Ҳузайфа ибни Ямон(рз) бахши чорум

0
110

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Роздори Расули Худо(с)-3

Дар қисматҳои қабл бо мушаххасоти фардӣ, саргузашт, қабила ва куния, чигунагии зиндагии ӯ дар замони Расули Худо(с), ҷонфишонии ӯ дар ҷангҳои замони Пайғамбар(с), замони Хулафо ва дигар вижагиҳои Ҳузайфа(рз) ошно шудем. Дар ин қисмат ба идомаи достони ин саҳобаи бузурги Расули Худо(с) ва фидокориҳои эшон мепардозем.

Ҳукумат бар Мадоин

Мардуми Мадоин барои истиқболи волии ҷадид гурӯҳ-гурӯҳ ва даста-даста ба беруни шаҳр омаданд.

Онҳо ҳангоме ки пеш мерафтанд, ҳаяҷони мулоқот бо ҳокими нав дар дили онҳо бештар мешуд. Шавқ ва мурғи дили мардум барои пешвози ёри Паёмбар(с), марди бузурге, ки дар бораи парҳезгорӣ ва покдомании ӯ ва инчунин қаҳрамонии бузурги ӯ дар футуҳоти шаҳрҳо бисёр чизҳоро шунида буд, пешакӣ ба сӯи ӯ парвоз мекард.

Мардум дар ҳоле ки интизори дидани корвони ҳокими навро мекашиданд, ба як марди нуронӣ дучор шуданд, ки савор бар хар, пойҳояш аз ду тараф овезон карда буд ва дар даст нон ва каме намак дошт ва машғули хурдани он буд.

Вақте ки ӯ ба издиҳом расид ва мардум фаҳмиданд, ки ӯ волии нав, яъне Ҳузайфа ибни Ямон(рз) аст, наздик буд, ки аз ҳуш раванд.

Аммо чаро онҳо бо дидани волии ҷадид, яъне Ҳузайфа ба ҳайрат омада ва тааҷҷуб карданд?

Албатта, онҳо ҳақ доштанд, тааҷҷуб ва ҳайратзада шаванд, зеро дар сарзамини онҳо ҳам дар замони султонҳои форс ва ҳам пеш аз онҳо чунин ҳоким ва волии пурарзиш ва гаронқадр ва содазист бесобиқа буд.

Ҳузайфа(рз) ба сӯи шаҳр равон шуд ва мардум ӯро иҳота карда ва ӯро бо тааҷҷуб ҳамроҳӣ мекарданд.

Вақте ки дид мардум дар атрофи у ҳалқа заданд ва интизор доранд ҳадисе аз ӯ шунаванд, ба онҳо кунҷковона нигарист ва гуфт: “Аз  маворид ва мавеъҳои фитна дурӣ кунед”

Мардум гуфтанд: Мақсади шумо аз маворид ва мавзеъҳои фитна чист?

Гуфт: Ҳар касе ба назди амир ё ҳоким рафт ва суханони ӯро тасдиқ карда ва бо як сифате, ки дар ӯ нест, ӯро ситоиш менамояд.

Ин дидор ва ин суханон оғози ҷолиб ва аҷибе буд. Мардум аз ин суханони ҳокими нав фаҳмиданд, ки ӯ дурӯягиро беш аз ҳар чизи дигар бад мебинад ва ӯ аз ҳама хислатҳои бад аз дурӯягӣ бештар нафрат дорад. Ин беҳтарин тарҷумаи шахсияти ҳокими нав ва намудори ҳукмронӣ ва идораи ояндаи ӯ ба шумор мерафт.

Халифаи дуввум Умар ибни Хаттоб(рз) Хузайфа(рз)-ро ба хотири хусусиёт ва вижагиҳои хоссе, ки дошт дар замони хилофати худ ба мансаби волигии шаҳри Мадоин мансуб кард. (Ибни Саъд, Табоқатул Кубро ҷ 7, саҳ377)

Пешниҳоди ҷамъоварии Қуръон

Вақте ки Ҳузайфа(рз) аз ҷанги Арманистон баргашт бо ихтилофи мардум дар бораи Қуръон мувоҷеҳ шуд. Ӯ аз ин моҷаро норозӣ ва нохуш шуд, бо баъзе аз ёрони Паёмбар(с), ки дар Куфа буданд, дар бораи ҳали ин мушкили хатарнок қабл аз онки ба ҷоҳои дигар сироят кунад, сӯҳбат ва машварат кард. Назари Ҳузайфа(рз) ин буд, ки Усмон(рз), ки халифаи севвуми мусалмонон буд аз ӯ барои яксон кардани мусҳафҳо даъват кунад ва мардумро вазифадор кунад, ки як қироатро бихонанд, ҳамаи асҳоб бар ин назари Ҳузайфа(рз) розӣ шуданд, ба ҷуз Абдуллоҳ ибни Масъуд.( Ибни Асир, Ал-Комил фи торих, ҷ.3, саҳ. 111.)

Аз ин рӯ, Ҳузайфа(рз) ҳарчи зудтар ба Мадина шитофт, то халифаи мусалмонон Усмон(рз)-ро барои яксонсозӣ ва ҷамъоварии қуръонҳо ташвиқ ва ӯро аз ин ихтилофи бузург огоҳ созад, қабл аз онки тафриқа ва парокандагӣ дар миёни уммати расули Худо ҳазрати Муҳаммад(с) пайдо шавад.

Ҳузайфа(рз) ба Усмон(рз) гуфт: “Эй халифаи мусалмонон ман шуморо бе парда ҳушдор медиҳам, ин умматро пеш аз онки гирифтори ҳамон ихтилофе, ки яҳудиён ва масеҳиён ба он гирифтор шуданд , дарёб.”

Усмон(рз) пурсид: Мавзӯъ чист?

Ҳузайфа(рз) гуфт: Ман дар ҷанги Арманистон ширкат доштам, дар он ҷо дидам, ки  мардуми Шом Қуръонро ба қироати Убай ибни Каъб тиловат мекарданд, ки баъзеи он қироатро мардуми Ироқ нашуниданд.

Мардуми Ироқ аз қироати Ибни Масъуд пайравӣ мекарданд ва Қуръонро бо равиши ӯ тиловат мекарданд, ки аз баъзе он тиловатҳо мардуми Шом бехабар буданд ва ҳар гурӯҳ гурӯҳи дигарро такфир мекарданд. (Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ6, саҳ225)

Халифаи мусалмонон бо шунидани ин ҳодисаҳо аз саранҷоми нохуши он пай бурд ва ба таври ҷидди дар фикри яксонсозии Қуръон афтод ва бо машварати асҳоби олимақоми расули Худо(с) ин кори беназирро анҷом дод.

Ибни Асир мегӯяд: Вақте ки халифаи муслимин асҳоби Расули Худоро гирди ҳам ҷамъ кард ва мавзӯъро бо онҳо дар миён гузошт, онҳо ҳамагӣ назар ва машварати Ҳузайфа(рз)-ро таъйид карданд ва онро лозим донистанд. (Ибни Асир, Ал-Комил фи торих, ҷ3, саҳ 111.)

Вафоти Ҳузайфа(рз)

Ҳузайфа(рз) 40 шаб баъд аз кушта шудани Усмон(рз) ва дар оғози ҳукумати Алӣ(рз), соли 36 ҳиҷри дар Мадоин ҷашм аз ҷаҳон фурӯ баст. (Ибни Саъд, Табоқатул Кубро ҷ 7, саҳ377)

(Албатта бархе аз таърихнависон ба ин назар ҳастанд, ки эшон то соли 37 ҳиҷри зинда буд ва баъд аз ба шаҳодат расидани Аммор(рз) аз дунё гузашт.)

Мегӯянд ҳангоме ки ӯ дар вопасин дақиқаҳои умри худ қарор дошт, чанд нафар аз дӯстонаш ба хабаргирии ӯ рафтанд.

Ҳузайфа(рз) пурсид: Оё барои ман кафан овардаед?

Гуфтанд: Оре

Ҳузайфа(рз) гуфт: Онро ба ман нишон диҳед.

Вақте ки кафанро ба ӯ нишон доданд, дид порчаи нав ва зебое аст.

Барои охиринбор лабханде заду гуфт:Ин кафан ба дарди ман намехӯрад, барои ман фақат порчаи сода ва сафед кифоят мекунад. Зеро зиёд вақт намебарад, ки  қабр либоси беҳтар ё бадтар аз онро бар танам мепӯшонад.

Инро гӯфт ва калимаҳо дар даҳонаш шикаст ва калимаҳое дар зери лаб зам-зама мекард. Ҳозирон вақте ки хуб гӯш доданд ин ҷумлаҳоро шуниданд: “Эй марг хуш омадӣ. Дӯсте аст, ки бо шуру иштиёқ омадааст, касе ки пушаймон шавад растагор нахоҳад шуд.”

Онгоҳ рӯҳаш аз баданаш ҷудо гашт ва ба сӯи Худо шитофт. (Мардони гирдогирди Паёмбар(с) саҳ187)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед