Ҳузайфа ибни Ямон(рз) бахши дуввум

0
98

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Роздори Расули Худо(с)-1

Дар қисмати аввал ба вежагиҳои фардӣ, саргузашт, қабила ва кунияи Ҳузайфа ибни Ямон ошно шудем дар ин қисмат ба идомаи достони ин саҳобаи бузурги Расули Худо(с) ва фидокориҳои эшон мепардозем.

Ҷанги Уҳуд

 Ҳузайфа бо падараш, ки марди пиру кӯҳансоле буд, дар ҷанги Уҳуд ширкат варзид. Замоне ки мусалмонон дар авҷи ҷанг буданд, надониста падари ӯро куштанд.

Ҳузайфа дар ҳоле ки дошт бо душманон меҷангид, ногаҳон падаршро зери зарбаҳои шамшери мусалмонон мушоҳида карду фарёд баровард падарам-падарам ӯ падари ман аст.

Вале афсус, ки кор аз кор гузашта буд ва падараш ба шаҳодат расида буд.

Мусалмонон бо равшан шудани қазия ба хотири ин иштибоҳе, ки анҷом доданд, сахт мутаассиф ва нороҳат шуданд.

Ҳузайфа ба гузашту меҳрабонӣ рӯ ба онҳое, ки ин корро анҷом доданд карду гуфт:

یغفر الله لکم و هو ارحم الراحمین

Умедворам, ки Худованд аз шумо гузашт кунад ва шуморо биомӯрзад, чунки Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст.

Сипас зуд ба сӯи майдони ҷанг ҳаракат кард, то ба идомаи ҷанг бипардозад.

Дар ин ҷанг бародари Ҳузайф(рз) Сафвон ҳам ба мақоми бузурги шаҳодат ноил шуд ва бинобар гуфтаи бархе аз муаррихон хоҳари Ҳузайфа, бо номи Салама низ дар ин ҷанг бо дасти Абусуфён падари Муовия ба шаҳодат расид.

(Ибни Ҷузӣ, Ал-Мунтазам фи ал-Торихи-ал- Умам ва ал-Мулук, 1412 қ, ҷ 3 саҳ.187)

Вақте ки ҷанг хотима ёфт ва хабари чигунагии шаҳодати падари Ҳузайфа (Ҳусайл ибни Ҷобир) ба гӯши мубораки Расули Худо расид, дастур дод, то хунбаҳои ӯро аз байтулмол ба Ҳузайфа бипардозанд. Вале Ҳузайфа хунбаҳоро қабул намекунад ва онро барои мусалмонон мебахшад.

(Муҳаммад ибни Умари Воқидӣ, китоби Ал-Мағозӣ ҷ 1 саҳ. 233-234)

Ҷанги Аҳзоб ё Хандақ

Дар ин ҷанг Ҳузайфа(рз) вазифаи бисёр ҳассос ва хатарнокеро пазируфт, ки беҳтар аст аз забони худи ӯ ин рисолат ва вазифаро шарҳ диҳем. Ҳузайфа(рз) чунин нақл мекунад:

Дар ҷараёни ҷанги Аҳзоб (маъруф бо Хандақ) дар як шаби хеле сарду тӯфонӣ Паёмбар(с) қисмате аз шабро намоз хонд  ва пас аз намоз рӯ  ба асҳоб карду гуфт:

 

الا رجل یأتینا بخبر القوم یجعله الله رفیقی فی الجنّه

Оё касе ҳаст, ки аз нерӯҳои душман хабар биорад, то Худо ӯро дар биҳишт ҳамроҳи ман қарор диҳад?

Ба Хотири сардии ҳаво ва тӯфон ҳеҷ кас довталабона амал накард. Ман бархостам ва гуфтам:

Лаббайк ё Расули Худо(с) ман ҳозирам.

Паёмбар(с) гуфт:

Ба миёни қавми душман рафта ва  аз амалҳои онҳо бароям хабар биёвар  ва то бозгашт ҳеҷ амале накун.

Ман махфиёна ба даруни лашкари душман дохил шудам ва дар он ҳангом  шунидам, ки Абӯсуфён барои  онҳо суханронӣ мекард ва мегуфт:

“Эҳтиёт шавед, ки дар байни шумо ҷосуси Муҳаммад(с) набошад. Барои итминони бештар ҳар кас ному насаби нафари канории худро бипурсад”

Ман пешдасти карда, ному насаби бағалдасти худро пурсидам, то онҳо маро нашиносанд.

Дар он ҳангом Абӯ Суфён аз шиддати  сармо ва тӯфон эъломи хатар кард ва ба нерӯҳояш дастур дод, ки барои бозгашт омода шаванд.

Абусуфён дар тирраси ман буд ва ман тиреро ба камон гузоштам, то ӯро бизанам, аммо суханони Паёмбар(с)-ро ба ёд овардам ва аз ин кор мунсариф шудам ва пас аз тафтишоти зарурӣ ба Мадина баргаштам ва назди Паёмбар(с) рафтам. Эшон дар ҳоли намоз буд. Вақте ки маро дид, ишора кард, ки ба зери ҷомааш даромада, худро гарм кунам. Пас аз он ман вазъияти душманро ба Паёмбар(с) хабар додам.

 (Воқидӣ, Мағозӣ, 1409 қ, ҷ 2 саҳ. 488-491)

Соҳиби сир ё роздори Паёмбар(с)

Муаррихон Ҳузайфа(рз)-ро ҳамчун “соҳиби сир” ё роздори Паёмбари Худо(с), зикр кардаанд.

(Ибни Абду-ал-Бир, Ал-Истиоб фи маърифати ал-Асҳоб, қисми 1 саҳ.335)

Паёмбар(с) хабари бисёре аз рӯйдодҳо ва фитнаҳои ояндаро бо ӯ дар миён мегузошт ва ӯро аз ботини бисёре огоҳ кард ва баъзе аз мунофиқонро ба ӯ ошкор карда буд.

(Ибни Саъд, Табақоту-ал-Кубро ҷ3 саҳ 250)

Аз ҷумла, Паёмбари Худо(с) замоне ки аз ҷанги Табук бармегашт дар роҳи бозгашт гурӯҳе аз миёни лашкари Ислом, ки аз қабл нақшаи сӯи қасд ба ҷони мубораки Расули Худо(с)-ро карда буданд ва мехостанд Расули Худоро ба шаҳодат бирасонанд. Вале бехабар аз он буданд, ки Худованд шоҳиди ҳамаи аъмоли онҳо ва ҳомию пуштибони Расули нозанинаш аст.

Худованд Паёмбарашро аз нақшаи онҳо бохабар кард.

Мунофиқон ҳангоме ки мехостанд қасди худро анҷом диҳанд ва бо рам додани шутури Расули Худо(с) эшонро ба дарра биандозанд.

Расули Худо(с) ба Ҳузайфа(рз) гуфт:

Ба сурати маркабҳои онҳо бизан.

Ҳузайфа(рз) ба сурати маркабҳои онҳо кубид ва онҳоро ба Ақиб ронд. Ингуна нақшаи онҳо хунсо шуд ва натавонистанд ба ҳадафи палиди худ бирасанд ва коре анҷом диҳанд.

Паёмбар(с) ба Ҳузайфа фармуд:

Оё онҳоро шинохтӣ?

Ҳузайфа(рз) гуфт:

Нашинохтам ё Расул Худо(с).

Паёмбар(с) номҳои онҳоро ба Ҳузайфа гуфт ва ба эшон фармуд, ки онҳоро ошкор накунад ва коре анҷом надиҳад.

Баъд аз ин ҳодиса Ҳузайфа(рз) ба унвони соҳиби сир ё роздори Паёмбар(с) ва мунофиқшинос маъруф ва машҳур шуд.

Ҳар касе, ки номи онҳоро мепурсид, Ҳузайфа(рз) ҷавоб намедод.

(Муҳаммад ибни Умари Воқидӣ, китоби Ал-Мағозӣ ҷ 3 саҳ. 1042-1044)

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед