Ҷаъфар ибни Абутолиб(рз)-бахши дуввум

0
10

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ахлоқ ва рафтораш монанди ман аст

 Дар қисмати қабл бо мушаххасот, замони Ислом овардан  ва бахше аз сафари ҳиҷрат ба Ҳабашаро гуфтем ва дар ин қисмат ба идомаи мақола пардохта ва ба дигар хусусиёти ин саҳобаи фидокор ва мухлиси Расули Худо(с) мепардозем.

 Достони маҷлиси бузурги Наҷошӣ

Саранҷом рӯзе, ки қарор буд ин ду нафар(фиристодагони Қурайш) дар он, ба дарбори Наҷошӣ роҳ ёбанд ва дархости қурайшиёнро ба иттилои ӯ бирасонанд, муайян шуд.

Дар рӯзи муайяншуда, Наҷошӣ бо шукӯҳу шаҳомат бар тахти салтанат нишаст ва дарбориён ва бузургони масеҳият дар атрофи ӯ қарор гирифтанд, мусулмонон низ мутобиқи барномаи қаблӣ дар толори бузурги кохи Наҷошӣ дар ҳузури вай нишастанд.

Намояндагони Қурайш аз ҷо бархостанд ва тақозоеро, ки қаблан хусусӣ, бо Наҷошӣ, бузургони дарбор ва бузургони масеҳият матраҳ карда буданд, дар он маҷлиси бузург такрор карда гуфтанд:

“Эй подшоҳ иддае аз ҷавонони нодон ва беақли мо, ки аз оини падарони худ даст кашида ва ба кишвари шумо паноҳанда шудаанд, ба оини шумо низ нагаравидаанд, балки аз оини ҷадиде пайравӣ мекунанд, ки на мо бо он оин ошноӣ дорем ва на шумо.

Бузургон ва ашрофи қавми мо, падарон ва хешовандони онон моро ба дарбори подшоҳ фиристодаанд, то бо мувофиқати подшоҳ, онҳоро ба ватани хеш баргардонем.”

Наҷҷошӣ пас аз шунидани ин суханон рӯ ба сӯи мусулмонон намуд ва пурсид: Ин оини ҷадид кадом аст, ки оини падарони худро раҳо карда ва пайрав он шудаед?

Дар ин ҳангом Ҷаъфар(рз) ба по хост, то маъмуриятеро, ки муҳоҷирон пеш аз ҳузур дар маҷлис, тайи як ҷаласаи машваратӣ ба ӯ муҳаввал карда буданд, анҷом диҳад.

Ҷаъфар(рз) бо камоли оромишу шукӯҳ ба по хост ва нигоҳи меҳрубонона ба Наҷҷошӣ, ки онҳоро паноҳ дода буд кард ва чунин гуфт:  “Подшоҳо! мо, мардуми нодоне будем, ки бутҳоро парастиш мекардем, лошаи ҳайвоноти  мурдорро мехӯрдем, корҳои зишт анҷом медодем, пайванд хешовандиро риоят намекардем, бо ҳамсоягон бадрафтори менамудем. Дар ҷамоати мо, зӯрмандон хуни нотавононро мемакиданд ва онҳоро дар коми худ фурӯ мекашиданд. То онки Худованди Мутаол, дар миёни мо паёмбареро барангехт, ки асолат ва наҷобати хонадон, ростгӯӣ, дурусткорӣ ва покдомнии ӯро ба хубӣ медонем. Ӯ моро ба сӯи Худои Ягона даъват кард ва аз парастиши бутҳо ва худоёни чӯбӣ ва сангӣ наҳй намуд.

Ӯ моро ба ростгӯӣ, адои амонат, некӣ ба хешовандону ҳамсоягон, худдори аз хунрезӣ ва рафтори зишт, даъват намуд ва аз зулму ситам, таҷовуз ба номус ва шарафи дигарон, хӯрдани амволи ятимон ва муттаҳам сохтани занони покдомн ва… наҳй кард.

Мо ӯро тасдиқ кардем ва ба оини ӯ пайвастем. Худои ягонаро парастиш кардем, шарике барои ӯ қоил нашудем ва дастуроти паёмбарро иҷро кардем. Вақте, ки қавми мо бар мо ситам намуданд ва моро мавриди  шиканҷа қарор доданд, то моро аз дини худ баргардонанд ва дубора ба бутпарастӣ ва он зиндагии олудаи гузашта бикашонанд ва мо низ дини худоро дар хатар дидем, ба кишвари шумо омадем, ба ин умед, ки дар паноҳи шумо эмин хоҳем буд, ба кишвари шумо паноҳанда шудем”

Суханони сареҳ, гӯё ва равшани Ҷаъфар(рз), Наҷоширо ба шиддат таҳти таъсир қарор дод, Наҷошӣ рӯ ба вай намуда пурсид: Оё аз он чизе (Қуръон), ки бар паёмбари шумо нозил шудааст ба ёд доред?

Ҷаъфар(рз)  дар посух  гуфт: Бале

Наҷҷошӣ гуфт: Онҳоро бихон!

Ҷаъфар(рз) чанд ояте аз сураи Марямро бо оҳанги гарм ва овози дилнишин тиловат кард. Наҷошӣ бо шунидани оёти Қуръони Карим, таҳти таъсири ҷазабаи рӯҳонӣ ва оҳанги дилкаши оёти Қуръон ва садои гарми Ҷаъфар қарор гирифт ва дар асари инқилоби рӯҳии шадид, ба гиря афтод. Коҳинон ва ҳуззор низ беихтиёр ба гиря афтоданд. (Ибни Ҳишоми Ҳумайрӣ, Абдулмалик, Сиратуннабавия ҷ.1 саҳ. 334-352)

Наҷҷошӣ ашкҳояшро пок кард ва ба намояндагони Қурайш гуфт:

“Ин оин бо оини Исои Масеҳ яке аст ва аз нури воҳиде сарчашма мегиранд, биравед, ман ҳаргиз инҳоро ба шумо таҳвил намедиҳам”

Маҷлис хотима ёфт, ҳуззор мутафарриқ шуданд ва ҷаласа ба нафъи муҳоҷирон тамом шуд.

 Кӯшиш ва толоши Амр ибни Ос

Намояндагони Қурайш аз тасмими Ноҷошӣ сахт дучори сархӯрдагӣ ва шикаст шуданд, вале Амр ибни Ос, ки бисёр сиёсатмадор ва хеле зираку маккор буд, ҳозир набуд ба ин зудӣ тан ба шикаст дода ва таъми талхи ақибнишиниро бичашад, лизо вақте, ки ба иттифоқи ҳамкораш ба маҳалли истироҳати худ бозгашт, ба фикр фурӯ рафт ва нақшаи тозае кашид ва ба Абдуллоҳ ибни Аби Рабиа гуфт:  Фардо назди Наҷошӣ хоҳам рафт ва коре хоҳам кард, ки Наҷошӣ онҳоро решакан созад.

Абдуллоҳ гуфт: Ин корро накун, гарчи онҳо бо дини мо мухолифат кардаанд, вале аз ақвом ва хешовандони мо ҳастанд.

Ибни Ос гуфт: Ба Наҷҷошӣ хоҳам гуфт: Инҳо(мусулмонон) мӯътақиданд, ки Исо(а) як фарди одӣ ва мисли дигар инсонҳо буд.

Ибн Ос ин нақшаи ҷадид ва хатарнокро бад-ин манзур тарсим намуда буд, ки Наҷҷоширо бар зидди мусулмонон таҳрик намуда ва онҳоро таҳти фишор қарор диҳад. Бо ин нақшаи ҷадиди Ибни Ос, агар мусулмонон бигӯянд Исо(а) як фарди одӣ буд, мавриди хашми подшоҳ воқеъ хоҳанд шуд ва агар бигӯянд Исо башари одӣ набуд, бар хилофи ақидаи худ сухан гуфта ва аз дин худ хориҷ хоҳанд шуд.(Мардони гирдогирди Паёмбар(с) Холид Муҳаммадхолид саҳ.243)

Идома дорад…

Ҷаъфар ибни Абутолиб(рз) бахши аввал

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед