Зуҳду қаноат ва содазистии Паёмбари Акрам (с) (қисмати якум)

0
130

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Зуҳду қаноат бузургтарин фазилати ахлоқиву болотарин камоли инсонӣ мебошад. Калимаи “зуҳд” ба маънои бемайл ва раҳо кардан, тарки дунё, бетаваҷҷӯҳӣ ба дунё аст. Қаноат яъне ба маънои содазистӣ ва розӣ будан ба ончӣ, ки насиби инсон мешавад. Зоҳид ба касе гуфта мешавад, ки ишқу алоқаи зиёде ба охират дорад, ба дунё ва корҳои моддӣ чандон алоқае надорад ва дунёро ҳадафи хеш қарор намедиҳад, балки онро василае барои расидан ба Худованд медонад. Ҳангоме ки таърихи паёмбарони илоҳиро  мушоҳида мекунем, мебинем, ки чун онҳо аз чигунагии ҳақиқати дунё огоҳ буданд ва бо вуҷуди онки  ҳамаи имконоти   дунявӣ барояшон омода буд, вале бо ин ҳол дар болотарин марҳилаи зуҳд қарор доштанд, ки мо дар ин навиштор намунаҳое аз зуҳду қаноат дар зиндагии Паёмбари Акрам (с )-ро баён мекунем.

Ҳақиқати зуҳду қаноат

Албатта бояд таваҷҷӯҳ кард, ки содазистиву зуҳду қаноат ба маънои бекориву танбалӣ нест ва равшан аст, ки идомаи зиндагӣ вобаста ба кору талошу истифода аз имконоти мавҷӯд ва сармояҳои дунёӣ аст. Инсони содазист дар айни дороӣ ва касби рӯзии ҳалол ба пайравӣ аз Паёмбари Акрам (с) зиндагии содаеро барои худ интихоб мекунаду аз молу маноли худ дар роҳи кӯмак ба ҷомеаву корҳои писандидаи дигар истифода мекунад.

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим ба Паёмбари Акрам (с) мефармояд:

قُلْ مَنْ حَرَّمَ زینَةَ اللّهِ الَّتی أَخْرَجَ لِعِبادِهِ وَالْطَّیباتِ مِنَ الرِّزْقِ قُلْ هی لِلَّذینَ آمَنُواْ فی الْحَیاةِ الدُّنْیا خالِصَةً یوْمَ الْقِیامَةِ کَذالِکَ نُفَصِّلُ الآیاتِ لِقَوْمٍ یعْلَمُونَ

“Бигӯ эй Паёмбар чӣ касе зинатҳои Худоро, ки барои бандагони худ офаридааст, ҳаром карда ва аз сарфи ризқи поку ҳалол манъ намуда? Бигӯ: ин неъматҳо дар дунё барои аҳли имон асту холиси инҳо дар охират барояшон хоҳад буд.” (Сураи Аъроф, ояти 32)

Дар ҳадисе ҳам Паёмбари Акрам (с) ба мо ҳушдор медиҳанд, ки зуҳду қаноат ба маънои ҳаром кардани ҳалолҳои Худованд нест:

الزَّهَادَةُ فِي الدُّنْيَا لَيْسَتْ بِتَحْرِيمِ الْحَلاَلِ وَلاَ إِضَاعَةِ الْمَالِ وَلَكِنَّ الزَّهَادَةَ فِي الدُّنْيَا أَنْ لاَ تَكُونَ بِمَا فِي يَدَيْكَ أَوْثَقَ مِمَّا فِي يَدَىِ اللَّهِ وَأَنْ تَكُونَ فِي ثَوَابِ الْمُصِيبَةِ إِذَا أَنْتَ أُصِبْتَ بِهَا أَرْغَبَ فِيهَا لَوْ أَنَّهَا أُبْقِيَتْ لَكَ

Зуҳду бетаваҷҷӯҳӣ ба дунё ин нест, ки ҳалолро бар худ ҳаром кунӣ ва дороии худро нобуд созӣ, зуҳд ин аст, ки ба ончӣ дар дасти ту аст бештар аз ончӣ дар қудрати  Худо аст эътимод накунӣ. Ва ба савоби мусибат бештар аз мусибат надидан алоқаманд бошӣ. (Сунани Тирмизӣ, ҷ 4, саҳ 3)

Бидуни шак чунин сифати писандидае дорои фоида ва фазилатҳои зиёде аст, ки мо дар инҷо ду мавридро зикр мекунем.

Фоидаи  сифати писандидаи зуҳду қаноат

Паёмбари акрам (с) дар мавриди фоидаи зуҳд мефармоянд:

الزُّهدُ في الدنيا يُرِيحُ القَلبَ والبَدَنَ، والرَّغبَةُ فِیها تُکثِر الهَمَّ وَ الحَزَنَ وَ البِطَانَةُ تُقَسِّی القَلبَ

Зуҳд  варзидан нисбат ба дунё дилу танро ором, алоқа ба дунё ғаму андуҳро бисёр ва пурхўрӣ дилро сахт мекунад. (Шуъабулимон, ҷ 13, саҳ 122)

Ҳамчунин Паёмбари Акрам (с) қаноату содазистиро беҳтар аз сарвати бисёр донистаанд, ки инсон натавонад шукрашро ба ҷо оварад.

Он ҳазрат мефармоянд:

قَلِیلٌ تُؤدِّی شُکرَه خَیرٌ مِن کَثِیرٍ لا تُطِیقُهُ

Сармояи кам, ки битавонӣ шукрашро ба ҷой оварӣ беҳтар аз сармояи бисёр аст, ки тоқати онро надорӣ. (Канз-ул-уммол, ҷ 3, саҳ 393)

Дар ҷаҳони имрӯзи мо инсонҳо барои расидан ба муваффақияте барои худ улгӯе интихоб мекунанд ва бар асоси Қуръони Карим Паёмбари Акрам (с) бояд улгӯи мусулмонон дар ҳамаи умури зиндагияшон бошад.

Паёмбар (с) улгӯ ва сармашқ барои мусулмонон

Худованди Мутаъол дар Қуръони Карим Паёмбари Акрам (с)-ро дар корҳои хуб барои мусулмонон улгӯ ва сармашқ муаррифӣ карда аст:

لَقَدْ كَانَ لَكُمْ فِي رَسُولِ اللَّهِ أُسْوَةٌ حَسَنَةٌ لِمَنْ كَانَ يَرْجُو اللَّهَ وَالْيَوْمَ الْآخِرَ وَذَكَرَ اللَّهَ كَثِيرًا

Ба таҳқиқ барои шумо дар(зиндагии) Расули Худо улгӯи некӯст; барои касе, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат умед дорад ва Худоро бисёр ёд мекунад. (Сураи Аҳзоб, ояти 21)

Ин оят ба мо мефаҳмонад, ки беҳтарин улгӯ барои мусулмонон шахси Паёмбари Акрам (с) аст, улгӯ ва пешвое, ки дар муқобили гирифториҳо ва сахтиҳо заъфу сустӣ аз худ нишон намедиҳад, то чароғи ҳидоят ва сабаби оромишу  роҳатии ҷисм ва  рӯҳи умматаш бошад.

Ҳамчунин аз ин оят мутаваҷҷеҳ мешавем пайравӣ ва  улгӯи неку қарор додан бояд дар корҳои хуб бошад, на корҳои бад ё маъсияти Худо, ба ҳамин хотир лозим аст, ки мусулмонон аз сармашқ қарор додани ғайри мусулмон барои худ парҳез кунанд.

Барои мо мусулмонон зарур аст, то барои  расидан ба хушбахтиву муваффақият дар дунёву охират гуфтору рафтори паёмбари худро улгӯи худ қарор диҳем ва дар зиндагӣ тавре амал кунем, ки Паёмбари Акрам (с) дар ҳаёти муборакашон амал мекарданд.

Агар дар мавриди вазъияти замони зиндагии Паёмбар (с) мутолиа кунем мебинем, ки Расули Худо (с) дар муқобили сахтиҳо сабр пеша мекарданд. Масалан дандони он ҳазратро дар роҳи Ислом бо санг шикастанду пешониашонро захмӣ карданд, амӯяшон ҳазрати сайидушшуҳадо, яъне Ҳамза (рз)-ро ба  шаҳодат  расонданд ва бисёр сахтиҳои дигар, ки бар Паёмбар (с) ворид карданд, аммо ҳазрат аз роҳи худ барнагаштанд ва дар ин роҳ истодагӣ карда қаноат пеша карданд аз ин сабаб аст, ки Паёмбар (с) дар ҳамаи умури зиндагӣ барои мо улгӯ ва пешвои шойиста муаррифӣ шудааст.

Нуктаи дигаре, ки дар ояти мазкур вуҷуд дорад ва қобили тавваҷӯҳ аст инки ояти шарифа доштани улгӯе ба монанди Паёмбарро барои мӯъминон як имтиёзу фазилат баён мекунад ва ёдовар мешавад, ки мунофиқону касоне, ки дар имонашон заъфе вуҷуд дорад аз доштани ин фазилат маҳрум ҳастанд.

Қисмати поёнии ояти шарифа ҳам ин нуктаро баён мекунад, ки мусулмонон илова бар инки Расули Худо (с)-ро дар ҳамаи умури зиндагии худ аз ҷумла зуҳду содазистӣ улгӯ қарор медиҳанд, бояд ҳамеша ба ёди Худованд ҳам бошанд ва дар ҳангоми дороӣ ва фақру надорӣ ё дар ҳангоми саломатӣ ё маризӣ, аз ёди Худо ғофил нашаванд чаро, ки сарчашмаӣ ҳамаи бадиҳо ғафлат ва  фаромӯшии ёди Худои Мутаол аст.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед