Ҷаъфар ибни Абутолиб(рз)- қисми севвум

0
6

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ахлоқ ва рафтораш монанди ман аст

Дар қисматҳои қабл бо мушаххасот, замони Ислом овардан,  ҳиҷрат ба Ҳабаша ва рӯёрӯии мусалмонон дар маҷлиси бузургу бошукӯҳи қасри Наҷҷошӣ, (подшоҳи боимони Ҳабаша) бо фиристодагони Қурайш, суханҳо гуфтем. Дар ин қисмат ба идомаи мақола пардохта ва ба дигар хусусиёт ва фаолиятҳои ин саҳобаи бузург, фидокор ва мухлиси Расули Худо(с) мепардозем.

 Маҷлиси бузурги Наҷҷошӣ-2

 Ибни Ос, нақшаи ҷадид ва хатарноке барои мусулмонон кашид ва бо ин ҳадаф, Наҷҷоширо бар зидди мусулмонон таҳрик намуда ва онҳоро таҳти фишор қарор диҳад. Нақшаи ҷадиди ибни Ос, ин буд, ки агар мусулмонон бигӯянд; Исо(а) як фарди одӣ буд мавриди хашми подшоҳ воқеъ хоҳанд шуд ва маълум набуд чӣ чизе онҳоро интизор буд ва ҳамчунин агар бигӯянд Исо(а) башари одӣ набуд, бархилофи ақидаи худ сухан гуфта ва аз дини худ хориҷ хоҳанд шуд.

Амр ибни Ос ба тарҳи ин нақша фардои он рӯз назди Наҷҷошӣ рафту гуфт:

“Подшоҳо! Инҳо (мусулмонон) дар бораи Исо(а) ақидаи дигаре доранд”

Ин сухан мӯҷиби изтироб ва нигаронии кашишҳо ва бузургони калисо гардид, лизо аз тарафи Наҷҷошӣ дубора мусулмононро эҳзор намуданд, то дар мавриди Исо(а) аз назари дини онҳо саволҳое бипурсанд.

Мусулмонон мутаваҷҷеҳ шуданд, ки тавтеаи дигаре дар кор аст, лизо шӯрои ташкил дода ба гуфтугӯ пардохтанд, саранҷом тасмим гирифтанд ҳақиқатро ончунон, ки аз Паёмбари Ислом(с) шунида буданд, бидуни каму кост баён кунанд.

Муҷаддадан ҷаласаи дигаре дар ҳузури Наҷҷошӣ ташкил гардид, Наҷҷошӣ аз Ҷаъфар пурсид:

“Дар бораи Исо(а) чӣ мегӯед?”

Шуҷоати Ҷаъфар барои гуфтани ҳақ

Ҷаъфар(рз) мисли қабл бо чеҳраи кушода ва бо оромиш ба по хост ва гуфт:

“Дар бораи Исо(а) ҳамон чизеро мегӯем, ки аз ҷониби Худо бар паёмбари мо нозил шудааст.

Исо(а) банда ва фиристодаи Худо ва дурахшише аз рӯҳи илоҳӣ аст, ки ба Марям(а) илқо кард. Ӯ ба фармони Худо бидуни падар аз Марям(а) таваллуд шудааст.”

Наҷҷошӣ ҳам бо садои баланд гуфт:  “Савганд бар Худо ин ҳамон чизе аст, ки Исо писари Марям(а) дар бораи худ гуфтааст.”

Вале ин сухан бар табъ ва мазоқи кишишҳо ва рӯҳониён ва бузургони масеҳӣ сангин омад. Чеҳра дар ҳам кашиданд ва замзамаи мухолифат дар миёнашон печид.

(Ибни Ҳишоми Ҳимайрӣ, Абдулмалик, Сиратуннабавия ҷ.1 саҳ. 334-352)

  Наҷҷошӣ подшоҳи равшандил ва бо имони Ҳабаша ба суханонаш идома дод ва хитоб ба мусулмонон чунин гуфт:  “Биравед, шумо дар кишвари ман аз ҳар газанде эмин ҳастед, ҳар касе, ки кӯчактарин озору азияте ба шумо бирасонад, ӯро муҷозот хоҳам кард.

Онгоҳ ба тарафи ҳуззор рӯ кард, дар ҳоле, ки бо ангушти худ намояндагони Қурайшро нишон медод, гуфт:  “Ҳадоёи инҳоро ба худашон пас диҳед, ман ниёзе ба онҳо надорам, Худованд вақте маро ба подшоҳӣ расонд, аз ман ришва нагирифт, то ман бо истифода аз қудратам ришва бигирам.”

Намояндагони қурайш сарафканда ва шикастхӯрда, маҷлисро тарк карданд ва роҳи Маккаро дар пеш гирифтанд.

Мусулмонон ба сарпарастии Ҷаъфар(рз) бо шодӣ ва масаррат маҷлисро тарк карда ва рафтанд, то зиндагии ором ва бедағдағаи худро дар сарзамини Ҳабаша, дар беҳтарин хона ва бо беҳтарин ҳамсоя аз сар гиранд ва дар интизори рӯзе бошанд, ки Худованд муқаддамоти бозгашти онҳоро назди Паёмбар(с) ва ба ватану миёни хешон худ фароҳам созад.

Имони Наҷҷошӣ

Таърихнигори бузурги аҳли суннат Табарӣ дар китоби худ овардааст, ки Наҷҷошӣ, подшоҳи Ҳабаша пас аз шунидани суханони ширин ва гавҳарбори Ҷаъфар ибни Абитолиб ислом овард ва ба дини мубини Ислом пайваст.

(Табрӣ, Муҳаммад Ҷарир, Таърихул-умам вал-мулук, ҷ.2 саҳ.652-653)

 Фарзандони Ҷаъфар(рз):

Ҷаъфар ибни Аби Толиб(рз) дар Ҳабаша аз ҳамсараш Асмоъ бинти Умайс соҳиби се фарзанд, ба номҳои Абдуллоҳ ва Муҳаммад ва Авн, шуд, ки Абдуллоҳ нахустин мавлуди мусулмон дар ҳабаша буд.

(Ибни Саъд, Табақотул-кубро, ҷ.4, саҳ.25)

  Бинобар ривояте, ду фарзанди дигари вай дар Карбало ва ба ривояти дигар, дар ҷанги Сиффайн шаҳид шуданд. Ривояте низ ҳикоят аз инро дорад, ки Авн ва Муҳаммад дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (рз) халифаи дуввуми мусалмонон, дар Шӯштар (яке аз шаҳрҳои Эрон) ба шаҳодат расиданд; Аммо, Билозурӣ инро нодуруст донистааст.

(Билозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансобул-ашроф, ҷ.2, саҳ.44-45)

 Акнун дар ҷануби шаҳр Дезфул (яке аз шаҳрҳои Эрон) мақбаре ба номи Муҳаммад ибни Ҷаъфари Тайёр(рз) ба унвони зиёратгоҳ ва макони муқаддас вуҷуд дорад.

(Иқтидорӣ, Аҳмад, Диёри Шаҳриёрон, ҷ.1, саҳ.316-320)

  Бархе аз муаррихон бар ин боваранд, ки Ҷаъфар(рз) аз ҳамсараш Асмоъ бинти Умайс соҳиби ҳашт фарзанд шуд, ки ҳамагӣ дар Ҳабаша ба дунё омадаанд.

Идома дорад…

Ҷаъфар ибни Абутолиб(рз)-бахши дуввум

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед