Ҳузайфа ибни Ямон(рз) бахши сеюм

0
79

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Роздори Расули Худо(с)-2

Дар қисмати аввал ва дуввум ба мушаххасоти фардӣ, саргузашт, қабила ва куния, чигунагии зиндагии Ҳузайфа ибни Ямон(рз) дар замони Расули Худо(с) ва ҷонфишонии ӯ дар ҷангҳо ва дигар вижагиҳои эшон ошно шудем. Дар ин қисмат ба идомаи достони ин саҳобаи бузурги Расули Худо(с) ва фидокориҳои эшон мепардозем.

Ҳузайфа дар замони Хулафо

Баъд аз вафоти Расули Худо(с) агар Ҳузайфа(рз) дар ҷанозаи касе ширкат намекард, бархе аз асҳоби Расули Худо(с) аз ҷумла Умар ибни Хаттоб(рз) халифаи вақт низ дар маросим ширкат намекард ва аз Ҳузайфа(рз) пайравӣ мекард, зеро вай аз ин амали Ҳузайфа(рз) пай мебурд, ки шахси мурда аз мунофиқон буда аст. (Ибни Абдулбир, Алистиъоб фи маърифати ал-Асҳоб, Қисми1 саҳ 335)

Фотеҳи шаҳрҳои Эрон

Ҳар кас бо роҳу равиш ва тарзи зиндагии Ҳузайфа(рз) ошно шавад ва аз тарзи  фикру алоқаи ӯ нисбат ба касби илму маърифат пай барад, ҳаргиз аз ӯ, тасаввур ва интизори қаҳрамонӣ дар майдони ҷангро нахоҳад дошт.

Аммо Ҳузайфа(рз) ин тасаввурҳоро бо амали худ ботил сохт. Маъмулан шахси мутафаккир ва обид  наметавонад монанди як марди низомӣ шамшер бардошта ба муқобили сипоҳи душман бишитобад ва дар майдони ҷанг аз худ нубуғ ва истеъдоди қаҳрамонӣ нишон бидиҳад.

Вале Ҳузайфа(рз) чунин набуд. Ӯ дар айни ҳол, ки ба тафаккурот ва кашфи ҳақоиқи илмӣ таваҷҷӯҳ дошт, дар майдони ҷанг низ як марди далери ҷангӣ ба шумор мерафт.

Дар ин росто, кифоят мекунад ин ки бидонем ӯ яке аз се ё панҷ нафар  қаҳрамони пештоз ва парчамдор дар байни артиши Ислом дар замони фатҳи шаҳрҳои Эрон буд. Ва дар Ҳамадон, Рей ва Дейнавар сипоҳи Ислом бо нубуғ ва истеъдоди ӯ ба пирӯзӣ расид. (Мардони гирдогирди Паёмбар(с), саҳ185)

 Ҷонишини Халифа дар Ҷанги Наҳованд

Дар ҷанги бузурги Наҳованд, вақте ки сипоҳи Ислом ба артиши 150 ҳазор нафарии Эрон рӯ ба рӯ шуд, Умар ибни Хаттоб(рз) “Нӯъмон ибни Муқаррин”-ро ба унвони фармондеҳи кул интихоб кард ва сипас ба Ҳузайфа(рз) нома навишт, ки бо лашкаре аз Куфа ба Нуъмон мулҳақ шавад.

Умар ибни Хаттоб(рз) дар номае хитоб ба лашкари Ислом чунин навиштааст: “Вақте ки тамоми мусалмонон ҷамъ омаданд, бояд ҳар фармондеҳ дар сари нерӯҳои худ боқӣ бимонад ва барои фармондеҳии кулли сипоҳ Ислом Нӯъмон ибни Муқрринро баргузид ва агар Нуъмон кушта шуд, парчами фармондеҳиро Ҳузайфа(рз) ба дӯш гирад, агар ӯ низ кушта шавад, Ҷарир ибни Абдуллоҳ ҷонишини ӯ шавад ва инчунин ҳабдаҳ нафар яке паси дигарӣ ба фармон таъин шуданд.” (Ибни Асир, Усду-ал-Ғоба фи маърифати ал-саҳоба ҷ1 саҳ391)

Ду сипоҳ дар муқобили ҳам қарор гирифтанд.

Сипоҳи Эрон аз саду панҷоҳ ҳазор нафар иборат буд, дар ҳоле ки сипоҳи ислом бештар аз сӣ ҳазор нафар буд.

Ҷанги беназире сар шуд, ки аз ҷиҳати шиддатнокии зӯроварӣ ва муқовимат дар ҳарду ҷониб яке аз сахтарин ҷангҳои таърих ба шумор меравад.

Дар ҷараёни ҷанг Нуъмон ибни Муқаррин, фармондеҳи кулли нерӯҳои Ислом, шаҳид шуд ва бар замин афтод, вале пеш аз он ки парчами сипоҳи Ислом аз дасташ биафтад, фармондеҳи нав онро ба даст гирифт ва бо ҷасорати комил ва фидокорӣ, фармондеҳиро ба душ гирифт. Фармондеҳи нав касе набуд ҷуз Ҳузайфа(рз).

Ҳузайфа(рз) парчамро бардошт ва тавсия дод, ки хабари шаҳодати Нӯъмон дар байни сипоҳи Ислом то охири ҷанг нашр нашавад ва фавран бародари Нӯъмон Наим ибни Муқарринро даъват карда, парчами фармондеҳиро ба дасти ӯ супурд.

Ӯ ҳамаи ин корҳоро дар гармии ҷанг ва бо суръати аҷибе анҷом дод ва сипас наъразанон рӯи худро бо суръат ба сӯи артиши Эрон баргардонд ва фарёд зад:

الله أكبر، صدق وعده

 الله أكبر، نصر جنده

Худо Бузург аст, ҳатман ваъдаи худро иҷро мекунад

Худо Бузург аст ва ба лашкари худ кӯмак мекунад.

Сипас аспи худро ба сӯи сарбозони Ислом баргардонд ва фарёд зад: “Эй пайравони Муҳаммад(с)!

Инак биҳишт худро барои шумо барои истиқболи шумо омода мекунад. Бишитобед ва биҳиштро беш аз ин дар интизор нагузоред.

Эй ҷанговарони майдони Бадр!

Эй қаҳрамонони ҷанги Хандақу Уҳуду Табук!

Пеш ба сӯи душман.”

Ҳузайфа(рз) бо ин шиъорҳои ҳаяҷоновар агар бар шуру шуҷоати сарбозони Ислом наяфзуда бошад, лоақал нагузошт аз ҳаяҷони онҳо кам шавад ва тарс ба онҳо ғалаба кунад.

Саранҷоми ин ҷанги муҳим ва сарнавишсоз,  бо шикасти қатъӣ ва фирори бенизири сипоҳи Эрон хотима ёфт.

Ҷанги Наҳованд он қадр муҳим буд, ки мусалмонон онро ба номи “Фатҳ- ул-футуҳ” номгузорӣ карданд.

Оре Ҳузайфа(рз) марди бузург ва тавоное буд, ки ҳар коре, ба ӯ вогузор мешуд бо нубуғ ва тавоноие, ки дошт худро бо шоистагии тамом нишон медод.

Идома дорад…

Ҳузайфа ибни Ямон(рз) бахши аввал

Ҳузайфа ибни Ямон(рз) бахши дуввум

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед