-ро дод ва бархилофи суннатҳои издивоҷ дар миёни аъроби ҷоҳилии он замон, мол ва сарвати зиёде аз дороияшро ба Муҳаммад(с), ҳадя кард. Муҳммади амин низ ин издивочро қабул мекунад.

Издивоҷ бо Паёмбар(с)  пайванди осмонӣ

Пайванди мубораки Паёмбари Акрам(с) ва ҳазрати Хадиҷа(рз) пайванди илоҳӣ буд, ки дар ба самар расонидани рисолати Парвардигор нақши азиме дошт ва ин замоне иттифоқ афтод, ки ҷаҳл ва бутпарастӣ дар шаҳри Макка дар авҷ буд.

Ҳамаи фарзандони Расули Акрам(с) ба ҷуз Иброҳим аз ҳазрати Хадиҷа(рз) аст. Фарзандони Хадиҷа(рз) иборатанд: Қосим ки кунияи Расули Акрам(с) ба Абулқосим аст, Зайнаб, Умми Кулсум, Фотима(рз) ва Абдуллоҳ. Фарзандони писар аз Хадиҷа(рз) ҳамагӣ дар хурдсолӣ даргузаштанд. Ҳарчанд духтарҳо  низ ҳама дар тӯли ҳаёти Паёмбар(с) аз дунё рафтанд, ба ҷуз ҳазрати Фотима(рз), ки пас аз реҳлати Паёмбар(с) беш аз шаш моҳ умр накард ва ба падари хеш пайваст. (Сираи Ибни Ҳишом, ҷ1, саҳ 189-191)

Вафоти ҳазрати Хадиҷа (рз)

Манобеи таърихӣ, соли вафоти ҳазрати Хадиҷа(рз)-ро даҳуми беъсат, яъне 3 сол қабл аз ҳиҷрати Паёмбар (с) аз Макка ба Мадина зикр кардаанд.(Уюну-ал-асар,  ҷ1,  саҳ151) (Табарӣ,  ҷ11,   саҳ493)

Дар он замон, сини ҳазрати Хадиҷа (рз)-ро ҳангоми вафот,  65 сол донистаанд.(Табарӣ, ҷ11 саҳ493)

Ба қавли дигар сини ҳазрати Хадиҷа (рз) ҳангоми вафот, 64 сол ва шаш моҳ зикр мекунад.(Алистиъоб, ҷ4, саҳ1818)

Аммо Байҳақӣ сини уро 50 сол донистааст.(Байҳақӣ, ҷ2, саҳ72)

Бархе аз манобеъ, соли реҳлати ҳазрати Хадиҷа(рз)-ро ҳамон соли даргузашти Абутолиб ва андаке баъд аз он донистаанд.(Табарӣ, ҷ11, саҳ493)

Ибни Саъд, реҳлати ҳазрати Хадиҷа(рз)-ро 35 рӯз баъд аз вафоти Абутолиб медонад.(Табақот-ул-кубро ҷ1‏, саҳ96)

Бархе дигар аз муаррихон, замони вафоти Хадиҷа(р)-ро, даҳуми рамазони соли даҳуми беъсат зикр кардаанд.(Ибни Саъд, Табақот‏-ул-кубро, ҷ8, саҳ14)

Абутолиб амӯи Паёмбар(с) низ дар ҳамин сол аз дунё рафт. Паёмбари Акрам()с) ин солро ом-ул-ҳузн номид.(Амтоъ-ул-асмоъ, ҷ1, саҳ45)

Бинобар ривоёти исломӣ, Паёмбар(с) ибтидо бо ридои(ҷомаи) худаш ва сипас бо либоси биҳиштӣ ҳазрати Хадиҷа (рз)-ро кафан кард ва ӯро дар қабристони Муалот дар доманаи кӯҳи Ҳаҷун, ки бар фарози шаҳри Маккааст, ба хок супурд. (Ҷосир, Макони таърихи исломӣ дар Маккаи Мукаррама, саҳ115)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед