Ҷойгоҳи шаҳодат дар роҳи Худованди Мутаол (2)

0
178

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҷойгоҳи шаҳодат ва ҷанг дар роҳи Худованди Мутаол

Бахши дуввум
Инсон дар олами дунё ба думболи гумшудае аст; гоҳе баъзе аз инсонҳо гумшудаи худро меёбанд ва ё гоҳе баъзе дигар дар ташхиси гумшудаи худ иштибоҳ мекунанд. Касе ҳаст, ки гумшудаи худ дар ин олами паҳноварро мақому мансаб медонад ва барои расидан ба ин хостаи қалбиаш бисёр талош мекунад. Барои як шахси дигар, ин молу сарват гумшудаи ӯ дониста мешавад. Як шахси дигар хаёл мекунад, ки шуҳрату номи пуровоза тамоми мақсади ӯ аз зиндагӣ мебошад. Аммо дар ин байн касоне ҳастанд, ки танҳо Худованд сарчашмаи тамоми камолоти инсонӣ ва гумшудаи онҳо мебошад ва бо кӯмаку ёрии Худо ва дар роҳи Худо ва барои Худо аз ҷону молу тамоми дороии худ мегузаранд ва тамоми молу сарват ва ҳатто ҷони худро дар роҳи талаби ризояти Худо ва пойдории дини Ислом тақдим мекунанд. Дунё бо тамоми доштаҳояш дар назари онҳо кӯчаку ночиз аст ва талаби ризояти илоҳӣ бузургтарин сармояи онҳо мебошад.

وَلَىِٕن قُتِلۡتُمۡ فِی سَبِیلِ ٱللَّهِ أَوۡ مُتُّمۡ لَمَغۡفِرَة مِّنَ ٱللَّهِ وَرَحۡمَةٌ خَیۡر مِّمَّا یَجۡمَعُونَ وَلَىِٕن مُّتُّمۡ أَوۡ قُتِلۡتُمۡ لَإِلَى ٱللَّهِ تُحۡشَرُونَ

“Ва агар дар роҳи Худо кушта шавед ё бимиред, ҳатман омурзиш ва раҳмате аз ҷониби Худо аз (ҳамаи) ончи онон ҷамъ мекунанд, беҳтар аст. Ва агар бимиред ё кушта шавед қатъан ба сӯи Худо маҳшур хоҳед шуд.” (сураи Оли Имрон, ояти 157-158)

Марг ба маънои нестӣ ва нобудӣ нест, балки даре аст ба сӯи зиндагии дигар, ки ҳамроҳ бо абадият ва дар дараҷаи болотару олитар аст ва марге, ки раҳматофарин бошад, беҳтар аз сарват аст ва фарҷоми ҳама ба сӯи Худованди Мутаол аст ва раҳмату омурзиши бепоёни илоҳӣ дар шаҳодат ва сафарҳои илоҳӣ нуҳӯфта аст.

Яке аз сабабҳои фирор аз ҷанг гуноҳони гузашта аст, ки майдонро барои васвасаҳои шайтонӣ боз мекунад; гуноҳ пардаи шарму ҳаё ва тақворо пора мекунад ва дар натиҷа инсон ба домани гуноҳи бузургтар яъне фирор аз ҷанг меафтад ва ин шайтон аст, ки аз гуноҳон сӯистифода карда ва тарсу ларзро дар дили мусалмон эҷод мекунад ва шикаст дар майдони набардро сабаб мешавад.

Оятҳои шарифаи сураи Оли Имрон мӯъминонро мавриди хитоби худ қарор дода ва мефаҳмонад, ки мусулмонон набояд шакку тардиде дар дили худ роҳ диҳанд ва бидонанд, ки ҳамаи корҳо ба хосту иродаи илоҳӣ аст ва маргу зиндагӣ ба хости Худованд аст ва ҳамчун мунофиқон васвасаҳои шайтонӣ шуморо дар бар нагирад то сустқадам гашта, ин муҳимтарин омили шикаст аст. Албатта бояд гуфт барои мӯъмин ҷанг дар роҳи Худо ва ё дар роҳи Худо устуовору собитқадам мондан як пирӯзии бузург аст ва ин хосси мӯъминон аст ва дар ҳар ҳол мавриди раҳму омурзиши илоҳӣ қарор мегиранд.

Касоне ҳам, ки дар роҳи ҳиҷрат аз диёри худ, сафар ба ҷабҳаи ҷанг ва ё дар роҳи касби илму дониш, ё дар сафар ба ҳаҷҷу зиёрат ва ё таблиғи дину маорифи илоҳӣ ва дигар аҳдофи муқаддасе аз дунё бираванд, боз раҳмату омурзиши илоҳӣ шомили ҳолашон хоҳад шуд ва Қуръони Карим ҳам дар ин бора фармудааст:

وَمَن یُهَاجِرۡ فِی سَبِیلِ ٱللَّهِ یَجِدۡ فِی ٱلۡأَرۡضِ مُرَ ٰغَمࣰا كَثِیرࣰا وَسَعَةࣰۚ وَمَن یَخۡرُجۡ مِنۢ بَیۡتِهِۦ مُهَاجِرًا إِلَى ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ یُدۡرِكۡهُ ٱلۡمَوۡتُ فَقَدۡ وَقَعَ أَجۡرُهُۥ عَلَى ٱللَّهِ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورࣰا رَّحِیمࣰا

“Ва ҳаркас дар роҳи Худо ҳиҷрат кунад, дар замин маконҳои (амне) бисёр ва кушоишҳое хоҳад ёфт; ва ҳар кас (ҳамчун) муҳоҷир ба сӯи Худо ва Паёмбараш аз хонаи худ берун равад, сипас марг ӯро дарёбад, ба яқин аҷраш бар Худованд аст ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст” (сураи Нисо, ояти 100).

Муҳоҷират шомили ақсоми муҳоҷират ҳамчун ҳиҷрат барои ҷиҳод, ҳиҷрат барои таҳсили илм, ҳиҷрат барои таблиғу нашри маорифи Ислом мешавад ва ин ҳиҷрат бояд ҳадафманд ва ҳушёрона аст, ки фарҷоми нек дар дунё ва охират дорад ва ҳиҷрат агар илоҳӣ бошад сабаби озодӣ ва осоиш мешавад ва аҷру подоши он назди Худо аст ва муомилаи бо Худованди Мутаол бисёр пурсуд ва албатта яқинӣ ва ҳатмӣ аст ва чӣ зеботару пурсамартар аз омурзиши гуноҳон?!

عَن أَنَسٍ قَالَ رَسُولُ الله صَلَّی اللهُ عَلَیهِ وَ ءالِهِ وَسَلَّمَ: القَتلُ فی سَبیلِ اللهِ یَکَفِّرُ کُلَّ خَطیئَةٍ إِلَا الدَّینَ

Анас (рз) аз Расули Худо(с) нақл мекунад, ки ҳазрат фармуд: “Қатл дар роҳи Худованд ҳамаи гуноҳонро мепӯшонад, магар қарзро.” (Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 1648).

Дар тавзеҳи ин ривоят бояд, гуфт; маълум аст, ки қарз ҳам ба ду навъ аст; ё ҳаққи мардум аст, ки дар ин бора дар дунё ва охират ихтиёр бо соҳиби ҳақ аст, аммо навъи дигари қарз ҳаққи Худованди Мутаол аст, бо лутфу меҳрубониаш аз гуноҳону бадиҳои бандааш мегузарад ва бандаи муҷоҳиди роҳи Худо бо хотири осуда чашм аз ин ҷаҳон мепӯшаду ва дар дунёи абадӣ фазлу бахшиши бепоёни Парвардигор шомили ҳолаш мешавад.

عَن مُعاذِ بن جَبَلٍ عَنِ النَّبِیِّ صَلَّی اللهُ عَلَیهِ وَ ءالِهِ وَ سَلَّمَ قالَ: مَن سَأَلَ اللهُ القَتلَ فی سَبیلِهِ صادِقًا مِن قَلبِهِ أَعطاهُ اللهُ أَجرَ الشَّهادَة

Муоз ибни Ҷабал аз Расули Худо(с) ривоят кардааст, ки ҳазрат фамуд: “Ҳаркасе, ки бо сидқи дил аз Худованд мурдан дар роҳи Ӯро талаб кунад, Худованд аҷру подоши шаҳодатро арзониаш мекунад.” (Сунани Тирмизӣ, ҳадиси 1660).

Шавқ ба марги дар роҳи Худо ва пар кашидану ҳиҷрат кардан аз ин олам аз бартарин сифатҳои бандаи мӯъмин аст; ин дунё барои дӯстодорони Худо ҳамчун зиндон аст ва ҳамеша дар дил шавқи висол ба Парвардигорашонро доранд ва танҳо чизе, ки онҳоро аз ин хостаи қалбӣ ва зебояшон манъ мекунад, ҳамин дунё аст ва онҳо барои расидан ба хостаашон ҷону моли худро фидо мекунанд ва яқинан Худо ҳам ин амали неки онҳоро беаҷру подош боқӣ намегузорад.

إِنَّ المُتَّقینَ فِی جَنَّاتٍ وَ نَهَرٍ

فِی مَقعَدِ صِدقٍ عِندَ مَلیکٍ مُقتَدِرٍ

“Аҳли тақво дар боғҳо ва наҳрҳо ҳастанд, дар ҷойгоҳи ростин назди Худованди молики тавоно.” (сураи Қамар, ояти 54-55)
Умед аст, ки ба хосту иродаи Худованди Мутаол ин навишта гоме ҳар чанд кӯчак дар нашри маорифи қуръонӣ бардошта ва хидмате барои роҳу мактаби шаҳидон карда бошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед