Ҷойгоҳи шаҳодат дар роҳи Худованди Мутаол (1)

0
129

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҷойгоҳи ҷангу шаҳодат дар роҳи Худованди Мутаол

Бахши аввал
Мусулмонони ҳақиқӣ дар равобит ва корҳои шахсии худ осонгир ҳастанд, базлу бахшишҳои бисёр доранд ва аз бисёре бадрафториҳои дигарон чашмпӯшӣ доранд, аммо дар масъалаи дин собитқадаму устувор ҳастанд, гавҳари динро ба дур аз ҳаргуна чашмпӯшиҳо посбонӣ мекунанд ва иҷозаи дастдарозӣ ба онро ба ҳеҷ кас намедиҳанд ва чӣ басо дар ин роҳи бузургу пурарзиш, яъни роҳи Худо, ҷону моли худро ҳам тақдими Худованд карда ва неъматҳои бепоёни илоҳӣ насибашон гардида ва дар ҳақиқат бо Худованди Мутаол муомила мекунанд. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

إِنَّ ٱللَّهَ ٱشۡتَرَىٰ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِینَ أَنفُسَهُمۡ وَأَمۡوَ ٰ⁠لَهُم بِأَنَّ لَهُمُ ٱلۡجَنَّةَۚ یُقَـٰتِلُونَ فِی سَبِیلِ ٱللَّهِ فَیَقۡتُلُونَ وَیُقۡتَلُونَ وَعۡدًا عَلَیۡهِ حَقࣰّا فِی ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَٱلۡإِنجِیلِ وَٱلۡقُرۡءَانِ وَمَنۡ أَوۡفَىٰ بِعَهۡدِهِۦ مِنَ ٱللَّهِ فَٱسۡتَبۡشِرُوا۟ بِبَیۡعِكُمُ ٱلَّذِی بَایَعۡتُم بِهِ وَذَ ٰ⁠لِكَ هُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِیمُ

Ҳамоно Худо аз мӯъминон ҷону молашонро ба баҳои биҳишт харидорӣ кард; онон дар роҳи Худо меҷанганд ва мекушанд ва кушта мешаванд. Ин дар Тавроту Инҷил ва Қуръон ваъдаи ҳаққе бар ӯҳдаи Худо аст ва чӣ касе аз Худо ба аҳди хеш вафодортар аст? Пас ба ин муомилае, ки бо Худо кардаед, шод бошед ва ин ҳамон комёбии бузург аст.” (сураи Тавба, ояти 111)

Худованди Мутаол дар ин ояти сураи Тавба ба касоне, ки бо ҷону моли худ дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд, ваъдаи қатъии биҳишт медиҳад ва мефармояд, ки ин ваъдаро дар китобҳои Тавроту Инҷил ҳам додааст.
Худованди Мутаол ин ваъдаро дар қолаби мисол баён карда ва онро ба хариду фурӯш монанд кардааст ва чи қадар аз тамсили зебо ва латиф истифода кардааст; яъне худро харидор ва мӯъминонро фурӯшанда ва ҷону моли ононро колои мавриди муомила ва биҳиштро қиммат ва албатта Тавроту Инҷил ва Қуръонро санади он хондааст ва дар охир мӯмъинонро бар ин муомила мужда дода ва ба растгорӣ ва комёбии бузургро табрику таҳният гуфтааст.
Ин ояти шарифа ба мо меомӯзад, ки Худованд бо мӯъминон муомила мекунад ва аз онҳо мехарад, на аз мунофиқу кофир ва ин биҳиште, ки ваъдаи илоҳӣ аст, дар сояи ҷиҳоду шамшер ва тақдими ҷону мол ба Худованд аст ва онгуна ҷиҳоде мавриди қабули Худованд аст, ки дар роҳи Ӯ бошад ва агар ҳадаф аз ҷиҳод Худованди Мутаол бошад куштану кушта шудан фарқе надорад ва муҳим мубориза бурдан бо ботил ва нобуд кардани ону аҳли он аст ва дар ин муомилае, ки бо Худованд анҷом меёбад, як фоидаи яқинӣ ва қатъӣ насиби мӯъмин мешавад, ки он ҳамон биҳишт мебошад.
Шахсе, ки дар роҳи Худо ба ҷангу ҷиҳод меравад, илова бар ин ваъдае, ки дар интизори ӯ аст, бисёр фазилат ва ҷойгоҳи боло ва шаъну мақоми воло дорад ва Расули Худо(с) дар ҳадиси худ ба он ишора кардааст:

عَن أَبی سَعیدٍ الخُدرِیِّ: أّنَّ رَجُلاً أَتَی النَّبِیَ صَلَّی اللهُ عَلَیهِ وَ ءالِهِ وَ سَلَّمَ فَقالَ: أَیُّ النَّاسِ أَفضَلُ؟ فَقالَ:رَجُلٌ یُجاهِدُ فِی سَبیلِ اللهِ بِمالِهِ وَ نَفسِهِ

” Аз Абисаиди Худрӣ ривоят шудааст, ки марде ба назди Расули Худо(с) омад ва пурсид, ки чӣ касе бофазилаттар аст? Расули Худо(с) фармуданд: “касе, ки бо молу ҷонаш дар роҳи Худо ҷиҳод мекунад.” (Саҳеҳ Муслим, ҳадиси 1888).

Инчунин аст аҷру подош барои касоне, ки дар роҳи Худованди Мутаол ҷиҳод мекунанд; он касоне, ки барои Худо ва дар роҳи Ӯ аз сидқи дил гом бармедоранд ва ҳатто касоне ҳам, ки майл ба ҷангу ҷиҳод дар роҳи Худоро доранд, аммо ба ҳар далел аз ширкат дар ҷанг маҳрум бошанд ва дар ҳамон ҳол аз дунё бираванд, ҳам савобу аҷрашон ҳамчун шаҳид аст:

عَن أَبی هُرَیرَة: قالَ رَسُولُ الله صَلَّی اللهُ عَلَیهِ وَ ءالِهِ وَ سَلَّمَ: مَن قُتِلَ فی سَبیلِ اللهِ فَهُوَ شَهیدٌ، وَ مَن ماتَ فی سَبیلِ اللهِ فَهُوَ شَهیدٌ

Абиҳурайра аз Расули Худо(с) ривоят кардаанд, ки он ҳазрат фамуд: “Касе, ки дар роҳи Худо кушта шавад шаҳид аст ва касе ҳам, ки дар роҳи Худо бимирад шаҳид аст.” (Саҳеҳ Муслим, ҳадиси 1915)
Ҳадиси дигареро Абиҳурайра аз Расули Худо (с) инчунин ривоят кардааст:

عَن سَهلِ بنِ حُنَیفٍ حَدَّثَهُ، عَن أَبِیهِ، عَن جَدِّهِ، أَنَّ النَّبِیّ قالَ: مَن سَأَلَ اللهَ الشَّهَادَةَ بِصِدقٍ مِّن قَلبِهِ، بَلَّغَهُ اللهُ مَنَازِلَ الشُّهَداءَ وَ إِن مَاتَ عَلی فِراشِهِ

“Расули Худо (с) фармуд: ҳар шахсе, ки содиқона аз Худованд талаби шаҳодат кунад, Худованд ҷойгоҳи шаҳидонро ба он шахс ато мекунад, ҳатто агар дар дар тахти хоби худ бимирад.” (Саҳеҳ Муслим, ҳадиси 1909).
Ба яқин арзишу ҷойгоҳи шаҳид аз сабаби ҳадафи илоҳии ӯст ва ин шаҳидони илоҳӣ дар зери сояи раҳмати Худованди Мутаол дар амнияту оромиш қарор доранд ва аз неъматҳои бепоёни Худованд баҳраманд мегаранд ва инчунин аст, ки пайваста роҳу мактаби шаҳидон пойдор аст.

Дар бораи вежагиҳои шаҳидон дар Қуръон Карим ингуна мехонем:

  1. Зинда будан дар назди Худо

وَلَا تَقُولُوا۟ لِمَن یُقۡتَلُ فِی سَبِیلِ ٱللَّهِ أَمۡوَ ٰتٌ بَلۡ أَحۡیَاۤءࣱ وَلَـٰكِن لَّا تَشۡعُرُونَ

“Ва ба касоне, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, нагӯед мурдагонанд, балки онон зиндагонанд, вале шумо дарк намекунед.” (сураи Бақара, ояти 154).

  1. Баҳрамандӣ аз ризқи илоҳӣ дар олами барзах

وَلَا تَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِینَ قُتِلُوا۟ فِی سَبِیلِ ٱللَّهِ أَمۡوَ ٰتَۢا بَلۡ أَحۡیَاۤءٌ عِندَ رَبِّهِمۡ یُرۡزَقُونَ

“Ва ҳаргиз гумон мабар касоне, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда ҳастанд, балки онон зиндаанд ва назди Парвадигорашон рӯзӣ дода мешаванд.” (сураи Оли Имрон, ояти 169)

  1. Подоши шаҳидон
  • Бахшида шудани гуноҳон ва дохил шудан ба биҳишт:

فَٱلَّذِینَ هَاجَرُوا۟ وَأُخۡرِجُوا۟ مِن دِیَـٰرِهِمۡ وَأُوذُوا۟ فِی سَبِیلِی وَقَـٰتَلُوا۟ وَقُتِلُوا۟ لَأُكَفِّرَنَّ عَنۡهُمۡ سَیِّـَٔاتِهِمۡ وَلَأُدۡخِلَنَّهُمۡ جَنَّـٰتࣲ تَجۡرِی مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَـٰرُ ثَوَابࣰا مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ وَٱللَّهُ عِندَهُۥ حُسۡنُ ٱلثَّوَابِ

“Пас касоне, ки ҳиҷрат кардаанд ва аз хонаҳои худ берун ронда шудаанд ва дар роҳи ман озор дидаанд ва ҷанг кардаанд ва кушта шудаанд, қатъан бадиҳояшонро мепӯшонам ва ҳатман онҳоро ба боғҳое, ки аз зери он наҳрҳо ҷорӣ аст, дохил мекунам; (ин) подоше аз ҷониби Худо аст ва подоши некӯ назди Худованд аст.” (сураи Оли Имрон, ояти 195)

  • Баҳрамандӣ аз подоши бузург

فَلۡیُقَـٰتِلۡ فِی سَبِیلِ ٱللَّهِ ٱلَّذِینَ یَشۡرُونَ ٱلۡحَیَوٰةَ ٱلدُّنۡیَا بِٱلۡـَٔاخِرَةِ وَمَن یُقَـٰتِلۡ فِی سَبِیلِ ٱللَّهِ فَیُقۡتَلۡ أَوۡ یَغۡلِبۡ فَسَوۡفَ نُؤۡتِیهِ أَجۡرًا عَظِیمࣰا

Пас касоне, ки зиндагии дунёро ба охират мефурӯшанд, бояд дар роҳи Худо биҷанганд ва ҳар кас дар роҳи Худо биҷангад ва кушта шавад ё пирӯз гардад, ба зудӣ подоши бузурге ба ӯ хоҳем дод.” (сураи Нисо, ояти 74).
Умед аст, ки ба хосту иродаи Худованди Мутаол ин навишта гоме ҳар чанд кӯчак дар нашри маорифи қуръонӣ бардошта ва хидмате барои роҳу мактаби шаҳидон карда бошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед