Зуҳду қаноат ва содазистии Паёмбари Акрам (с) (қисмати дуввум)

0
101

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамон тавре, ки дар қисмати якум зикр шуд, содазистӣ аз вижагиҳои Паёмбари Акрам (с) ба унвони улгӯи некӯи мусулмонон мебошад. Дар идомаи баҳси қаноату содазистӣ чанд маврид аз содазистии Паёмбар (с) дар зиндагияшонро зикр мекунем.

Содазистии Паёмбари Акрам (с)

Паёмбари Акрам (с) дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ қаноатманд ва  содазист буданд. Дар ин навиштор ба намунаҳое аз тарзи  хӯрокхурӣ, либоспӯшӣ, маркабсаворӣ ва тавозуи эшонро баён мекунем, то  ин улгӯи олами башариятро дар зиндагии худ сармашқ қарор диҳем ва аз пайравони ҳақиқии эшон бошем.

  1. Хӯроки Паёмбари Акрам (с)

Аз ҳазрати Умар (рз) нақл шудааст: Рӯзе ба утоқи Паёмбар (с) рафтам, дидам Ӯ бар рӯи бофтаҳое аз най хобида буд, найҳо дар бадани мубораки Ӯ пай андохта буд.  Масрафи рӯзонаи  хӯроки Паёмбар (с) ҳам чизе ҷуз каме ҷав андаке тара(навъе аз сабзиҷот) набуд; гиряам гирифт. Паёмбар (с) фармуданд: Эй писари  Хаттоб чаро гиря мекунӣ? Гуфтам: Чаро гиря накунам? Шумо баргузидаи Худо ҳастӣ ва ин андозаи ғизои Туст, дар ҳоле, ки шоҳоне ҳамчун  Хусрав ва Қайсар ғарқ дар меваву неъматҳои фаровонанд, фармуданд: Эй Умар хушнуд нестӣ, ки дунё аз онҳо ва охират аз мо бошад? Ман ҳам қабул кардам. (Байҳақӣ, Сунан-ул-қубро, ҷ 7, саҳ 46)

Ривоятҳои мухталифе дар мавриди наҳваи хӯрокхурии эшон нақл шудааст; аз ҷумлаи ин, ки эшон (с) ҳечгоҳ се шаби пай дар пай бо серӣ ғизо нахӯрд, то аз дунё гузаштанд. (Ҳамон, ҷ 2, саҳ 150)

Имом Абуҳанифа дар китоби Муснадашон аз ҳазрати Оиша (р) нақл кардаанд, ки эшон мегӯянд:

ما شَبِعنا ثلاثة: ایام و لیالیها من خُبز متتابعاً حتی فارق محمد(ص)

Се рӯзи пай дар пай набуд, ки шиками мо аз нон сер бошад, то замоне, ки Паёмбар (с) аз дунё гузаштанд. (Муснади Имоми Аъзам, ҳадиси 480, саҳ 3-902)

Гоҳе се моҳи пай дар пай бар хонаводаи Паёмбар (с) мегузашт, ки оташе барои пухтани ғизо равшан намекарданд; зеро бештари хӯроки Эшон (с) обу хурмо буд, гоҳе ҳамсояҳо қисмате аз шири гусфандони худро барои Паёмбар (с) мефиристоданд. (Ибни Саъд, Табақотул-кубро, ҷ 1, саҳ 307)

Ҳазрати Оиша (рз) мегӯянд:

مَا شَبِعَ آلُ مُحمَّدٍ صَلّى اللهُ عَلَيْهِ وسَلَّم مِنْ خُبْزِ شَعِيرٍ يَوْمَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ حَتَّى قُبِضَ

Аҳли байти Паёмбар (с) ҳатто ду рӯзи паёпай аз нони ҷав ҳам сер нашуд, то замоне, ки Паёмбар (с) аз дунё гузаштанд. (Саҳеҳ Муслим, ҷ 8, саҳ 217; Муснади Имом Аҳмад, ҷ 6, саҳ 97)

Анас ибни Молик (рз) мегӯяд, Фотима (рз) пораи ноне барои Паёмбари Акрам (с) овард, Паёмбар (с) фармуданд: Эй Фотима ин чист? Гуфт:  ноне пухтаам, дилам ором нагирифт, то ин қисмате  барои шумо оварадам. Паёмбар (с) фармуданд: Духтарам ин аввалин ғизое аст, ки дар тули чанд рӯз ҳоло ба даҳони падарат расидааст. (Ибни Асокир, Таърихи Мадина, Димишқ, ҷ 4, саҳ 122)

Ҳамчунин Анас ибни Молик (р) мегӯянд, ҳаргиз дар ғизои рӯз ё шаби Паёмбар (с) нону гушт бо ҳам дар суфра набуд; магар дар меҳмони‌ҳо. (Саҳеҳи Ибни Ҳаббон, ҷ 14, саҳ 274; Табақот-ул-Кубро, ҷ 1, саҳ 404)

  1. Пӯшоки Паёмбари Акрам (с)

Паёмбар содагиро дар пӯшидани либос ҳам риоят мекарданд. Эшон баъзе вақтҳо порагии ҷомаи худро медӯхтанд. Гоҳе либоси пашмин мепӯшиданд. (Табақот-ул-Кубро, ҷ 1, саҳ 456)

Аз Анас ибни Молик (рз) ривоят шудааст, ки подшоҳи Рум либосе аз сундус (навъе либоси абрешимӣ ва қиматбаҳо) ба Паёмбар (с) ҳадия фиристод. Расули Худо онро пӯшиданд, мардум гуфтанд: Эй Расули Худо оё ин ҷома аз осмон бар шумо фиристода шудааст? Паёмбар (с) фармуданд: Аз ин тааҷҷуб мекунед? Савганд ба касе, ки ҷонам дар дасти Ӯст, дастмоле аз дастмолҳои Саъд ибни Маоз дар биҳишт, беҳтар аз ин аст. Онгоҳ онро назди Ҷаъфар ибни Абутолиб фиристоданд, ки ба Наҷҷошӣ баргардонад. (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 7, саҳ 28)

Дар нақли дигаре либоси қиматбаҳо ба Расули Худо (с) ҳадия шуд, ки аввал онро пӯшиданд ва бо он намоз хонданд; сипас аз пӯшидани он мунсариф шуда фармуданд: пӯшидани он барои парҳезкорон шоиста нест. (Табақотул-кубро, ҷ 1, саҳ 465)

Маҳалли хоби ҳазрат ҳам бисёр сода буд. Ҷои хоби Паёмбар (с) бофтаҳое аз барги хурмо буд. (Ҳамон; Таърихи Мадина Димишқ, ҷ 4, саҳ 105)

Ҳазрати Оиша (рз) мегӯянд: рӯзе, зане  аз ансор ба хонаи мо омаду ҷои хоби Паёмбар, ки як ҷомаи ҷамъ шуда буд, дид ва баргашта рахтхобе аз пашм фиристод, чун Расули  Худо пеши ман омад, фармуданд: Ин чист? гуфтам: зане  аз ансор чун рахтхоби шуморо дид инро фиристод. Паёмбар фармуданд: Инро баргардон, эй Оиша агар мехостам Худованд кӯҳҳое аз тилло ва нуқра дар ихтиёрам қарор медод. (Табақотул-кубро, ҷ 1, саҳ 465)

Абдуллоҳ ибни Масъӯд (рз) мегӯянд, Паёмбар (с) бар рӯи ҳасире хобид, ки рӯйи пусти эшон асар ва нишона гузошт, чун бедор шуд, ман шуруъ ба даст кашидан ба маҳалли нишони ҳасир дар бадани муборак  кардаму гуфтам чӣ мешавад агар ба мо иҷоза диҳед, ки рӯйи ин ҳасир чизе андозем, то  азоб накашед? Паёмбар (с) фармуданд: Маро бо дунё чӣ кор аст, масали ман ва дунё монанди  саворе аст, ки зери дарахте соя мегираду сипас ба суръат ҳаракат карда ва дарахтро раҳо ме‌кунад. (Ҳамон, саҳ 363)

  1. Маркаби Паёмбари Акрам (с)

Тавозуъ ва фурӯтании Паёмбар (с) ба  ҳаддест, ки дар васоил ва зиндагии шахсии эшон ошкор буд. Масалан  эшон  бар ҳимор ва  хачир ҳам савор ме‌шуданд. (Ҳамон, саҳ 372) гоҳе ҳам бар хари беполон савор мешуданд. (Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, ҷ 1, саҳ 127) Дар баъзе вақтҳо низ бо пои пиёда ва беаммома роҳ мерафтанд. (Табақотул-кубро, ҷ 1, саҳ 499)

  1. Хонаи Паёмбари Акрам (с)

Абдулло ибни Зайди Ҳизлӣ мегӯяд: Ман хонаҳои ҳамсарони Расули Худоро дар он ҳангоме, ки ба фармони Умар ибни Абдулазиз вайрон карданд дидам, девори ҳаётҳо аз хишти хом буду ҳар ҳаёт дорои ҳуҷраҳое аз чубу шохаи хурмо, ки миёни онҳоро гил (лой) пур карда буданд, ҳатто дар як маврид, ки Умми Салама (рз) дар набудани Паёмбар (с) ҳуҷраи худро бо хишти хом бино кард; чун Расули Худо баргаштанду мутаваҷҷеҳ шуданд, фармуданд: Ин чист? Умми Салама (рз) гуфт: Эй Расули Худо хостам аз диди мардум маҳфуз бошам, фармуданд: Эй Умми Салама бадтарин чизе, ки амволи мусулмонон дар он роҳ харҷ шавад, бино ва сохтумон аст. (Ҳамон; Муқризӣ, Имтоъ Ал-асмоъ, ҷ 10, саҳ 94)

Дар бораи Паёмбари Акрам (с) ин ҷумла машҳӯр аст:

مُتَواضِعُ خَفِيفُ المُؤوَّنَة

Яъне дар зиндагӣ ботавозуъ  ва камхарҷ буданд.

Зиндагиро он қадар сода мегирифтанд, ки дар сохти хона ниёз ба кумаки дигарон надоштанд ва хонаро дар ҳадде месохтанд, ки инсонро аз оби борону нури хуршед муҳофизат кунад. (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 8, саҳ 66)

  1. Парҳез аз такаббур ва худбартарбинӣ

Яке аз намудҳои содазистӣ, парҳез аз такаббур ва худбартар бинӣ аст. Расули  Худо фармуданд: Панҷ корро тарк намекунам, то пас аз он барои умматам суннат гардад; рӯйи замин бо ғуломон ғизо хӯрдан, савори хари беполон шудан, бузро бо дасти худ дӯшидан, либоси дурушт  пӯшидан ва ба кӯдакон салом кардан. Эшон ҳангоме ки савора буданд, иҷоза намедоданд касе пиёда бо он ҳазрат ҳаракат кунад, ё уро бо худ савор мекарданд ва ё агар фард наме‌пазируфт, мефармуданд: Ҷилавтар бираваду дар фалон маконе мунтазир бошад. Бо тавонгару доро ва нотавону надор яксон шиштухез ме‌карданд; агар ба хӯрдани чизе даъват мешуданд, онро андаку беарзиш наме‌шумориданд, ҳар чанд хурмои пӯсида бошад. Дар хӯроку пӯшок бар ғуломону канизонашон бартарӣ наме‌ҷустанд. (Алӣ ибни Иброҳим, Сираи Ҳалабия, ҷ 3, саҳ 448)

Даъвати ҳар касро чӣ озоду чӣ ғулом ме‌пазируфтанд. Дар дуртарин макони шаҳр аз беморон иёдат ме‌карданд. (Имтоъ Ал-асмоъ, ҷ 2, саҳ 189)

Дар хона ба аҳли хона кӯмак ме‌карданд. (Ҳамон, саҳ 190) ҳангоми нишастан такя наме‌карданд. (Ҳамон, ҷ 7, саҳ 335; Табақотул-кубро, ҷ 1, саҳ 371)

Паёмбар (с) фармуданд: Ман ҳамон тавр ғизо мехӯрам, ки барда ғизо мехӯрад, ҳамон тавр менишинам, ки барда менишинад, ки ман бандае аз бандагони Худо ҳастам. (Табақотул-кубро, ҷ 1, саҳ 394)

Аз Абузар (рз) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) бидуни имтиёз дар миёни асҳоби худ менишаст, ҳаргоҳ бегонае вориди маҷлис мешуд, то савол намекард Эшонро наме‌шинохт. (Ҳамон)

Илова бар ин, ки худи Паёмбар (с) хислати содазистӣ дошт, ҳатто аз ҷониби Худо маъмур буд ба ҳамсарони худ, ки дархости зиндагии беҳтаре доштанд, ваҳйи Худовандро эълом кунад:

يَا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُلْ لِأَزْوَاجِكَ إِنْ كُنْتُنَّ تُرِدْنَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا وَزِينَتَهَا فَتَعَالَيْنَ أُمَتِّعْكُنَّ وَأُسَرِّحْكُنَّ سَرَاحًا جَمِيلًا وَإِنْ كُنْتُنَّ تُرِدْنَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ وَالدَّارَ الْآخِرَةَ فَإِنَّ اللَّهَ أَعَدَّ لِلْمُحْسِنَاتِ مِنْكُنَّ أَجْرًا عَظِيمًا

“Эё Паёмбар! Ба ҳамсаронат бигӯ: «Агар зиндагии дунё ва зинати онро мехоҳед, пас биёед, то шуморо баҳраманд гардонам ва ба раҳокардани нек, шуморо раҳо кунам; Ва агар Худо ва Паёмбараш ва сарои охиратро мехоҳед, пас дар ҳақиқат, Худо барои некӯкороне аз шумо, подоши бузурге омода кардааст».” (Сураи Аҳзоб, ояти 28-29)

Натиҷа

Тавре, ки мушоҳида шуд Паёбари Акрам (с) ба унвони улгӯи воло ва раҳбару пешвои уммати худ қаноат ва содазистиро дар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ ҷорӣ сохта ва дар ҳақиқат Расули Худо аз ин тариқ ба мо фаҳмонданд, ки қаноату содазистӣ аз вижагиҳои раҳбарони одил ва адолатхоҳ мебошад.

Зуҳду қаноат ва содазистии Паёмбари Акрам (с) (қисмати якум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед