Ҳузайфа ибни Ямон(рз) бахши аввал

0
140

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Душмани дурӯӣ ва нифоқ

Асҳоби Расули Акрам(с) нахустин тарбиятёфтагони мактаби Қуъони Карим ва суннати Расули Акрам(с) буданд ва аз онҷое, ки бузургтарин муаллими инсоният ва башарият мураббии онҳо буд, ба беҳтарин сурати мумкин дар мактаби набавӣ тарбият ёфтанд ва барои зинда нигоҳ доштани дини мубини Ислом аз падару модар, ҷону мол, зану фарзандони худ гузаштанд ва барои таблиғ ва тарвиҷи ин дини муборак, дар ҷангҳои фаровон ва тоқатфарсо, дар замони Паёмбари Акрам(с) ва баъд аз замони эшон ширкат карданд, то ин дини муборак ба мо мусалмонон расидааст.

Барои ҳамин лозим аст, то ҳар мусулмоне онҳоро бишиносад ва қадрдони онҳо бошад ва  онҳоро барои худ улгӯ қарор бидиҳад ва аз таҷрибаҳои эшон барои тарвиҷ ва таблиғи ин дини муборак истифода барад.

Мушахассоти фардӣ

Номи комил: Ҳузайфа ибни Ҳисл ё Ҳусайл ибни Ҷобир, машҳур ба Ямон

Номи Модар: Рубоб бинти Каъб

Куния: Абу Абдуллоҳ

Замони Ислом овардан: Аз нахустин Исломоварандагон

Муҳоҷир/Ансор: Ансор

Қабила: Абс

Cаргузашт:

Ҳузайфа фарзанди Ҳисл ё Ҳусайл машҳур ба Ямон аз қабилаи бани  Абси Яман аст. Ямон падари Ҳузайфа қабл аз пайдоиши Дини мубини Ислом бо ҳамроҳи падараш аз Яман ба Мадина кӯч карда ва бо хонадони Абдул-Ашҳал, ки яке аз шохаи қабилаи Авс буд ҳампаймон шуд ва бо Рубоб духтари Каъб издивоҷ кард.

Ҳусайл дорои чаҳор фарзанди писар бо номҳои Ҳузайфа, Саъд, Сафвон ва Мудлаҷ буд. Ҳамчунин ӯ се фарзанди духтар бо номҳои Лайлӣ, Салама ва Фотима дошт.

Дар ҷанги Уҳуд Ҳусайл, бо се фарзандаш, Ҳузайфа, Сафвон ва Салама ҳузур дошт. Дар ин ҷанг, падари Ҳузайфа (Ҳусайл), бародараш Сафвон ва хоҳараш Салама ба шаҳодат расиданд.

Таърихнависон мегӯянд мусалмонон Ҳусайлро бо иштибоҳ ба шаҳодат расондаанд. (Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Ал-Исоба 1415 қ, ҷ2 саҳ.66)

 Замони Паёмбар(с)

Ҳузайфа яке аз аввалин мусалмонон буд ва пас аз ҳамон рӯзе, ки Ҳузайфа ҳамроҳи падару бародараш Сафвон ба хидмати Расули Худо(с) расиданд ва имон оварданд. (Ибни Саъд, Табақоту-ал-Кубро ҷ3 саҳ 250)

Дини мубини Ислом роҳу равиш ва хулқу хӯи ҷавонмардонаи ӯро сафо бахшид ва ин хислати покро дар  вуҷудаш беш аз қабл нерӯманд сохт, зеро ӯ пайрави дине шуда буд, ки пок, нерӯманд ва инсонсоз буд. Дине, ки бутпарастиву дурӯғ, найрангу нифоқ ва ноҷавонмардиву беадолатиро ба шиддат маҳкум мекунад.

Ҳузайфа(рз) тавассути  Паёмбар(с) тарбият ёфт ва дар мактаби Расули Худо адаб омӯхт. Ӯ ростгӯ ва амин буд ва мудофиони нерӯманди ҳақро дӯст медошт ва аз риёкорон ва аҳли ҳилаву найранг безор буд.

Вақте ки Ҳузайфа(рз) имон овард ба Мадина ҳиҷрат кард.

Ӯ аз сӯе ҷузви Муҳоҷирон буд ва аз тарафи дигар чун бо яке аз тоифаҳои Мадина ҳампаймон буд, ҷузви Ансор ба ҳисоб меомад.

Расули Худо ҳазрати Муҳаммад(с) Ҳузайфаро ихтиёр дод, ки аз Ансор ё  муҳоҷирон бошад ва ба ӯ гуфт ҳарткадомро, ки мехоҳад интихоб намояд.

Ҳузайфа хост ҷузъи Ансор бошад ва Ансорро баргузид ва Расули Худо(с) низ онро таъйид кард. (Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Ал-Исоба фи Тамйизи ал-Саҳоба ҷ2 саҳ 40)

Вақте ки байни муҳоҷирон ва Ансор паймони бародарӣ баста шуд , бо фармони Паёмбар(с), байни Ҳузайфа ва Аммор Ёсар паймони бародарӣ баста шуд. (Ибни Ҳишом Сирату-ал-Набавия ҷ 2 саҳ 352)

Ҳузур дар Ҷангҳо

Ҳузайфа(рз) ба ғайр аз ҷанги Бадр, дар тамоми ғазваҳои Паёмбар(с) ширкат кардааст ва дар баъзе аз ҷангҳо рашодату фидокории бузург анҷом додааст.

Таърихнависон иллати ширкат накардани Ҳузйфа дар ҷанги Бадрро интавр нақл кардаанд:

Ҳузайфа ҳамроҳи падараш барои иштирок дар ҷанги Бадр аз беруни шаҳр ба сӯи Мадина раҳсипор шудаанд. Дар миёни роҳ мушрикон онҳоро дастгир карданд ва аз онҳо аҳду паймон гирифтанд, ки онҳо дар ҷанги Бадр ширкат накунанд ва он гоҳ, онҳоро озод карданд.

Ҳузайфа ва падараш баъд аз ҷараён ба назди Паёмбар(с) меоянд ва қиссаро ба эшон нақл мекунанд.

Расули акрам(с), ки дорои Хулқи азим буд ва ҳамеша ахлоқро риоят мекарданд, ҳатто дар вақти ҷанги бо душман дастур дод, то ҳарду ба аҳди худ содиқ бимонанд ва инчунин Ҳузайфа ва падараш дар аҳди худ содиқ монданд ва дар ҷанги Бадр ширкат накарданд. (Ибни Асир, Усду-ал-Ғоба фи маърифати-ал-Саҳоба ҷ 1 саҳ.391)

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед