Ҷанги Табук(бахши аввал)

0
52

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мушаххасоти Ғазваи Табук

 Фармондеҳ:  Расули Худо ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ(с)

Иллат:             Муқобила ба ҳамлаи эҳтимолии душман

Рубарӯ:            Лашкари Рум

Замон:             Соли 9-уми ҳиҷрат

Макон:            Минтақаи Табук байни Шому Мадина

Натиҷа:           Баргашт ба Мадина бидуни даргирӣ

Таъсир:           Ошкор шудани чеҳраи мунофиқон ва…

Ғазваи Табук охирон ғазвае буд, ки Паёмбар(с) анҷом доданд. Дар соли нуҳуми ҳиҷрии моҳи Раҷаб, Паёмбар(с) артиши Исломро барои муқобала бо Румиҳо омода кард. Ин ҷанг имтиҳони бузурге буд барои мусалмонон, чун дар замон ва шароите буд, ки дар Мадина қаҳтӣ, камбуди маводи ғизоӣ ва гармои сӯзон ҳукмфармо буд. Инчунин мусалмонон бояд барои рӯёрӯӣ бо Румиҳо, роҳи дароз, бодҳои сӯзон,  туфони гарду хокро таҳаммул кунанд. Ба хотири вуҷуди чунин сахтиҳо ин ҷанг ба Ҷайшу ал-Уср (лашкари мушкил ё сахт) маъруф шуд.

Ин ҷанг, танҳо ғазвае буд, ки Паёмбари Худо(с) ҳазрати Алӣ(к)-ро иҷозаи ширкат надод ва ӯ дар он ширкат надошт.

Сабаби ба вуҷуд омадани ҷанги Табук

Дар мавриди иллат ва сабаби ба вуҷуд омадани ҷанги Табук, таърихнависон ихтилоф доранд ва ҳадафи онро гуногун баён кардаанд.

Яке мегӯяд ҳадаф аз ҷанг интиқоми хуни Ҷаъфар ибни Абутолиб маръруф ба Ҷаъфари Тайёр бародари Ҳазрати Алӣ(к), ки дар ҷанги Мавта ба дасти Румиҳо шаҳид шуд.

Гурӯҳи машҳур ба ин муътақид ҳастанд, ки Набтиҳое, ки барои фурӯши Орду равған ба Мадина  меомаданд хабарҳое марбут ба Шомро ба мусалмонон мерасонданд. Рӯзе яке аз онҳо хабар овард, ки Ҳирақл (подшоҳи Рум) нерӯи бисёр бузурге ҷамъ кардааст, то ба Мадина ҳамла кунад. (Билозарӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансобу ал-Ашроф, ҷ. 1 саҳ. 368)

Ҳамчунин дар ривоятҳои дигар низ бидуни ишора ба сабабу иллати ҷанги Табук, омадааст, ки Расули Худо(с) барои ҷанг бо Румиҳо аз Мадина хориҷ шуд. (Таърихи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, ҷ. 3 саҳ. 100-101)

Иқдомоти Паёмбар

Расули Худо(с) бо шунидани ин хабар фавран барои фароҳам кардани сипоҳ шурӯъ кард ва Асҳобро барои муқобила бо артиши Рум ташвиқ кард.

Албатта бо вуҷуди гармои сахти фасли тобистон, шароити бади иқтисодӣ, роҳи тулонӣ бар сахтиҳо изофа мекард, барои ҳамин Паёмбар қасди худро ба таври ошкор ба мардум баён кард, то барои сафари ҷангӣ омода шаванд ва ҳатто бархе аз саҳобаҳоро ба ҷамъоварии нерӯ ба назди қабилаҳои дигар фиристод ва махориҷи бузурги онро аз роҳи закот ва кӯмакҳои мардум ва шахсони некукор таъмин намуд. (Ибни Саъд, Табақоту-ал-Кубро, ҷ. 2 саҳ. 165 Дору содир, Бейрут)

Пас аз онки Расули Худо(с) нияти худро ошкор кард, баъзе аз мардуми дунёпараст ва мунофиқони Мадина баҳонаҳои гуногун оварданд ва ин бархе аз ин онқадар бад буд, ки Худованд худи онҳоро дар Қуръон посух додаасст.

Баро мисол: Расули Худо(с) вақте ки ба Ҷад ибни Қайс пешниҳоди ширкат дар ҷанг дод. Ӯ барои тарошидани баҳона ё узр, истиҳзо ё тамасххур, ба Расули Худо гуфт:

Ман ба занон алоқаи зиёд дорам. Метарсам вақте, ки занони зебои Румиро бубинаму натавонам худамро идора кунам ва дучори фитна шавам.

Худованд дар посухи ин ҳарф мефармояд:

وَمِنۡهُم مَّن يَقُولُ ٱئۡذَن لِّي وَلَا تَفۡتِنِّيٓۚ أَلَا فِي ٱلۡفِتۡنَةِ سَقَطُواْۗ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةُۢ بِٱلۡكَٰفِرِينَ

“Ва баъзе аз онҳо мегӯянд ба мо иҷоза бидеҳ ва моро дучори фитна(азоб) накун. Огоҳ бош, ки инҳо дучори фитна шудаанд. Ҳамоно Ҷаҳаннам бар кофирон тасаллут дорад.” (Сураи Тавба, ояти 49)

Ва бархе дигар низ барои ширкат накардани дар ҷанг гармои ҳаворо баҳона тарошӣ карданд. Худованд низ дар посух ба инҳо мефармояд: баҳонаҳо  то аз ширкат дар ҷанг рӯй гардонданд. Яке мегуфт ҳаво гарм аст, дигарӣ мегуфт роҳ дароз аст ва… .

Онҳо бо ин  таблиғҳо талош карданд, тарсу ҳарос дар дили мусалмонон биафкананд.

وَقَالُواْ لاَ تَنفِرُواْ فِي الْحَرِّ قُلْ نَارُ جَهَنَّمَ أَشَدُّ حَرًّا لَّوْ كَانُوا يَفْقَهُونَ

Ва гуфтанд: Дар гармо ба ҷанг наравед. Бигӯ оташи дузах сӯзонандатар аст агар мефаҳмидед.” (Сура Тавба, ояти 81)

Мунофиқон ҳатто пои худро аз баҳона тарошиҳои фарди фаротар гузошта даст ба тавтеаҳои гурӯҳӣ ва дастаҷамъи заданд. Пайғамбари Худо хабардор шуд, ки мунофиқон новобаста аз инки худ ҳозир нестанд, дар ҷанк ширкат кунанд балки дар хонаи яке аз яҳудиёни Мадина ба номи Сувайлами ҷамъ шуда гурӯҳ ташкил мекунад, то мардумро аз ширкат дар ҷанг боздоранд.

Пайғамбари Ислом(с) ба асҳоби худ фармон дод, хонаи Сувайлами Яҳудиро оташ бизананд.

Мунофиқон дарҳоли тарҳи нақша барои ҷилавгирӣ аз ҳаракати қабилаҳо ва ширкат накардани мардум дар ин ҷанг буданд, ки шӯълаҳои оташ аз гушаву канори хона баланд шуд ва тавтеагарон ба суръат аз миёни шӯълаҳои оташ берун  париданд ва ин кор дарс ва ибрати бузурге барои коршиканон шуд ва пеши роҳи мухолифон ва мунофиқонро гирифт ва донистанд, ки агар инкорро такрор кунанд мумкин аст ба вокуниши шадидтари Пайғамбари Ислом рӯбарӯ шаванд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед