Ҷаъфар ибни Абутолиб(рз) бахши аввал

0
168

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ахлоқ ва рафтораш монанди ман аст.

Дар ин мақола бо яке аз асҳоби бузурги Расули Худо(с) ошно хоҳем шуд, ки Расули Худо(с) ӯро хеле зиёд дӯст медошт ва мегуфт ӯ аз назари ахлоқ ва рафтор монанди ман аст ва ба ӯ лақаби (Абулмасокин) падари бенавоён гузошта буд, зеро ӯ ба ниёзмандон ва фақирон бисёр кӯмак мекард, бо онҳо нишасту бархост дошт ва амволашро миёни онҳо тақсим мекард. Ин саҳобаи бузур вижагиҳои зиёде дорад, ки ба онҳо ишора хоҳем кард.

Мушахассот:

Ном:                                     Ҷаъфар       

Лақаб                                    Тайёр ва Зулҷаноҳайн    

Куния:                                  Абуабдуллоҳ        

Номи Падар:                      Абутолиб             

Номи Модар:                      Фотима   бинти  Асад      

Ҳамсар:                                 Асмо бинти Умайс         

Ислом овардан:                    Баъд аз ҳазрати Алӣ(рз) 

Муҳоҷир/Ансор:                Муҳоҷир

Ҳузур дар ҷангҳо:              Ҷанги Мавта

Даргузашт:                           Ҳаштуми ҳиҷрӣ дар ҷанги Мавта

Маҳалли Дафн:                  Дар кишвари Урдун

Муаррифӣ

Ҷаъфар ибни Абутолиб писари амаки Паёмбар(с), бародари ҳазрати Алӣ(рз) ва яке аз шаҳидҳои бузурги Ислом аст. Модараш Фотима бинти Асад ибни Ҳошим, нахустин зане буд, ки бо марди Ҳошимӣ, яъне Абутолиб издивоҷ кард ва чаҳор писар бо номҳои Толиб, Ақил, Ҷаъфар ва Алӣ(рз) ба дунё овард.

Ҷаъфар ибни Абутолиб бист сол баъд аз Омул-фил (570-мелодӣ) дар Макка ба дунё омад. Замоне ки дар Макка хушксолӣ омад ва Абутолиб дучори мушкили молӣ шуд, бо пешниҳоди Паёмбар(с) Амакаш Аббос ибни Амдулмутталиб  назди бародараш Абутолиб рафт ва Ҷаъфарро ба хонаи худ бурд ва кафолаташро бар ӯҳда гирифт. Ҷаъфар дар назди амакаш монд, то инки Ислом овард ва баъд аз ӯ ҷудо шуд. (Табарӣ, Таърихи ал-Умам ва ал-Мулук, ҷ.2, саҳ.313)

Ислом овардан

Бар асоси ривояте, Ҷаъфар ибни Абутолиб дар аввли беъсат, пас аз бародараш Абӣ ибни Абутолиб(рз) Ислом овард.

Ривоят шудааст, ки Абутолиб вақте ки дид писараш Алӣ дар самти рости Паёмбари Акрам(с) ба намоз истода буд, ба Ҷаъфар гуфт бирав ва дар самти чапи Паёмбар(с) биист ва намоз бигузор ва ӯ низ чунин кард ва ин нахустин намози ҷамоате буд, ки дар Ислом баргузор шуд. (Ибни Асир, Алӣ ибни Абилкарам, Усдул-ғоба, ҷ.1, саҳ.341)

Ба гузориши бархе ривоятҳо, Ҷаъфар ибни Абутолиб севвумин ё бисту шашумин ва ё сиву дуввумин нафар буд, ки вориди хонаи Арқам шуд ва ба дини мубини Ислом имон овард.

Пас аз инки Ҷаъфар ибни Абутолиб имон овард дар сафи нахустин мусалмонон қарор гирифт, дар ҳамон рӯз ҳамсараш Асмо духтари Умайс низ имон овард. Ӯ ва ҳамсараш озору азият, шиканҷаҳо ва фишорҳои бутпарастонро бо шуҷоати тамом таҳаммул карданд.

Ҳиҷрат ба Ҳабаша

Бар асари афзоиши фишору шиканҷаи куффори Қурайш, Расули Худо(с) тавсияи кард, ки мусалмонон аз Макка ба Ҳабаша ҳиҷрат кунанд, Ҷаъфар(рз) дар соли панҷуми беъсат ва дар дуввумин ҳиҷрати Мусалмонон ба Ҳабаша, ҳамроҳи ҳамсараш Асмо бинти Умайс раҳсипори Ҳабаша шуд. (Ибни Саъд, Муҳаммад, Табақотул-кубро, ҷ.4, саҳ.24)

Расули Худо(с) Ҷаъфар(рз)-ро ба унвони амир ва сарпарасти тамоми мусалмонони муҳоҷир қарор дод ва ҳамроҳи ӯ номае хитоб ба Наҷҷошӣ, подшоҳи он сарзамин фиристод ва дар он ӯро ба дини мубини Ислом даъват кард ва аз ӯ хост, то бо мусулмонон ҳамкорӣ кунад. (Ибни Саъд, Табақотул-кубро, ҷ.1 саҳ.19)

Ҷаъфар ибни Абӯтолиб ба далели заковати ғанӣ, ақли бедор ва афкори дурахшон ва забони буррое, ки дошт сухангӯи варзида ва пешво ва сарпарасти дилсӯзе нисбат ба мусалмонон буд.

Агарчи ҷанги Мавта, ки Ҷаъфар дар он қаҳрамонона ҷангид ва шаҳид шуд, ҷолибтарин хотираи умри ӯ ба ҳисоб меяд, ба таҳқиқ рӯзе ҳам,ки дар ҳузури Наҷошӣ, он суханронии ҳаяҷонбахш ва пуршӯрро ироа кард, аз лиҳози шукӯҳу азамат камтар аз ҷанги Мавта набуд.

Ба рости нақше, ки Ҷаъфар дар он рӯз иҷро кард беназир буд.

Ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша на танҳо аз хашму хушунати Қурайш чизе кам накард ва хашму кинаи онҳоро таскин набахшид, балки ин тарсро дар Қурайшиён ба вуҷуд овард, ки мабодо мусулмонон дар Ҳабаша нерӯ ва қудрате ба даст биёранд ва теъдодашон зиёд гардад ва Қурайш ба ин хотир нороҳат буд, чаро иҷоза доданд мусулмонон ба осонӣ аз дасти онҳо фарор карда ва наҷот пайдо кунанд ва дар Ҳабаша пойгоҳе барои нашр ва густариши Ислом ба вуҷуд оваранд.

Аз ин рӯ, тасмим гирифтанд, ки ба назди  Наҷошӣ, подшоҳи Ҳабаша намоянда бо ҳадяҳои гаронбаҳо фиристанд ва аз ӯ бихоҳанд, ки мусулмононе, ки дар кишвараш паноҳ бурдаанд, ба онҳо бозгардонад. Намояндаҳое, ки ба Ҳабаша рафтанд: Абдуллоҳ ибни Аби Рабиа ва Амр ибни Ос буданд.

Наҷошӣ, подшоҳи Ҳабаша, марди хоксор ва равшанфикр буд, ки ба масеҳият имон дошт. Овозаи адолати неки ӯ дар ҳамаҷо баланд шуда буд. Ба ҳамин хотир буд, ки Расули Худо(с) кишвари Ҳабашро барои ҳиҷрати мусулмонон дар назар гирифт.

Бузургони Қурайш бо таваҷҷуҳ ба мӯътадил будани Наҷошӣ тарси инро доштанд, ки ба ҳадафашон нарасанд, ба ҳамин хотир тавассути фиристодагони худ, ҳадияҳои камёб ва гаронқимат барои коҳинҳо ва бузургони калисоҳои Ҳабаша фиристоданд ва ба намояндагони худ тавсия карданд, ки қабл аз мулоқот бо Наҷошӣ, бо бузургони калисоҳо дидор карда ва бо додани ҳадяҳо раъю назари онҳоро нисбат ба худ ҷалб кунанд, то дар ҳузури Наҷошӣ тақозои Қурайшро таъйид намоянд.

Фиристодагони Қурайш, ба Ҳабаша расиданд ва бо бузургон ва руҳониёни масеҳӣ дидор ва музокира намуда, ҳадоёи онҳоро таҳвил доданд ва сипас ҳадяҳои подшоҳро низ ба дарбораш фиристоданд.

Тамоми кӯшиши онҳо ин буд, ки коҳинон ва бузургонро ба алайҳи мусулмонон таҳрик намуда дилҳои онҳоро аз кинаи мусулмонон пур намоянд, то битавонанд бо кӯмаки онҳо Наҷоширо водор ба ихроҷи мусулмонон аз он кишвар кунанд.

Саранҷом рӯзе, ки қарор буд ин ду нафар дар он, ба дарбори Наҷошӣ роҳ ёбанд ва дархости қурайшиёнро ба иттилои ӯ бирасонанд, муайян шуд. (Мардони гирдогирди Паёмбар(с) Холид Муҳаммадхолид саҳ.243)

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед