Ҳукумати илоҳӣ ва ҳукуматдории исломӣ

0
84

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳукумати илоҳӣ ва ҳукуматдории исломӣ

Муқаддима

Бар асоси асли тавҳид ва яктопарастӣ, тамоми мусулмонон бар ин эътиқод ҳастанд, ки холиқ ва офаринандаи ҷаҳон ва ҳамаи мавҷудоту тамоми инсонҳо, фақат Худованди Мутаол аст. Ӯст, ки аз тамоми ҳақиқатҳо огоҳ аст ва тавоноии анҷоми тамоми корҳоро дорад ва молики ҳама чиз аст. Ин асл ба мо меомӯзад, ки инсон, танҳо дар баробари Худованд бояд таслим бошад ва набояд аз ҳеҷ инсони дигар итоат ва пайравӣ кунад, магар инки итоати ӯ итоати Худованд бошад. Бар ин асос ҳеҷ инсоне ҳақ надорад инсонҳои дигарро ба таслим дар баробари худ маҷбур кунад ва аз ин асли эътиқодӣ, асли озодии башар дониста мешавад ва ҳеҷ фарде ҳақ надорад инсон ва ё ҷомеа ва миллатеро аз озодӣ маҳрум кунад, барои ӯ қонун вазъ кунад, рафтор ва равобити ӯро бар асоси дарку шинохт худ, ки бисёр ноқис аст ва ё бар асоси хостаҳои худ танзим намояд.

 Бар асоси эътиқоди муслулмони яктопараст қонунгузорӣ барои пешрафтҳо дар ихтиёри Худованди Мутаол аст ва қонунҳои ҷаҳони ҳастӣ ва хилқатро ҳам Худованд танзим фармуда ва албатта суқути башар ба сабаби салби озодии ӯ ва таслим шудан дар баробари дигар инсонҳо аст. Пас саодату камоли инсон ва ҷомеаҳои башарӣ танҳо дар гарави итоат аз қонунҳои илоҳӣ аст, ки тавассути анбиё ба башар расонда шудааст. Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ رَسُولٍ إِلَّا لِيُطَاعَ بِإِذْنِ اللَّهِ وَلَوْ أَنَّهُمْ إِذْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ جَاءُوكَ فَاسْتَغْفَرُوا اللَّهَ وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُوا اللَّهَ تَوَّابًا رَحِيمًا

Ва Мо ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар барои ин ки ба хости Худо [аз ӯ] итоат шавад. Ва агар ин ки онон, ҳангоме, ки бар хештан ситам карданд, пеши ту меомаданд ва аз Худо омурзиш мехостанд ва Паёмбар [низ] барои онон талаби омурзиш мекард, ҳатман Худоро бисёр тавбапазири меҳрубон меёфтанд. (Сураи Нисо, ояти 64).

Барои равшан шудани баҳс, аввал бо ҳукумат ва қаламрави маъноии ҳукуматдорӣ ошно мешавем ва сипас ҳукуматдории исломиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳем.

Ҳукумат ва қаламрави маъноии он

Ҳукумат абзоре аст, ки ба василаи он сиёсатҳои давлат анҷом меёбанд ва ин ниҳод худ сиёсатгузор ва таъйинкунандаи сиёсатҳои пеши рӯи кишвар аст. Навъи ҳукумат ва шакле, ки кишвар бо он идора мешавад, ба низомҳои сиёсии мухталиф ва ниҳодҳо ва абзорҳое вобаста аст, ки мавриди истифодаи эшон қарор мегирад. Ин ниҳод маъмулан аз се бахш ё қувва ташкил мешавад, ки ниҳодҳо ва сохторҳое ҳастанд, ки дар раъси давлат қарор доранд.

 Тамом кишварҳо бо ҳукуматҳое, ки аз пайи ҳам меоянд, идора мешаванд. Ҳар ҳукумате, ки ҷойгузини ҳукумати дигар мешавад муташаккил аз афрод аст, ки тасмимҳои сиёсиро гирифта ва ба иҷрои онҳо назорат доранд. Хосияташ ин аст, ки қонунҳоро эҷод карда ва онҳоро амалӣ созанд ва дар замонҳои ихтилоф ва даргирӣ байни тарафайни даъво доварӣ кунанд. Дар баъзе аз ҷомеаҳо, ин ҳукуматҳо ба гунае абадӣ ё маврусӣ контроли умурро дар даст доранд. Дар дигар ҷавомеъ, ки демокрасӣ дар онҳо нақши зиёде дорад, нақшҳои сиёсӣ дар ҷои худ боқӣ мемонанд, аммо ҷобаҷоӣ дар байни афроде аст, ки дар ин нақшҳо ва мавқеиятҳо қарор мегиранд.

 Ҳукумат ба ҳар шакле, ки вуҷуд дошта бошад, ба тамоми фаъолиятҳои шаҳрвандон ба шаклҳои бисёр муҳиме таъсиргузор аст. Ба ҳамин далел, донишмандони илми сиёсат умуман баҳс мекунанд, ки ҳукумат набояд ба танҳоӣ мавриди мутолиа қарор бигирад, балки ин мутолиа бояд ба ҳамроҳи мутолиаи инсоншиносӣ, иқтисод, таърих, фалсафа, илм ва ҷомеашиносӣ бошад, аммо дар ин байн он ҳукумате, ки рангу бӯи илоҳӣ дошта ва қонунҳои дини Исломро сарлавҳаи давлатдории худ қарор медиҳад муваффақтар ва комёбтар аст.

Ҳукумати исломӣ ва аҳдофи паёмабарон

Ҳукумати исломӣ навъе аз ҳукумати динӣ дар ҷомеаҳои мусулмон аст, ки ҳизб ё ашхоси ҳоким ба бартарии Ислом бар дигар адён эътиқоди комил доранд ва саъй дар иҷрои қонунҳо бар пояи аҳком ва маорифи исломӣ мекунанд. Мақсад аз ҳукумати динӣ, ҳукумате аст, ки тамоми аркони он бар асоси дини Ислом шакл гирифтааст. Ҳокимони исломӣ мӯътақиданд Ислом барномаи комиле аст, ки аз ҷониби Худо роҳи чигуна зиндагӣ карданро омӯхтааст ва аз ин сабаб, ки ҳукумат ҳам қисмате аз зиндагии мусулмонон аст, пас барои ҳукумат ҳам бояд аз роҳнамоии Худо истифода намуд.

Бо диққат дар аҳдофи аслии паёмбарони илоҳӣ равшан мешавад, ки расидан ба аҳдофи бузурге чун наҷоти мардум аз султа ва дар асорати бегонагон будан ва дар натиҷа эътои озодӣ ва озодагӣ ба вай, таълим ва тарбияти башар, эҳёи арзишҳои инсонӣ, иқомаи адл ва мардумгароӣ, икмол ва расондани мардум ба рушди илоҳӣ ва растгорӣ, ҳамааш бар пояи ташкили ҳукумат аст ва иҷрои ин барномаҳо ва расидан ба ин ормонҳо бидуни абзори ҳукумат имконпазир нест.

Дар ҳақиқат, ҳукумат, низом ва сиёсат васила ва иҷрои аҳдофи паёмбарон аст. Аз ин ҷиҳат мебинем, ки ҳар кадом аз он паёмбарон ҳамчун ҳазрати Довуд(а) ва Сулаймон(а) ва Расули Акрам(с), ки муваффақ ба ташкили ҳукумат шуданд, то чӣ андоза дар пайгирӣ ва расидан ба аҳдофи илоҳии худ муваффақ будаанд; ҳар кадом, ки чунин абзореро ба даст наоварданд, то чӣ андоза роҳи ҳаракати онҳо ноҳамвор ва дар расидан ба аҳдофи худ то чӣ қадар дар сахтӣ будаанд. Беҷиҳат нест, ки тоғутҳо ва душманони адён дар ҳамешаи таърих бар сари роҳи эҷоди ҳукуматҳои солеҳон, монеъ эҷод мекарданд ва ҳамвора ба думболи аз байн бурадни ҳокимияти солеҳон дар замин буданд.

 Ҳеҷ як аз аҳдофи муқаддаси паёмбарони илоҳӣ бидуни ташкили ҳукумати динӣ анҷом намешуд, ба ҳамин далел Расули Акрам(с) то замоне, ки ташкили ҳукумат надод, ба аҳдофи воло ва арзишманди худ нарасид ва ҳукумати паёмбарон, ҳамон ҳукумати Худованди Мутаол аст ва анбиё ғайр аз ризояти илоҳӣ чизи дигарро талаб намекунанд ва тамоми анбиё дар тӯли таърих василаи ҳидояти мардум будаанд ва ба тасреҳи Қуръони Карим тамоми ҳукумат аз они Худованди Мутаол аст:

إِنِ الْحُكْمُ إِلَّا لِلَّهِ أَمَرَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ ذَلِكَ الدِّينُ الْقَيِّمُ

Ҳукм ҷуз аз они Худо нест; амр кардааст, ки ҷуз Ӯро напарастед. (Сураи Юсуф, ояти 40).

Мақсад аз ҳукумати илоҳӣ ин аст, ки дар ҳукумати исломӣ Ислом ва қонуни Ислом ҳукумат кунад, мардум барои худашон ва ба фикри худашон ва бар асоси хостаҳои худашон ҳукумат накунанд. Мусулмонон бояд дар пайи он бошанд аҳкоми Ислом дар ҳама ҷо ҷараён пайдо кунад ва аҳкоми Худованди Мутаол ҳукумат кунад.

Сарнавишти инсон дар гарави итоат аз ҳокими илоҳӣ

Дар дини Ислом ҳукумат, ҳукумати қонун, ҳатто ҳукумати Расули Худо(с) ҳукумати қонун аст, яъне қонуни Худо Паёмбари Акрамро таъйин кардааст ва ба ҳукми қонун пайравӣ аз ӯ лозим ва воҷиб аст. Пас ҳукм аз они қонуни Худованд аст ва қонуни Худо ҳукумат мекунад. Дар мамлакати исломӣ бояд қонуни Худо ҳукумат кунад ва ғайри қонуни илоҳӣ ҳеҷ чиз ҳукумат карда наметавонад ва ба ҳадде аҳамият дорад, ки сарпечӣ аз он шахсро аз неъмати биҳишт маҳрум мекунад.

عَنْ أَبِى هُرَيْرَةَ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ -صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ- قَالَ: «كُلُّ أُمَّتِى يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ، إِلاَّ مَنْ أَبَى». قَالُوا: يَا رَسُولَ اللَّهِ وَمَنْ يَأْبَى؟ قَالَ: «مَنْ أَطَاعَنِى دَخَلَ الْجَنَّةَ، وَمَنْ عَصَانِى فَقَدْ أَبَى.»

“Абиҳурйра ривоят кардааст, ки Расули Худо(с) фармуд: “Тамоми уммати ман вориди биҳишт мешаванд, магар касоне, ки сарпечӣ мекунанд.” Аз ҳазрат пурсиданд, чӣ касе сарпечӣ мекунад? (мақсади шумо аз сарпечӣ чист). Ҳазрат фармуд: “Ҳар касе маро итоат кунад, дохили биҳишт мешавад ва ҳар кас рӯй гардонад (ва маро пайравӣ накунад), сарпечӣ кардааст.” (Канзулуммол, Муттақии Ҳиндӣ, ҷ 4, ҳадиси 10219).

Инчунин аст, ки сарнавишти инсон дар гарави пайравӣ аз ҳокиме мебошад, ки қонунҳои исломиро дар ҷомеа иҷро мекунад. Итоат ва пайравӣ аз ӯ саодат ва комёбиро дар пай дорад ва сарпечӣ ва нофармонии ҳокиме, ки бар асоси дастурҳои илоҳӣ амал мекунад, норизоятии Худованди Мутаолро ба дунбол дорад.

Аҳдофи ҳукумати исломӣ

Аз масъалаи ҳукуматдории исломӣ чунин фаҳмида мешавад, ки ҳукумат дар дини Ислом илова бар аҳдофи муштараке, ки дар ҷомеаҳои инсонӣ барои ҳукумат вуҷуд дорад, монанди барқарории назм ва амният, таъмини ниёзҳои моддӣ ва ҷисмӣ ва озодиҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ду ҳадафи дигарро ҳам бояд пайгирӣ кунад:

 Рушду камоли маънавӣ ва ахлоқии мардум, ки аз муҳимтарин масъулиятҳои зимомдории ҷомеаи исломӣ аст. Ҳокимони дини Ислом, ки аз ҷониби Худованди Мутаол баргузида мешаванд ҳамвора ангезаи худро аз пазириши ҳукумат, ошкорсозии нишонаҳои дини Худо ва ислоҳ дар сарзаминҳои исломӣ медонистанд, то дар партави он ситамдидагон эҳсоси амният кунанд ва аҳкоми таътилшудаи илоҳӣ барпо шавад.

 Барқарории адолат ба дасти мардум, ки аз муҳимтарин аҳдофи ирсоли паёмбарон дониста шудааст. Ҳадафи асосии паёмбарон аз қабули масъулият, баъд аз ҳидояти мардум, гирифтани ҳуқуқи заифон ва ситамдидагон аз қудратмандону зургӯён ва ситамгарон аст. Масъалаи адолат бисёр доираи васеъ дорад ва аз ҷону мол то обру ва шахсиятро шомил мешавад, чароки адолат на фақат арзиши фардӣ, балки арзиши иҷтимоӣ аст. Албатта иҷрои аҳкоми илоҳӣ дар абъоди гуногуни худ муқаддимаи иҷрои адолат аст ва барқарории адолат ва дастурҳои исломӣ ба мардум ҳам кӯмак мерасонад, то ба ҳуқуқи худ даст ёбанд.

Натиҷагирӣ

Бо ин тавзеҳ равшан мешавад, танҳо Худованди Мутаол аст, ки қонунгузор аст ва паёмабарон аз ҷониби Худованд василаи иҷрои аҳкоми илоҳӣ ва ҳидояти мардум ҳастанд ва итоату пайравӣ аз даструроти онҳо воҷиб ва зарурӣ аст. Тамоми ҳукуматҳо бояд рангу буи илоҳӣ дошта бошанд ва Қуръони Карим, ин китоби равшан ва ҳидоятгар, беҳтарин роҳнамо барои комёбии ҳокимон ва саодати ҷомеаи мусулмон мебошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед